Бо “корхонаҳои якрӯза” киро фиреб кардан мехоҳанд?

Масъулини МИҲД-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки саросемавор хостанд як дурӯғи худро рост ҷилва диҳанд, ин бор ҳам муввафақ нашуданд ва бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди накуҳиши корбарон қарор гирифтанд. Қисса аз он оғоз шуд, ки рӯзи 1-уми октябр Президенти кишвар ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар кард ва он ҷо дар баробари даҳҳо иншоот корхонаи дӯзандагиеро боз намуд. Дар хабари сомонаи президенти кишвар навишта шуда буд, ки ин ҷо сад нафар соҳиби ҷойи кор шудаанд. Рӯзе баъд, рӯзноманигорон ба он ҷо сафар карда, тариқи навору акс нишон доданд, ки нишоне на аз мошинаи дарздӯзӣ аст ва на аз дӯзандаҳову маҳсули корашон.

Масъулин ду рӯз сукут карданд ва якбора ҷавоб навиштанд, ки коргоҳ фаъол аст ва хабари кор накарданаш дурӯғ мебошад. Аммо ин худсафедкунӣ бадтар аз дурӯғи пештара буд ва ин бор рӯирост кӯшиш карданд, ки сомонаи президенти кишварро низ дуруғгӯ нишон диҳанд.

Дар навори хабарнигорон дида мешавад, ки дар он бино воқеан ҳашт зан машғули коранд. Ба суоли ин ки занҳои дигар куҷоянд, масъулин гуфтаанд, “онҳо хӯрокхӯрӣ рафтаанд”. Яъне, ин 8 зан бояд хӯрок намехӯрдаанду дигарон чунин ҳақ доштаанд? Баъдан, гуфтанд, ки дар ин корхона 50 нафар соҳиби ҷойи кор шудаанд. Ададе, ки нисфи гуфтаи сомонаи президенти кишвар аст. Бо ин гуфтаашон масъулини МИҲД-и ноҳияи Рӯдакӣ чӣ мехостанд? Кӣ дурӯғ гуфтааст: онҳо, сомонаи президент ё хабарнигорон?

Дар воқеъ, замоне, ки ин ҷониб наворро тамошо мекардаму раиси бахши занони МИҲД-и ноҳияи Рӯдакӣ Муслима Саидмуродоваро медидам, ки чӣ гуна нотарсона Пешвои миллатро ҳамроҳӣ мекарду ба назди дӯзандаҳо мебурд ва гӯё дастгоҳҳоро нишон медод ва он ҳам бо як ҳайати калони ҳукуматӣ дар дохили “корхонаи қалбакӣ”, ба ростӣ ба ҷойи ӯ дарақ-дарақ меларзидам.

Ва албатта ҷолиб он буд, ки занони ҳунарманд ҳатто иқрор карданд, ки танҳо 1 рӯз қабл аз онҳо хоҳиш намудаанд, то бо дасгоҳҳояшон танҳо барои пур кардани бинои холӣ биёянд, овезаҳояшонро низ биёранду пас аз анҷом метавонанд ба хонаашон бубаранд. Яъне мисли намоишгоҳ иштирок мекунӣ ва пас аз анҷоми он ба хона меравӣ. Пас, мо минбаъд низ чӣ гуна метавонем ба омори пур аз дурӯғ бовар кунем?

“Ҳамон рӯзе, ки корхона кушода шуд, ростӣ, худам чизе нафаҳмидам. Фикр кардам, ки акнун дигар доимӣ дар ҳамин ҷо кор мекунем, лекин баъди сафари президент, гуфтанд, ки ҳама чизҳоро ҷамъ кунед”,-гуфтааст яке аз иштирокунандагони намоишгоҳ.

Бубинед, ки масъулин чӣ қадар дурӯғ мегӯянд. Занон аслан ба ягон курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб нашудаанд, 100 кас бо ҷойи корӣ таъмин нагардида ва дурӯғи навбатии раиси бахши кор бо занони ноҳияро бо нотарсиаш бубинед: “Занон хаста шуданд аз кори зиёд”.

Онҳо ҳатто 1 рӯз пурра кор накардаанд ва аслан чӣ духтанд? Зеро ҳама чизи омодаро бо худ оварданд.

Қаблан ҳам шоҳидон мегуфтанд, чандин маротиба, ки Сарвари давлат ба вилояти Суғд ташриф меоранд, ҳатто маҳсулоте ба ӯ нишон медодаанд, ки аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон оварда шуда будааст. Ва корхонаҳое, ки 2 ё 3 моҳ фаъолият мекунанду баъд аз кор мемонанд, хеле зиёданд. Ҳоло, муҳим аз ҳама, чунин нафарон муҷозот мешаванд? Барои масъулине, ки корхонаҳои бофтаю сохтаро ба қавли худашон «ба истифода медиҳанд», чӣ гуна ҷазо таъин мегардад? Ва чаро онҳо ҳоло ҳам дар иҷрои масъулияти муҳими давлатӣ ҳастанд? Онҳо магар минбаъд ҳам намуна барои мардум мешаванд? Ё ҳимоятгари хубе доранд, ки ҳар чӣ дилашон мехоҳад, анҷом медиҳанду ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд? Ва агар чунин бошад, пас воқеан ҳам қонун танҳо барои камбағалу бекасу кӯй аст?

Ин гуна назарфиребӣ то ба кай? Мардум аллакай аз чунин намоишҳои қалбакӣ хаста шудаанду ҷойи кори воқеӣ мехоҳанд, то як луқма нони ҳалоли худро пайдо кунанд.

Агар чунин масъулин ба Президенти давлатамон дурӯғ гӯянд, пас бо мардум чӣ гуна муносибат мекунанд!?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here