“… Аз соири занон он чӣ шуморо хуш ояд, ду-ду ва се-се ва чаҳорчаҳор никоҳ кунед ва агар донед, ки адл натавонед кард, пас бо як зан никоҳ кунед… Ин кор ба он наздиктар аст, ки ҷабр накунед”.

Қуръон, 4:3

 Вобаста ба мушкилоти дузанагӣ дар матлаби “Талоқ” ишора намуда будем, ки яке аз омилҳои пош хӯрдани оилаҳо ошкоршавии дузана будани гуруҳе аз мардон аст. Шикасту рехти ҳаёти дузанагиро метавон дар ду самт — қонунӣ ва динӣ таҳлил кард.

Якум, тибқи моддаи 33-и Конститутсия бисёрникоҳӣ манъ аст. Барои дузанагӣ ё серзанагӣ шаҳрванд мутобиқи моддаи 170-и Кодекси ҷиноятӣ бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. Аз ахбори ВАО аҳён-аҳён хабар пахш мешавад, ки шаҳрванд фалонӣ ба иттиҳоми дузанагӣ чанд миқдор ҷарима шуд ё ба муҳлати муайян умри худро паси панҷара сипарӣ мекунад. Бинобар манъ будани бисёрзанӣ тибқи қонунгузорӣ наваду нуҳ фисади серзанаҳо ошкор нашудани вазъро авлотар медонанд. Агарчанде дар ин самт пажуҳиши сартосарӣ анҷом наёфта бошад ҳам, аммо дар ҷомеаи имрӯза сафи дузанаҳо кам нестанд. Дар ин зимн ҳамсарони дувум низ аз воқеияти зиндагии худ шарм дошта, бештар зиндагии пасипардагиро ихтиёр ва аз ифшои шахсияти ҳамсаронашон худдорӣ мекунанд. Ё ин ки аксарияти занон худ намедонанд, ки бонуи дувуми хонадонанд. Мутаассифона, баъдан пас аз огаҳӣ ёфтан аз серзанагии мард ва ҷудоӣ аз ӯ кашмокашиҳои пайдарпай оғоз мегардад.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки серзанагӣ баробарҳуқуқии занонро дар муносибатҳои никоҳӣ бо мардон вайрон карда, онро дар оила вобаста гардонида, ба шахсияташ зиён мерасонад. Моҳияти ҷиноятии масъалаи мавриди назар — ин вайрон шудани тартибу низоми муносибатҳои оилавӣ-никоҳӣ мебошад. Лекин агар ду ё зиёда аз ин занон дар ҳоҷагидории умумӣ, ба қавле “таги як бом” зиндагӣ кунанд, дар ин вақт мард ҷинояткор дониста мешавад, аммо баръакси ҳолат ҷиноят истисно мегардад. Яъне шавҳар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад, зеро тибқи қонунгузорӣ дар ҳоле мард гунаҳгор дониста мешавад, ки агар собит шавад, то ӯ бо ду зан ҳамзамон зиндагии муштарак дорад.

Дувум, аз нигоҳи Ислом далели бисёрзанӣ ояти сеюми сураи Нисо мебошад, ки имрӯз аксарияти мардон барои зиёд кардани теъдоди бонувони хонадонашон онро дастак кардаанд. Аввалан бояд иқрор шуд, ки аксарияти даъвогарон ва гирандагони зани дувум ҷумлаи аввали оятро “Аз соири занон он чӣ шуморо хуш ояд, ду-ду ва се-се ва чаҳор- чаҳор никоҳ кунед” ҳамчун чароғаки сабз истифода мекунанд. Сониян, як-ду серзана шояд идомаи оят — “Пас, агар тарсидед, ки байни занҳо адл карда наметавонед, пас як занро ба никоҳ дароред… Ин кор ба савоб наздиктар аст ва барои он аст, ки шумо ҷабр накунед”-ро хонда бошад ва боқимондаҳо аз будани ин таъкид шояд хабардор нестанд. Баъдан, ангуштшумор мардони дузана ба тафсири оят муроҷиат кардаанд. Инҷо барои дарки дурусти оят кофӣ мешуморем, ки танҳо хулосаи муфассирин оварда шавад. Эшон бо як зан қаноат намуданро аз бисёрзание, ки байни онҳо адолат барқарор карда нашавад, беҳтар донистаанд. Зеро ин роҳ мардонро аз ҷабру зулм дур нигоҳ медорад.

Ҳарду самтро метавонед дар олами бисёрзанаҳо биозмоеду хулосаи амиқ бароред, аммо аз оқибати он Худо огаҳ аст.

Нуралӣ КАРИМ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here