Дуруд ба Хуршеди гиромӣ!
Умедворам сафаратон ба вилояти Суғд хуш гузашта бошад!
Имсол зодрӯзи ман ба рӯзи истироҳат рост омад. Шумо ҳам набудед, ки чун ҳарсола дар утоқи кории ман ё Шумо, дар ошёнаи ҳаштуми “Шарқи Озод”, вақти “обед” сарҷамъ шавем. Ҳамон рӯз аз хона берун нарафтам.
Шояд таъсири курунои лаънатӣ буд ё рӯзи якшанбе буд, ки ҳиҷ хуш надоштам, ки берун бароям. Аз рӯи одат телефонро гирифтаму хостам як каме қартабозӣ кунам. Дидам, ки паёмакҳои бешуморе ҷавоб мехоҳанд. Ба қадри тавонам ҷавоб навиштаму миннатдорӣ кардам. Чӣ қадар лаззатбахш аст таманиёти гуногунро хондану ҷавоб навиштан! Хоса, ки худи Шуморо ин қадар таърифу тавсиф кунанд.
Медонед чӣ дӯстам? Дар хона нишастану ҳамроҳи аҳли оила ҷашн гирифтани зодрӯз ҳам чизи хуб будааст! Якумин маротиба дар умрам ҳис кардам, ки ман барои чанд нафаре дар ҳақиқат зарур будаам ва дар ҳақиқат қадру қиммате доштаам. Яъне дар ҳалқаи фарзандон ҷашн гирифтани зодрӯз чашмони маро ба зиндагӣ ба таври тамоман дигар кушод.
Пеши худам фикр кардам, ки чӣ қадар лаҳзаҳои беҳтарини ҳаёти мо барои баъзе одамакон, ки ёру рафиқ мегӯем, ҳамкор мегӯем, ҳамкасб мегӯем, дӯст мегӯем, бародар мегӯем, маъшуқа мегӯем ва сад ранги дигар ному номчаҳо мемонем, ҳайфу барҳадар мерафтааст! Қариб барои 90 дар сади дӯстонамон будану набудани мо фарқ надоштааст. Ин ману Шумо будаем, ки барои пешрафти дӯстонамон аз ҳад зиёд хурсанд мешавему барои нокомиашон аз ҳад ҳам зиёдтар хуни дил мехурем. Андеша кардам, ки барои касе ҳамин фикрамро бояд бигӯям ва шиштаму ба Шумо мактуб навиштам. Шояд Шумо фикр кунед, “э ин бечорая ҳиҷ кас дар зодрӯзаш табрик накардааст, барои ҳамин ҳам гилагузаронӣ дорад”. Не бародарҷон! Сад бор не! Агар бовар намекунед ба саҳифаи ман дар фейсбук сар занед. Шукри дӯстони дуру наздик! Садҳо нафар бо таманиёти хуш хотирамро болида доштанд, ки миннатпазири ҳар якашонам!
Аммо намедонам барои чӣ бошад, ки ҳамин фикри хом ба сарам омаду каси дардидилшунав надоштаму ба Шумо навиштам.
Боқӣ саломату хонаобод бошед, дӯстам!
Бо эҳтиром Абдувоҳид.