Дуруд Хуршед!

Ин ҳафта чизе, ки дар ёдам монд, фақат новақту ногаҳон рафтани Баҳманёр буд. Ростӣ ҳоло ба худ наомада будам, ки хабари марги нобаҳангоми Алишер (Алишери Муҳаммадӣ) расид. Дард болои дард шуд. Ғам болои ғам омад.

Ин ҳафта мехостам дар бораи зимистон ва зимистонгузаронии мардум чизе навишта бошем. Дар бораи заҳмату ранҷи сокинони деҳот дар зимистон чизе бигӯем. Дар бораи лимити барқ андеша ронем. Дар бораи нарасидани ҳезуму ангишту таппак нависем. Дар бораи бомҳои бе шефир (шифер), дар бораи аз дуриҳо кашонидани оби нӯшокӣ, дар бораи роҳҳои селбурда, дар бораи яху яхбандӣ, дар бораи ҳуҷуми гургҳо ба моли мардум… ва ё ин ки дар хусуси печкаҳои тафсону хонаҳои гарми деҳотиён, дар хусуси чойу нони гарм, дар хусуси ҷойгаҳи гарму нарми зимистона, дар хусуси суру маъракаҳо, дар хусуси сарҷамъии мардум дар зимистон ва дар суру мотами ҳамдигар якдилона иштирок карданашон, дар хусуси сари як пиёла чой нишастану аз шикасту рехти зиндагӣ суҳбатҳои хушу гуворо кардани мӯйсафедон, дар хусуси балогардони сад дард будани кампиракон, дар хусуси рӯю мӯйи зебо ва аз шарму ҳаё суп-сурх шудани духтарон, дар бораи одоби баланд доштани писаракон… ва ғайра, яъне дар умум дар бораи деҳа чизе нависем, ёдоварӣ кунем ва номи маводамонро насталҷӣ бимонем.

Аммо.. Аммо ба Худо, ки натавонистам! Ҷуз дарду дареғу оҳу афсӯс чизе надорам. Ҳатто як мисраъ шеър навишта наметавонам! Ба ҷойи шеър аз гулӯям як оҳи сард мебарояд. Ба ҷойи шеър ашк менависам. Ба ҷойи шеър нола месароям, мунга мекунам. Шояд мегӯед, ки пири афтодаю фартут шудаам?

На, дӯстам! На! Ман ҳамонеам, ки сад сол аст мешиносед. Аммо…

Боз ҳамин аммо! Аммо ёди рафтагони армонӣ оромам намегузорад. Ба ҳазору як кӯчаи сарбаста мебарадам. Ба ҳазору як фикру хаёл ғӯтаварам мекунад. Мегузарам ба “агар”-у “шояд”.

Агар Баҳманёр, ақаллан чор солаки дигар зиндагӣ мекард! Агар чор солаки дигар зиндагӣ мекарду ба синни мубораки ҳафтод мерасид, шояд ба ҳамин хотир ёдаш мекардему қадраш мекардем?  Шояд “халқӣ” мешуду шояд Ҷойизаи Рӯдакиро медодандаш?

Агар Алишери Муҳаммадӣ зиндагии хубу бекамбудӣ медошт, шояд дилаш наметаркид? Агар Алишери Муҳаммадӣ дар вақту фазои дигар ба дунё меомад, шояд сад сол умр медид? Шояд ӯ ҳам ҷоиза мегирифту “халқӣ” мешуд?

Аммо… Аммо ба Худо, ки натавонистам! Ҷуз дарду дареғу оҳу афсӯс  чизе надорам.

Намедонам. Ба Худо, ки намедонам…

 

Ман ки медонам, хомӯшам

Дуруд Абдувоҳид!

Ҳолати равонии Шумо бароям ошност. Даҳҳо, садҳо бор шуда, ки марги азизе ҷигарамро хун кардаву диламро пора -пора… Махсусан, он нафар агар ҷавон бошаду гуле аз бӯстон набӯйида, ба дил сад достон дошта бошаду сад қиссаи ногуфта, сад суруди носуруда, сад ишқи наварзида… Махсусан, дар ин замоне, ки боди коронавирус гулҳоро сарчин мекунаду ҳар рӯз доғи азизеро бояд дид.

Аммо, бо Шумо дар як нукта ҳамфикр нестам. Бо ин андеша, ки бузургонамонро дар як оромгоҳ ба хок биспорем. Васияти худи Баҳманёр буд мегӯянд, ки вайро дар зодгоҳаш гӯронанд. Пас, чӣ ҳоҷати афсӯсу надомати он ки агар “халқӣ” мебуд, ӯро дар Лучоб ба хок месупоридем? Оё боре дар Эрон будед? Саъдӣ дар Шерозу Хайём дар Нишопур, Фирдавсӣ дар зодгоҳаш орамидаанд. Маҳз руҳи онҳо, оромгоҳи онҳо ин гӯшаи диёрашонро обод кардааст, ҳазорон ҳазор ба зиёрати марқадашон мераванд ва бо ин баҳона ин қабристонҳо обод ҳастанду даҳҳои дигар бо таъсис додани дӯкону мағозаҳое, ки ёдгораҳои он бузургонро ба шодихӯрдагонашон пешкаш мекунанд, ба ресмони зиндагӣ чанг задаанд. Агар рӯшантар гӯем, мурдаи ин бузургон садҳо ҳамдеҳу ҳамшаҳрашонро то ҳол мепӯшонаду мехӯронад.

Ман сад дар сад бовар дорам, ки замони зиёде нагузашта, ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои Баҳманёр, — аз Холи девзӯр то ба Бектошу Раҳдору Бобунаю Шошою Комрону Озару Оростаи сиёҳу Яздони орзую Фармони Муроду Бабраки лӯлӣ ва даҳҳои дигар бо даҳҳо шаклу зоҳир ба алоқамандони қаламаш пешниҳод мегарданд, аксҳои Баҳманёр бо сад рангу ҷило мисли Аҳмад Зоҳир боис ба ифтихори ҳаводоронаш хоҳанд буд!

Бубинед, ин ҳама барои Сармаддеҳиён боис ба ифтихор нест? Магар ин нест зиндаву ҷовид нигаҳ доштани номи нависандаи рангинбаён? Бубинед, дар Лучоб, ки дар он садҳо бузургон хуфтаанд, оромгоҳи Баҳманёр дар қатори дигарон мебуду дар зодгоҳаш азизи дили мардум!

Аз фурсат истифода бурда, аз соҳибандеша дар ин масъалаҳо Бахтиёри Аминӣ, ки амакзодаи Баҳманёр ҳам ҳаст, хоҳиш менамудам то ба ин шакл тарҳеро роҳандозӣ кунад ки на танҳо нависанда, балки қаҳрамонони вай зиндаву ҷовид монанд!

Шумо шоиред ва хуб дарк мекунед, ки дар ҳасрати ҳар қаҳрамони Шумо порае аз хунобаи дили шумо ҳам ҳаст! Шумо дар симои ҳар яке аз онҳо ҳастед! Аз ин рӯ, зинда нигаҳ доштани номи қаҳрамонони нависанда, маънои зинда нигаҳ доштани порае аз андешаи нависанда ҳам ҳаст!

Намедонам, ин андешаи ман ба Шумо писанд меафтад ё не, вале ба фикри ман ин аст ҳунари зинда нигаҳ доштани ёду ному қалами эҷодкор! Боқӣ Шумо донед!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here