Имрӯзҳо мардум ба соҳаи илму маориф авлавият медиҳанд ва соҳибназарон бар ин андешаанд, ки дар ин самт бояд беҳтарин кадрҳо рӯйи кор оянд. Яке аз чунин кадрҳои болаёқат ҳамсуҳбати мо Ҷӯраева Замира мебошанд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси шарқшинос-филолог хатм намуда, айни замон ба ҳайси саркотиби илмии Шӯроҳои диссертатсионии ДМТ фаъолият доранд.
— Муаллимаи азиз, аввалан мехостем бифаҳмем, ки фаъолияти кориатонро дар Донишгоҳи миллӣ аз кай шуруъ намудед?
— Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ман аз соли 2003 то инҷониб фаъолият карда истодаам. Сараввал дар қисми илмӣ ҳамчун мудири шуъбаи тадбиқи корҳои илмӣ кор мекардам. Баъдан, аз соли 2009 то инҷониб дар вазифаи саркотиби илмии Шӯроҳои диссертатсионӣ кор карда истодаам. Ҳамзамон, дар факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ дарс медиҳам. Фаъолияти ман аз он иборат аст, ки таъсис ва фаъолияти шӯроҳои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро назорат намуда, дар баргузории ҳимояҳои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ иштирок менамоям. Яъне, назорати таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ ва пеш бурдани фаъолияти онҳо бар дӯши ман аст.
— Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки яке аз донишгоҳҳои бузургтарини кишвар маҳсуб меёбад, умуман чанд нафар олимон фаъолият мекунанд ва оё солҳои охир теъдоди онҳо рӯ ба афзоиш аст ё баръакс?
— Воқеан, Донишгоҳи миллӣ яке аз муассисаҳои бузургтарини ҳам таълимӣ ва ҳам илмӣ дар кишвари мо ба ҳисоб меравад. Дар ДМТ зиёда аз 1200 кормандони илмӣ-омӯзгорӣ кору фаъолият мекунанд. Қисми намоёни олимони Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни илмӣ маҳз дар Донишгоҳи миллӣ кор ва фаъолият мекунанд. Айни замон дар Донишгоҳи миллӣ 19 факултет фаъолият доранд. Ин худ далели он аст, ки илм ва таълим дар Донишгоҳи миллӣ дар сатҳи бисёр хуб ба роҳ монда шудааст. Албатта, корманд ё устоди донишгоҳ будану бо илм машғул нашудан — номумкин аст, бинобар ҳамин, устодони донишгоҳ ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯйҳои илмӣ ва таҳқиқот ҳастанд, ки ин талаботи замони муосир мебошад. Имрӯз, бо рушд ёфтани технологияҳо, талабот ба таҳқиқоти илмӣ низ дигаргун гардидааст. Хурсандиовар аст, ки ҷавонони муосир ба илм шавқу рағбат доранд, вале ин аз онҳо масъулияти зиёд ва меҳнатро талаб мекунад. Гарчанде ин кори басо душвор ва сангин аст, вале боиси қаноатмандӣ аст, ки миқдори ҷовононе, ки имрӯз бо илм машғул шудан мехоҳанд, афзуда истодааст.
— Тавре иттилоъ дорем, сомонаи “Диссернет” дар бораи баъзе рисолаҳои илмии олимони Тоҷикистон маълумоти баҳсбарангезро паҳн намуд. Назари Шумо дар ин маврид чист?
— Аксарият “Диссернет”-ро ҳамчун хавфе барои илми тоҷик ё ин ки хавфи байналмилалӣ ҳисобида истодаанд, дар ҳоле, ки он танҳо ширкати хурди хусусӣ аст. Муассисаҳои давлатӣ ё шӯроҳои диссертатсионие, ки дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар назди Комиссияи олии аттестатсиони Федератсияи Русия фаъолият мекунанд, бо он ягон алоқамандӣ надоранд. Дуруст аст, ки онҳо баъзе рисолаҳоро аз системаҳои худашон гузаронида, аслияти рисола ва миқдори иқтибосҳоро муайян намуда, андозаи саҳеҳият ва дақиқии кори илмиро равшан мекунанд. Ба наздикӣ ба Донишгоҳи миллии Точикистон директори генералии “Антиплагиат” ташриф оварда, дар баромади худ таъкид кард, ки саҳеҳияти корро билохира на системаи компютерӣ, балки мутахассисони ин соҳа муайян мекунанд. Албатта, натиҷаҳои “Диссернет” ба иззати нафси олимони мо мерасад, ин аз як ҷиҳат, лекин, аз ҷиҳати дигар, хусусияти мусбат ҳам дорад, зеро он водор мекунад, ки олимони мо ҳалолкор бошанд, худ кор кунанду аз дигар корҳо рӯйбардор накунанд. Аз ин ҷиҳат, шояд ба“Диссернет” ташаккур ҳам гуфтан мумкин бошад. Лекин, боз такрор ҳам шавад, таъкид мекунам, ки “Диссернет” ширкати ҷамъиятӣ-хусусӣ аст ва танҳо аз рӯйи барномаҳои компютерӣ натиҷагирӣ мекунад, ки ин барномаҳо дақиқияти таҳқиқотро ба пуррагӣ муайян карда наметавонанд. Сатҳ ва аҳамияти кори таҳқиқотиро илм муайян мекунад, на системаи компютерӣ.
— Фаъолият дар самти дифои рисолаҳо дар кадом поя қарордорад? Бештар дар самти фанҳои дақиқ ё гуманитарӣ?
— Албатта, аз фанҳои гуманитарӣ теъдод нисбатан зиёд аст, зеро барои навиштани рисола олимони соҳаи илмҳои гуманитарӣ бештар вақти худро дар китобхонаҳо ва бойгониҳо гузаронида, мавод ҷамъоварӣ менамоянд. Дар илмҳои дақиқ бошад, навиштани рисолаи илмӣ душвортар аст, чунки бештар таҷрибаҳо ва санҷишҳои гуногун гузаронида шуда, вақти зиёди худро дар озмоишгоҳҳо мегузаронанд. Танҳо пас аз ба даст овардани натиҷаҳои лозимӣ, метавонанд рисоларо ба анҷом расонанд. Бинобар ҳамин, миқдор дар байни илмҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ фарқ мекунад. Хушбахтона, имсол дар Донишгоҳи миллӣ аз илмҳои кимиё ва физикаву биология миқдори зиёди унвонҷӯёни мо рисолаҳояшонро дифоъ карданд, ҳам барои гирифтани дараҷаи номзади илм, доктори илм ва ҳам барои гирифтани дараҷаи доктор РhD.
— Ҳамчун мутахассиси ҳамин соҳа, барои шахсоне, ки мехоҳанд соҳиби дараҷаи илмӣ шаванд, чӣ тавсия медиҳед? Онҳо бояд дар навбати аввал бештар чиро дарк кунанд?
— Дар ин ҳолат чиро тавсия додан мумкин? Албатта, пеш аз ҳама хоҳиши бо илм машғул шудан, зеро роҳи илм душвор, пурпечутоб ва заҳматталаб аст. Албатта, меҳнат, кӯшишу рағбат ва пуртоқат будан. Ман фикр мекунам, ки барои олим шудан, пеш аз ҳама соҳаи интихобкардаашро бояд дӯст дорад. Олим бояд фидокор ва сарсупурдаи илм, ошиқи касби инхобкардаи худ бошад. Он вақт метавонад олими намоён гардад. Ба андешаи ман, маҳз чунин олимон илми тоҷикро пеш мебаранд. Зеро илми тоҷик бояд рақобатпазир бо илми ҷаҳонӣ бошад. Илми тоҷик бояд ҷаҳонӣ бошад.
— Барои онҳое, ки хоҳиши анҷом додани рисолаи илмӣ доранд, аз ҷониби Шӯрои диссертатсионӣ кадом талаботҳо пешбинӣ шудааст?
— Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз 23 шӯрои диссертатсионӣ фаъолият мекунанд. Донишгоҳи миллӣ ягона муассисаи ҷумҳурӣ мебошад, ки дорои ин миқдор шӯроҳои диссертатсионӣ аст. Мо шӯроҳое дорем, ки мутааллиқи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд ва мутааллики Вазорати маълумоти олӣ ва илми Федератсияи Русия мебошанд. Талаботҳо дар шӯро қариб якхела мебошад. Пеш аз ҳама, кори илмие, ки анҷом дода шудааст аз ҷониби унвонҷӯй, бояд ҷавобгӯйи талаботҳои зарурӣ буда, аслияти хуб дошта бошад. Иқтибосҳо дуруст оварда шуда, адабиёти илмӣ саҳеҳ ва дақиқ мавриди истифода қарор дода шуда бошанд. Яке аз талаботҳои дигар ин аст, ки бояд адабиёти навин, дастовардҳои олимони ҷаҳонӣ, дастовардҳои илми имрӯза истифода бурда шаванд.
Таҳқиқотҳои солҳои 50, 60 ва 70-уми асри гузаштаро чун замина ва асос ба назар гирифтан лозим аст. Лекин илм пеш рафта истодааст, олимон бояд ба дастовардҳои илми муосир бештар назар кунанд.
Албатта, рисола бояд аз чандин муҳокимаҳо гузарад, олимон фикру мулоҳизаҳои худро баён созанд, камбудиҳои кор бояд бартараф карда шаванд. Вақте кор ба шӯрои диссертатсионӣ меояд, бояд пухта ва баанҷомрасида бошад.
— Бо кадом сабабҳо шӯрои аттестатсионӣ метавонад корҳои унвонҷӯёнро баргардонад?
— Мувофиқи низомнома, вақте кор ба шӯрои диссертатсионӣ ворид мешавад, ҳатман 3-4 нафар ҳамчун ташхисгар таъин карда мешаванд. Ташхисгарон корро хонда, натиҷаи онро ба шӯрои дифоъ пешниҳод мекунанд. Ташхисгар бояд муайян кунад, ки оё кор дар ҳақиқат дар ҳамин ихтисос ва дигар талабот мувофиқат мекунад ё не. Аслияти корро мебинад, агар мувофиқат кунад, рисола барои ҳимоя пешниҳод карда мешавад, агар мувофиқат накунад, кор ба унвонҷӯй баргардонида мешавад.
— Барои ҳимоя кардани рисолаи илмӣ ба донишҷӯён ё унвонҷӯён чӣ қадар муҳлат лозим аст?
— Ин аз худи унвонҷӯй вобаста аст. Аслан, таҳсил дар докторантураи доктор PhD (қаблан аспирантура) 3 солро дар бар мегирад. Агар кӯшиш кунад, дар ҳамин 3 сол бояд ба анҷом расонад. Албатта, барои навиштани рисолаи докторӣ (анъанавӣ) вақти бисёр лозим аст.
Мусоҳиб: Нигора САИДБЕКОВА