Чаро ҳунармандони тоҷик аз хоксории вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода сӯйистифода мекунанд?

Клипи Фирӯза Ҳафизова — овозхони машҳури тоҷик бо номи «Фу» баҳсҳои зиёдеро дар Интернет барангехт.

Фу мегум, фу, фу мегум, фу, аз баъзе одамҳо дилум мегардад ру,

Фу мегум, фу, фу мегум, фу, Фирӯзаро ҳар гапи беҳуда нагӯ ту…

Калимаи «Фу» маънои ноҳинҷор шудан аз бӯйи бадро дорад. Ин «шедевр» яке аз клипҳои сертамошобин дар шабакаи «Ютуб» гардид, бо 188 ҳазор бинанда. Аз тамошои клип дарк мекунед, ки Фирӯза аз бадгӯён ва нафароне, ки дар борааш пайваста ғайбату туҳмат ва бахилӣ мекунанд, хаста шудааст ва ба онҳо дар шабакаи «Инстаграм» барои «номардӣ»-ву «дасисаҳо»-яшон тариқи сурудаш, ки оҳанги ҳиндӣ дорад, посух додааст. Шеърро ҳам барояш худаш навиштааст. Пас аз эроди мақомоти назоратӣ клипро аз саҳифаи интернетиаш пок кард, вале асри 21 асри технология аст. Мардумро онро аллакай нусхабардорӣ карданду акнун дар саҳифаҳои алоҳидаи худ мегузоранд.

Вокуниши мардум ба калимаи «Фу» хеле ҷиддӣ буд. Мавқеъгириҳои корбарони шабакаи иҷтимоӣ гуногун садо медод:

— Чаро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашри чунин клипҳои бемаъниву бесарунӯг иҷозат медиҳад? Чаро клипу шеърҳо таҳти назорати ҷиддӣ нестанд?

— Вазири фарҳанг куҷоро нигоҳ мекунад? Магар ин шеър аст? Фу, мардуми тоҷик, шумо бӯй мекунед, бӯйи бад…

— Муҳтарам вазир, Фирӯзаро ҷаримаи ҳангуфт кунед, дигар такрор намекунад!

— «Шедевр»-и Фирӯза Ҳафизова. Як ҳофизаш мегӯяд «блютузтон уяй, уяй, уяй». Кам-кам инҳоро дарс додан даркор, этикаву эстетика омӯзонидан лозим, ҷаноби вазир! Барои палтои 10-ҳазордоллара пул меёбанду аз шоирони хушкаломи тоҷик ба 200 доллар шеър харида наметавонанд!

— Балои охир дар соли 2019 суруди «Фу» аст. Тавба, ҳофизаҳо тамоман гузаронданд! Инҳо киро гӯш мекунанд? Ё ягон касро писанд намекунанд? Наход ин хел беназорат монанд инҳоро!?

Яқинан, камбудиҳо дар фаъолияти сарояндагони тоҷик кам нест. Вале мушкили асосӣ он аст, ки гӯё касе онро намебинад. Вале барои бартараф кардани он низ чораҷӯӣ намекунанд. Хуб, Фирӯза Ҳафизова клипро пок кард. Баъд чӣ? Боварӣ доред, ки ӯ дигар чунин сурудҳоро намехонад? Чаро мо одат накардаем, ки барои таҳқиру беэҳтиромӣ нисбати ҳамватанон ба таври расмӣ узр пурсем?

Аммо ман мушкилро дар дигар чиз мебинам. Медонед чаро сарояндаҳои мо тамоман гузаронданд? Аз хоксориву самимӣ будани вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода хуб сӯйистифода мекунанд.

Шамсиддин Орумбекзода аз соли 2013 то имрӯз вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Воқеан, ӯ ягона вазирест, ки аз нақлиёти мусофирбар истифода мекунад. Ӯ ягона вазирест, ки дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе бидуни муҳофиз — ёвари дасти росту дасти чап сайругашт мекунад. Ӯ ягона вазирест, ки дар тарабхонаҳои маъруф неву дар ошхонаҳо таом мехӯрад. Ӯ ягона вазирест, ки на танҳо рӯзи қабул, балки ҳамеша омода аст муроҷиаткунандагонро қабул намояд. Ӯ ягона вазирест, ки ба дилхоҳ суоли рӯзноманигорон посух медиҳад. Як нафари хеле донишманд аст.

Орумбекзода «ҳамту» ба мансабҳои калидӣ наомадааст. Соли 2011 ӯ Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо буд. Ва ба курсии муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ такя зад. Сармуҳаррир, раиси Кумитаи телевизион ва яке аз рӯзноманигорони хеле варзидаи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Бадахшон буд.

Вале бархӯрди сарояндаҳо ба чунин шахсони заминӣ, маълум мешавад, дигаргуна аст. Ё ҷаноби вазир шеваи корро дигар мекунад ва ё аз Парлумони кишвар хостгори қонуни сангин барои чунин ҳофизаҳои «нописанд» мешавад. На танҳо барои ороишу либос, сафарҳои зиёди хориҷӣ ва иваз кардани мошинҳои гаронарзиш, балки, бигузор дар назди Миллату Давлат ҳам масъулияти бузург эҳсос кунанд!

Мунтазирем!

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

1 бинависед

  1. Ягон ҷойи бади надорад ин вожа, дар луғатномаҳо чунин шарҳ ёфтааст: — ФУ (китобӣ, рустанишиносӣ), сунбулуттиб (валериана), яъе дорӯи мусакин барои амрози васвос ва равонпарешӣ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here