Умарҷон Ҳаитов — хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи №9-и ноҳияи Шаҳринав маҷмӯаи мақолаҳои таҳқиқотиашро атрофи баъзе вожаҳои забони тоҷикӣ таҳти унвони “Санҷиши қалам” ба чоп расонид. Дар пешгуфтори китоб Кароматулло Исмонов, номзади илмҳои филология, дотсент гуфтааст: “Китобе, ки ҳоло хонанда ба даст дорад, маҷмӯаи мақолаҳоест, ки ба масъалаҳои вожашиносиву этимологияи вожаҳо бахшида шуда, ба қалами як мактаббача тааллуқ дорад. Масъалагузорӣ, таҳлил ва хулосагириҳои дар ин маҷмӯа овардашудаи Ҳаитов Умарҷон аз мутолиаи густарда, нуктасанҷӣ, муҳаббат ба забон ва бетафовут набудан дар қиболи масоили марбут ба он ҳикоя мекунад”.
Дар робита ба нашри китоб тасмим гирифтем, то бо муҳаққиқи навҷавон суҳбате ороста, фишурдаи онро пешкаши хонандаи гиромӣ гардонем.
— Умарҷон, Шумо мактаби миёнаро хатм накардаед, аммо маҷмӯаи мақолаҳоятон роҷеъ ба масоили гуногуни забоншиносӣ дар шакли китобча ба табъ расидааст. Мегуфтед, ки баррасии чунин мушкилоти забонӣ аз куҷо дар зеҳнатон омад?
— Ин фикрҳо дар замони таҳсил дар мактаб аз китобҳои дарсӣ, хусусан, забони модарии синфҳои 9-10 ба зеҳнам расид. Аснои раванди дарсҳо муаллимон ба мо — шогирдон супориш медоданд, то дар бораи номҳои деҳа, чашма, дарёҳо ва ғайра маълумот диҳем. Инчунин, супориш мешуд, то дар бораи вожаҳо фикрҳоямонро пешниҳод намуда, таҳлил намоем. Яъне, илҳом аз супориши муаллимони мактаб буд, ки шуруъ ба таҳқиқи вожаҳо намоям.
— Аввалин мақолаатон чӣ ном дошт?
— Аввалин мақолаи ман “Роҳгумкардагон” ном дорад, ки дар нашрияи “Файзи Пешво” ба нашр расида буд.
— Манзури ман дар бахши забоншиносӣ аст…
— Аввалин мақолае, ки дар бахши забоншиносӣ навиштаам, “Тире ҳаст, пас дефис куҷо шуд?” ном дошта, дар ҳафтаномаи “Омӯзгор” чоп шуда буд. Баҳси он ҳам атрофи мушкилоти аломатҳои тире ва дефис буд, яъне фарқ накардан ё риоя нанамудани вазоифи онҳо. Мушкилоти мазкур яке аз мушкилоти доғи забоншиносӣ ба шумор рафта, на танҳо истифодаи дурусти онҳо аз ҷониби донишомӯзону донишҷӯён риоя намегардад, балки дар аксар ҳолатҳо аз ҷониби муаллимону рӯзноманигорон ва муҳаррирону мусаҳҳеҳон низ дуруст ба кор бурда намешавад. Яъне, аксари рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобу рисолаҳоро мебинем, ки истифодаи дурусти аломатҳои дефис ва тире дуруст ба кор бурда нашудааст. Ҳатто нафароне ҳам пайдо мешаванд, ки бо вуҷуди сарукор доштан бо масоили забоншиносӣ аз мавҷудияти аломати дефис хабар надоранд ё байни аломатҳои тире ва дефис фарқ гузошта наметавонанд. Ҳангоми муроҷиат ба онҳо кас ба посухҳое монанди “қаблан буду айни ҳол ба тире иваз шудааст”, “дефису тире вазифаи муштарак доранд”, “дефис гуфтанӣ аломат дар забоншиносӣ мавҷуд нест” ва ғайра низ мувоҷеҳ мегардад.
Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки мавзуъро дунболагирӣ намуда, мақолае нависам ва дар ҳафтанома нашр намоям.
— Дар китобу барномаҳои дарсӣ оид ба мавқеи истифодаи тиреву дефис маълумот дода шудааст ё на?
— Хушбахтона, дар бораи мавқеи истифодаи аломатҳои дефису тире дар китобҳои зиёди роиҷи таълими забоншиносӣ ва дастурӣ маълумоти лозима дода шуда, омӯзишу таълими онҳо аз ҷониби омӯзгорон ҳатмӣ гардонида шудааст. Масалан, дар роҳнамоҳои фанни забони тоҷикӣ омӯзгорон вазифадор карда шудаанд, ки донишомӯзонро ба вазифаи аломатҳои тире ва дефис дар забон ошно созанд. Инчунин, маълумотҳои лозимаро дар дигар дастурҳои забонӣ низ пайдо кардан имкон дорад. Мутаассифона, бо вуҷуди мавҷуд будани маълумоти дақиқ дар бораи мавқеи истифодаи дурусти аломатҳои дефис ва тире дар барномаву стандартҳои таълими забони тоҷикӣ, китобҳои дарсиву методӣ ва ғайра “забоншиносон” аз мавҷудияти ин аломатҳо хабар надоранд ё ба мавқеи дурусти истифодаи онҳо риоя намекунанд.
— Баррасии мушкилоти мазкур, яъне мавқеи истифодаи аломатҳои дефису тире чӣ вокунише нишон дод?
— Хушбахтона, баъди ба нашр расидан мақола қобили қабули бештари муаллимону забоншиносон гардид. Мутаассифона, нафароне низ пайдо шуданд, ки аз баррасии мушкилоти мазкур нороҳат гаштанд ва боиси ранҷиши хотирашон гардид.
— Агар махфӣ набошад, боиси ранҷиши онҳо чӣ гуна будааст?
— Боиси ранҷиши он афрод интиқоди ман аз муаллимону рӯзноманигорон ва дигарон будааст ва ба пиндори онҳо, набояд ин мавзуъ баррасӣ ва аз муаллимону рӯзноманигорон ва умуман, “забоншиносон” интиқод менамудам. Манзури ман баъзе аз муаллимону рӯзноманигорон аст, на ҳамаи эшон.
— Оё ин “ранҷишҳо” рӯи руҳияи Шумо таъсири манфӣ нагузоштанд?
— Албатта таъсир нагузоштанд! Чунки Пешвои муаззами миллат дар ин маврид дар асари гаронарзишашон — “Забони миллат — ҳастии миллат” мефармоянд: “Аз файзи Истиқлолият мо имкон пайдо кардем, ки омӯзишу таҳқиқи таърих, забон ва фарҳанги худро бидуни бими “ранҷиши дӯстон” ва бе ороиши дурӯғин, ки таърихи мо аслан ба онҳо ниёзе надорад, анҷом диҳем”.
— Дар китоби тозанашратон дидам, ки вожаи “фирдавс”-ро, ки то ҳол он арабӣ дониста мешуд, таҳқиқоти густарда анҷом дода, ба исбот расонидаед, ки вожаи мазкур тоҷикӣ аст, на арабӣ. Чӣ гуна?
— Бале. Иддае вожаи мазкурро ба забони арабӣ нисбат медиҳанд, ки ғалат аст. Ман баъд аз таҳқиқ дар чандин фарҳангномаву асарҳои пажуҳишӣ дар ин самт ба хулосае омадам, ки вожаи “фирдавс” вожаи асили форсӣ-тоҷикист. Вожаи мазкур ба чандин маъноҳо истифода гашта, бештар ба маънои боғу биҳишт омадааст. Ин вожа дар китобҳои муқаддаси осмоние монанди “Инҷил”, “Таврот” ва “Қуръон” низ дида шуда, ҳатто дар аксари забонҳои ҷаҳонӣ, монанди забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, итолиявӣ, испанӣ, олмонӣ, юнонӣ ва ғайра низ истифода мешавад. Ногуфта намонад, ки вожаи “фирдавс” муарраби вожаи “пирдавс”-и форсист, ки фарҳангномаҳои муътабаре, монанди “Фарҳанги Онандроҷ”, “Бурҳони қотеъ” ва “Луғатномаи Деҳхудо” ин нуктаро таъйид намудаанд.
Мувофиқи манобеи дастрас пайдоиши вожаи “фирдавс” мутааллиқ ба замони ҳахоманишиҳо буда, аз маънои “замини гирдогирдаш девордор” ба мафҳуми “боғи калони сарсабз” расидааст.
— Шумо нагуфтед, ки вожаи “фирдавс” чӣ гуна аз забони форсӣ-тоҷикӣ ба забони арабӣ ворид гаштааст?
— Пайдоиши вожаи “фирдавс” сабаби худро дошта, ворид гаштани он ба забони арабӣ ва дигар забонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таърихи аҷибе дорад. Чи тавре ки дар боло гуфтем, вожаи “фирдавс” ба замони ҳахоманишиҳо тааллуқ дошта, аз ду вожа — “пейра” ва “дейза” иборат аст, ки маънои замини гирдогирдаш девордорро медиҳад. Яъне, шоҳаншоҳони ҳахоманишин дар ҳудуди императории пурқудрати хеш ба таври сунъӣ боғҳои бузургу васее ҷиҳати шикор ва осоиши хеш месохтаанд, ки дар онҳо ҳайвонҳои гуногун парвариш карда мешуданд. Ин пейрадейзҳо, яъне боғҳои атрофаш деворбардошташудаи ҳахоманишиҳо шоҳигариҳои атрофро ба худ ҷалб намуд. Аз ин рӯ, ба дастури шоҳони юнонӣ айни чунин боғҳо ҷиҳати осоишу шикори онҳо дар қаламрави кишварашон бо ҳамин номи форсии пейрадайзҳо сохта мешаванд. Ҳамин тавр, вожаи “фирдавс” тариқи забони юнонӣ ба соири забонҳои дигар ворид мешавад. Ногуфта намонад, ки вожаи “фирдавс” тавассути забони юнонӣ вориди китобҳои муқаддасе монанди “Таврот”-у “Инҷил” ва тавассути яҳудиёну масеҳиёни муқими Арабистон вориди забони арабӣ гардидааст.
— Оё вожаи “фирдавс” дар китоби муқаддаси зардуштиён — “Авасто” дарҷ гардидааст ё не?
— Бале, зикр гардидааст. Алиакбар Деҳхудо — муаллифи китоби “Луғатномаи Деҳхудо” менависад, ки вожаи “фирдавс” дар шакли пейрадейза дар “Авасто” ду маротиба дарҷ гардидааст, ки маънои “гирдогирдаш девор”-ро медиҳад.
— Вожаи баҳсбарангези “ҷон”-ро низ мавриди омӯзиши амиқ қарор додаед. Мегуфтед, ки чӣ боис гардид, то ба ин мвзуъ рӯ оваред?
— Бояд қайд намуд, ки баҳсу мунозираҳо атрофи вожаи “ҷон” ҳодисаи нав набуда, таърихи куҳан дорад. Вақтҳои ахир нафароне пайдо шудаанд, ки ҳадафмандона бошад ё худноогоҳ вожаи асили тоҷикии “ҷон”-ро пӯшиши арабӣ ва ҳатто динӣ дода, мардумро ташвиқ бар он мекунанд, ки аз истифодаи он иҷтиноб варзанд. Ҳарчанд дар сарчашмаҳои қадим пӯшиши арабӣ додани вожаи “ҷон” ба мушоҳида расад ҳам, аммо имрӯзҳо падидаи мазкур ранги дигар гирифта истодааст. Яъне, онҳое, ки мехоҳанд теша ба решаи миллат зананд, нахуст чанг ба забону фарҳанги миллӣ мезананд ва кӯшиш менамоянд, то забонро аз дохил вайрон созанду вожаҳои асилу таърихии форсӣ-тоҷикиро аз байн баранд. Мутаассифона, чунин ҳолатҳо дар ҷомеаи имрӯзаи мо зиёд ба мушоҳида мерасад.
Онҳое, ки вожаи “ҷон”-и тоҷикиро ба вожаи “ҷонн”-и арабӣ нисбат медиҳанд, бояд донанд, ки ғалат мекунанд.
— Вожаи “ҷонн”-и арабӣ аз “ҷон”-и тоҷикӣ чӣ тафовут дорад?
— Якум, забонҳои арабиву тоҷикӣ ду забони мустақилеанд, ки ба оилаҳои забонҳои аз ҳам мутафовит тааллуқ доранд. Яъне, забони арабӣ тааллуқ ба оилаи забонҳои сомист ва забони тоҷикӣ бошад, ба оилаи забонҳои ҳинду-аврупоӣ. Дуюм, фарқият дар зоҳирашон аст. Яъне, вожаи “ҷон”-и форсӣ як ҳарфи не ва вожаи “ҷонн”-и арабӣ ду ҳарфи не дорад. Сеюм, маъноҳои ҳар ду куллан аз ҳам тафовут доранд. Яъне, агар вожаи “ҷон” маънои руҳу равон ва азизу гиромиро диҳад, вожаи “ҷонн”-и арабӣ маънои падари ҷин, шайтон, иблис, аҷина ва умуман қувваи бадиро ифода мекунад.
Таҳқиқот дар ин самт нишон дод, ки баъзе донишмандону файласуфон ва муҳаққиқону фарҳангнигорони форсу тоҷик вожаи “ҷон”-ро руҳи ҳайвонӣ номидаанд ва ба маънои руҳи инсонӣ вожаи равонро истифода намудаанд.
— Шумо нагуфтед, ки чӣ гуна ба вожаи “ҷон” пӯшиши арабӣ ё ин ки динӣ дода мешавад?
— Чи гунае дар боло гуфтем, вожаи “ҷон” илова ба мафҳуми руҳу равонро ифода карданаш маънои азизу гиромиро низ медиҳад, ки мардуми тоҷик онро ба таври васеъ ва фаровон истифода менамоянд. Ин истифодабарии онҳо то ҳаддест, ки вожаи “ҷон”-ро дар охири номҳои фарзандони хеш мегузоранд, дар муроҷиат ва навозиш бо “ҷон” ё “ҷони ман” ба мухотаби хеш муроҷиат менамоянд. Ҳолати мазкур баъзе нафаронеро, ки даъвои “донишмандӣ” ва “муллогӣ” доранд, нороҳат месозад. Ба ақидаи онҳо, ба касрат истифода бурдани вожаи “ҷон”, ки маънои шайтону иблисро дорад, аз шайтону иблис ёд кардан аст. Ҳатто, ин афрод “ҷон” садо кардан ё ба номи кас изофа кардани онро гуноҳ меҳисобанд. Бегумон, ин тоифа бехабар аз онанд, ки вожаи “ҷон”-и форсӣ-тоҷикӣ маънои зиндагӣ, ҳаёт ва нафас кашиданро ифода карда, ба “ҷонн”-и арабӣ рабте надорад. Дар муроҷиат истифода гаштани вожаи “ҷон” арзишу эҳтиром ва қадру қимати зиёд доштани муроҷиатшавандаро назди муроҷиаткунанда нишон медиҳад. Яъне, ба тарзи дигар гӯем, “ҷон” ё “ҷони ман” дар муроҷиат маънои “ту дар баробари ҷони ман наздам арзиш дорӣ” гуфтанро медиҳад.
— Чи гунае аз номи Шумо бармеояд, вожаи ҷонро ба ҳамроҳ дорад. Оё бо вожаи “ҷон” доштани номатон Шумо ҳадафи тири маломати чунин афроди тангназар нагардидаед?
— Албатта, гардидаам. Ҳатто, баъзан вақтҳо маро тарсонида мегуфтанд, ки “вожаи ҷонро аз номат ҳазф намо, ки гунаҳгор мешавӣ”. Чунин ҳолатҳоро мушоҳида намуда, ман дар дуроҳа қарор мегирифтам ва намедонистам, ки ҳақ ба ҷониби кадомин аст. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, то рӯи вожаи мазкур ва таъриху этимологияи он пажуҳише анҷом диҳаму ҳақро ба ҳақдор расонам.
— Мақолае низ доред, бо номи “Ҳақиқати баъзе вожаҳо”, ки фарогири беш аз даҳ вожаву таркиб мебошад. Дар мавриди мақолаи мазкур чӣ гуфтание доред?
— Мақолаи мазкурро ба он хотир навиштам, ки вақтҳои охир вожасозӣ ё истилоҳофаринии бо роҳи ғалат дар забони тоҷикӣ анъана гаштааст. Масалан, вожаи “авқот”, ки серистеъмолтарин вожа миёни мардум аст, ҳоло қариб ҷои вожаи “хӯрок”-и тоҷикӣ ва “таом”-и арабиро гирифтааст. Агар таърихи сохтани вожаи мазкурро надонӣ ва дар мавридаш таҳқиқ нанамоӣ, кас гумон мекунад, ки ҷамъи вожаи “вақт”-и арабист. Аммо вожаи мазкур аз шакли ҷамъи вожаи “қут”, ки “ақвот” аст, ҷойҳои ҳарфҳои “қ” ва “в” тағйир дода шуда, аз он вожаи “авқот” сохта шудааст, ки ғалат аст. Ё вожаи “паҳат”-ро мегирем, ки соддакардашудаи вожаи “падарлаънат” аст. Ё ин ки вожаи “чангак”, ки ҳоло васеъ истифода мешавад, дар тамоми фарҳангҳои мавҷудаи тоҷикӣ маънои мақсудро намедиҳад. Дар ин росто метавон садҳо вожа ва таркибҳоеро мисол овард, ки ба тарзи ғалат аз вожаву таркибҳои забони тоҷикиву арабӣ ва туркиву русӣ сохта шудаанд, ки миёни мардум бо суръат паҳн гардида, дар андак муддат доираи истеъмоли вожагони асили форсӣ-тоҷикиро танг менамоянд ва ҷойгузини онҳо мегарданд. Албатта, ғунҷоиши тамоми ин вожаву таркибҳо дар як мақола аз имкон берун аст…
— Яъне, Шумо гуфтаниед, ки таҳқиқотатонро дар ин самт идома доданиед?
— Бале. Тасмим гирифтаам луғатномае зери ҳамин унвон — “Ҳақиқати баъзе вожаҳо”, ки фарогири беш аз сад вожаву таркиби серистеъмоли миёни халқ бошад, таҳия намуда, пешкаши ҳаводорону дӯстдорони забону фарҳанги тоҷик гардонам. Ба мақолаи мазкур, ки фарогири 15 вожаву таркибҳо мебошад, вожаву таркибҳои нав ба нав илова намуда истодаам.
— Гуфта метавонед, ки ин луғатномаатон кай ба табъ мерасад?
— Агар умр вафо кунад, таҳияи луғатномаи мазкурро дар арафаи хатми мактаби миёна анҷом хоҳам дод.
— Инчунин, Шумо бар масъалаҳои сарфӣ (морфологӣ) низ даст задаед, ки таҳлилҳои муқоисавӣ бо забони англисӣ мебошад. Таҳлили муқоисавии масоили забонии ду забон бароятон мушкил набуд?
— Албатта, мушкил аст. Барои таҳлил намудани баъзе масоили забоншиносӣ, чи сарфӣ (морфологӣ) бошад ва чи наҳвӣ (синтаксисӣ), муҳаққиқ ё таҳлилгар нахуст бояд аз забони модарии хеш ба хубӣ огаҳӣ дошта бошад, нозукиҳои дастурӣ ва таърихи забонро хуб донад, сипас, ба он забони хориҷие, ки бо забони модариаш муқоиса мегардад, ворид бошад.
— Дар ин самт як нукта диққати маро ҷалб намуд. Шумо дар мақолаи “Категорияи ҷамъбандӣ” пасвандҳои -гон, -вон, -ён ва -es-ро, ки вариантҳои пасванди -он ва -s мебошанд, инкор кардаед. Чаро?
— Таҳқиқот нишон дод, ки ба истилоҳ, боиси пайдоиши гунаҳои пасванди -он, ки -гон, -вон, -ён мебошанд, хатти кирилик мебошад. Ҳарфҳои -в-, -й- ва -г- моли пасванди -он набуда, мутааллиқ ба ҳамон вожаеанд, ки бо он ҷамъ баста мешаванд ё ба хотири осон гаштан байни вожаву пасванд гузошта мешаванд. Ҳарфи -e- гирифтани пасванди ҷамъсози -s дар забони англисӣ низ ба хотири талаффузи осони вожаҳост.
— Пасванди ҷамъсози -ҳо чӣ нақш дар забони тоҷикӣ дорад?
— Пасванди -ҳо чун қоида хоси исмҳои беҷон аст. Аммо пасванди мазкур айни ҳол ҷои истеъмоли пасванди -он-ро танг намуда, онро аз доираи истеъмол дар забони тоҷикӣ берун карда истодааст. Эҳтимол дорад, ки дар ду-се даҳсолаи оянда пасванди -он аз истеъмол баромада, ҷои онро пасванди -ҳо гирад.
— Дар китобатон, ки фарогири мақолаҳоеанд бахшида ба масоили гуногуни забоншиносӣ, мақолаеро низ ҷой додаед, ки аз таърих, маконҳои сайёҳӣ, фарҳанг ва урфу одати мардуми як деҳа ҳикоя мекунад. Чаро?
— Воқеан, мақолаи мазкур таҳқиқотӣ буда, ба таърихи як деҳа бахшида шудааст. Аммо дар мавриди топоними “хуҷӣ”, ки номи деҳ аст ва вожаи “сайл”, ки номи ҷашни миллист, таваққуфи бештар шудааст. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки мақолаи мазкурро дар китоб ҷой диҳем.
— Дар оянда барои идомаи таҳсил чӣ нақшаҳо доред, манзур ба кадом донишгоҳ ҳуҷҷат супориданиед?
— Барои дар куҷо таҳсил кардан ҳоло ба хулосаи аниқ наомадаам, аммо дар дил орзуи рӯзноманигор шуданро мепарварам. Чунки рӯзноманигорӣ ҳарчанд пешаи мушкилу заҳматталаб бошад ҳам, пешаи пуршарафест, ки аз кас дақиқназарӣ ва нуктасанҷии зиёдро талаб мекунад. Агар нафаре хоҳад, ки бидуни таҳсил дар донишкадаву донишгоҳҳои олӣ, надонистани ду-се забони хориҷӣ, истифодаи дурусти интернет ва васоитии техникии компютериву иттилоърасонӣ, надоштани мутолиаи фарох дар матбуоти даврӣ ва китобу адабиёти зарурӣ рӯзноманигор шавад, ба ҷони худу дигарон ҷабр мекунад. Чунки як таҳлили нодуруст ё нашри як хабари носанҷида метавонад боиси нооромии кишвар ё барангехтани иғво гардад, ба обрӯ ва ҳаёти нафаре ё нафароне таҳдид кунад…
— Аз китоби тозанашр ва адабиёту манобеи зиёди дар он истифодакардаи Шумо маълум мегардад, ки мутолиаи фарох доред, яъне, бисёр китоб мехонед. Аз китобхонаи мактаб истифода мебаред ё аз китобхонаи деҳаатон?
— Мутаассифона, ба чунин иқдомҳо китобхонаи мактаб талаботи муҳаққиқро қонеъ карда наметавонад ва ташнагии шадиди толиби илмро шикаста наметавонад. Китобдори китобхонаи деҳаро аксар вақт дар ҷои кораш ёфтан имкон надорад. Яъне, баъди даҳҳо маротиба рафтани хонанда ё китобдорро дар китобхона намеёбад ё китобро. Китобхонаи марказии ноҳия низ китобҳои лозимаро доро нест.
— Пас, аз куҷо адабиётро дастрас мекунед?
— Ман асосан адабиётро бо ду роҳ дастрас менамоям: аз китобхонаҳои шахсии муаллимони собиқадор ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
— Шумо узви Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳастед?
— Бале, ҳастам. Охирон хонаи умеди ман он ҷост. Яъне, китобҳоеро, ки дастрасиашон дар деҳаву ноҳия бароям мушкил мешавад, аз Китобхонаи миллӣ дастрас мекунам. Чунки дар Китобхонаи миллӣ тамоми шароит барои хонандагон муҳайё карда шудааст. Ин ҳам албатта аз иқдомоти Роҳбарияти Олии кишвар, хусусан, Пешвои муаззами миллат аст, ки барои ташнагони илму фарҳанг фароҳам овардаанд.
— Ҳоло аз адабиёти электронӣ бештар истифода мебаранд. Шумо низ аз ин навъи адабиёт истифода мекунед?
— Албатта. Аллакай дар китобхонаи электронии хеш зиёда аз сад китоб дар самти забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва таърихро захира дорам ва истифода менамоям. Агар хизматрасонии электронии китобҳо дар китобхонаҳои мактаб, деҳа ва ноҳия ба роҳ монда мешуд, то хоҳишмандону дӯстдорони китоб аз онҳо истифода мекарданд, хуб мешуд.
— Барои дигар хонандагон чӣ гуфтанӣ доред?
— Албатта, дар ин давру замон касе касеро ба коре маҷбур карда наметавонад. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки дар мактабҳои оливу миёна усулҳои ҷалбсозии наврасону ҷавононро ҷиҳати мутолиаи китоб ба роҳ мондан лозим, то дар вақтҳои холигӣ ба китобхонаҳо рӯ оранду ба китобхонӣ машғул гарданд. Ҷавононе, ки ба китобу китобхонӣ ва эҷоду таълиф рӯ меоранд, ташвиқу тарғиб ва руҳбаланд карда шаванд, то ҳамчун олимону донишмандон ва ихтироъкорону навофарони оянда рушд намоянд ва дар пешрафту тараққиёти Ватани азизамон ва муаррифии миллати бофарҳангу дорои таърихи куҳан доштаамон саҳмгузор бошанд.
— Барои суҳбати пурмуҳтаво сипосгузорам ва дар эҷоду таълифоти нав ба наватон барору муваффақият хоҳонам!
Мусоҳиб: Умед ПУДИНАЕВ
Ассалому алайкум. Ман бо ин писар чӣ гуна ҳамсуҳбат шуда метавонам. Рақами телефонашро доред? Ё ки рақами телефони маро ба ӯ дода наметавонед?
+992889992022