Мақсад доштан маънои баҳонае барои нафас гирифтанро дорад.

Соли 2018 ҳам гузашт. Беҳрӯз ҳамоно аз беҳуда ва бенатиҷа анҷомидани сол оҳу афсӯс мехӯрд. Гоҳо мешуд, ки ҳамаро як тараф монда, ба худ савол медод: “Чаро бар ивази кӯшишу ҳаракатҳои зиёд, ҷустуҷуҳову ғамхориҳои беинтиҳоям ба чизеву коре ноил гашта натавонистам?”. Агарчи ин нуҳум рӯзи соли нав бошад ҳам, ҳеҷ ба худ омада наметавонист. Ба ғайр аз ин, аҳли оилааш ҳам аз ин хел ранг гирифтани кор дар тааҷҷуб буданд. Охир, ӯ доимо дар ҳаракат ва талош буд…

Дар ин росто ҳаёту зиндагии ҳамсояи рӯ ба рӯ, рафиқи Беҳрӯз — Некрӯз тамоман дигар буд. Вай соли сипаригашта дар ҳаёташ бисёр навгониҳо кард. Аз ҷумла, омӯзиши забони немисиро аз сифр то сатҳи саввум бурда расонд, гиторнавозиро аз худ кард, тавонист, ки дар наздикии хонаашон кори хурде пайдо карда, ба волидонаш дастёр шавад…

Мо ин ҷо лозим намедонем, ки қиссаи ҳаёти ин ду ҷавонро пурра нақл кунем, зеро бисёр дурудароз ва печ дар печ аст. Танҳо ба ин самт аз равзанаи дигар назар меандозем. Аз нуқтае, ки чи гуна ин хел шуд.

Аввалан, бояд донист, ки дар дунё ягон нафар наметавонад ба ҳама хостаҳову эҳтиёҷоташ расад. Зеро илман исбот шудааст, ки инсоният қудрати расидан ба ҳама мақсадҳояшро дорад, аммо ба орзуҳояшро не. Ва метавон гуфт, ки қисми зиёди хостаҳои одамизод орзу ҳастанд. Орзу бошад, писар ё хурдии мақсад аст. Ва барои он ки орзу мақсад шавад, хеле бояд кӯшиш кард. Ҳар нафаре, ки ин ҳардуро ҷудо намекунад ё ба ҷудо карданашон имкон надорад, ҳар вақте ки ба онҳо расида наметавонад ё аз онҳо дур мешавад, зарба ба худ ва ояндаи худ мезанад. Ва табиист, ки орзуҳои зиёд ба мақсади зиндагӣ ғолиб омада, инсонро ба нокомӣ ва дасткӯтоҳӣ мебаранд. Ҳар шахсе, ки дар зиндагӣ бе мақсади муайян монд, албатта ба тақлидкунии дигарон мегузарад, ки маънои зистани ӯро не, балки нақши дигареро бозиданро дорад.

Акнун меоем сари мақсад: талабот ё принсипи аз ҳама муҳим барои зистан ин аст, ки мо барои чӣ зистанамонро бидонем. Чунки Офаридгор барои зистан дар ин дори фонӣ ба ҳама махлуқоти халқ кардаи худ вазифа ва рисолати муайян таъин кардааст. Ба гуфтаи боло чӣ гуна метавон расид? Аввалан, ба саволҳои “Ман ба дунё ва инсоният чӣ дода метавонам?”, дуввум, “Пас аз сари ман мардум маро чи гуна ёд мекунанд?” Саввум, баъди рафтан аз ман чӣ мемонад?” ҷавоб бояд дод. Ҳар вақте ки ба ин саволҳо ҷавоб пайдо кардем, маънои онро дорад, ки аллакай мақсади зиндагӣ дорем ва медонем, ки барои чӣ зиндагӣ карда истодаем.

Ин ҷо саволе пайдо мешавад: “Чӣ бояд кард, то ки мақсади аслии зиндагӣ пайдо шавад?”.

Якум, бояд имрӯз чӣ кор карданамонро бидонем. Дуввум, бояд донист, ки дар ҳафтаи нав кадом корҳо ва вазифаҳо заруртаранд ва барои мо иҷрошавиашон ҳатмист. Саввум, як баҳона ва ё коре бояд ёфт, ки тӯли як моҳ ба охир бирасад ва иҷрокунандаро ба чизе ноил кунад. Ва ниҳоят, дар соли 2019 чӣ хостану чӣ гуна зистанро бояд муайян кард. 

Мо танҳо барои пункти охир як мисол меорем. Тақвимро гирифта, рӯзҳоро шуморед. Дар ин ҳол табиист, ки соатҳову дақиқаҳои умратон пеши назаратон меоянд. Дар ин вақт агар умеди будану зистан дар дилатон бошад, варақеро мегиреду мақсади зиндагии худатонро муайян карда менависед.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳар мақсади гузоштаи мо бояд ҳақиқӣ, конкрет (ба ақли солим ғунҷад) бошад, яъне орзу набошад, фарқкунанда аз дигарон, тасдиқи оне ки ба дунё ва башарият зарарнок набудан ва барои худ арзишманд бошад…

Ҳамакун, бармегардем ба аввали матлаб. Маълум мешавад, ки Беҳрӯз дар зиндагӣ ҳама корро кардааст, ба ҳама дар сар халондааст, кофтокув кардааст, аммо бо мақсад ва ҳадафи муайян не. Барои ӯ муҳим дар ҳаракат будан будааст, на ин ки мақсад гузоштану барои ба он расидан кӯшиш кардан. Некрӯз бошад, баръакси вай. Кам ва дониста дар ҳаракат буд ва ба бисёр чизҳо расид.

Шумо, хонандагони гиромӣ, ҳоло ки аввали сол аст, Беҳрӯз ё Некрӯз буданатонро худ интихоб кунед.

 

Сино ТОҲИРОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here