Саломатӣ гавҳари ноёб аст, ки аксарият баъди аз даст додани он ба қадраш мерасанд. Маҳз аз ҳамин давра табибро мушкилкушои хеш мебинанд. Ба фикр фурӯ мераванд, ки ба кадом табиб муроҷиат намоянд. Табибе, ки ботаҷриба бошаду донишманд. Давлатов Самиҳил яке аз табибоне мебошад, ки пайваста барои сиҳатии кӯдакон кӯшиш ба харҷ медиҳаду ҳаёти ҳазорон кӯдакони бемор баъд аз муолиҷа карданаш дигаргун шудааст. Барои табиб шудан пеш аз ҳама меҳру муҳаббат ба ин касб лозим аст. Дар баробари ин, шахс бояд маърифати баланди фарҳангӣ, дониши мукаммали касбӣ, лаёқати суханварӣ дошта бояд. Мо ҳама ин хислатҳоро дар рафти суҳбат бо Давлатов Самиҳил Тиллоевич, ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳамчунин табиби Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳраки “Шифобахш” мушоҳида намудем.

– Чанд сол аст, ки Шумо дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳраки “Шифобахш” фаъолият карда истодаед?

– Аслан, ман баъди хатми ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, соли 1994 дар зодгоҳи худ – ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 10 сол ҳамчун табиби кӯдакона ва дигар вазифаро низ иҷро кардам. Баъдан, дар солҳои 2002-2004 дар ДДТТ ҳамчун ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдакона ва дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳраки “Шифобахш” фаъолият карда истодаам. Дар маҷмуъ, 25 соли корӣ дорам. 15 сол мешавад, ки дар ин беморхона фаъолият карда истодаам.

– Табиб шудан тасмими худи Шумо буд ё дар оилаатон табибон низ ҳастанд?

– Ман дар оилаи калон бузург шудаам. Ҳамагӣ 7 нафар писару 3 нафар духтар аст. Модарам қаҳрамонмодар мебошанд. Модар то синфи 9 хондааст. Падарам маълумоти нопурра доштанд. Фақат ба тарзи шабона таҳсил мекарданд. Падарам духтури ҳайвонот шуда кор мекарданд. Ман кори падарамро бисёр мушоҳида мекардам. Ва худам дар оянда чунин тасмим гирифтам, ки табиб шаваму ба миллати худ хизмат кунам.

– Беморони хурдсол асосан бо кадом аломатҳои беморӣ бештар муроҷиат мекунанд?

– Дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳраки “Шифобахш” дар шуъбаи навзод фаъолият мекунам. Дар ин ҷо кӯдакони аз як ва дурӯзагӣ аз қисмҳои шаҳр метавонанд муроҷиат кунанд. Паталогияи кӯдакон хеле гуногун мебошад, сар карда аз осебҳои давраҳои тавлидӣ, пневмонияҳо, нуқсонҳои гуногуни модарзодӣ. Тамоми паталогия, ки дар одамон мавҷуд аст, муроҷиат намуда, табобати худро мегиранд.

– Дар ин вазиъяте, ки тамоми ҷаҳонро бемории коронавирус фаро гирифтааст, Шумо чӣ аҳвол доред?

– Мутаассифона, ин беморӣ тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Ман пандемияро дар давраи донишҷӯ будан дар китобҳо мехондам. Ва мегуфтем, ки пандемия – ин эпидемия аст. Вақте ки вирус якчанд давлатро фаро гирифта меравад, ин худаш эпидемия аст. Акнун ман дар муддати 25 соли кориам якумин маротиба пандемияи вируси Ковид-19-ро, ки дар Ҷумҳурии Хитой, дар шаҳри Ухан оғоз шудаву то ба мо омада расид, дидам. Мо дар қатори табибони дигар давлатҳо, ки ба миллати худ хизмат мекунанд, барои миллати худ хизмат мерасонам. Бо ҳамаи беморон, ки ба назди ман ташриф меоранд, барои пешгирӣ аз ин беморӣ суҳбат мегузаронам, тавсияҳо дода мешавад.

– Аҳли хонаводаи Шумо аз тарсу ваҳм зид нестанд барои кор карданатон дар беморхона?

– Табиб – ин табиб аст. Чӣ тавре мегӯянд, “сохтмончӣ – сохтмончӣ не”, лекин табиб дар ҳама давру замон табиб аст. Чӣ дар давраи ҷанг бошаду чӣ дар давраҳои вабову дигар бемориҳои сироятӣ, пеш аз ҳама табибон бояд кумаки худро ба миллати худ расонанд. Ин дар назди давлату миллати худ ҷавобгарӣ дорад. Ман ҳама ҳолатро дар назар дорам. Табиб вазифаи худро хуб иҷро кунад, касе эрод намегирад. Агар табиб каме дер кунад, ҳама бо ангушти худ нишон медиҳанду илова менамоянд, ки кумаки худро сари вақт нарасонд. Бинобар ҳамин, савганди Гипократ дар асрҳои 3-4-и милод пайдо шудааст. Аввалин шуда Ибни Сино савгандро навишт, ки ҳамаи донишҷӯён савганди Ибни Синоро ёд мекунанд ва тариқи низомномаи савганд амал менамоянд. Вақте шахс табиб мешавад, ҳатто дар давраи ҷанг аз тиру туфанг ё дигар ҳодисаҳои эҳтимолии марговар натарсидаву бояд кор кунад.

– Аксарияти табибон барои саломатии худ ва аҳли хонавода аз вазифаи худ даст мекашанд ё ба рухсатӣ мераванд. Шумо чӣ?

– Агар инсон табиби ҳақиқӣ бошаду касби худро дӯст дорад, ҳеҷ гоҳ ин фикрро намекунад. Чунки беш аз ҳама табиб фикри беморонро бояд кунад. Ин вазифаи табиб мебошад. Касби табибон ёрдам расонидан ба маризон аст. Нафароне, ки ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардаанд, ман бо пуррагӣ гуфта метавонам, дар сатҳи баланд ба халқу ватани худ хизмат карда истодаанд.

– Ба дастгирии давлату ҳукумат ба табибон барои мубориза бо коронавирус чӣ гуна баҳо медиҳед?

– Пандемия худ вирусе мебошад, ки пеши роҳи онро гирифтан мушкил аст. Лекин, ба ҳар ҳол, Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январ хатсайрҳо ва марзро баст. Тариқи оинаи нилгун, радио машваратҳо барои пешгирии ин беморӣ ҷоннок шуда буд, ки ман худ ин чизро мушоҳида кардам. Ин ҳодиса аввал дар дигар кишварҳои хориҷӣ ба миён омад, ки ҳамаро дар ташвиш гузошт. Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ ҳама чораҳои заруриро ба роҳ монд. Ҳастанд нафароне, ки гигиенаи шахсиро риоя намекунанд. Як нафар метавонад якчанд нафари дигарро ба ин беморӣ дучор кунад. Аз тариқи расонаҳо дида истодаем, ки ба тамоми беморхонаҳои минтақа ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ кумакҳои моддиву маънавӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ расонида шуданд. Инчунин, аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпеша низ ба табибон кӯмакҳо мерасад, ки ин боиси хушнудист.

– Барои пешгирӣ аз ин вабо ба шаҳрвандон чӣ тавсия дода метавонед?

– Дар ҷумҳурӣ то ҳол қайд нашудааст, ки кӯдакон ба коронавирус дучор шуда бошанд. Дигар бемориҳову нуқсонҳо ҳастанд. Мо кӯмаки худро сари вақт мерасонем. Дар навбати аввал ба волидони кӯдак мефаҳмонем, ки реҷаи ниқобиро риоя кунанд. Тарзи дуруст шустани дастон, яъне бо собун зуд-зуд бояд дастони худро шуст. Риоя намудани масофаи байни ҳамдигар. Ба дидори хешу таборон рафтанро кам кунанд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ кам гарданд. Танҳо дар ин ҳолат онҳо худ ва кӯдакони худро метавонанд аз ин беморӣ муҳофизат намоянд. Айни замон дар ҷумҳурӣ, ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки ба бемории Ковид-19 навзодон ё кӯдакони синну солашон то 15-16-сола ба қайд гирифта нашудааст. Шахсони синну соли миёна барои чӣ бештар ба ин беморӣ гирифтор мешаванд? Вақте ки синну сол аз 50-60 боло шуд, ба таври физиологӣ паст шудани системаи иммунӣ пеш меояд, ки дар натиҷа инсон ба беморӣ гирифтор мешавад. Чӣ вирус бошаду чӣ бактерия, организми заифро ҷустуҷӯ мекунад ва таъсири худро мерасонад.

Аслан, ҷавонон ғурур доранду тарсу ваҳм нест. Вирус ё бактерияҳо бештар аз тарсу ваҳм пайдо мешаванд. Ман ҳамчун табиб ба ҳамаи шаҳрвандон муроҷиат менамоям, ки тарсу ваҳмро аз худ дур созанд. Бо нерӯи тавоно корҳои худро анҷом диҳанд. Фақат ҳамин се чизи асосиро иҷро кунанд, кофист:

  1. Қоидаи дуруст шустани дастон.
  2. Ниқоб пӯшидан.
  3. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ то масофаи 2 метр наздик нашудан.

Ғизоҳои сервитамин истеъмол кардан лозим аст. Асосан организмро ғизои витаминдор бақувват мекунад. Системаи иммунӣ ду намуд мешавад: модарзодӣ ва ғайри модарзодӣ. Модарзодӣ – ин аз модари солим фарзанди солим ба дунё меояд. Ба ҳама гуна вирус ва бактерияҳо организм тобоварӣ мекунад. Ҳамаи ин чизҳоро бартараф карда метавонад.

Дар табиат гаштану намудҳои сабзавотро истеъмол кардан ва ба кори ҷисмонӣ машғул шудану бадани худро обутоб додан, ҳамаи ин системаи иммуниро бақувват мекунад. Асаби қавӣ доштан зарур аст. Асаб дар дараҷаи аввал аст. Ҳамаи бемориҳо аз асаб вобастагӣ доранд. Асаб боқуввату ором бошад, ҳамаи мамониятҳо паси сар хоҳанд шуд. Бемор шудану солим шудани инсон низ аз асаб вобаста аст.

Мусоҳиб: Нигора САИДБЕКОВА

ШАРҲИ ҲОЛ

Давлатов Самиҳил Тиллоевич соли 1969 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1976 дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии нопурраи ҳаштсола (8) №25 ба номи Сайидои Насафӣ ба синфи 1-ум рафтааст. Солҳои 1984-1986 дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии №25 ба номи Сайидқул Турдиеви ноҳияи Фархор таҳсил намуда, синфи 10-умро хатм намуда, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, факултети педиатрӣ гаштааст. Солҳои 1987-1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи армияи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат намудааст. Соли 1994 баъди хатми донишгоҳ то соли 2002 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба ҳайси духтури педиатр ва илова ба вазифаи ишғолнамуда, директори маркази банақшагирии оила, мубориза бар зидди бемориҳои диарея (БДБ) ва (ОРИ) бемориҳои шадиди респираторӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2002-2004 бо тахассуси педиатор ординатори клиникии ДТБКТТ будааст. Баъди хатми ординатори клиникӣ ба ҳайси ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино қабул шудааст. Дар кафедраи мазкур котиб оид ба корҳои кафедравӣ, ҳамзамон дарсҳои амалӣ бо донишҷӯёни курси панҷум ва шашуми факултаи тиббӣ ва факултаи педиатрӣ мебошад. Ғайр аз ин, лексияҳоро ба донишҷӯён бо забони давлатӣ мегузаронад ва дар таҷрибаомӯзӣ доимо роҳбарӣ менамояд. 30-юми майи соли 2013 ба аспирантура дохил шуда, ҳамон сол мавзӯи рисолаи илмӣ (“Ҳолати гемостаз дар навзодон ва кӯдакони соли якуми ҳаёт бо пневмонияи бактериалӣ”) тасдиқ намудааст ва дар моҳи декабри соли 2019 рисолаи номзадиро дифоъ намуда, сазовори унвони номзади илмҳои тиб гаштааст. Дар давоми фаъоляти меҳнатиаш зиёда аз 60 мақола ва фишурдаҳо ба нашр расонидааст. Оиладор, соҳиби чор фарзанд, ду писар ва ду духтар аст.

Добавить комментарий