Шумо медонед, ки худкушӣ фақат аз оҷизӣ нест, балки як шакли эътироз аст?

Абдувоҳид, рӯз ба хайр!

Имрӯз мехоҳам дар бораи дача (бӯстонсаро) бо Шумо баҳс кунам. Чунки медонам, чун шахси эҷодкор, романтик ҳатман танҳоию парвози мурғи илҳомро дар танҳоӣ ситоиш мекунед. Аммо, воқеият дигар аст! Ин танҳоию гурез аз мардум медонед чӣ қадар эҷодкоронро ба доми марг кашидааст? Содиқи Ҳидоят, нависандаи дӯстдоштаи Шумо аз он зумра. Маҳз дурӣ аз издиҳом, дурӣ аз воқеият онҳоро ба чанголи марг тела дод. Медонед, танҳоӣ, ки дар сӯҳбати пеш дар борааш гуфтем, чӣ қадар хатарнок аст? Дар танҳоӣ ҳам зиндагии хешро бармекашӣ ва ҳам зиндагии ҷомеаро ва нек дармеёбӣ чӣ қадарҳо бозичаи андешаю фирефтаи гуфтаи дигарон шудаӣ.

Медонам, ҳоло менависед, ки бӯстонсаро аслан ҷойи андеша не, балки макони истироҳат аст. Қисман бо ин андеша розӣ ҳастам, аммо медонед ки ҳолати мастӣ шахси аз танҳоӣ афсурдаро ба ҷасорат тела медиҳад. Нафаре, ки замоне аз ҳалқаи дор метарсид, онро барои хеш дастрас медонад ва таноби дорро ба гардан меандозад.

Шумо медонед, ки худкушӣ фақат аз оҷизӣ нест, балки як шакли эътироз аст? Ёд доред, шоир Бозор Собир замоне вакили мардумӣ буд, вале дар охир ба парлумон нигариста, гуфта буд:

— Бо Шумо зистанам ҳайф аст!

Яъне, дигар зистан шахси аз андешаи замону хеш безор шударо ба худкушӣ водор мекунад ва ӯ дигар намехоҳад бо мо бошад! Ҷисми вай ба як оромӣ, ба як оромии абадӣ ниёз пайдо менамояд.

Инро медонед, о ваҳ, беҳтар аз ман медонед, лекин намехоҳед иқрор шавед! Аммо, нек медонам, замоне сари ин андешаҳои ман меоед ва он вақт ку шахси боҷасорате, ки Шуморо аз ҳалқаи дор бигирад?

Аслан, қисмати ҳар нафаре, ки ба ғайри мушкили хеш, аз мушкили ҷомеа меандешад, зиқ мешавад, чунин аст. Ва шоирон чун романтикҳои воқеӣ роҳи наҷотро дар худкушӣ мебинанд. Яъне, на бинам ва на сӯзам.

Вале, дар ҳамин ҳол, метавон ин мушкилро бартараф кард, яъне, роҳашро пайдо кард:

Ҳаргиз он эҷодкорро, он шахсеро, ки мушкили ҷомеаро мушкили хеш медонад, набояд танҳо гузошт! Ҳамеша бояд ӯро аз мушкили ҷомеа, аз мушкили худаш бояд берун кашид!

Ин маънои онро дорад, ки ҳаргиз ман Шуморо намегузорам то ба дача танҳо раведу аз мушкил фикр кунед!

Розӣ ҳастед?

Тобистон фаро расидаю рафтани Шумо ба бӯстонсаро танҳо дар дасти ҷаноби вақту баромадани моҳи рамазон аст.

Интизори даъвати Шумо ҳастам!

Хуршед АТОВУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here