Бисёр ҳам аламовар аст, вақте ки туро шахси аз ҳама наздикат бо чашми бад нигариста, нисбатат бадгумонӣ мекунад.
Дар гузашта олимону мутафаккирон гуфтаанд ва ҳоло ҳам мегӯянд, ки бо бадсиратон ҳаргиз набояд дӯстӣ кард. Дар бораи шахсони сияҳдил ҳазрати Саъдӣ бисёр ҳам зебо сурудааст, ки мазмунаш чунин аст: “Вазъ гуфтан бо сияҳдил ҳеҷ фоидае надорад, ба мисли оне, ки мехи оҳанӣ ба санг таъсире намерасонад”. Ба ҳамин монанд адибону шоирон ва дигар донишмандон хислатҳои бади инсонӣ, аз ҷумла бадгумониву сиёҳдилиро дар осори хеш мавриди мазаммат қарор додаанд. Ба таъкиди эшон, инсон набояд бо чунин шахсон ҳамнишин бошад. Вале, дар ин маврид ҳаминро бояд гуфт, ки дар шароити имрӯза амал намудан аз рӯйи чунин тавсияҳои бузургон шояд имконнопазир бошад. Медонед чаро? Чунки робита пайдо кардану ҳамнишин гардидан бо ин ё он шахсро замона тақозо мекунад. Чӣ тавр як нафар метавонад бо ҳамсоя, ҳамсинф, ҳамкурс, ҳамкор ва ё хешу табори худ муносибати наздик надошта бошад? Ҳатман ки дорад. Дар акси ҳол, ин гуна шахсро ноқисулақл номида, шояд тамғаи “девона”-ро низ дар гарданаш овезанд. Манзур аз гуфтаҳоямро шояд воқеаи аз сар гузаштаи як рафиқам, ки чанде пеш нақл карда буд, возеҳу равшан созад.
Як рафиқам, ки бо ӯ дӯстии дерина дорам, чанд рӯз пеш наздам омаду аз гузаштаҳои худ ба қавле «дарди дил кард». Ӯ дар яке аз муасисаҳои таълимӣ ба тадриси толибилмон машғул аст. Вай дар баробари таълим додан аз фанни асосӣ, инчунин маҳфилҳои адабии мактабро низ бар уҳда дошта, дар ҳамаи чорабиниҳои муассиса хонандагонро бо тайёрии ҷидӣ омода мекунад. Қабл аз оғози як чорабинии муҳими фарҳангӣ якҷо бо чанде аз хонандагони фаъол, ки иштирокчии бевоситаи ин маҳфил будаанд, тасмим гирифтааст, ки саҳнаи баргузории чорабиниро оро диҳанд. Аз ин рӯ, ӯ аз ҳар як хонанда дар ҳаҷми як сомонӣ (албатта бо розигии худашон) маблағ ҷамъ намуда, ҳатто аз ҳисоби худ низ ба он чанди дигаре илова намудааст, то ин ки маҳфил бе ягон мушкилӣ гузаронида шавад. Вале ӯ бо ин кори кардаи худ мавриди ҷазои директор қарор гирифтааст. «Ман ба ту чанд бор гуфтам, ки ҳар гоҳе аз хонандагон пул мегирӣ, оварда ба ман супор он, тарафашро ман тасмим мегирам. Ман медонам, ки ту маблағи ҷамъкардаи хонандагонро ба нафъи худ истифода мебарӣ»,- гуфтааст директори мактаб ба муаллим.
Ба нақл аз шоҳидони воқеа ва худи рафиқам, ин мудири муассиса танҳо дар муддати 2 сол 8 нафар омӯзгорро бо чунин шеваи муносибат ва бадгумонӣ аз кор пеш намудааст. Дар ҳоле, ки хӯди ӯ дар ҳар як имтиҳон аз баъзе хонандагон пул талаб мекардааст.
Маълум аст, ки дар ҷомеаи имрӯза чунин шахсон бисёр буда, онҳо танҳо дар пайи ҷустани айби дигаронанд, вале тамоми хислатҳои разилонаву ҷоҳилонаи худ дар назарашон наметобад.
Боиси таассуф аст, вақте ки имрӯз баъзе аз мудирони шуъбаву идораҳо ва роҳбарони дигар сохторҳо бо гумонҳои бади худ дар назди атрофиён нифоқу ҷудоӣ меандозанд.
Боиси таассуф аст, вақте ки директори як муассиса корманди худро барои фаъолияти хубаш чашми дидан надорад.
Боз ҳам боиси таассуф аст, вақте ки як нафар кормади фаъол ба хотири муносибати дағалона ва бадгумонии роҳбараш тарки корхона мекунад.
Ба монанди ин таассуфҳои зиёде ҳаст, ки мутаассифона, ба ҷуз гунгу хомӯш мондан, чораи дигаре надорем. Аз ҳама аламовараш он аст, ки вақте шахси аз ҳама наздикат ба кору фаъолияти ту бо шубҳа менигарад. Пас дар ин ҳол чӣ бояд кард? Суолест беҷавоб. Ва ё ин суол посухи мушаххаси худро дораду шояд дониши банда барои он нокифоя бошад?
Бо гузашти вақт ва тағйир ёфтани фазову муҳит ботини баъзеҳо, ки дар зери ниқоби зебоии «зоҳир» пинҳон гардидааст, оҳиста-оҳиста торикии худро аён месозад. Беҳтараш мисраҳои шоири ширинкалом Бадриддин Ҳилолиро давобахши дарди худ қарор дода, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дилҳоямонро на ин ки торику чиркин, балки софу беғубор намоем:
Чанд ба ҳар сияҳдиле бодаи соф мекашӣ,
Ҳайф, ки оби зиндагӣ дар зулумот мечакад.
Баҳруллои МАҲМАДШАРИФ