Гуфтумони ихтисосии Мазбут Қосимов дар атрофи  унсурҳои имрӯзаи шеъри тоҷик, тафаккур дар шеър, тасвир дар шеър ва умуман баъзе паҳлӯҳои шеъри имрӯзи тоҷик бо Давлати Раҳмониён – шоири хушном, мутафаккири тоҷик ва масъули бахши назми маҷаллаи адабии “Садои Шарқ”.

— Устоди азиз, дар тӯли таърих шеър пайванд ба андеша дошт ва ба назари шумо шеъри имрӯз то чӣ андоза ба андеша пайванд аст?

— Бале, он ашъоре, ки дар таърих зинда монданд ашъори шоирони соҳибандеша аст. Яъне, шеър як тасвири холӣ нест ва як қасди урён нест. Дар шеъри асил агар ҳолат вуҷуд дошта бошад, андеша дар он шакл мегирад. Яъне пухта мерасад ва шоир маҷбур аст, ки он андешаашро баён бикунад. Аксари вақт нахуст андеша ба вуҷуд меояд ва дар қолаби шеър вобаста ба дараҷаи ҳунари шоир шакл мегирад. Шеър бе андеша вуҷуд надорад. Имрӯз ҳатто шеъре, ки танҳо аз тасвир иборат аст, бисёр ба назар мерасад. Ҳатто адабиёте низ дида мешавад, ки танҳо ба хотири адабиёт аст.

Адабиёт дар Шарқ аслан аз шеър иборат аст. Агар шеъре, ки ба ҳаёти мардум дархӯр набошад он шеър моли адабиёт шуда наметавонад, чунки дархӯри дарди ҷомеа нест. Шеър дар ҳолате метавонад дархӯри ҷомеа бошад, ки он андешаи созанда дошта бошад. Чунки андеша метавонад ҳам созанда бошад ва ҳам сӯзанда (вайронкунанда). Албатта ин ба ҳиммат ва ҷойгоҳи шоир бастагӣ дорад. Яъне шоир рисолати худро чӣ гуна дармеёбад, ки ӯ бояд чӣ корро анҷом диҳад. Оё ӯ барои ҷомеа қасд ва нақшаи муайян дорад? Қасди эҷодии шоир дар доираи андешааш сурат мебандад. Чунки андеша чизе нест, ки худ ба худ ба вуҷуд биояд. Андеша дар натиҷаи таҷрибаи зиндагӣ, шикасту рехтҳои зиндагӣ ва зарбаҳои зиндагӣ метавонад ба вуҷуд биояд. Масалан, агар шоир рӯҳан зарб хурда бошад андешааш низ маъюб мешавад. Дар гузашта шоирҳое буданд, ки андешаҳои худро пинҳон медоштанд ва дар натиҷа шеърҳояшон низ пинҳон мемонд. Ин гуна шеърҳо барои дарёфтани ҳақиқати он асрҳо асос мебошанд. Масалан, агар адабиёти садаи XX-и Русияро бигирем андешаҳои Барис Пастернак дархӯри ҷомеаи ҳамонвақта набуд. Аммо имрӯз ӯ барои асари бисёр густурдааш “Доктор Живаго” барандаи ҷоизаи Нобел гардид. Замон дар он вақт ҳақ дошт, ки онро аз чоп боздорад, аммо он моли адабиёт буд, ҳаст ва мемонад. Баъдтар, вақте ки як ҷомеаи таноқуз ба вуҷуд омад, яъне ҷомеаи давронсозӣ ва дар натиҷаи дигар гаштани андешаҳо он ҳамчун як романи қаҳрамонона шинохта шуд. Пас, андешаи зоянда бояд дархӯри вақти худаш бошад. Яъне шоир агар тарбиятгар бошад, мисли ҳазрати Саъдӣ Шерозӣ вай бояд вобаста ба доираи донишу тавони ҷомеа таълим диҳад.

Шоир бояд ибнулвақтӣ, яъне шоири замон, аср ва насли худ бошад.  Дуруст аст, ки агар он андешаи зоянда бошад, барои асрҳои дигар мисли андешаи Ҳофиз, Бедил, Мавлоно, Саъдӣ ва дигарон ба кор меравад. Аммо шоир бояд бидонад, ки чӣ кор карда истодааст ва барои асри худаш чӣ карда метавонад? Яъне қасди ӯ муайян ва конкрет бошад. Албатта аз нигоҳи мардум ин беҳтарин варианти эҷод аст.

— Дар асл мардуми тоҷик ба шоир ё адиб чун ба як шахси хирадманд, ҳаким, тарбиятгар ва соҳибандеша назар мекунанд. Аммо имрӯз бархе адибон ва шоирон чунин боварии мардумро аз даст додаанд. Сабаб дар чист? 

— Имрӯз воситаҳои тарбия зиёд гардидаанд. Ба китоб як гурӯҳи ками ҷомеа сари кор мегирад. Имрӯз воситаҳое ба вуҷуд омадаанд, ки инсон аз хона истода ба мақсади таҳсилиаш расида метавонад. Агар мо ҷомеаро гунаҳкор кунем маънии онро дорад, ки мо аз он қафо мондаем. Аммо шеър ҳеҷ гоҳ асолати худро гум намекунад.

Ба шеър баҳои сирф омӯзанда додан ҳам нодуруст аст. Аслан рисолати шеър омӯзандагӣ нест, магар ки қасди шоир омӯзандагӣ набошад. Имрӯз як нафарро шумо агар бо шеър насиҳат кунед, аз шумо меранҷад. Ҳатто агар дархӯри ҳолаш бошад вай мувофиқат намекунад ва ҳазорон далели дигар меорад, ки ин навъ шеър хусусияти омӯзандагӣ надорад.

Имрӯз дар шеър фардият шакл гирифтааст. Яъне ҳар одам ба сари худ як адабиёт, ҷомеа, оила ва як ҷамъият аст. Барои чӣ? Барои он, ки инсон имрӯз он ҳама воситаҳоро зери даст дорад. Одамон имрӯз бештар ба худ такя мекунанд. Бинобар ин, шеър ҳам вобаста ба замон заҳнӣ гардидааст. Зеҳнияти шеър аз ноилоҷӣ аст. Имрӯз хонанда он шеъреро мехонад, ки дархӯри завқаш бошад.

— Пас, чаро имрӯз ҳам ба эҷодиёти шоирони классик ҳамчун андеша ва сухани бехалал бисёр эҳтиром мегузоранд ва онро ҳамчун як ҳикмати воқеӣ мепиндоранд?

— Шоирони гузаштаи мо бисёр ҷанбаҳои васеи омӯзанда доштанд. Бинобар ин, сухани онҳо мондагор буд. Аввалан онҳо аз китобҳои осмонӣ огоҳии хуб доштанд. Баъдан онҳо аз анвои ҳунари шоирӣ огоҳии комил доштанд, ки суханашон бехалал аст. Онҳо аз таҷрибаҳои таърих барои худ сабақ гирифтанд. Онҳо аз фалсафаи башарӣ огоҳ буданд. Яъне онҳо дар баробари фалсафаи Қуръонӣ фалсафаи Инҷил, Рим, Чин, Ҳинд, Юнони қадим ва ғайраро фаро гирифта буданд.  Онҳо инро бо таълимоти Қуръонӣ андозагирӣ мекарданд. Яъне онҳо дунёи тафаккурии бисёр бойе доштанд, ки метавонистанд ҳақро аз ноҳақ ва бадро аз нек ҷудо бикунанд ва он чизе, ки дархӯри дарди ҷомеа аст баён бикунанд. Имрӯз чӣ гуна як шоир метавонад ҳамаи он илмҳоро фаро бигирад. Аксари шоирони имрӯз ҳарфи Қуръонро хонда наметавонанд.

Агар мо бихоҳем, ки тамаддуни хоса дошта бошем, бояд ба суннат ва гузаштаи худ пайванд бошем. Масалан, пешниҳоди наҷиби Пешвои миллат дар бораи ҳунарҳои мардумӣ, ин танҳо дастгирии ҳунари мардумӣ ё нишон додани чанд намуди ҳунар нест, балки ин бозгашт ва шинохти асолат аст. Мо бояд бори дигар ба решаҳои худ назар кунем, то имрӯз миллати соҳибтамаддун гардем. Ба тамаддуни мо дигарон бояд назари мусбӣ дошта бошанд. Имрӯз 70 фисади тамаддуне, ки аз Ғарб бар  мо интиқол мешавад, худи ғарбиҳо низ бар он назари манфӣ доранд, аммо барои мо онро муаррифӣ мекунанд. Чунки ҳар миллате қасди таҳаввули хосаро дорад. Ҳар миллат мехоҳад, ки абарқудрат бошад ва ҳукмаш бар болои дигар миллатҳо раво бошад.

— Дар шеъри имрӯз ҳуввияти миллии мо то кадом андоза инъикос мегардад?

— Аксари онҳое, ки имрӯз шеър мегӯянд он ҳайсият ва он  ҷойгоҳеро надоранд, ки барои касе ё ҷомеа сухан бигӯянд ва суханашон таъсиргузор бошад. Чунки онҳо низ дар ҳадди тафаккури ҷомеа қарор доранд. Бояд шоир хирадманд, соҳибилм ва назару андешааш аз ҷомеааш хеле ва хеле пешрафта бошад, то ки сухани ӯ барои пешрафти ҷомеааш коргар бошад.

— Оё гуфта метавонед, ки имрӯз низ чунин шоироне дорем?

— Албатта мо ин гуна шоиронро низ дорем, ки суханашон таъсиргузор аст ва ҷомеа низ ба сухани эшон гӯш меандозад, лекин инҳо дар ҳадди андаканд. Имрӯз мебинем ва  огоҳӣ дорем, ки тафаккури адибон ва шоирон аз ҳадди тафаккури як зиёӣ поёнтар асту боло нест. Онҳо дар сари масоиле баҳс мекунанд, ки ҳоҷате ба баҳс надорад. Имрӯз барои аз танзим берун кардани иҷтимоъ масоиле ба баррасӣ кашида мешавад, ки дар он аксари шоирон ва мутафаккирони кишвари мо низ ширкат мекунанд. Имрӯз моро бо ҳам меангезанд, ки бо сабаби дурандеш набудан ба он домҳо гирифтор мешавем. Фазои маҷозӣ барои душманони миллати мо имкониятҳои зиёд дорад, ки моро метавонанд даст ба гиребон кунанд. Шоире, ки агар он муттафаккир, сиёсатдон, ҷомеашинос ва аҳли андеша бошад, дармеёбад, ки дар кадомин маврид бояд сухан бигӯяд. Шоир бояд барои таҳаввул ва пешрафти миллаташ фикр кунад. Шоир бояд бидонад, ки кадом сухан бояд гуфта нашавад. Расули акрам (с.а.с.) гуфтаанд, ки: “Аз бисёри ҳақоиқ дониста бояд хомӯш бошем”. Яъне ҳақиқатҳое ҳаст, ки онҳо фитна меангезанд. Пас, он дар маҷоли мо набошад ва беҳтар аст, ки мо сари он суҳбат накунем ва бовари мардумро аз даст надиҳем.

— Ба назари Шумо бовар ва эҳтироми мардум то чӣ андоза барои шоир муҳим аст?

— Бояд гуфт, ки эҳтиром ва бовари мардум ин аз бузургтарин доштаҳои шоир мебошад. Шоир бояд чӣ аз меъёри фарҳанг, дониш, ахлоқ, рафтор ва он нормаҳои ахлоқие, ки ҳаст як шахсияти истисноӣ бошад. Мардум чӣ гунае, ки ба суханаш диққат медиҳанд ба зиндагиаш низ ҳамон гуна диққат медиҳанд ва аз он натиҷагирӣ мекунанд. Фловер дар ин бора як гапи хуб гуфта буд. Ӯ мегуфт, ки вақте як шоир ё адиб шуҳратманд мешавад, монанди одами урён аст, ки дар як саҳнаи пуродам ҳузур дорад ва бояд шармгоҳи худро пинҳон бикунад. Шоир бояд сухане гуфта битавонад, ки сабаби таҳаввули башараш бигардад. Албатта таҳаввули созанда ва арзишманд. Як сухани шоир метавонад оламро оташ бизанад ва ё оташро шуълавартар бисозад. Онҳое, ки имрӯз давъвои шеър мекунанд ва навиштаҳои хоми худро ба қавле дар фазои интернетӣ ҷой медиҳанд, бояд эҳтиёт шаванд. Чунки ҷомеа ҳаматарафа ба шоир ё адиб аҳамият медиҳад ва медонад, ки сухани киро гӯш кунад ва кӣ шоири ӯ аст. Яъне ҷомеа дар интихоб озод аст.

— Оё гуфта метавонед, ки аз кадом давра ба шеър нобоварӣ ё беаҳамиятии ҷомеа пайдо шуд? 

— Аз замоне, ки шоирони мо берун аз ҳуввият ва тафаккури хосаи мо эҷод карданд.

Бояд гуфт, ки ин танҳо сабабҳои зеҳнӣ надорад. Бархе адибон ба беаҳамиятии ҷомеа нисбат ба эҷоди онҳо худи ҷомеаро гунаҳкор мекунанд, ки шахсан ман ба ин розӣ  нестам.

— Чаро? Шоир гунаҳкор аст ё хонанда?

— Дар гузашта андак теъдоди китоб 10 000 нусха  буд. Яъне дар гузашта аз 10 ҳадди аққал 1 нафар ҳатман дастрасӣ ба китоб дошт. Яъне имрӯз шеър ё умуман адабиёт то хонанда намерасад.  Ба фазои интернетӣ низ аз 100 нафар як нафар дастрасӣ дорад. Дастрасӣ ба интернет дар кишвари мо мушкилотҳои зиёд дорад. Ба ҳар ҳол, нисбат ба даҳсолаи пештар мардум ба шеър аҳамият медиҳанд. Имрӯз ҳатто шеърҳое, ки ноқис аст дар фазои интернетӣ харидор доранд. Яъне мардум новобаста ба шакли зоҳирӣ муҳтавои онро муҳокима мекунад. Аксари мардум намедонанд, ки дар шеър вазн чӣ аст. Ин ҳам математикаи олӣ аст. Аксари  устодони сухани муосири миллати мо вазнро то охир наомӯхтанд. Ман аз ин нигоҳ ба муҳтавои шеърҳо аҳамият медиҳам. Ба назари ман, мардум агар ба адабиёт дастрасӣ дошта бошанд, ҳатман мехонанд. Ман ҳам дар шабакаи интернетӣ саҳифа боз кардаам, ки баъзан шеъри тозаэҷодамро ба он мегузорам ва мушоҳида мекунам, ки мардум ба ҳамон навъе, ки ман мехостам ва ҳатто аз хостаи ман зиёдтар баҳо медиҳанд. Қасди маро дар шеър рӯшантар дарёфтаанд. Пас чӣ гуна гуфта мешавад, ки имрӯз мардум соҳиби  тафаккур нестанд ва шеър намехонанд? Имрӯз шеъри мо дастраси ҷомеа нест. Яъне аз шеър дур шудани ҷомеа сабабҳои зоҳирӣ дорад на зеҳнӣ. Вагарна фазои маҷозӣ ба исбот расонид, ки мардум шеърро дӯст медоранд ва ҳар пораи эҷодие, ки ирсол мешавад, хонандаи худро меёбад.

— Агар мушоҳида карда бошед аксари он шеърҳое, ки ба воситаи шабакаҳои интернетӣ дар саҳифаҳои махсус паҳн мегарданд, тафаккури созанда надоранд.

— Мо наметавонем, ки ҳама ҷанбаҳои адабиро яку якбора баҳо бидиҳем, лекин хосагии ҳунар ҳатман ҷойгоҳи худро доро мебошад ва бояд, ки ҳар миллат адабиёти худро дошта бошад. Масалан, дар даврони Шӯравӣ фарҳанг умумӣ буд, аммо ҳар миллатро бо адабиёт ва унсурҳои хосаи худаш мешинохтанд. Дар он замон яке аз ҷанбаҳои мусбии сиёсати вақт он буд, ки кулли адабиёт дар маҷмӯъ “маданияти сотсиалистӣ”-ро ташкил медод. Аммо ҳар миллат бояд дар ривоҷи маданияти сотсиалистӣ саҳми худро мегузошт. Шӯравӣ метавонист, ки аз пайи манқуртӣ биравад ва тамаддуни русиро ба сари миллатҳои дигари сотсиалистӣ бор бикунад, аммо роҳбарони Шӯравӣ ва зиёиёни он мардуми нодон набуданд. Онҳо ба назокати миллӣ даст назаданд ва онро эҳтиром карданд. Бинобар ин, сиёсати шӯравӣ бисёр сиёсати баргузида буд.

Дар шеър андешаи зоянда ва барои миллат муаассир муҳим аст. Агар мо аз тамаддуни касе ё миллати дигаре андешаҳои мусбиро меёбем, ки ба дарди мо низ мехӯрад айни муддао мебошад. Яке унсури аз ҳама муҳимми шеър забон аст.  Забон мисли дарё аст, ки хасро берун мекунад ва гавҳарро дар он нигоҳ медорад.

— Ҳоло ниёзҳои миллӣ ва руҳонии ҷомеа кадом аст?

— Имрӯз нафароне низ ҳастанд, ки ниёзҳои миллии худро боз дар шакали густурдатар дармеёбанд ва мехоҳанд, ки ин миллат ҳамчун як тоҷик боқӣ бошад ва дар пешрафти башарият саҳм бигирад. Дар баробари ин нафароне низ ҳастанд, ки мехоҳанд дар заминаи тамаддуни ғайритоҷикӣ тамаддун бунёд кунанд. Масалан имрӯз 80 фисади тамаддуни Русия аз Аврупо гирифта шудааст. Зиндагӣ, маишат ва тафаккури бештари русҳо тақлид ба аврупоиҳост, лекин русҳо ҳаргиз дар паи инкори Пушкин нестанд. Ягон рус, ки ҳатто бо чандин забон ҳарф бигӯяд ҳам, ҳуввияти худро ҳимоя мекунад. Яъне мо мутаассири тамаддуни башарӣ бошем, маънои онро надорад, ки тамаддуни худро инкор кунем ва аз рӯи инкори худ гуё бузург шавем. Агар ҳамон ҳайсият ва ҳуввият дар мо зинда бошад, мо ҳатто дар меъёри тамаддуни ҷаҳон метавонем ворид гардем.

— Имрӯз мо ҳамон  ҳуввияти миллии худро ҳифз карда метавонем?

— Дарди миллии мо низ ҳамон аст, ки мабодо ҳуввияти аслии мо аз даст наравад. Ҳатто таъсири фарҳанге, ки аз берун аст, метавонад барои шинохти ҳуввият барои мо хидмат кунад. Ба шарте, ки мо онро ба сифати мусбӣ истифода карда тавонем. Саёсати вақт ҳамеша як баҳонаеро муҳайё мекунад, ки мо як дафъа ба ҷониби худ нигоҳ кунем. Сиёсат — сиёсати миллӣ аст ва он метавонад тамаддуни миллиро, аз забон сар карда, то ба фарҳанг, адабиёт, таърих ва ғайра ҳимоят бикунад. Лекин чи хуш он фарзанде, ки дар ҷавҳар ва хуни худ он ҳама ҳуввиятро дошта бошад, ки  боиси таҳаввули минбаъдаи мо гардад.

— Шеър ва умуман адабиёти имрӯзи кишвари мо аз чӣ бояд пок бошад? Чуноне, ки имрӯз мушоҳида мекунем, дар шеър баъзе унсурҳои бегона, ба монанди фаҳшо ва ғайра роҳ ёфтаанд. Ҳатто баъзе шоирони ҷавон дар шеърашон инсонро ба беномусӣ даъват мекунанд.

— Ба шеър ва адабиёти форсӣ андешаҳои фаҳшо бояд роҳ наёбад, чун ин адабиёт аз саргаҳаш бо зебоипарастӣ ва муҷассам кардани покӣ пойдор буд.

Дар дунё забони форсӣ – тоҷикӣ ва адабиёти форс —  тоҷикро ҳамчун як унсури зебоӣ шинохтаанд. Дар адабиёти мо сухан дар боби зебоӣ аст. Ҳар андешаи адабиёти гузаштаи  мо инсонро ба сӯи одам будан ҳидоят мекунад. Вале имрӯз мебинем, ки дар эҷодиёти бархе ҷавонони мо фаҳшо ҷой пайдо кардааст. Албатта дар ин кор нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд ба адабиёти поку зебои мо чунин андешаҳоро ворид бикунанд. Ин як навъ ба осиёби мухолифон ва душманони миллат об рехтани шоири имрӯз аст. Онҳо бар ин назаранд, ки чаро мо бояд чизи дар олам вуҷуд доштаро нагӯем. Бале, дар дунё бисёр чиз ҳаст, вале шоир бояд ҳадди худро бидонад, ки чиро ва ба чӣ хотир  бояд бигӯяд ва чиро ва ба кадом хотир бояд нагӯяд. Андеша, сухан ва қасди эҷодии ӯ бояд меъёр дошта бошад. Ин гуна норасоӣ бештар дар насли ҷавон дида мешавад. Масалан, эҷодиёти насли даврони ман поку зебо аст. Албатта ман насрро дар назар надорам, чунки андешаҳои зишт дар наср буд  ва ҳаст. Имрӯз кӣ аз хондани шеъри Озари Салим лаззат намебарад? Ғазалаш муҷассамаи зебоӣ аст ва ҳар суханаш қасди муайян дорад. Осори насли каме болоии мо Сиёвуш, Рустами Ваҳҳоб, Фарзона ва дигарон намунаи зебоӣ аст. Вақте эҷодиёти онҳоро мехонед дунёи ботиниатон рангоранг мешавад, инсон ба сӯи зебоӣ майл мекунад. Яъне мо парвардаи охири шӯравӣ ҳастем.  Шӯравие, ки имрӯз мо онро танқид мекунем, чунин наслҳои бузургро тарбия кард. Устод Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор, Гулрухор ва дигаронро ҳамон ҷамъият ба вуҷуд овард.

— Ба диди Шумо имрӯз то кадом андоза шеъри се кишвари ҳамзабон, яъне Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон аз ҳамдигар фарқ мекунанд?

— Албатта фарқияти зиёд доранд. Масалан, дунёи шеъри Афғонистон аз дунёи шеъри Тоҷикистон ва Эрон хеле тафовути зиёд дорад. Чунки онҳо имрӯз дар ҳаёти сангин ба сар мебаранд. Дарди онҳо бисёр шадид аст. Аз ин сабаб, дар шеъри онҳо нолаву фиғон бештар дида мешавад.  Шеъри асили Тоҷикистон шеъри созанда, тафаккурӣ ва мавзӯӣ мебошад. Шеъри Тоҷикистон ҳидоятгари ояндаи рӯшан аст. Аммо шеъри Эрон як шеъри мудерн аст. Ҷанбаи зоҳирии шеъри Эрон хуб аст, аммо ҷавҳари маънавияш ба шеъри тоҷик баробар шуда наметавонад. Ин суханро солҳои 50-уми асри гузашта Нимо Юшиҷ низ баён кардааст. Суҳроби Сипеҳрӣ низ мегӯяд, ки шеъри мавзӯӣ дар шеъри тоҷик пешрафтатар аст нисбат ба шеъри Эрон. Шоир бо интиқол додани тафаккури зоянда метавонанд миллатро зина ба зина ба сӯи боло ва тамаддунсозии навин бибаранд.

— Устоди азиз, вақте қалам ба даст мегиред ва шеър эҷод мекунед пеш аз ҳама дар бораи чӣ фикр мекунед?

— Аз давроне, ки қалам ба даст гирифта, ба эҷод пардохтам, пеши худ меъёр гузошта будам, ки шеъри эҷодкардаи ман ақаллан ба дарди худи ман дархӯр бошад. Оё ман ҳамчун як ҷузви ҷомеа ҳақи гуфтани ҳамон дардро дорам ё на? Агар бигӯям ин сабаби дилшикастагии хонанда мешавад ё чизи дигар? Аз рӯи ин меъёр садҳо шеъри эҷодкардаамро  нобуд кардам, яъне даронидам. Виҷдонам нагузошт, ки дарди ҷузъии ман дар шеърам инъикос гардад ва барои хонанда пешниҳод карда шавад. Ман шоири дард ҳастам. Яъне шоир бояд дардро ба хотири даво кардан бигӯяд. Аммо шоироне низ ҳастанд, ки дарди худро ба ҷомеа интиқол медиҳанд. Яъне дарди худро чун беморӣ ба ҷомеа мегузаронанд. Алҳазар аз чунин дард. Воқеан дар ҳамаи давр шеър шеъри дард аст, аммо он бояд дарди созанда, шифодиҳанда ва огоҳкунанда бошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here