Чаро Пешвои миллат бештар таваҷҷуҳ ба занон мекунад?

Паёми Президенти Тоҷикистон ба парлумон ва мардуми кишвар, ки рӯзи 26-уми декабр ироа шуд, чун ҳамеша мавриди пазироии ҳамаҷонибаи шаҳрвандон қарор гирифт. Воқеан, ин паёми 18-уми Ҷаноби Олӣ аст, ки аз соли 2001 ӯ ҳамасола бо он баромад карда, паҳлуҳои муҳимтарини ҳаёти мамлакатро баррасӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки дар ҳамаи паёмҳои дигари Пешвои миллат аз ҷумла масъалаи ҷалби занону бонувон ба ҳаёти иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор мегирад. Албатта, вобаста ба ин дастуру супоришҳои Сардори давлат ба тасвиб мерасанд. Азбаски паёми охир дар арафаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон сурат гирифт, Президент махсус қайд кард, ки ҲХДТ — ҳизбе, ки Сарвари мамлакат ҳамзамон роҳбари он аст, 40 фоизи номзадҳои худро ҳам дар маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҳам Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби занону духтарони арзанда пешниҳод хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи махсуси Президент ба занон сабабҳои хеле ҷиддии худро дорад. Кадом сабабҳо? Якум ин ки, тибқи иттилои Агентии омор, Тоҷикистон ягона кишвар дар минтақа аст, ки теъдоди занон аз мардон камтар мебошад (чорзанаву панҷзана албатта ба ин рабт дорад). Гарчанде то 10 сол пеш 52 фоизи аҳолии кишварро занон ташкил медоданд, ҳоло онҳо тибқи омори расмӣ аз 50 дарсад камтаранд.

Новобаста аз ин, нақши занон дар сиёсат пуртаъсир нест. Барои чӣ? Нафарони огоҳ нақл мекунанд, ки дар замони шӯравӣ одатан занон аз рӯи таъиноти хос ба корҳои сиёсӣ таъин мешуданд. Бовуҷуд, дар охирҳои пошхӯрии шӯравӣ дар Тоҷикистон 25,8 фоизи занон дар вазифаҳои роҳбарии давлатӣ кор мекарданд. Аммо дертар иштироки занон дар ҳаёти сиёсии кишвар ҳам дар сатҳи марказӣ ва ҳам маҳаллӣ рӯ ба коҳиш ниҳод. Аз як тараф ба ин барҳам додани квотаи занон дар интихоботи Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) сабаб гардид. Аммо вакилони шинохта, ба мисли Рафиқа Мӯсоева, Гулафзо Савриддинова, Адолат Раҳмонова дар ҷаласаҳои парлумон фаъолона иштирок менамуданд, масъалагузорӣ мекарданд.

Тавре медонем, солҳои аввали Истиқлолияти Тоҷикистон ба давраи ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Дар натиҷа, ҳиссаи занон дар корҳои роҳбарӣ бамаротиб кам шуд. Аммо ин маъноеро надошт, ки Ҳукумат ба занону духтарон кам таваҷҷуҳ дорад. Тавре дар ҳамин паём Пешвои миллат ишора кард, “занону духтарон ҳамеша дар паҳлуи ҳукумат буданд ва сиёсатҳои Роҳбари давлатро дастгирӣ мекарданд”.

Ин дар ҳоле, ки масъулияти бонувон дар хонавода ва таъмину тарбияи аҳли оила, хоса кӯдакон бештар шуда буд. Мардони хона бо сабабу баҳонаҳои гуногун ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Баъзеи онҳо оилаи нав барпо карданд ва зану кӯдаки худро мутаассифона фаромӯш намуданд. Ҳоло ҳам чунин мардоне ҳастанд, ки вақте зани русро мебинанд, хеле кӯшиш мекунанд, то аз занони худ дурӣ ҷӯянд.

Президент барои духтарон квотаи президентӣ таъсис дод ва толибаҳои пешқадамро ба донишгоҳҳо дохил намуд, то ин ки соҳиби ихтисос шуда, дар ҳаёт азоб накашанд.

Мутаассифона, ҳоло бисёр мешунавем, ки хонавайроншавии оилаҳои ҷавон зиёд ба назар мерасад. Дар натиҷа духтарони ҷавони аз шавҳаронашон ҷудошуда намедонанд зиндагии ояндаи худро чӣ гуна пеш баранд.

Беш аз 3 соле, ки рӯзноманигори парулмонӣ будам, дар парлумон миёни “овози мардона” садои занҳоро кам мешунидам, то маҳз аз занони бедиплом пуштибонӣ кунанд. Ҳам аламам мекард ва ҳам қаҳрам меомад.

Яъне, ба назари ман, Пешвои миллат бо зиёд кардани сафи занҳо дар корҳои сиёсӣ мехоҳад онҳоро баҷуръаттар намояд, то масъалаҳои муҳимтарини ҳамҷинсони худро ҳимоя карда тавонанд.

Айни замон дар сатҳи роҳбарикунанда роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент Озода Раҳмон, раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сумангул Тағойзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, раиси Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода аз ҳисоби занонанду халос.

Албатта, мо бовар дорем, ки бо бештар шудани шумораи занҳо дар ҳукумат ва парлумон хеле масъалаҳо ҳалли худро пайдо карда, бонувон ҳам аз «часпаки хонашин» раҳо шуда, чун мардон “ноновари хона” мегарданду аз зери таънаи шавҳарон халос мешаванд. Зеро яке аз сабабҳои сарпастии занон дар оилаҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил набудани онҳост. Ва баъзе занон аз ин ҳисоб ҳам танбал мешаванд ва ҳам одати бад мекунанд, чун “меоранд, мехӯранд ва мегарданд”.

Аммо ин ҳолати бонувони тоҷик танҳо дар сурате дигар мешавад, ки ба парлумон ва ҳукумат асосан бонувони хеле донишманду ҷасуре ворид шаванд, то мушкилоти занону оилаҳоро тавонанд хеле ва хеле ҷиддӣ баррасӣ намоянд.

Вагарна, тавре дар урфият мегӯянд, “аз иваз шудани ҷойи ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад”.

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here