Мусоҳибаи журналист Раҷаб Мирзо бо раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров
“Вақти маъракаҳои сиёсӣ Худованд ба ман қувват медиҳад”
Ҳар интихобот раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ягон “изҳороти сахт” анҷом медиҳад. Ин дафъа низ, аввал Шумо гаравпулиии интихоботиро ғайриқонунӣ эълон кардед, баъдан тартиби ташкили Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро (КМИР). Интихоботи президентии соли 2006 —ро низ ҲСДТ ғайриқонунӣ хонда буд. Ин гуна бархӯрдҳо ба маъракаҳои сиёсӣ аз мавқеи принсипиалии ҳизбатон бармеояд, ё танҳо барои муаррифиву аз худ дарак додани Шумову ҳизбатон мусоидат мекунад?
—Ин гуна мавқеъгириҳои мо ба ҳич ваҷҳ ба маънои танҳо аз худ дарак додан нест. Ҳар изҳорот сабабҳои худро дорад. Дар интихоботи президентии соли 2006 назари мо ин буд, ки президенти вақт дигар ҳуқуқи иштирок дар ин маъракаро надорад. Зеро пас аз тағйиру иловаҳои воридшуда ба Конститутсияи Тоҷикистон дар соли 1999, муҳлати президентиро ҳафтсола карданду қарор шуд, ки як кас як бор метавонад номзад бошад. Тағйиру иловаҳои воридкарда дар соли 2003 бошад, аллакай ба президенти амалкунанда иртибот намегирифт.
Аммо дар интихоботи парлумонии соли равон чӣ иттифоқ пеш омад? Ман 3-юми декабри соли гузашта, пас аз сафари хориҷи кишвар ба Тоҷикистон омадам. Бо қонунгузорӣ шинос шудам ва гуфтанд, ки қонун “Дар бораи КМИР” қабул шудааст. Ҳамчунин ба ҳамаи қонунҳои интихоботӣ тағйирот ворид кардаанд. Узвияти аъзои ҳизбҳоро аз КМИР манъ намудаанд. Рӯзи 7-уми декабр президент интихоботро эълон намуд. Мо ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизбро баргузор намуда, ҳамаи масъалаҳоро баррасӣ кардем. Маълум шуд, ки аъзои раёсати ҳизби мо дар бораи дигаргуниҳои қонунӣ дарак надоранд. Аз ин ҳолат фақат раисони ҳизбҳое огоҳ будаанд, ки дар парлумон намоянда доранд. Аммо ҳатто аъзои онҳо низ бехабар будаанд. Зеро ин маълумотҳо дар ҷое нашр нашуда буд. Дар раёсати ҲСДТ назарҳо дугуна буд. Як қисми аъзо мегуфтанд, ки бояд интихоботро таҳрим (байкот) кунем, қисми дигар ҷонибдори иштирок буданд. Ман ва як гуруҳи дигари аъзои Шӯрои сиёсӣ истодагарӣ мекардем, ки аз таҳрим мо манфиате намегирем, беҳтар аст дар интихобот иштирок кунему ҳизбро муаррифӣ намоем. Ҷаласа ба як қарори умумӣ наомад ва тасмим гирифта шуд, ки пас аз 5 рӯз дубора ҷамъ мешавем. То ин замон ман ҳам бо қонунгузорӣ як бори дигар ошноӣ пайдо кардам. Пас аз омӯзиш маълум гашт, ки ин тағйироти вориднамуда ба Созишномаи ИДМ ва дастурҳои САҲА (ОБСЕ) мухолифат доранд. Қонун “Дар бораи КМИР” ҳам танҳо пас аз эълони интихобот амал карда метавонад. Аммо ҳайати нави КМИР пеш аз ин қонун интихоб шудааст. Яъне заминаи ҳуқуқӣ надошт. Ин қонун ба ҳайати КМИР, ки соли 2015 интихоб шуда буд, дахл карда наметавонад. Ҳайати пешинаи КМИР танҳо бояд пас аз эълони интихобот пароканда мешуд ва ҳайати нав интихоб мегардид. Зеро онҳо дар асоси қонуни дигар ва ҳайати нав дар асоси қонуни нав амал мекунанд. Пеш 15 нафар узви КМИР буданд, ҳоло 7 нафар. Бо ин сабабҳо мо КМИР -и навро ғайриқонунӣ гуфтем. Дар бораи гаравпулии интихоботӣ бошад, мо ариза ба Суди конститутсионӣ намудем. Аммо дар ариза як иштибоҳи техникӣ доштем- чун ба қонуни интихобот тағйирот сурат гирифтаасту иқтибоси мо аз қонуни куҳна будааст. Аммо Суди конститутсионӣ маҳз ба ин нукта таваҷҷуҳ кардаасту моҳияти масъаларо, ки аз ҳама муҳим аст, сарфи назар намудааст. Инро адолати судӣ гуфтан имкон надорад. Бинобар ин асосҳо, гуфта метавонам, ки эътирозоти мо танҳо ва танҳо аз мавқеи принсипиалии мо бармеоянд.
Аммо бубинед, Шумо дар ҳоле аз мавқеи принсипиалии худ мегӯед, ки соли 2007 бо гузашти як сол аз интихоботи ба қавлатон “ғайриқонунӣ”, аз президент дархост намудед, ки курсии вазирии адлияро ба Шумо пешкаш кунад. Аз ин ҷост, ки ҳоло дар бораи нуқсҳои қонуни интихоботӣ мегӯед, бархе доираҳо ба ин назаранд, ки Зойиров ва ҳизбаш танҳо ба василаи чунин изҳоротҳо аз худ дарак доданисту бас. Вагарна чаро масъалаи гаравпулиро маҳз дар давраи интихобот ба баррасӣ гузоштанист, на пеш…
-Масъалаи гаравпулиро мо се маротиба, солҳои 2009, 2010 ва 2015 баррасӣ намудаем ва талаб пеш гузоштем. Чаро пас аз интихоботи ахир накардам? Зеро дар интихоботи соли 2015 ман қарздор шудаму маҷбур ба хориҷи кишвар барои кор рафтам, то қарзҳоро баргардонам. Яъне то соли 2018 анқариб дар Тоҷикистон набудам. Соли 2019 бошад, тақрибан барои ман соли табобатӣ буд. Саломатиам ба дараҷае бад буд, ки мегуфтам дигар дар интихоботҳо ширкат намекунам. То ба ҳадде, ки ба як нотариуси шиносам васият кардам, ки молу мулкамро байни зану фарзандон аз рӯи адолат тақсим намояму пас аз ман байни онҳо норозигие пеш наояд. Шукри Худо аз августи соли гузашта, саломатиам барқарор шуд. Зимнан, вақти муборизаҳои сиёсӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ Худованд бароям қуввае медиҳад ва худро бардам ҳис мекунам. Он чи ки ба пешниҳод ба курсии вазирии адлия дахл дорад, ман гуфтам ин мансабро барои 500 рӯз ба ман диҳанд, то хоҷагии ҳуқуқии Тоҷикистонро ба низом дарорам. Пас аз ин муҳлат, маро, агар дигар хоҳиш ҳам мекарданд, дар мансаб боқӣ намемондам. Ин мавқеи ман ҳамчун ҳуқуқшинос буд, ки бояд таъиноти иҷтимоии худро иҷро мекардам, на ҳамчун раиси ҳизб ва сиёсатмадор.
Хуб, ин гуна мавқеъгирӣ метавонад барои як ҳуқуқшинос мавқеи принсипиалӣ бошад. Аммо барои як сиёсатмадор чӣ? Дар дунё сиёсатмадорон аз ин гуна ҳолатҳо ба манфиати худ истифода мекунанд, то ҳукуматро муттаҳам карда тавонанд…
—Дар муборизаҳои сиёсӣ чунин ҳолатҳо метавонанд ҷо дошта бошанд. Аммо масъалаҳое ҳаст, ки хислати умумимиллӣ дошта, ба тамоми кишвар ва мардум дахл мекунад. Дар ин гуна ҳолатҳо ҳар як сиёсатмадори бовиҷдон манфиатҳои миллиро аз гуруҳӣ ё ҳизбӣ болотар мегузорад.
Аммо, фикр намекунед ваколатҳои вазири адлия, ки Шумо хостори он будед, аз ваколатҳои мушовири калони ҳуқуқии президент, ки то соли 2003 будед, камтар аст ва агар маҳз ҳамин масъалаҳоро ҳал карданӣ будед, чаро дар он мақом наистодеду истеъфо додед?
—Аз нигоҳи таъиноти сохторӣ ваколатҳои вазири адлия аз мушовири калони ҳуқуқии президент даҳ маротиба болотару самараноктаранд. Вазири адлия на танҳо ҳуқуқи ташаббусгузорӣ дорад, балки хеле истиқлол ҳам дорад аз нигоҳи ҳуқуқӣ. Аммо мушовири калони президент ягон салоҳияти татбиқкунандаву амаликунанда надорад. Танҳо тавсияву машварат дода метавонаду бас. Дар истиллоҳоти русӣ мафҳумҳои “надзор” ва “контрол” аст, ки дар тоҷикӣ ҳардуро “назорат” тарҷума кардаанд. Аммо ба назар гиред, ки вақте прокурор назорат мекунад, ӯ салоҳияти ягон чиро бартараф кардан надорад. Аммо суд ҳамин корро мекунад, вале бо ҳалномаи худ метавонад ҳама чиро бекор намояд. Фарқияти байни мушовири калони президент ва вазири адлия дар ҳамин аст. Машваратҳои мушовирро қабул мекунанд, ё не, ин масъалаи хусусист, на ҳуқуқӣ, аммо вазир ҳаққи баровардани қарори мустақилонаро дорад. Бубинед, замони ду соли мушовириам ман ҳудуди 70 пешниҳодҳо кардам, аммо ягонтои онҳо қабул нашуд. Фаромӯш накунед, ки вазири адлия мақоми асосии ҳуқуқӣ натанҳо дар Ҳукумати Тоҷикистон, балки дар миқёси эҷоди қонунҳо, барои додани хулосаву пешниҳодҳо ба ҳисоб меравад. Ягон лоиҳаи қонуни ҳуқуқи ташаббускории ҳукумат бе хулосаи вазири адлия қабул намешавад. Ҳарчанд аз рӯи номенклатура мушовири калони президент ба вазир ва мушовири давлатии президент бо муовини сарвазир баробар аст. Роҳбари дастгоҳ бо муовини аввали сарвазир мувофиқат мекунад. Мушовири президент бо муовини вазир. Аз рӯи ин номенклатураҳо раиси як ҳизби сиёсии Тоҷикистон бо муовини сарвазири мамлакат баробар меояд. Аммо муносибати воқеӣ дар мо чунин нест. Ин таҷрибаи ҷаҳонист. Масалан, дар Британияи Кабир, агар сарвазир лидери ҳизби ҳоким бошад, ҳизби оппозитсионӣ дар рӯ ба рӯи ӯ нишаста баҳси баробар мекунанд. Ин чунин маъно дорад, ки дар давлатҳои пешрафта ҳизби оппозитсионӣ сатҳу мақоми баланде дорад ва метавонад иштибоҳоти ҳукуматро ислоҳ намояд, ки ин ба манфиати ҳамагон аст. Ҳатто ба ҳизбҳои мухолифи заиф имкон фароҳам меоранд, ки амал карда тавонанд.
“ҲСДТ аз ҳизби мухолиф будан ифтихор дорад!”
Пас, саволе пайдо мешавад, ки мухолиф будан дар Тоҷикистон чӣ маъно дорад? Инро барои он маҳз аз Шумо мепурсам, ки дар доираҳои таҳлилӣ маҳз аз ҲСДТ ба сифати ҳизби мухолифи воқеӣ ёд мешавад, на аз 5 ҳизби дигар. Гуфта мешавад, ки то соли 2005 дар Тоҷикистон ҳади ақалл 3 ҳизби мухолиф буд, аммо баъд танҳо монд ҲСДТ…
—Соли 2004 вақте мо “Эътилофи интихоботи шаффофу демократӣ”-ро таъсис додем, дар мамлакат 6 ҳизби сиёсӣ буд ва аз онҳо чортояш ба ин эътилоф шомил буд. Танҳо коммунистҳо худро нейтрал эълон карданд ва ҳизби ҳоким танҳо монд. Ин ҳолат ҲХДТ-ро ба тарс овард ва дар натиҷа дар дохили Ҳизби демократ ва сотсиалист ихтилофи сунъӣ ба вуҷуд оварданду онҳоро одамони рӯ ба ҷониби худро дар онҳо ворид карда, аз худ намуданд ва 2 ҳизби дигар, яъне Ҳизби аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодиро сохтанд. Ҳоло бошад мо, яъне ҲСДТ дар ҳамон ҳолати соли 2005 -и ҳукумат қарор дорем, яъне танҳо. Он чи ки дахл мекунад ба мафҳуми “мухолиф” будан, ҲСДТ фахр мекунад, ки ин рисолатро иҷро мекунад. Таърихи ҷомеаҳо нишон додааст, ки ягон давлат бе мухолифин солим буда наметавонад. На танҳо дар сиёсат, ҳатто дар илм ҳам, агар оппонент набошад, илм сатҳӣ ва фасод аст. Дар оила ва иқтисод ҳам чунин аст. Агар нерӯи мухолиф набошад, гармония нест ва тавозун аз байн меравад ва адолати иҷтимоӣ барҳам мехӯрад. Мутаассифона, дар мо тариқи идеологияи ноҷо вожаи “мухолиф”-ро бо “ҷанг”, “нооромӣ” ва зуҳуроти манфӣ баробар кардаанд. Ин дуруст нест. Аз ин хотир, ҲСДТ дар платформаи пешазинтихоботии худ махсус зикр кардааст, ки мо фаъолияти созанда дорем, на сӯзанда.
Воқеан, чанд сол пеш инҷониб матлабе доштам дар ин бора, ки асосгузори давлати Исроил аз идеологҳои худ мепурсад, ки барои давлати қавӣ кардани мо чӣ намерасад, яке посух медиҳад: фоҳишаҳо! Ӯ мегӯяд, агар барои устувориву қавӣ кардани давлат зарур аст, “фоҳишаҳоро созед”! Дар назардошт бо ҳолати доштаи мухолифин дар Тоҷикистон ман чанд сол пеш пешниҳод кардам, ки барои барҳам задани ин нофаҳмиҳо ва як чеҳраи мусбат арзёбӣ кардани мухолифон, Тоҷикистонро зарур аст, ки қонун ”Дар бораи оппозитсия” —ро қабул намояд. Назари Шумо чист?
—Қабули чунин қонун айни муддао мебуд. Мо 13-уми январи соли 2001- дар анҷумани ғайринавбатии ҲСДТ Консепсияи “Фаъолияти оппозитсионии конструктивӣ”-ро қабул карда будем. Дар ин замина мо лоиҳаи қонун таҳия карда, ба парлумон пешниҳод намудем. Ин декабри соли 2004 буд. Мутаассифона, он аз коргузории парлумон “гум” шуд. Соли 2009 бори дигар ба ин мавзӯъ баргаштем, аммо гуфтанд, ки бояд пеш аз ин рӯйхати интихобкунандагонро тартиб диҳанд ва қонунгузории вобаста ба интихоботро танзим намоянд, пас бармегарданд ба мавзӯи қонун “Дар бораи мухолифони созанда”. Соли 2015 гуфтанд, ки пас аз интихобот ба он бармегардем, вале бо сабабҳои дар боло зикркарда ман дар Тоҷикистон набудам ва ҳамин тавр ин мавзӯъ то ҳол муаллақ боқӣ мондааст. Аммо лоиҳаи қонун дар дасти ман ҳаст. Дар маҷмӯъ, аз рӯи плаформаи интихоботӣ мо 22 лоиҳаи қонунро таҳия кардаем ва зиёда аз 30 тағйироту илова ба қонунҳову Конститутсия. Яъне мо ба ин интихобот на танҳо бо барномаи назариявӣ, балки барномаи амалӣ ва стратегӣ ворид мешавем.
Аммо ҳамаи айбро ҳам дар масъалаи мухолифин намешавад ба уҳдаи ҳукумат гузошт. Масалан, дар 29 соли истиқлолият нерӯҳои мухолиф натавонистанд худро ба сифати як нерӯи муташаккил намоиш диҳанд. Натавонистанд ба ҳам биёянд, ҳамоҳанг бошанд, эътилофе ташкил намоянд. Баръакс, дар баъзе ҳолат ин эътилофҳо боис ба ихтилофи байни ҳизбҳои оппозитсионӣ гашт. Чаро?
—Ду сабаб аст. Аввалан, ҳоло ҳизбҳои сиёсӣ манфиатҳои гуруҳии худро аз манофеи умумӣ боло медонанд. Дувум, дар лаҳзаҳои тақдирсоз аз принсипҳои аз аввал қабулшуда, бо сабабҳои гуногун худро канор мегиранд. Мо таҷрибаи се эътилофро дорем. Эътилофи якум, дар интихоботи президентии соли 1999 буд ва сабаби парокандашавии он ин буд, ки 2юми сентябри ҳамон сол қайди давлатии ҳизби моро бекор карданд ва эътилоф фаъолияти худро дигар зарур надид. Ҳол он ки ин эътилофи қавие буд, ки дар он шахсиятҳои пурнуфузе мисли Қувват Султону дигарон ҳамроҳ буданд. Эътилофи дувум, соли 2004 пеш аз интихоботи парлумонии соли 2005 буд. Дар натиҷаи ин эътилоф аввал ҳизби сотсиалистро гуруҳбозӣ намуда, дар дохилаш ихтилоф ба вуҷуд оварданд. Ва дувум, пас аз эълони натиҷаҳои пешакии интихобот Ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунист, ки то ҷое бо мо буд ва мо изҳорот пахш карда будем, ки натиҷаҳои интихоботро қабул надорем, дар як шаб барои ин ду ҳизб чандфоизӣ овоз пайдо шуду онҳо бо ворид кардани номзадҳояшон натиҷаҳои интихоботро пазируфтанд. Эътилофи сеюми мо соли 2012 дар пешорӯи интихоботи президентии соли 2013 барои таҳияи қонуни нави интихоботи президентӣ ташкил шуд. Мо дар ин доира ҳизбҳои сиёсӣ ва унсурҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандиро ҷамъ овардем. Он номи дигар дошт: “Эътилофи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ”. Дертар ба назди мо намояндаҳои ҲНИТ, ки он вақт ҳизби расмӣ буд, омадаву гуфтанд, ки беҳтар аст дар доираи як эътилоф ҷамъ биёем. Манзурашон Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ном эътилофе буд, ки мехостанд ташкил намоянд. Аз 53 субъекти дар ин эътилоф ҷамъшуда, ки дар байнашон танҳо ду ҳизби сиёсӣ буд, зиёда аз 30 субъект ҷонибдори ҲСДТ буд. Ҳуҷҷату асноди заруриро дар идораи мо баррасӣ мекардем, аммо барои ҷаласа аз идораи онҳо истифода мекардем, чунки мо толори баргузории чунин ҷамъомадҳоро дар идораамон надоштем. Баҳс ё ихтилофи байни мо танҳо рӯзи охирин иттифоқ афтод. Зеро то он рӯз тасмим ин буд, ки номзадии маро ба президентӣ пешниҳод мекунанд. Вале рӯзи охирон пас аз ҷаласаи Шӯрои сиёсиашон аллакай гуфтанд, ки мо каси дигарро пешниҳод мекунем. Барои мо ҷолиб буд, ки ҳоло тасмими ниҳоӣ гирифта нашуда, аллакай рӯзе пеш Саидюнуси Истаравшанӣ дар сомонаи худ хабар пахш кард, ки номзади ягонаи нерӯҳои мухолиф Ойниҳол Бобоназарова мешавад. Рӯзи ҷаласаи ниҳоӣ низ онҳо пештар ҷамъ омада будаанду маслиҳат мекунанд, ки ба Зойиров сухан намедиҳему Бобоназароваро пешниҳод мекунем. Аллакай пеш аз ҷаласа ҳам Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва ҳам Маҳмудҷон Қосимов бо ман сахтгӯиро сар карданд. Ҳоҷимуҳаммад Умаров низ дар бораи ким чизҳои дигар суҳбат мекунад. Пурсидам, ки маслиҳатамон чунин набуд, ки номзадии ду нафарро пешниҳод мекунем, ҷаласа ба ҷонибдории касе овоз диҳад? Саволам бе посух монд. Ба толори ҷаласа даромадем. 5 нафар баромад карданд, аммо ба ман сухан намедиҳанд. Кабирӣ ниҳоят ба саволи ман ҷавоб доданӣ шуд, ки гӯё ҳалли ин масъаларо ба Шӯрои ҳамоҳангсозӣ водор карда бошем. Ҳол он ки чунин тасмим набуд. Хулоса, номзади пешниҳодкардаи онҳо гузашт барои пешбарӣ. Мо анҷумани худро бо душворӣ баргузор намудем ва гуфтем, ки ин интихоботро қабул надорем. Ҳамон вақт гуфта будам, ки мо бо ҲНИТ ягон вақт эътилоф намекунем ва дар бораи ягон аъзои ин ҳизб, ки он вақт баста нашуда буд, мусоҳиба намедиҳам. Новобаста аз ҳолатҳои ихтилофнок ин се эътилоф барои оянда таҷриба шуд.
“Агар дар интихоботи президентии соли 2013 Зойиров номзад мешуд…”
Барои ҷомеа шояд ин ихтилофи байни Шумо чандон ҷолиб набошад. Мардум то ҳол ба ин савол ҷавоб нагирифтанианд, ки масалан, агар номзади ягона он вақт на Бобоназарова, балки Зойиров мешуд, оё чизе тағйир меёфт?
—Ҳади аққал мо овозҳои заруриро ҷамъ карда метавонистем. Тибқи маълумоти бадастовардаи мо тасими ҲНИТ барои пешниҳоди як бону дар дохили онҳо низ ихтилофро ба вуҷуд оварда буд ва аз ин хотир ҷамъоварии имзо ҳам дар сатҳи зарурӣ набуд. Нафароне аз ҲСДТ низ барои ин мавқеъгирии онҳо намехостанд дар маъракаи имзоҷамъоварӣ ширкат намоянд. Савум, гуруҳҳои бетарафе вуҷуд доштанд, ки дар сурати пешбарии номзадии ман миқдори зиёди имзоҳоро ҷамъ намояд. Яъне гапи асосӣ сари ҷамъоварии имзо буд. Агар ин кор сурат мегирифт ва ман номзад мешудам, аллакай барномаи мушаххаси шакли иштирок ва шеваи бархӯрдро дар даст доштам.
Оё Шумо бовар доштед, ки дар сурати ҷамъ овардани овозҳо низ бо низоми интихоботии амалкунанда раъйи мардумро ҳимоя карда метавонистед?
—Фикр мекунем масъалаи асосӣ дар ташкили комиссияҳои интихоботист. Масалан дар Амрико комиссияҳоро дар асоси баробарӣ намояндаҳои ду ҳизби пешбар ташкил мекунанд. Дар мо бошад, онро имсол “беҳизбӣ” карданд. Агар ҳукумат интихоботи баробар мехоҳад, бояд ҳавзаҳои интихоботиро дар асоси номзадҳои баробари ҳизбҳои сиёсӣ ташкил мекард.
Вале интихоботи асосӣ дар қитъаҳои интихоботист ва ҳукумат мегӯяд, ки бисёрии ҳизбҳо имкони дар ҳамаи қитъаҳо пешниҳод кардани номзадҳои худро надоранд…
—Бигзор аҳзоб дар ҳамаи қитъаҳо ҷонибдор надорад. Аммо онҳо имкон доранд аз ҳисоби одамони бетараф номзад пешниҳод кунанд барои қитъаҳо. Дар он сурат имкон дорад, ки қитъаҳои интихоботӣ беҳизбӣ бошанд, на мисли ҳоло, ки муаллимону раисони ҷамоатҳоро ҳукумат чун шахси “бетараф” пешбарӣ мекунаду онҳо ба манфиати ҳизби ҳоким кор мекунанд.
Ихтилофи Шумову ҲНИТ, ки он вақт ҳоло мамнӯъ набуд, то дараҷае шиддат дошт, ки баромади пешазнтихоботии Шумо дар ТВ- вақте ишора кардед, ки набояд ба сиёсикунонии ислом роҳ дод, дар доираҳое мисли ниқорталабӣ қабул шуд ва ҳатто гуфтанд, ки дар ин кор ҳукумат даст дораду ба василаи ин изҳорот ҲСДТ дар интихоботи парлумонии соли 2015 соҳиби як курсӣ мешавад…
—Не, суханронии ман танҳо барои суистифода нашудани дини мубини ислом дар муборизаҳои сиёсӣ равона шуда буд. Ҳарчанд аз нигоҳи фалсафаи худ ислом ҳамеша сиёсат дорад, аммо он хос ба ҷомеаҳои исломист. Дар ҷомеаҳои ғайр аз ин, сиёсикунонии ислом танҳо зарар ба даст меояд.
Новобаста аз ин гуна тафсиру тахминҳо интихоботи парлумонии соли 2015 барои ҲСДТ бо шикаст анҷом шуд. Яъне камтарин овози мардумро аз рӯи маълумоти КМИР маҳз ҳизби Шумо соҳиб гашт. Аз ин бештар, пас аз интихобот чанд аъзову ҷонибдори ҳизбатон ба мушкилоти ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ шуданд. Аз ҷумла, як нафар дар Қурғонтеппа ва ҳамчунин қазияи давомдори Шуҳрат Қудратов. Ин гуна бархӯрд бо ҲСДТ нав ҳам нест. Пас аз интихоботи парлумонии соли 2005 ҳам ду нафар— раҳматии Файзинисо Воҳидова ва Бахтиёр Насруллоев як муддат пушти панҷара буданд. Ин гуна бархӯрд бо намояндаҳои ҳизбатонро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
—Хулосаи аввалу асосии мо ин аст, ки дар Тоҷикистон ҳоло заминаҳои интихоботи демокративу шаффоф вуҷуд надорад. Дигар, ҳарчанд дар банди аввали Конститутсия Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эълон шудааст, аммо омилҳои давлати иҷтимоӣ ҳар солу моҳ камтар мешавад. Бубинед, дар дебате, ки радиои “Озодӣ” ташкил кард, ман пешниҳод намудам, ки биёед намояндаҳои 5 ҳизби дигар дебати дуввумро дар парламент ташкил кунем. Ба ин асос ҳам ҳаст, чун 5 ҳизби дигар дар парламент намоянда доранд. Ҳарчанд раиси фраксияи парлумонии ҲХДТ ин даъватро пазируфт, то ҳол мо барои баргузории чунин дебат дар парлумон даъват нашудаем.
Ягон номзади ҲСДТ ҳич гоҳ дар парлумон вакил набуд. Аммо Шумо боре дар як мусоҳибаатон гуфтед, ки 38 ҷонибдори ҳизбатон дар парламенти солҳои 2010-15 ҳузур доранду номи онҳоро намегӯед. Имрӯз шояд шарҳ медиҳед ин иддаоро?
Он бештар рабт мегирад ба маҷлисҳои шаҳриву ноҳиявӣ. Аммо дар 8 ҳавзаи интихоботӣ барои Маҷлиси намояндагон дунафарӣ рақиби ҳам аз шогирдону ҷонибдорони мо буданд, ки аз кадоме ҷонибдорӣ кардани моро мушкил мегардонд. Бовуҷуд, масалан дар Конибодом ман ба хотири принсипу арзишҳои ҳизбӣ аз Шокирҷон Ҳакимов дастгирӣ кардем, на аз шогирди дигарам.
“Зойировро муҳаррики асосии мухолифин мепиндоранд”
“Ҳуҷум” ба ҳизбҳои сиёсӣ аввал аз ҲСДТ сар шуд. Манзурам “занакҳуҷумҳоест”, ки ба идораатон вақти ҷаласа зада даромаданд. Баъд дар ҳизбҳои дигар он дар шакли “тухмшаппак” ва ҳолатҳои дигар иттифоқ афтод. Фикр намекунед, ки ин ҳама ба хотири заиф нишон додани аҳзоби мухолиф буд, то ҷомеа бубинад, ки онҳо аз худ дифоъ карда наметавонанд?
—Масъалаи асосӣ ин буд, ки дар чеҳраи мо лидер ва муҳаррики (генератори) асосии нерӯҳои сиёсиро медиданд. Аз рӯи хулосаи онҳо, ҳатто дар бархе тасмимгириҳои ҲНИТ ҳам мо даст дошта бошем гӯё. Баъзан вақт хабарҳое паҳн мешуданд, ки ба ҷони Шумо суиқасд ҳам сурат гирифтааст…
—Ин гуна ҳолатҳо дар 5 соли ахир 8 бор шуд. Бори охир ноябри соли 2017 сурат гирифт ва агар сагам бо номи “Ҷозиба” намешуд, эҳтимол ҳоло ман бо Шумо сӯҳбат анҷом дода наметавонистам. Ҷарроҳии охирини гирифтаам низ марбут ба ҳамин ҳолат буд. Ҳамаи ҳуҷумҳои ба ман суратгирифта, ташкилӣ ва фармоишӣ буданд. Ҳатто муфаттишон портрети тахминии ҷинояткоронро сохтанӣ нашуданд. Ё онҳоеро барои шиносоӣ меоварданд, ки умуман дар ин ҳодисаҳо иштирок надоштанд. Дар натиҷа парвандаҳоро қатъ карданд.
Новобаста аз ин гуна мушкилот, соли 2018, вақте анҷумани навбатии ҲСДТ баргузор шуд ва масъалаи истеъфои Шумо пеш омад, гуфтед, ки ҳоло вақти истеъфо нест. Манзуратон чӣ буд?
—Ин масъалаи дохилиҳизбист. Ҳоло аз ин сӯҳбат истифода намуда, ман изҳор менамоям, ки дар анҷумани навбатии соли 2023 даъвои раисӣ нахоҳам дошт ва ҳар аъзои фаъоли ҳизб бояд номзади арзандаи худро пешниҳод кунад. Барои мо меъёр як чиз аст: содиқ будан ба арзишу принсипҳои ҳизбӣ! Аммо он замон чаро ба истеъфо нарафтам? Зеро аксари аъзои Шӯрои сиёсӣ гуфтанд, ки агар Зойиров аз раисӣ меравад, мо ҳам меравем. Яъне он вақт имкони парокандашавии ҳизб пеш меомад ва барои ҳамин ман истеъфоро ба миён нагузоштам. Ҳоло дар ҳизб чанд нафаре дорем, ки метавонанд раисии онро ба ӯҳда бигиранд. ҲСДТ аз ҳизбҳои дигар бо чанд махсусият фарқ мекунад. Яъне он ҳизби маҳалгароёну шиносбозҳо нест. Ҳатто ман ҳамчун раиси ҳизб дар сафи он як ҳамшаҳру ҳамсинфу хешу табор надорам. Дигарҳо ҳам. Ба сафи мо аз рӯи арзишҳо ва эътиқод мепайванданд. Ҳамчунин аз рӯи симпатияи шахсӣ ба ин ё он нафар. Гуфтаниам, ки раиси ояндаи ҳизб бояд ин вижагиҳоро ба назар гирад. Аз ҳама муҳимаш, бояд демократияи дохилиҳизбӣ риоя шавад.
Воқеан, баъзан Зойировро “агенти Ӯзбекистон” мегӯянд, пеш аз интихоботи президентии соли 2013 гуфтанд, ки аз ҷониби шахсияти таъсиргузори Русия қабул шудаву фаромиши онҳоро иҷро мекунад. Аввалан ин сару садо то куҷо ҷо дорад. Ё, вақте ин гуна сару садоро мешунавед, худро нафари таҳқиршуда ҳисоб мекунед? Ё шояд аз он ифтихор мекунед, ки шахсияти таъсиргузоре ҳастед, ки дар хориҷи кишвар сиёсатмадорҳои қавӣ бо Шумо ҳамкор ҳастанд?
—Пеш аз интихоботи парлумонии соли 2005, ки сару садои аввал пайдо шуд, онро дигар хел қабул мекардам. Маълум шуд, ки қисман онҳоро ҳукумат ташкил мекунад, қисман гурӯҳҳои ҳархелаи дигар- яъне бадхоҳони мо ва ҳадафашон дар ихтилофоти вуҷуддоштаи байни кишварҳо истифода кардан аз номи мо буд, то дар назди ҳукумат моро ҳарчӣ гандатар кунанд. Хоса соли 2009, вақте масъалаи саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун пеш омад ва ман ба саҳмияхарии мақомоти давлатӣ, суду прокурорҳо муқобилияти ҳуқуқӣ кардам.
Чун сӯҳбат сари нерӯгоҳи Роғун омад. Ҳоло масъалаи фурӯши саҳмияҳои он расонаӣ мешавад. Шумо чӣ мавқеъ доред?
—Воқеиятро бояд пазируфт. Замони фурӯши саҳмияҳо ин маънои хусусигардонии нерӯгоҳи “Роғун” -ро дошт. Ҳамон вақт гуфта будам, ки агар саҳмияҳоро мефурӯшед, бояд талаботи Кодекси гражданӣ риоя намоед, шӯрои директорон таъсис диҳед, арзиши объектро нархгузорӣ намоед. Яъне талаботи қонунгузорӣ дар бахши саҳмияҳо таъмин гардад. Дар маҷмӯъ, ҳоло бархӯрд бо нерӯгоҳи Роғунро қабул надорам, аммо аз воқеиятҳо низ сарфи назар карда намешавад. Бубинед, тақрибан 1 миллиард доллар аз мардум пул ҷамъ шудааст. Ҳарчанд расмияти ҳуқуқӣ надорад, вале 10 сол боз ба сифати ҷамъияти саҳҳомӣ амал мекунад. Новабаста ба ин, ҳамчун ҳуқуқшинос мегӯям, ки саҳмияҳои харидаи мансабдорони давлатӣ бояд бекор карда шаванд.
“Дар Русия 2, 3 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаст”
Шумо низоми дуқабатагии парламенти Тоҷикистонро низ қабул надоред. Бо чӣ далел?
—Маҷлиси Миллӣ танҳо вазифаи маҳдуднамоии Маҷлиси намояндагонро дорад. Гуфта наметавонам, ки сенат ё палатаи болоии парлумон ба низоми давлатдорӣ халал мерасонад, балки назари мо ин аст, ки он ба фаъолияти эҷоди қонун маҳдуд мекунад.
Аммо таъсиси парлумони дуқабата ин талаботи Созишномаи сулҳ буд ва фикр мекунам он бештар ҷанбаи сиёсӣ дошт. Манзури мухолифони вақт аз таъсиси ин ду қабати парлумон, тавре баъдан инро гуфтанд, ин буд, ки президент Раҳмонро мутмаин созанд, ки пас аз рафтанаш аз роҳбарии давлат ҳамчун президенти собиқ узви Маҷлиси Миллӣ боқӣ мемонад ва як умр ҳуқуқи дахлнопазирӣ хоҳад дошт…
—Оре, оппозитсия шояд мехост ба қавле президентро фиреб диҳад. Аммо ба мақсад нарасиданд.
Масъалаи дигаре, ки дар платформаи Шумост, ин ҷудо будани Президенти Тоҷикистон ва раиси Ҳукумати Тоҷикистон аст. Инро бо чӣ асоснок мекунед?
—Бубинед, агар президент танҳо сарвари давлат бошад, мисле, ки дар Русия ва бархе кишварҳои дигар ҳаст, ӯ вазифаҳои сарвари давлатро ҳамаҷониба иҷро карданаш мумкин. Аммо вақте президент ҳамчунин раиси ҳукумат мешавад, ин бархӯрди ҳуқуқӣ дорад. Зеро сарвари давлат ва раиси ҳукумат бояд шахсиятҳои ҷудогона бошанд. Ин гуна ҳолат ба таҷзияи ҳокимияти давлатӣ низ мувофиқат намекунад. Аз ин нуктаи назар, мо фикр мекунем Тоҷикистон ба як ислоҳоти конститутсионӣ зарурат дорад.
Зимнан, Русия, ки ҳоло ислоҳоти конститутсионӣ анҷом медиҳад, мехоҳад нақши парлумон ва ҷомеаи шаҳрвандиро бештар намояд дар мисоли Шӯрои давлатӣ. Агар дар Тоҷикистон имкони ислоҳоти ҳамчунин мешуд, чӣ пешниҳодоти мушаххас доштед?
—Ба фикри ман, Тоҷикистон ҳамоно ба институти қавии президентӣ ниёз дорад. Аммо бо бартараф кардани ихтилофоти ҳуқуқӣ. Масалан, вақте Президенти Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси ҳукумат аст, паём медиҳад, ба ин ҳуқуқ надорад. Путин барои он ҳамчун роҳбари давлат паём медиҳад, ки раиси ҳукуматаш каси дигар аст. Яъне дар бархӯрди ҳуқуқӣ ин масъалаи ҷиддист, чун шахси паёмдиҳанда бояд ба ҳокимияти иҷроия дахл надошта бошад. Дар ин ҳолат мустақилияти шохаҳо таъмин мегардад. Аммо вақте ҳама салоҳиятҳо дар дасти як нафар аст, ин корро анҷом додан имконнопазир аст.
Ҷузъи асосии платформаи пешазинтихоботии ҲСДТ ин ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёст (ЕАЭС). Яъне Шумо аллакай паҳлӯҳои заифу қавии ин воридшавиро медонед? Чун дигарон мегӯянд бояд ин ҳамаро омӯхт…
—Мо ба ин масъала аз замони ЕврАзЭС дар соли 2007 мутаваҷҷеҳ шудем ва мавқеи худро мушаххас кардем. Соли 2010 вақте Иттиҳоди гумрукӣ таъсис ёфт ва баъдан Фазои ягонаи иқтисодӣ номаш ниҳоданд. Аз соли 2014, вақте шартномаи ЕАЭС қабул шуд, мо мавқеи худро гуфтем. Баъдан солҳои 2015 -17 низ. Яъне ин мавқеъро мо аз пеш доштем ва онро ҳамаҷониба омӯхтем. Ман омори вобаста ба муҳоҷиронро ҷиддан омӯхтам. Он чи ки президент дар паёми худ дар бораи теъдоди муҳоҷирон шумораи 496 ҳазорро гуфт, хизмати хирсонаи мақомоти омор аст. Путин мегӯяд тибқи маълумоти ӯ 1,2 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Русия қарор доранд. Аз рӯи ҳисоби мо ҳатто омори Президенти Русия низ ғалат аст. Аз рӯи омори шаҳрвандони рафтаву бозгашта, ки мо дар даст дорем, ҳоло дар ин кишвар 1 миллиону 860 ҳазор шаҳрвандони мо будубош доранд. Мо инро дар таносуби шаҳрвандони рафтаву бозгаштаамон аз рӯи омори расмии Тоҷикистон дарёфтем. Бар илова, мо ҳисоботеро ҳам дар ихтиёр дорем, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтааст. Танҳо соли гузашта 45 000 нафар. Аз рӯи омори гуногун шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд, аз 420 ҳазор то 610 ҳазорро ташкил медиҳад. Бархеҳо фикр доранд, ки ин 420 000 — 610 000 нафар низ ба ҳисоби умумии шаҳрвандони дар Русия қарордоштаамон дохил мешаванд. Не, онҳо вақте мақоми шаҳрвандӣ гирифтанд, аз рӯйхати муҳоҷирон берун карда мешаванд. Вобаста ба ҳамаи ин оморҳо, ба ҳисоби миёна дар Русия 2 миллиону 350 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд. Вобаста ба бурду бохти Тоҷикистон аз воридшавӣ ба ин иттиҳод 3 нуктаро таъкид мекунам. Якум, хароҷоте, ки муҳоҷирони меҳнатии мо дар Русия барои расмиёт харҷ мекунанд, 130 -150 миллиард рублро (беш аз 2 миллиард доллар) ташкил медиҳад. Воридшавии Тоҷикистон ба ЕАЭС ин пулро ба дохил таъмин менамояд. Дуюм, бархе ҳизбҳо мегӯянд, ки манфиатҳои муҳоҷиронро набояд аз манофеи миллӣ ва давлатӣ болотар гузошт. Ба фикри ман, имрӯз ҳимояи муҳоҷирони меҳнатӣ муҳимтарин манфиати миллист. Масъалаи дигар таъмин бо ҷои кор аст. Ҳукумат мегӯяд ҳамасола 100 ҳазор ҷои кори нав ташкил мекунад. Агар ба ин омор ҳам бовар кунем ва онро бо шумораи хатмкунандагони мактабҳои миёнаву олӣ муқоиса намоем, (ҳамасола 120 ҳазор нафар мактабҳои миёна ва 60 ҳазор нафар мактабҳои оливу махсус) ҳудуди 200 ҳазор ҷои кор зарур аст. Пас ин 100 ҳазор бояд куҷо кор кунанд? Он 100 ҳазори гуфтаи ҳукумат ҳам, то куҷо ҷои кори доимӣ ва сазовор аст? Барои ҳамаи шаҳрвандони қобили меҳнатро дар ватан ҷои кор додан, 30 -40 сол даркор. Ин ҳама моро водор мекунад, ки ба ЕАЭС ворид шавем.
Гуфтед, ки ба шаффофияту риояи адолат дар интихобот бовар надоред. Аммо, агар дар ин маърака ҳам ҲСДТ ҳизби парлумонӣ нашавад, фикр намекунед эҳтимоли аз байн рафтанаш пеш биёяд?
—Ин хавф таҳдид мекард, агар интихоботро таҳрим (бойкот) эълон мекардем. На танҳо бо бархӯрди ҳукумат гирифтор мешудем, балки аъзои худро низ рӯҳафтода мекардем ва шояд як қисмаш аз ҳизб хориҷ мешуд. Ҳоло дар маърака ворид мешавем ва нишон медиҳем, ки мо ҳизби ҳақиқатпараст ва принсипиалием. Дар ин сурат, ҳатто агар моро вориди парлумон накунанд ҳам, ин барои мо бохт нахоҳад буд. Мо мутмаинем, ки агар шаффофияту қонуният панҷоҳ фисад риоя шавад, ҲСДТ 3 -4 номзади худро ба парлумон ворид мекунад. Бубинед, мо ба ҳама аъзову ҷонибдоронамон тавсия додем, ки дар ҳавзаҳои якмандатӣ аз номи ҳизб номзад нашаванд. Худпешбарӣ бошанд ё аз рӯйхати ҳизбӣ баромад кунанд. Ин барои муаррифии мо беҳтар хоҳад буд.
Як масъалаи нозук вобаста ба теъдоди умумии интихобкунандагон дар Тоҷикистон. Ин гуна рӯйхат нест. Ҳатто муҳоҷирони меҳнатии мо дар Русия мешавад гуфт, ки ду овоз доранд. Яке ин ҷо ва дигаре дар Русия. Талаботи қонунгузории Тоҷикистон ин аст, ки дар интихобот, агар 50% интихобкунанда ширкат кард, он баргузоршуда аст. Ба фикратон беҳтар нест, мисли кишварҳое чун Австрия интихоботро барои мардум маҷбурӣ бояд кард, ё муқарароти панҷоҳфисадаи интихоботи баргузоршударо аз байн бояд бардошт?
Ман ҳарду вариантро қабул надорам. Барои мо меъёри демократӣ пазируфташуда мебошад. Яъне устувории ҳокимияти халқ. Фикр мекунем, то ин талаботи конститутсионӣ пурра риоя нагардад, мушкилоти интихоботи тақаллубӣ дар мо боқӣ мемонад. Ин чунин маъно дорад, ки халқ ва одамон вақте ҳис карданд, ки овози онҳо қадр дорад ва чизеро тағйир медиҳад, соҳиби ватан аст, шояд ба чизе даст ёбем. Танҳо дар он сурат, ҳарф задан мумкин аст, ки мушкилоти сунъии интихоботӣ аз байн хоҳад рафт.
Дар интихоботи пешорӯи президентӣ ширкат карданиед?
—Дари ҲСДТ ба ҳама номзадҳои эҳтимолии президентӣ, ки имкон ва хоҳиш доранд, кушода аст. Шарт нест, ки номзад ҳатман аъзои мо бошад. Аммо имконоту зарфиятҳои номзадҳоро ҳатман ба назар мегирем. Аз ҳама муҳим барои мо ин ҷонибдории номзад аз принсипҳои ҲСДТ аст.
Шумо гуфтед, ки пас аз интихоботи гузаштаи парлумонӣ зарари зиёди молиявӣ дидед. Ҳоло раиси ҲСДТ дар эъломияи дороиаш чӣ дорад?
—Аз рӯи эъломия дар 5 соли ахир ман дар Тоҷикистон маош нагирифтаам. Маоши гирифтаамро ҳамчун муҳоҷир берун аз ватан ба қарзҳои бонкиам пардохт намудам. Ба номи ман як хона, як ҳавлӣ як мошин ҳуҷҷат шудааст. Мошинро ҳоло ба гарав гузошта, гарави интихоботӣ пардохт кардем.
Шумо, ҳамчун раиси ҲСДТ ба интихобкунандагон чӣ гуфтаниед?
-Якум. Барои ҲСДТ манфиатҳои ҷомеа аз ҳама дараҷаи олӣ, аз ҳар гуна манфиатҳои ҳизбиву гуруҳи авлавият дорад. Бинобар ин ҳар касе, ки ба ҲСДТ раъй медиҳад, якум — барои худаш, дуюм — барои оилааш, сеюм — барои маҳаллаву ҷамоати худ, ҷаҳорум — барои беҳбудии иқтисодии қишвар ва панҷум — барои ояндаи Тоҷикистони демокративу муосиру муваффақ, раъй медиҳад!
Дуюм. Агар мо, номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз руйхати ҲСДТ- вакил интихоб шавем, мо, бо салоҳият манфиати тамоми қишрҳои иҷтимоии кишварро ҳимоят карда метавонем. Аз интихобкунандагони арҷманд, хоҳиш мекунам, ки ба ҲСДТ, ки таҳти № 6 ба Бюллетенҳои раъйдиҳӣ ворид карда шудааст, бовар кунед ва ба ҲСДТ № 6 раъй диҳед!
Сеюм. Аз ҳама муҳимаш, ҳама ба интихобот биёанд! Ба ҲСДТ №6 раъй диҳанд!