Дуруд ба Хуршеди гиромӣ!

Чун ҳарвақта мактубатон ба рӯзи чопи газет рост омад.

Ва интернет ун қадар суст, ки нав хондаму маҷбур шудам як ҷавоби оҷил нависам.

Маълуми табъи латифатон бошад, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ заминҳои кишти тамокуро кам не, парвариши тамокуро тамоман аз байн бурданд. Парвариши тамоку баробари зарар фоидаи зиёд ҳам дошт, ки худатон аз дигарон беҳтару хубтар медонед. Парвариши тамоку дар минтақаҳои куҳии кишвар Бадахшону Зарафшон як роҳи ёфтани  ризқу рӯзии мардум буд. Ва ин тамокуи аз заҳр ҳам талх барои мардуми куҳистон шириниҳои зиёде дошт. Занҳои азизи куҳистон бекор намемонданд, фарзандонашон ба Русия намерафтанду дар паҳлӯи онҳо ҳам кор мекарданду ҳам бе хавфу хатар дарсашонро мехонданд. Имрӯз сад дар сад занҳои азизи куҳистон аз бекорӣ намедонанд сарашонро ба куҷо зананд. Шавҳарҳою фарзандонашон барои қути лоямут сарафканда дар назди урусу худашон ба умеди пули шавҳару фарзанд дар хонаҳояшон зимистону тобистон бекор. Истифода накардани ин қувваи бузурги корӣ, яъне занҳои куҳистонро ба кор ва зиндагии ҷамъиятӣ ҷалб накардан ҳам ба буҷаи давлат зарари бузургест!

Дар бораи кам кардани кишти пахта ҳиҷ чиз намегӯям, чун ман дар даруни ҷӯякҳои тамоку калон шудаам!

Аммо дар бораи иди кадую шалғаму бойимҷону помидору бодиринг ҳиҷ хуш надорам, ки ҳатто ҳарф занам!  Картошка гуфтеду боз ҳамон тамоку ба хотирам расид. Имрӯз, ки тамоку кишт намекунем ба ҷойи он дар минтақаҳои куҳии кишвар парвариши картошкаро мехоҳем зиёд кунем. Аммо як чизро бояд ба назар гирифт, ки баъзе минтақаҳои кишвари азизамон барои парвариши он мутобиқат намекунад, чун кишту парвариши картошка нисбат ба тамоку хеле нозукиҳо дорад.

Оҳ, Хуршед! Дар мактубатон дар бораи Ош як хотирррасон кардеду дигар ҳиҷ нагуфтед. Бисёр мехостам, ки Шумо аз ман мехостед, ки дар бораи Оши палав чизе нависам. Охир Оши палав роҳати ҷисму ҷон аст! Оши палав аз ҳама авлотар аст! Ман Оши палавро бисёр дӯст медорам! Воқеан, дар хотирам нест, ки Шумо кай маро ба ошхӯрӣ даъват карда будед!?

Аммо ҷашни 5500 солагии Саразмро бо иди каду баробар карданатон хушам омад. Ҷашни Саразм, ки яке аз минтақаҳои куҳанбунёдтарини кишварамон ҳаст ва қариб, ки нодида гирифтани ону бо иди каду баробар таҷлил кардани он гуноҳест кабира ва нобахшиданӣ! Ёд дорам, ки барои ҷашни минтақаҳои дигари кишвар чӣ ҳангомаҳо доштем! Ҳукумати кишварамон тайёрии сахт медид, ширкатҳоро вазифадор мекарданд, ки иншооти ҷашниро дар вақташ бо сифати баланд ба истифода диҳанд. Мефаҳмам, ки ун вақтҳо тинҷию амонӣ буд, курунои лаънатӣ набуд. О, намешавад, ки ҳамин ҷашнро ба солҳои баъд гузорему бо дили пуру руҳи болида меҳмонҳои азизу гиромиямонро пазироӣ кунем?!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here