Дар нонвойхона нонфурӯше соҳиби дипломи ДМТ аст. Муҳоҳире аз хориҷи кишвар ба Ватан баргашта, аз он гила мекунад, ки 5 сол дар ДДОТ таҳсил кардааст. Китобфурӯше дар мағоза ба харидор аз даврони донишҷӯиаш нақл мекунад, ки чандин китоби бузургонро мутолиа кардааст. Ба ҳамин монанд садҳо дигар…
Воқеан, дипломро, ки шаҳодатномаи расмӣ дар бораи хатми мактаби олӣ ва ё махсус мебошад, айни ҳол мисли шаҳодатномаи таваллуд аз хонаи ҳар яки мо пайдо кардан мумкин аст. Албатта, ҳар падару модар орзу мекунад, ки фарзандаш соҳибмаълумоту соҳибкасб бошад, дар зиндагӣ ба мартабаҳои бузург ноил гардад. Бо ҳамин мақсад, бо тамоми ҳастиашон мекӯшанд, ки духтар ё писарашонро ба мактабҳои олӣ дохил кунанд. Аммо суоле ба миён меояд, ки оё фарзанд ва ё донишгоҳу донишкадаҳо он орзуи волидонро ҷомаи амал пӯшонда метавонад? Сол ба сол зиёд шудани шумораи донишҷӯён, ки аз хондан ягон мақсади муайян надоранд ба буҷети оила, ки айни замон на он қадар хуб аст, хароҷоти изофӣ нест?
Ба ин суол ҳар яки мо посухи худро дорем, вале мақсади асоси 4-5 соли умри як инсон аст, ки айни ҳол мисли хоб (даврони қисми зиёди донишҷӯён дар назар аст) мегузаронем, беҳтар нест аз пайи зиндагӣ шавем ва дар донишгоҳҳо нафароне таҳсил кунанд, ки дар ҳақиқат дониш омӯхтан мехоҳанд. Аз бисёре аз муаллимони муассисаҳои олӣ пурсон шавем, ки оё нафаре ҳаст, ки мутахассиси соҳа бошад. Ҷавоби ҳама як: “3-4 нафар ҳаст”. Пас, 3-4 нафар таҳсил кунад…
Ҷон Дэвисон Рокфелле,р аввалин милиардери таърихи башарият, дар бораи диплом чунин гуфта буд:
— Диплом чизи хеле маккор аст. Он ба шумо чунин фикрро талқин мекунад, ки ҳеҷ гоҳ мушкиле надоред. Инчунин, ҳисси бардурӯғи бартариро нисбат ба одамони бемаълумоти олӣ ба вуҷуд меорад. Шуморо аз воқеият маҳрум мекунад. Ба назар мерасад, ки шумо ба баландие баромада, тамоми мушкилотро ҳал мекунед, вале ин танҳо як хаёл аст.
Афсун ҚУРБОНЗОДА