Дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ” сафари касбии хабарнигорон ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ  ба нақша гирифта шудааст. Ҳадаф аз ташкили сафарҳои касбии намояндаҳои ВАО рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва муттаҳидсозии рӯзноманигорон дар роҳи мубориза бо ифротгароии хушунатбор ва мусоидат ба баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон арзёбӣ мешавад.

 

Лоиҳаи  “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ”  аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ  шуда,  аз ҷониби Internews амалӣ мегардад. Ин лоиҳа ба дастгирии ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие равона шудааст, ки барои пешгирӣ аз ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд. Расидан ба ин ҳадаф ба воситаи боло бурдани касбияти хабарнигорон, фаъолони шаҳрвандӣ ва мутахассисони расонаҳои хабарӣ имконпазир аст, то ин ки  онҳо маводи босифати расонаӣ омода намоянд ва сатҳи интиқодии қабул ва бархӯрд ба матолиби расонаиро миёни шаҳрвандон, масъулони давлатӣ ва фаъолони ҷомеъа баланд бардоранд. 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here