Ин суҳбат як рӯз пеш аз анҷоми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир шуд ва ҳамсуҳбати мо профессор Муртазо Зайниддинзода ҳам талош кард вазъро ҳамон гунае таҳлил кунад, ки озмуни анҷомнашуда тақозо дорад. Яъне, ин суҳбат дар ҷараёни озмун доир шуд ва мо аз ғолибону муваффақҳо ва камбуду норасоиҳои озмун нагуфтем, чун ин мавзуъ бояд баъди анҷом баҳс шавад. Мо тӯли беш аз як ҳафта шоҳид будем, ки озмун истеъдодҳои навро дар ҳамаи номинаҳо кашф кард ва бори дигар нишон дод, ки ин миллат тадриҷан бори дигар ба китоб руҷуъ хоҳад кард. Ва суоли мо аз Муртазо Зайниддинзодараиси номинаи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон» ин буд, ки оё дар ин номина синну сол нақш мебозад? Зеро ман ин ҷо наврасеро ҳам дидаму бознишастаро ҳам, хонандаи мактабро ҳаму омӯзгор ё донишҷӯро низ.

— Бале, нақш дорад. Чун ҳафтаи дуюм аст озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад ва дар он намояндагони синну соли гуногун иштирок намуданд. Миёнашон муҳассилини мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ҳам буду донишҷӯёни мактабҳои олӣ низ, аспирантону омӯзгорону кормандони тиб низ. Омӯзгороне, ки худашон мутахассис ҳастанд, омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ, албатта онҳо забонро хуб медонанд. Озмун нишон дод, ки аз нуқтаи назари забондонӣ синну сол нақш мебозад.

— Талаботи ҳакамон нисбати ҳама довталабон баробар аст?

— Талабот вобаста ба сатҳи китобхониву дониши онҳост. Мушоҳида мешавад, ки иштирокчиёне, ки хеле зиёд адабиёти русро мутолиа кардаанд, дар мутолиаи адабиёти дигар сустанд. Иштрокчиёне буданд, ки адабиёти Ғарб ва Авруои ғарбиро, масалан повесту роману ҳикояҳоро бисёр хондаанд, лекин аз он адабиёти номдори халқҳои Итттиҳоди Шӯравӣ, ки дар номинои 4-ум номнавис шудаанд, камтар огоҳӣ доранд, асарҳояшонро камтар мутолиа кардаанд. Гумон мекунам, баҳои аъзои ҳакамон низ аз рӯи ҳамин меъёр гузошта мешавад.

— Аз назари шумо озмуни имсол аз озмуни соли гузашта чӣ тафовутҳо дошт?

— Тафовут дар ин аст, ки масъалаи ташкил ва кори ташкилӣ то андозае беҳтар шуд ва барои ҳар як номина шароити хуб ва толорҳои алоҳида муҳайё карда шуд. Дар шафати толорҳое, ки довталабон дониши худашонро муаррифӣ мекунанд, экран гузошта шуд. Падару модар ва устодон ё наздикони онҳо метавонанд тамошо кунанд, ки фарзандашон чи гуна посух медиҳад, муваффақият ва нуқтаи заъфаш куҷост. Хеле реалӣ, объективона ва шаффоф сурат гирифта истодааст, ки ин натиҷаи заҳмати ташкилкунандагони ин озмуни ҷумҳуриявист. Дар маҷмуъ, теъдоди иштироккунандагон низ нисбат ба соли гузашта зиёд шуд. Масалан, танҳо дар номинаи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон» 61 нафар иштироккунанда ҳастанд. Аз муҳассилини мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то донишҷӯёни донишгоҳҳову нафақагирон. Масалан як мӯсафеди нафақагир дар синни 67-солагӣ омада, дар номинаи мо иштирок ва шарти озмунро иҷро кард. Маълум мешавад мардум ба китобхонӣ шавқ доранд. Яке аз талаботи озмун низ ҳамин аст, ки бояд намояндагони ҳамаи қишри ҷомеа дар он иштирок кунанд. Яъне дар ҳамин номинаи мо ин чиз ба чашм мерасад. Намояндагони ҳамаи қишри ҷомеа ҳастанд, ки ин боиси хушнудист. Ҳамчунин муаллимони мактабҳо, кормандони тиб буданд, ки фикрронии бақуввату суханронии мантиқӣ доштанд. Онҳо метавонанд аз пайи худашон чандин касро китобхон кунанд.

Мақсади озмун ба китобу китобхонӣ бештар ҷалб кардани мардум буд. Намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаро аз адабиёти худашон, аз таърихи худашон огоҳ кардан аст. Аз фасоҳату балоғати забонашон, дар баробари ин ошно кардани онҳо бо таъриху фарҳангашон аст. Ин озмун зинаи маърифатнокии мардум ва сатҳи худшиносии онҳоро боло бурда метавонад. Ва андешаи онро, ки миллат миллати китобхон аст, китобнавис аст, онро дар замони дигар дар шуури наслҳои дигар густариш дода метавонад, ки ин мақсад бисёр мақсади олӣ аст. Ин аз андешаҳои Пешвои муаззами миллатамон маншаъ мегирад, созмон додани озмун тадриҷан ба мақсади асосӣ ҷомеа моро наздик мекунад. Ва ман гумон мекунам идома додани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» боз то андозае густариш додан, таҷдиди назар кардани низомномаи он, зиёд кардани теъдоди мукофотҳои ҳавасмандгардонӣ, мукофотҳои зинаи якуму дуюму сеюм боз метавонад дар дили мардум ҳавасмандии бештарро парвариш диҳад.

Фарқияти дигар ин аст, ки дар озмуни имсол синну сол ба инобат гирифта шуда, се зина муайян гардид. Яъне аз насли наврас то мактаббачаҳову донишҷӯёну магистрантҳову омӯзгорон ва ҳатто кормандону нафақагирон. Мукофотҳо низ ба ҳамин 3 зина мутобиқ гардонда шуд. Нисбати соли гузашта маблағи умумии ҷудогардидаи Сарвари давлат барои баргузории озмун бамаротиб зиёд аст. Шоҳҷоиза аз 50 000 ба 60 000 сомонӣ расид. Маблағи умумиие, ки барои анҷом додани озмун ҷудо гардидааст, аз як миллиону 600 000 зиёдтар шуд. Теъдоди гирандагони мукофтҳо низ зиёд гардид. Яъне дар ҳамин 3 гуруҳи синнусолӣ, ки ҷудо карда шуд, ҳар як гуруҳ, 1 ҷои якум, 2 ҷои дуюм, 3 ҷои сеюм, ки дар маҷмуъ теъдоди гирандагон аз ҳар як зина зиёд мешавад. Ва агар аз ҳар як номина ҳамин тавр афзоиш ёфтан гирад, шумораи чашмрасеро ташкил медиҳад, ки таъсири ин ба ҷомеа боз бештар мегардад.

Тафовути дигар иловаи номинаи шоирӣ аст. Фарқияти озмуни соли гузашта аз озмуни имсол дар забондонии довталабон аст. Онҳо теъдоди зиёди адабиёти мутолиакардаашонро бо забонҳои русиву англисӣ иброз дошта, озодона суҳбат ва саволу ҷавоб мекарданд, худашонро ҳимоя менамуданд. Ҳатто бо ҳамин забон бо аъзои ҳакамон баҳс карданд. Иддаи дигаре, ки аксаран адабиётро бо забони англисӣ хондаанд, хоҳиш карданд, ки дар бораи ҳамин асар бо забони англисӣ суҳбат кунанд. Имрӯз дар номинаи мо як духтар иштирок кард, ки 4 забон — забони модарӣ, русӣ, англисӣ ва олмониро дар сатҳи олӣ медонад. Бо ҳар чори ин забонҳо озодона суҳбат кард, шеър хонд, асарҳои хондаашро муаррифӣ кард, суҳбат кард. Хушбахтона, аз рӯи мушоҳидаи мо теъдоди умумии забондонҳо дар озмуни имсола бештар аст.

Фарқияти сифатиро низ мушоҳида кардам, ки онҳо аксаран бо омодагии хуб омаданд. Хусусан онҳое, ки соли дуюм омадаанд, бо тайёрии хуб рақобат карданд. Теъдоди асарҳои хондаашон низ назаррас аст ва бештар аз рӯи низомнома амал карданд. Ва ҳамаи адибони сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар низомномаи номина зикри ном шудаанд, омӯхтанд. Ин хеле хуб аст.

— Номинаи «Хондан ва аз аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон» дар шарту талабот барои соли оянда ба такмил ниёз дорад? Мешавад ба он чизе афзуд ё чизеро кам кард?

— Гумон мекунам ҳамаи номинаҳо ба таҷдиди назар ниёз доранд. Чанд лаҳза пеш роҳбари умумии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» устоди муҳтарам Абдҷаббор Раҳмонзода ҳамаи номинаҳоро дидан кард ва аз ҷараёни озмун пурсон шуд. Иброз дошт, ки дар ҷамъбаст намояндагони ҳар як номина андешаҳояшро барои такмил додану боз ҳам беҳтар шудани «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баён кунад. Фикр мекунам раисони ҳар як номина бо машварат бо аъзои ҳакамон андешаҳояшонро баён мекунанд, низомнома низ такмил меёбад. Сифати гузаронидани он низ боз беҳтару хубтар мегардад.

— Ташаккур барои суҳбати пурарзиш!

— Саломат бошед!

Мусоҳиб: Раҳима АЪЗАМ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here