Магар чунин рафтор оини ҷавонмардист?!

Дар замони шӯравӣ, ҳангоми дар риштаи иқтисодӣ таҳсил карданам, ҳаҷвияе бо номи «Муносибат» навишта будам, ки дар рӯзнома чоп шудааст. Муҳтавои ҳикоя он буд, ки бо шунидани овозаи мудири шуъба таъин шудани ман муносибати ҳамкорон ба куллӣ тағйир ёфт. Махсусан муносибати кормандони шуъба 180 дараҷа дигар шуд: ба ман хушомад мезаданд, кӯшиш мекарданд, ки мақбулам бошанд. Ҳатто духтарони танноз, ки саломамро базӯр алейк мегирифтанд, акнун мафтуни банда буданд. Воқеан ҳам, маро мудир таъин карданд, вале мудири шуъбаи дигар.

Бо шунидани ин хабар тарбузи чоплусон аз бағалашон афтид, зеро аз ман ба онҳо манфиате намерасид. Он замон ҳам чоплусу тамаллуқкорон буданд. Вале теъдодашон ангуштшумор. Он вақт мардум ба чунин тоифа бо нафрат менигаристанд, эҳтиромашон намекарданд.

Бо гузашти қариб 40 сол ин муҳтавои ҳаҷвияи ман дар ҷомеаи имрӯзаи мо характери оммавӣ гирифтааст. Ба куҷо нигарӣ, тамаллуқу чоплусӣ ба назар мерасад. Хушомадгӯён аз бригадир то ба вазир тамаллуқу чоплусӣ мекунанд. Зеро аксаран бо хушомаду чоплусӣ мехоҳанд пеши роҳбарон худро ширин бикунанд ва ба ивазаш манфиате бигиранд. Ман худ борҳо дидааму шунидаам, ки роҳбари чун хас арзиш надоштаро мадҳ хонда, ба осмони ҳафтум мебардоранд. Ва тавсифшаванда бовар мекунад, ки дар ҳақиқат аз ӯ бузургтар касе нест, вай нобиғаи замон аст. Албатта, ин таърифу тавсиф ва чоплусӣ беҳуда нест. Ҳадаф роҳ ёфтан ба дастархони роҳбар ва дар сояи вай бемалол ҷиғилдону киса пур кардан аст.

Ман ин суханонро аз ҳаво намегӯям. Ману шумо чунин ҳодисаҳоро ҳар рӯз мебинем ва ба ин одат кардаем. Ҳатто занон ҳам дар баробари мардон чоплус шудаанд. Зеро тамаллуқу чоплусӣ оини зиндагии имрӯзаи мо шудааст. Масалан, ба наздикӣ овоза паҳн шуд, ки директори як муассисаи хурде ноиби раиси як идораи бонуфузи ҷумҳуриявӣ таъин мегардад. Зеро, ба гуфти ҳолдонҳо, биографияву географияи ин шахс ба мансаби мазкур рост меомадааст. Албатта, ақлу фаросат, дониш ва кордонии ӯ ҳамчун мутахассис зери суол аст. Чоплусу тамаллуқкорон намедонистанд, ки бо кадом баҳона ихлосу эҳтиром, махсусан вафодории худро ба ӯ изҳор доранд. Хайрият, ки 23-юми феврал — Рӯзи Артиши миллӣ будааст. Аз субҳи 22-юми феврал, ки рӯзи ҷумъа буд, табрики раисшаванда (дар мо тамаллуқкорон муовини раисро раису муовини вазирро вазир мегӯянд. Воқеан, ба чунин муроҷиат ба муовинон худи раисону вазирон чӣ мегуфта бошанд?) бо Рӯзи муҳофизони Ватан оғоз гардид. Агарчӣ қаҳрамони мо як рӯз ҳам дар сафи аскарӣ хизмат накардааст, афсари эҳтиётӣ ҳам нест. Зеро ҳангоми сарчӯпон буданаш ғоибона дипломи таҳсилоти олиро ба даст овардааст.

Вақте мансабхоҳи мо ба ҷои кор омад, ӯро аҳли идора аз субҳи содиқ дар саҳни ҳавлӣ бо туҳфаҳо интизор буданд. Он рӯзи дароз дар идора кор набуд, шиносу ношинос аз идораҳои гуногун ба табрики раисшаванда меомаданд. Ончунон туҳфа оварданд, ки кабинети «муҳофизи Ватан» пур шуд ва мудири хоҷагӣ барои ба хонаи директор бурдани туҳфаҳо мошини боркаш киро кард. Албатта, ин туҳфаҳо бе ҳадаф набуданд, ҳар яке мехост, ки ӯ бо соҳибмансаб шуданаш вайро ҳам зери қаноташ бигирад.

Аз байн қариб як моҳ гузашт, вале то ҳол фармони муовини раис шудани қаҳрамони мо набаромадааст. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки имрӯзҳо ҳама барои ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ машғуланд ва ба дигар кори майда — чуйда вақт надоранд. Ҳамин аст, ки ҳоло ба кадом идорае корафтода шавед, мегӯянд, ки баъди Наврӯз биёед.

Шояд қаҳрамони мо ҳам баъди ҷашни Наврӯз соҳибмансаб шавад. Агар не, тарбузи чоплусону хушомадгӯён аз бағалашон меафтад ва он туҳфаҳои чун ришва додаашон барабас меравад.

Воқеан, дар кишваре, ки мардумаш қашшоқ аст, ришвахӯрӣ афзуда, тамаллуқу чоплусӣ ривоҷ меёбад. Имрӯз чунин шудааст, ки барои қонеъ кардани талаботи шиками худ баъзе ашхос ба ҳар кори зишт ҳам даст мезананд. Барои ин тоифа, ки дар ҳар идора сафашон рӯ ба зиёдшавӣ доранд, на ғурури инсонӣ мондаасту на ғурури миллӣ. Имрӯз зиёд дар бораи хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ ҳарф мезанем, вале вақте ки шахс ғурурӣ инсонӣ надорад, магар вай метавонад ғурури миллӣ дошта бошад? Ва билохира, оё чунин шахс, ки барои манфиати шахсиаш нангу номусашро мефурӯшад, магар метавонад ватандору ватандӯст бошад?

Ҳой мардум, чаро ғурури инсониатонро зери по карда, ба нафаре хушомад мезанед, ки ӯ ба як пули сиёҳ намеарзад!? Вай пуфаке беш нест, ки чун бодаш баромад, пуч шуда ба замин меафтад ва зери по мешавад. Инсон бошед ва дар хотири мардум ҳамчун шахсият бимонед. То пас аз сари шумо фарзанду набераҳоятонро мардум таъна накунанд, ки падару модар ва бобою бибиашон барои як пора нони равғанин чоплусу хушомадгӯи раисон буданд. Ҳол он ки, бо як лаби нону як коса об ҳам метавон озоду хушбахт ва накӯном зист.

 

Ҷовид МУҚИМ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here