Тарс чанд намуд мешавад намедонам, аммо ба мисле, ки “рашки сафеду ҳасади сафед” мегӯянд, тарси ман ҳам аз устод Ҷовид Муқим “сафед” аст. Чун нафарони махсусро дар рӯзҳои махсус ба некӣ ёд мекунанд, ман ҳам аз ҳамон “тарс”- ҳои сафедам ба шумо нақл мекунам.

ТАРСИ АВВАЛ:

Баҳо

Агарчи дар замони фаъолияти Маркази миллии тестӣ ман донишҷӯи факултаи журналистика шудам, аммо метавонам бигӯям, ки аз ҷумлаи тасодуфиҳо набудам. Шавқи журналистшавӣ буд, ки дар ҳафтаи аввали дарсӣ як-як дари кафедраҳоро кушода, ба ҳар муаллиме, ки аз пешам мебаромад, «Ассалому алейкум, ман Ҳафизуллоҳ, журналистшавӣ омадам…» мегуфтам. Аммо як мушкили калон ва ба назари худам ҳалнашаванда буд: ба кафедраи журналистикаи байналхалқӣ, ки шуъбаи худамон ба ҳисоб мерафт, бо тарс медаромадам. Дилхоҳ нафар агар дари кафедраи моро кушояд, аввалин нафаре, ки мебинад, устод Ҷовид Муқим буда, аввалин касе, ки «ҳа, барои чӣ омадӣ, кӣ даркор?» гуфта мепурсад, боз ҳам муаллим Ҷовид Муқим аст. Баъзан мешавад, ки ҳатто муаллимон бо устод ором суҳбат карда наметавонанд.

Қисса кӯтоҳ, вақт бисёр тез гузашт. Курси якумӣ ба охир расиду курси дуюм оғоз ёфт. Дар ин муддат ман ҳамроҳи устодон (ҳам дарсдиҳанда ва ҳам дарснадиҳанда) аз наздик шинос шудам. Аммо ҳеҷ одат накардам ба кафедраи худамон рафтанро.

Охири нимсолаи якум шуд. Моро зарур омад, ки пеш аз имтиҳонот кори курсӣ ҳимоя кунем. Устоди ман дотсент Суҳроби Мирзоалӣ буд ва мо якҷо дар мавзӯи “Таҳия ва пахши мавод барои агентиҳои иттилоотӣ” кор кардем. То андозаи даркорӣ заҳмат накашидем, аммо фурсати супоридани кор расид.

Рӯзи ҳимоя роҳбарам ва устодон Бахтиёр Қутбиддинов ва Ҷамолиддин Ёқубов пас аз саволу ҷавоби кӯтоҳ болои корам имзо монданд. Имзоҳои қаторро дида, хурсанд шудам ва корамро ба лабаранти кафедра доданӣ будам, ки ногаҳ муаллим Ҷовид Муқим ба кафедра даромада, гуфтанд:

— Имзои ман даркор нест?

— Даркор аст,- гуфт устод Бахтиёр Қутбиддинов.

Муаллим чанде кори 27-саҳифагиямро варақ заданду як-ду савол доданд. Агарчи ба саволҳояшон пурра ҷавоб надода бошам ҳам, ҳис карданд, ки корро касе ба ман нанавиштааст ва ба қавле меҳнати худам аст. Сипас, ба роҳбари илмиам нигоҳ карда, гуфтанд:

— Суҳроб, Тоҳировро баҳои чанд мондӣ?

— Баҳои ин нафар 4,- гуфтанд роҳбарам.

— Чӣ хел 4, ин худаш навиштааст… Баҳояшро 5 мон.

Ҳамин тавр баҳои 4 ба 5 табдил ёфт ва тарси ман аз муаллим Ҷовид Муқим камтар шуд.

ТАРСИ ДУЮМ:

Савол

Пас аз он, ки бо устодони факулта шинос шудаму онҳо ҳам каму беш номамро ҳам набошад, чеҳраамро ҳамчун донишҷӯи “хира” мешинохтанд, дар ман як одати намедонам хуб ё бад гӯям, пайдо шуд. Ҳар шаб дар хона барои ҳар муаллим савол тайёр мекардам ва ҳар рӯзи дарсӣ дар танаффусҳо ҳамин ки муаллими даркориро медидам, даррав савол медодам. “Мо бояд кадом китобҳоро хонем?”, “Аз ҳама журналисти зӯри мо кист?”, “Шумо кадом газетаҳоро мехонед?”, “Шумо дар матбуот, телевизион ё радио фаъолият намекунед, пас чаро дар факултаи журналистика дарс медиҳед?”, “Барои чӣ аз донишҷӯёни зиёде, ки дар факулта таҳсил мекунанд, журналист кам мебарояд?”…

Бо ҳамин минвол, қариб ки саволе беҷавоб намемонд. Устодон дар кафедраву роҳравҳо, кӯчаву ошхона ба ҳама саволҳои ман ҷавоб мегуфтанд. Баъдан фикр кардам, ки ҳар рӯз ба муаллимони муайян савол дода истодаам, агар ба устодони то ин вақт саволнадода савол омода кунаму аз онҳо пурсам, кори хуб мешавад. Аввалин нафаре, ки ба ёдам омад, муаллим Ҷовид Муқим буд. Хеле фикр кардам. Чанд савол пайдо шуд, аммо ба қавле суст буданд ва ба профессор додани онҳо аз рӯйи одобу мантиқ набуд. Шаби аввал бенатиҷа гузашт. Шаби дуввум ҳам. Шаби саввум ҳам…

Намедонам чанд рӯз баъд ҳамкурсам Дилмурод, ки шогирди устод буд, пас аз дарс дар роҳрави факулта аз ман пурсид:

— Ту кӯшиши памфлетнависиро дорӣ, оё памфлетҳои устод Ҷовид Муқимро хондаӣ?

Ман чизе ҷавоб надодам ва тарафи кафедра давидам. Аз сабабе, ки танаффуси панҷум буд, аз ҳама аудиторияҳо донишҷӯён баромада, дар роҳрав тараддуди хонаравӣ доштанд. Ман, ки тарафи кафедра медавидам, дар роҳрави тангу тори факулта китфам ба чанд донишҷӯ бархӯрд ва илоҷе карда ба назди устод расидам. Ҳамон лаҳза тарсам гум шуд ва аз муаллим пурсидам:

— Устод, ман мехоҳам памфлет нависам, илтимос, китоби памфлетҳоятонро барои хондан ба ман диҳед…

— Ман ҳоло памфлетҳоямро китоб накардаам,- устод инро гуфта ба курсияшон нишастанд ва дар варақчае чизе навиштанд. Пасон аз ҷояшон хестанд ва давом доданд:

— Хондан хоҳӣ, мана суроғаи блоги ман, даромада хон.

Ҳамин тавр, ман дар баробари дигарон ба устод ҳам савол додам ва тарси ман аз муаллим Ҷовид Муқим камтар шуд.

ТАРСИ САВВУМ:

“Анис”

Хушбахтона, бо ташаббуси муаллим Ҷовид Муқим имрӯз дар факултаи журналистика маҳфили “Анис” фаъол аст, ки бешак метавон гуфт беҳтарин донишҷӯён аъзояш ҳастанд. Роҳбари маҳфил нафаронеро ҷамъ кардааст, ки гапи мегуфтанӣ, диди интиқодӣ ва қалами сабзу тар доранд.

Агарчи ман то курси сеюмӣ бо чанде аз матбуоти фаъол ҳамкории наздик доштам ва дар маҷаллаи “Хорпуштак” расман кор мекардам, ягон маротиба ба маҳфили “Анис” нарафта будам, зеро тавре чанд бор дар боло гуфтам, аз муаллим Ҷовид Муқим метарсидам. Як рӯз ҳамкурсонам Дилмурод, Далер ва Нилуфар, ки аъзои фаъоли маҳфил буданд, аз ман маводи чопшудаамро талаб карданд. Онҳо бо хушҳолӣ гуфтанд, ки дар маҳфили оянда матолиби туро якҷоя баррасӣ мекунем. Ман, ки аз роҳбари маҳфил метарсидам, корро чанде кашол додам ва билохира маводи маро гирифтанд, хонданд, дар маҳфил баррасӣ карданд, танқид шунидам, таърифам карданд, устод назарашонро гуфтанд…

Аз ҳамон вақт ба фикре ҳастам, ки факултаи мо дар баробари камбудиҳои бисёр маҳфили “Анис” дорад ва “Анис” бе шубҳа пуркунандаи бисёр холигиҳост. Маҳфилест, ки ба донишҷӯён имкони навиштану сухан гуфтанро медиҳад. “Анис” майдонест, ки рақобатро ба миён меорад. Камтарин кӯшишҳои як донишҷӯро қадр мекунад. Имкони худсозӣ медиҳад. Қаламҳоро тез мекунад. Шӯълаи умедро дар дили ҳар раҳнаварди роҳҳои каҷукилеби журналистика меафрӯзад. Ишқ медиҳад. Мавқеъ медиҳад. Реклама мекунад… Ва тасаввур кунед, ин ҳамаро як нафар мекунад, ки ному насабаш Ҷовид Муқим аст.

Пас аз фаҳмидани ин ҳама аъзои маҳфил шудам, бо қадри имкон иштирок мекунам ва тарси ман аз муаллим Ҷовид Муқим боз ҳам камтар шуд.

ТАРСИ ЧАҲОРУМ:

Дарс

Мо курси чорум шудем. Нимсолаи аввал тамом шуд. Ба фикре будем, ки нимсолаи баъдӣ аз пушти таҷрибаомӯзӣ ва кори таҳқиқ мешавем, аммо пеш аз имтиҳонот устод Шукруллоев Беҳрӯз хабар доданд, ки ду моҳи нимсолаи дуюм ҳам дарс мехонем. Ҳамин тавр нимсолаи дуюм оғоз шуд ва дар ҷадвали дарсӣ ду дарс ба мо гузошта буданд, ки яке аз онҳоро устод Ҷовид Муқим мегузаштанд.

Рости гап, ман ҳоло ҳам аз муаллим Ҷовид Муқим камтар метарсидам. Аввалин маротибае, ки дарсаш даромадам, каме таърифам кард, аммо вақте ки ҷавоби саволашро надонистам, хеле ҷангам намуд.

Қисса кӯтоҳ. Ман чи тавр дарсгузарӣ ва дарсро фаҳмонидани устодро намегӯям. Танҳо мегӯям, ки озодӣ, ободӣ, танқид, таъриф, муаллим, журналистика, журналист, дарс, вақт, матлаб, ишқ, мавқеъ… ва дигар мафҳумҳоро аз дарси думоҳаи муаллим Ҷовид Муқим омӯхтам.

Ва донистам, касе бояд муаллим шавад, кӣ дилсӯзу роҳнамо аст…

Ва донистам, ки муаллим ба ояндаи мо беаҳамият нестанд…

Ва донистам, ки устод хубии ҳамаи моро мехоҳанд…

Ва донистам, ки агар дар дилхоҳ факулта ҳадди ақал 5 муаллиме ба монанди устод бошад, он ҷо ҳамеша шӯълае фурузон мемонад…

Ва донистам, ки бо будани ин гуна муаллимон дили ҷомеа пур аст ва ҷавононро ояндаи миллат мегӯянд…

Ва донистам, ки имсолу солҳои баъд барои будани чунинҳо шукр бояд кард…

Ҳамин тавр, ман дар баробари ҳазорон донишҷӯи факултаи журналистика дар дарси устод нишаста, аз он кас чизе гирифтам ва тарси ман аз муаллим Ҷовид Муқим камтар шуд.

ТАРСИ ПАНҶУМ:

Мусоҳиба

Ман ҳанӯз аз курси дуюмӣ навиштанро дар қолаби мусоҳиба оғоз карда будам ва то курси чорум чанде мусоҳибаҳои хому аз рӯи ҳавас кардаам бо шахсиятҳои маъруф дар матбуоти фаъол, хоса ҳафтаномаи “Фараж” ба нашр расида буданд. Тавре дар боло ишора кардам, мо дар курси охир мебоист моҳҳои февралу март, ки ба нимсолаи дуюм рост меомаданд, дарс хонем. Чун одат аз моҳи феврал ба ҷустуҷӯи қаҳрамоне шудам, ки бо ӯ тавонам дар арафаи Рӯзи матбуот суҳбати калоне дошта бошам. Пас аз чанде даводаву маслиҳатпурсӣ устод Маҳмудҷон Усмонов тавсия доданд, ки бо муаллим Ҷовид Муқим суҳбат кунам. Аз маслиҳати устод бисёр хурсанд шудам ва яке аз рӯзҳои дарсӣ аз ниятам муаллимро огаҳ кардам. Қаҳрамон барои суҳбат кардан розӣ шуд. Ман тайёрӣ дидам. Саволҳоям омода шуданд. Замону макони суҳбатро аниқ кардем. Аммо ман метарсидам, зеро бо устод гапи одиро гуфтан бароям ин қадар мушкил буд, куҷо истад мусоҳиба кардан. Тарс зиёд мешуд. Ҳаяҷон ғалаба мекард. Яъне бо нафаре, ки дар бораи мусоҳиба китоб навиштааст, мусоҳибаҳои нашрияҳоро таҳлил мекунад ва ба болои ин ҳама, боз аз ӯ кам-кам тарс дорӣ, суҳбат кардан осон нест.

Вақти муайян ҳамроҳ баъди дарс ба кафедра омадем ва ман диктофонамро фаъол карда, саволҳоямро як-як додам. Ба ҳамааш ҷавоб гирифтам. Муаллим гоҳе механдиданд, гоҳе ҷиддӣ мешуданд, гоҳе асабӣ шуда, ҷангам мекарданд, гоҳе хурсанд шуда, бо шавқ ба саволам ҷавоб мегуфтанд ва гоҳе хомӯш мемонданд.

Дар ҳамон суҳбати қариб яксоата бисёр чизҳоро дар бораи мусоҳиба оростан омӯхтам. Ҳар хатое, ки мекардам, даррав муаллим “хато кардӣ”, “ ин тавр намешавад”, “ин хел дуруст нест” мегуфтанд. Ман ба ҷуз қабул кардани эродҳо дигар чизе намегуфтам, зеро гуфтаҳояшон дуруст буданд.

Суҳбати мо дар “Фараж” нашр шуд. Ман хурсанд будам, ки бо муаллим Ҷовид Муқим мусоҳиба кардам. Устод хурсанд шуданд, ки суханони гуфтаашонро устод Фазлиддин Асозода бе таҳрифу таҳрир чоп кардаанд.

Ҳамин тавр, ман дар баробари чанде аз журналистон аз устод мусоҳибаи калон гирифтам ва тарси ман аз муаллим Ҷовид Муқим қариб гум шуд.

ТАРСИ ШАШУМ:

Зодрӯз

Акнун омадем ба ҷое, ки аз ҳама зиёд метарсам. Аз табрику муборакбод гуфтани муаллим Ҷовид Муқим. Зеро, фикр мекунам, ки ман ҳамеша дар вақти табрик намудани наздике бисёр душворӣ мекашам ва сабаби инро намедонам.

60-солагиятон муборак, муаллим Ҷовид Муқим!

Бинед, ҳамин тавр ман ҳам дар баробари дигарон зодрӯзи устодро табрик гуфтам ва тарси ман аз муаллим Ҷовид Муқим комилан гум шуд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ, магистранти курси дуюм

P.S: Маркази тадқиқоти рӯзноманигории Тоҷикистон муаллифи доимии ҳафтаномаҳояш, профессор Ҷовид Муқимро бо шасти умр муборакбод гуфта, саломатию сарбаландӣ ва комёбию комгорӣ таманно менамояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here