Мо навгониҳоро дӯст медорем, ба онҳо арҷ мегузорем, бе онҳо буда наметавонем ва кӯшиш мекунем, ки ҳар навгонии ба амал баровардаамонро ба фоидаи ҷомеа арзёбӣ кунем, вале ин дар ҳолест, ки хато карданамонро ҳамагон медонанд, ҳатто худамон.

Агар мо ба маълумоти дастрас бовар кунем, имсол зиёда аз сад ҳазор нафар макотиби миёнаро бо маълумоти миёнаи пурра хатм менамоянд. Яъне қариб ҳамагӣ новобаста аз он, ки кӣ чи гуна таҳсил кард, номаи камол мегиранд. Ва номаи камол гирифтан маънои камол ёфтану то ҳадду андозае соҳибмаълумот шуданро дорад, ки асли зери ин пардаро Худо медонаду ҳамон нафарони камолёфта.

Ахиран маълум шуд, ки бо қарори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ муҳассилини макотиби таҳсилоти миёнаи умимии кишвар то 14-уми июн дарс мехонанд. Ва занги охир, ки аслан вуҷуд надорад, яъне ин рӯзи ҳам ғаму ҳам шодиро маҷбуран аз хонандагон гирифтаанд, рӯзи охири дарсӣ садо медиҳад. Аниқтараш дарс имсол як ҳафта зиёд карда шуд.

Дар ин росто бояд гуфт, ки як ҳафтаи умри хонандагон қадри баробар ба як ҳафтаи ҳаёти намедонам кадом нафари дигар надорад, балки як ҳафтаи бисёр қиммат ва ҳалкунандаи тақдир аст.

Як ҳафтае, ки хонандаи синфи 1-ро дар пушт бори гарон аст.

Як ҳафтае, ки хонандаи синфи 2 хастагии зиёдро эҳсос мекунад.

Як ҳафтае, ки хонандаи синфи 3 руҳан азоб мекашад, зеро баъди моҳҳои зиёди таҳсил боз ҷузвдон дар пушт сӯйи мактаб меравад.

Як ҳафтае, ки хонандаи синфи 4 бори аввал ва пас аз ҳама имтиҳон месупорад. (Ман донишҷӯйи курси 4 ҳастам ва то 15-уми июн бо донишгоҳ хайрухуш мекунам, вале бародарзодаи ман, ки хонандаи синфи 4 аст, то 20-уми июн дар мактаб аст. Магар ин ба дилхунукии кӯдак бурда намерасонад?!).

Як ҳафтае, ки хонандаи синфи 5 нисбати омӯзгорон ва предметҳои нав, хондану шинос шудан ба маълумоти ҷадид дилсард мешавад.

Як ҳафтае, ки хонандаи синфи 6 бояд дар лагер бошад.

Як ҳафтае, ки хонандаи синфи 7 осуда будан мехоҳад.

Як ҳафтае, ки хонандаи синфи 8 аз пайи навгониҳо шудан мехоҳад.

Як ҳафтае, ки хонандаи синфи 9 дар тараддуди супоридани 5 имтиҳони дар пеш доштааш шудан мехоҳад.

Як ҳафтае, ки нақшаҳои кашидаи хонандаи синфи 10-ро пурра барбод медиҳад.

Як ҳафтае, ки барои хонандаи синфи 11 бисёр ноёб, арзишманд ва аҳамиятнок аст, вале аз ӯ инро ҳам гирифтем. Хонандаи синфи 11 бояд ба имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ тайёрӣ бинад, на ин ки ба сӯзондани як ҳафтааш машғул шавад. Дар як ҳафта хатмкунандагоне, ки дар пеш имтиҳони дохилшавӣ ба макотиби олиро доранд, метавонанд бе ягон мушкилӣ як китоби дарсиро мутолиа кунанд, ки ин бевосита ба пур кардани тестҳои дар имтиҳонот меомада мусоидат мекунад. Саҳеҳтар, бо хондани як китоб вай метавонад ба чанд саволи дар тест меомада ҷавоб гӯяд. Аммо ҳайҳот, ки мо инро дарк карда наметавонем ва қисме аз бачаҳо “миш-миш” карда, зери тестҳо аломате мегузоранду ба ким-кадом факултаи дар фикрашон набуда дохил мешаванд.

Агар он чизеро, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тӯли чанд соли охир аз хонандагони макотиби миёна гирифтаву навгониҳои бемислу монанд илова кардаро аз баландие нигоҳ кунем, ягон беҳбудиеро намебинем. Далели ин гуфта шикоятномаҳои беохири омӯзгорони макотиби ҳамагонӣ аз тамбал будану нахондан, гӯш надодану бетаваҷҷуҳӣ зоҳир кардани хонандагон нисбати дарсу таълим аст.

Мо ба ҷуз бозӣ кардан бо эҳсос, қадр, қиммат, ояндаи онҳо дигар коре намекунем ва ин дар ҳолест, ки вақти ҷавононро ояндаи миллат гуфтанамон аз ду бари даҳонамон об мерезад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here