Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ таҳкими қонуният ва интизом дар байни ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ, хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати онҳо дар муомила бо шаҳрвандон ба шумор меравад.
Дар фармони №1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2006 «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон» омадааст, ки «талаботи қонунгузориеро, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳамчун шарти муҳимтарини баланд бардоштани обрӯю нуфузи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, бечунучаро иҷро намоянд».
Фаъолияти кормандони БДА-и шаҳри Панҷакент ба меъёрҳои дар боло зикргардида куллан ҷавобгар мебошад. Назоратчиёни роҳи шаҳру ноҳияи Панҷакент аз рӯи қонунҳои ҷорӣ амал намуда, пайваста барои баланд бардоштани савияи дониш ва собиқаи кории худ кӯшиш менамоянд. Кормандони БДА кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки муҷримонро барои вайрон кардани қонун ва қоидаҳо ҷарима карда, бо ин роҳ ҳам буҷаи давлатро ғанӣ гардонанду ҳам барои ислоҳ шудан ва такрор накардани қонуншиканӣ бо ронандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.
Шахсан борҳо шоҳиди гуфтаҳои боло гаштаем. Аммо аз тарафи шаҳрвандон ва ронандагони нақлиёти мусофиркаш ва махсусан нақлиёти шахсӣ вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва бадмуомилагӣ зиёд ба назар мерасад, ки ҳама кӯшишу ғайрати кормандонро барбод медиҳад. Масалан, агар нозири роҳ дар вақти иҷрои вазифаи хизматӣ қонунвайронкуниро мушоҳида намояду нақлиётро нигоҳ дорад ва барои ҷазо протоколи ҷаримавӣ омода кардан хоҳад, бисёре аз ронандагон ба мақомоти болотар занг зада, маҷбур менамоянд, ки корманди БДА аз ин кор даст кашад. Дар ин ҳолат корманди бечораи БДА барои аз вазифа сабукдӯш нашудан маҷбур аст ҳуҷҷатҳои ронандаро баргардонида, ба болои ин, аз ӯ узр пурсад, ки албатта обрӯю мақоми худро бо ин роҳ дар назди мардум хостаю нохоста паст месозад. Масалан, фарзанди яке аз вазифадорони давлатӣ дар шаҳри Панҷакент ба болои он, ки худ ҳамеша бе ҳуҷҷати ронандагӣ бо савлату шукуҳ дар кӯчаҳои шаҳр қонуншиканӣ мекунад, боз агар кормандони БДА дӯстони қонуншиканашро ҳам дастгир намоянд, ҳамоно ҳозир шуда, бо дӯғу пӯписа дӯстонашро «халос» менамояд. Саволе ба миён меояд, ки пас будани ниҳоде бо номи БДА дар шаҳри Панҷакент зарур аст?
Аз рӯи фармони дар боло овардашуда кормандони БДА наметавонанд аз рӯи хушмуомилагӣ ба шахсони қонуншикан, ки аз сабаби надоштани ҳуҷҷат ё гузаштани муҳлати ҳуҷҷати ронандагӣ дар вақти нигоҳ доштани нозири роҳ итоат накарда роҳи гурезро пеш мегиранд, думболагирӣ намоянд. Инчунин, ҳар як кормандчаи ҳукуматӣ ва кормандони хурди мақомоти давлатӣ низ ба кормандони БДА итоат намекунанд. Шояд яке аз сабабҳои пур нашудани буҷаи давлат дар ҳамин бошад?
Имрӯз сарусадоҳо дар бораи фармони нав, ки ронанда ҳангоми дар ҳолати истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ нишастан сари чанбараки мошин ҷаримабандӣ мешавад, хеле зиёд ба гӯш мерасад. Ҷарима ба маблағи калон ва сабукдӯш шудан аз вазифа пешбинӣ карда шудааст, ки шояд саривақтӣ бошад. Барои пурзӯр намудани иҷроиши фармони мазкур кормандони БДА-и шаҳри Панҷакентро мебояд бо воситаҳои ахбори омма, хусусан кормандони телевизион ҳамкорӣ намуда, қонуншиканҳоро ба сатҳу вазифааш нигоҳ накарда, сабт намудаю пешкаши мардум созанд ва ҷаримабандӣ намоянд.
Аммо агар фармони мазкур низ нодида гирифта шавад, чӣ мешуда бошад?
Бибиҷон АШӮРОВА