Чанде пеш ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби парлумони кишвар тағйирот ворид карда шуд, ки минбаъд барои риоя накардани талаботи ҷории аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар Тоҷикистон муқарраршуда, махсусан риоя нагардидани пӯшидани ниқоби тиббӣ ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима карда мешавад.
Ҳоло ҳудуди тадбиқи қонун ба як моҳ наздик мешавад, аммо мушоҳидаҳои ахир гувоҳӣ медиҳанд, ки риояи талаботи ҷорӣ дар замони пандемия нигаронкунанда гаштааст. Ниҳодҳои тадбиқкунандаи қонун ва масъулини ҷаримабандии шаҳрвандон сари калобаи корро гум кардаанд, зеро ҳайрон аз онанд, ки кадом як аз шаҳрванди бениқобро ҷарима кунанд. Албатта инҷо айб на дар ниҳод, балки дар худи сокинон аст, ки намехоҳанд талаботро риоя кунанд.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ сатҳи гирифторони коронавирус ба маротиб коҳиш ёфта истодааст. Аммо аз эҳтимол дур нест, ки бинобар риоя нагардидани талаботи мубориза ва пешгирӣ аз COVID-19 аз ҷониби шаҳрвандон он дубора дар кишвар доман паҳн кунад. Дар ин самт метавон таҷрибаи давлатҳои Аврупоро мисол овард, ки шабу рӯз ба мардумашон аз хатари авҷи дуюми COVID-19 хабар медиҳанд. Онҳо тавонистанд дар муддати ду моҳ бо кумаки тарафайн — ҳам давлат ва ҳам шаҳрвандон хатари асосиро аз сар гузаронанд. Вале чаро дар мо давлат барои манфиати солимнигаҳдории шаҳрвандонаш қонун ба тасвиб мерасонаду қавме аз миёни мардум саркашӣ аз риояи он мекунанд?
Тасмими пӯшидани ниқоб қаблан низ аз ҷониби Ситод ҳатмӣ эълон шуда буд. Ҳар рӯз гуруҳи ихтиёриён иборат аз ҷавонон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳои ҷумҳурӣ мардумро барои риояи талаботи замони пандемия огаҳ мекарданд, аммо чӣ суд дод?
Иҷроиши талаботи ҷорӣ дар замони коронавирус кори мушкиле нест, аммо аз чӣ бошад, ки қисме аз сокинони кишвар дар муқобила бо вирус ҳанӯз ҳам фориғболанд. Онҳо аввалан намехоҳанд, ки талаботро риоя кунанд ва дувум, саломатии сокинони атрофро дар хатар мегузоранд.
Таассубкорӣ шояд боис гардида бошад, ки ҳоло барои напӯшидани ниқоб қисме аз афроди ҷомеа байни худ мусобиқа мекунанд. Ин хунукназарӣ боис гардид, ки қисмати дигаре низ ба ин гуруҳ бипайвандад ва омил ин аст, ки онҳо мегӯянд: “Онҳо бе ниқоб озод гаштаанд, чаро мо бипӯшем!?”.
Пас бо ин фаҳмишҳои маҳдуд қавми саркаш ба куҷо равонаанд ва аробаи нофармониашон кай ба кадом манзил мерасад? Суолест, ки бояд худи сокинони саркаш аз иҷро накардани талабот ҷавоб гӯянд.
Нуралӣ КАРИМ