Шарифи Ҳамдампур, муассиси Медиагурӯҳи «Оила» 7 ноябр дар «Фейсбук» баҳсеро оид ба хабарҳои дурӯғин (фейкҳо) роҳандозӣ кард.
Ба қавли ӯ, дар як ҳамоиши муассиси расонаҳо дар шаҳри Остона масъалаи фейкҳо баррасӣ шудааст. Дар ин нишаст як қисми журналистони Ғарб ва Русия онро дастгирӣ кардаанд ва муборизаро алайҳи дурӯғпароканӣ зарур нашуморидаанд. Шарифи Ҳамдампур мегӯяд, ки «Ҳар вирус антивирус дорад. Антивируси фейк дар дасти бунёдгузорони шабакаҳо ва болотар аз онҳост». Ӯ аз муштариён хостааст, ки андешаашонро дар ин мавзӯъ баён доранд. Аксари корбарони «Фейсбук», ки дар баҳс ширкат доштанд, мавҷудияти фейкро дар расонаҳо тасдиқ намудаанд ва баъзеҳо аз будани онҳо ҷонибдорӣ ҳам кардаанд.
Воқеан ҳам, имрӯз дурӯғпароканӣ яке аз проблемаҳои на танҳо расонаҳои чопиву электронӣ, балки шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ҳаст ва зидди он на танҳо ноширон, балки давлатҳо ҳам мехоҳанд мубориза баранд. Вале на ҳамеша ин муяссар мешавад. Албатта, ин сабабҳои зиёд дорад ва дар алоҳидагӣ наметавон ба барҳам задани дурӯғпароканӣ муваффақ шуд. Зеро он намудҳои гуногун дорад ва бо шеваҳои гуногун амалӣ гардида, на ҳамеша дурӯғ буданаш зуд ошкор мешавад.
Имрӯз фейкро набояд танҳо чун хабари дурӯғ фаҳмид. Ба назари инҷониб, вай мафҳуми фасеъ буда, ҳар маводи расонаӣ, ки дар он дидаву дониста маълумоти дурӯғ, шарҳи нодуруст, тавсифи ноҷо, рекламаи пӯшида ё тарғиботи пӯшида барои манфиатоварии паҳнкунанда нашр мешавад, фейк аст. Аз ин нигоҳ, имрӯз қариб расонае нест, ки бо дурӯғпароканӣ машғул набошад ва аудиторияашро гӯл назанад.
Бояд гуфт, ки аввалан, ба дурӯғпароканӣ давлатҳои алоҳида зидди рақибони сиёсиву иқтисодии худ машғуланд, ки онро ҷанги иттилоотӣ мегӯянд. Ин кор тавассути расонаҳои худӣ, бегона ва шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифта, шеваҳои гуногун дорад. Намунаи беҳтарини ин амал ИМА аст, ки дастгоҳҳои тарғиботии он ба мисли Радиои «Аврупои Озод» («Озодӣ»), Радиои «Осиёи озод», Радиои «Сава», Телевизиони «Ал-Ҳурра», Радио ва телевизиони «Мартӣ», Радиои «Фардо», Радио ва телевизиони «Садои Америка» ва платформаҳои интернетии онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза садҳо соат тарғиботи густурдаи ҳадафнок мебаранд. Албатта, ин расонаҳо сад дар сад фейк пахш намекунанд, вале дар маводи онҳо нагуфтани воқеият, инъикоси яктарафа ё шарҳи нодуруст, ки зидди одобу принсипҳои журналистӣ аст, зиёд ба чашм мерасад.
Дуввум, ҳизбу созмонҳо ва гурӯҳҳои алоҳида низ ба дурӯғпароканӣ машғул мешаванд, ки онҳо низ манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ доранд.
Сеюм, шахсони алоҳида, аз ҷумла журналистон низ барои манфиатҷӯӣ ба ин амал даст мезананд.
Бояд гуфт, ки аз ин амал аксаран, муштариёни расонаҳо зарар мебинанд ва онҳо ба дурӯғ бовар карда, тафаккур ва ҳатто рафторашон дигар мешавад.
Чӣ хеле, ки зикр кардем, имрӯз аксари расонаҳои ба мардум дастрас ба дурӯғпароканӣ машғуланд ва бисёр вақт фейк буданашонро муштарии оддӣ дарк накарда, ба он бовар мекунад. Ҳол он ки дар замони глобализатсияи иттилоот набояд кӯр-кӯрона ба ҳар чиз бовар кард. Дар ин ҳол имрӯз ягона роҳи ҳалли масъала – ин омӯзонидани саводи расонаӣ ба аҳолӣ аст. Яъне аҳолиро бояд омӯхт, ки расонаҳо паёмро ба кадом ҳадаф нашр мекунанд ва он чӣ паёмаде метавонад пеш орад. Оё тафсире, ки пешниҳод мешавад, дуруст аст? Оё дигар расонаҳо ҳам ин хабарро чунин ташреҳ кардаанд? Байни муҳтавои мавод ва ношир ягон иртиботи ҳадафнок ҳаст ва ғайра?
Саводи расонаӣ дар кишварҳои ғарбӣ беш аз 50 сол боз роҳандозӣ мешавад. Ҳанӯз солҳои 60-уми садаи гузашта ЮНЕСКО дар тамоми ҷаҳон консепсияи саводи расонаиро дастгирӣ ва роҳандозӣ мекард. Ин амал дар асоси маводи ВАО, кино, реклама сурат гирифта, барои рушди шахсият, ташаккули тафаккури интиқодӣ, фарҳанги муошират бо расонаҳо, дарку таҳлил карда тавонистани маводи нашршуда ва ғайра сурат мегирифт. Воқеан, саводи расонаӣ як ҷузъи педагогика буда, таълими он аз боғча то донишгоҳ вобаста ба синну сол ва сатҳи дониши мухотабон тадрис мешавад.
Бояд гуфт, ки дар сурати саводи расонаӣ доштани мухотабон онҳоро наметавон бо хабарҳои дурӯғин фиреб кард.
Ҷовид Муқим