“Ҳама масти хоб. Шабҳангом осмони ситоразор ялтос мезанад. Аҳёнан ғангоси мошинҳо сукунати кӯчаҳоро вайрон мекунаду ба зудӣ хазонбаргҳоро титу пит месозад. Шамоли серун ҳам чизҳои сабуки рӯйи заминро тагурӯ мекунад. Субҳ надамида, аллакай садои хиширишири ҷорӯби холаи рӯбанда шунида мешвад”. Ҳамин манзара аз кори ҳаррӯзаи рӯбандаҳост. Шоҳид шудаед, ки чашми рӯз накафида, дар кӯчаҳои Душанбе занҳои норинҷипӯш ба тараддуди тозагӣ меафтанд. Ростӣ, заҳмати онҳо аксар вақт паси парда мемонад. Хостем, ки аз заҳмати шабонарӯзии рӯбандаҳо бохабар шавем. Биноан, шуруъ аз соати 4 бо умеди вохӯрӣ ба роҳ баромадем ва онҳоро дар айни кор дида мондему бо чанд тан аз онҳо суҳбат орстем, ки инак фишурдаи онро манзуратон мегардонем.

 Соат 04:25. Вохӯрӣ бо холаи Тобон ҳангоми ҷорӯбзанӣ дар гардиши “Наврӯзгоҳ

— Саҳари барвақт рӯфтурӯб кардану дар ҳаракат будан ба саломатии Шумо фоида мерасонад?

— Гузаштагонамон мегуфтанд, ки агар саҳар хезӣ, аз ҳавои тоза сер мешавӣ! Ҳозир хурду калон барои саломатӣ медаванд. Мо ҳар саҳар мебинем, ки сафи давандаҳои калонсол ҳам зиёд шудааст. Онҳо фақат бадани худашонро обутоб медиҳанд. Лекин кори ман, аз як тараф, барои беҳбудии саломатиам нақш бозӣ кунад, аз тарфи дигар, барои ҷамъият ҳам фоида меорад.

— Ба гуфтаи одамони корзада, коратон дилгиркунанда нест?

— Кори мо дилгиркунанда нест. Ҳар рӯз вазъият нишон медиҳад, ки мо аз паси кадом кор меравем. Ҳатто замин побел мекунем, хишова ҳам мекунем, ҳаматарафа ҳастем гӯем, хато намешавад. Ҳозир вақти хазонрез, рӯзе ду маротиба низ мебароем.

— Дар расонаҳои хабарӣ оид ба фоҷиаи як рӯбанда, ки соати 4 дар маҳаллаи 33-юм ҳангоми рӯфтан ба даруни чоҳи интиқоли оби гарм афтодааст, хабар паҳн шуд. Шумо дар ин қазия кӣ ва чиро айбдор медонед?

— Аввал ин ки, дар ин саҳарӣ ниҳоят боҳуш будан даркор, бояд дуюмдараҷа, масъулин даҳони қубурро маҳкам мекарданд. Дар он ҷо на фақат коргарҳои мо, балки ягон рогузар ҳам афтоданаш мумкин аст. Шунидани ин ҳодиса дар бадани ман мурғак давонд. Ба ин воқеа онҳое бояд ҷавоб диҳанд, ки уҳдадориҳояшонро иҷро накардаанд.

Соат 08:16. Вохӯрӣ бо холаи Муҳаббат ва ҳамкоронаш ҳини танаффусашон дар истгоҳи Ҷазира”

— Оё вақти кориатон тамом шуд?

— Мо аз соати 2-и саҳар то 5 қади роҳро мерӯбем. Соат ки 8 шуд, омада рӯйи сабза об мепошем. Камтар танаффус кардем ва ҳозир мехезему боз давом медиҳем. Кори мо фақат рӯбучин, ҳаракат мекунем, ки пойҳоятонро санг назанад, ба қадамҳоятон хазон нарасад. Мошинҳо шуввос ҳай карда мераванд ва боре нашудааст, ки чархҳои онҳо ягон зарар дида бошад.

Соат 09:35. Вохӯрӣ бо холаи Сабоҳату Латофат аснои перостани арчаҳо дар боғи фарҳангӣ-фароғатии Ҷавонон”

— Бароятон қайчӣ задани арчаҳо душвор нест? Ғайри ин кор боз чӣ вазифаҳо доред?

— Не, барои чӣ душвор будааст? Мо одат кардаем, барои ин корамон маош мегирем. Боз гулҳоро хишова мекунем, гулгаштҳои боғро мерӯбем, гулҳои садбаргро “обрезка”-кунӣ ҳам яке аз вазифаҳоямон ҳисоб мешавад. Гулҳои баҳориро бо навъи гулҳои зимистона иваз карда, заминро ба мавсими дигар тайёр менамоем. Тухмӣ ҷамъ мекунем. Ҳозир арчаҳоро қайчӣ кардем, дигар об намемонем, чунки мавсими боронгарӣ сар шуд. Тухми гулҳои баҳориро гирифта, заминро барои лолаҳои баҳорӣ тайёр мекунем.

— Шумо ободиро дар чӣ мебинед?

— Ободӣ — пеш аз ҳама, эҳтиёткории худи шахс аст. Мо обод кардем ва ду бор вай (шахс) поймол кунаду гузарад, асло ободӣ намешавад. Озодагии шаҳри худро дида тавонистану ҳурмат намудан ҳам ободӣ аст.

— Ба рафтори ҷавонҳои ҳозира чӣ гуна баҳо медиҳед?

Ҷавонҳои иззату ҳурматро медонистагӣ ҳам дорем, аммо фоизи камашон дар доираи одобу тамиз ҳастанд. Ҷавонҳо бисёр омада дар ҳамин айвончаҳо ва нимкатҳои боғ мешинанд. Оянд нағз, аммо пас аз худашон пасмондаҳо партофта рафтанашон бад аст. Пучоқи донаи офтобпараст коштагӣ барин, ҳар ҷо мепартоянд. “Баклашка”-ҳоро дар ҷӯйҳо партофтанашон кори номаъқулӣ аст, моро маҷбур мекунад, ки ҷӯйро ҳам тоза кунем, агар накунем, роҳи об маҳкам мешавад. “Салфетка”-ро куҷое рост омад, мепартоянд, ҳол он ки, қуттиҳои партов насб шудааст. Мо калонсолҳо онҳоро якта-якта мечинем. Гуфта ҳам мемонем, ки дар ҷояш партоянд, аммо гардани аксарашон ба ин кор ёрӣ намедиҳад. Ҳозира духтарҳоро дида ҳайрон мешавем, шарм гуфтанӣ чизро фаромӯш кардаанд, чӣ бало!? Беибо ба бачаҳо часпида мешинанд. Дар вақти мо ҳам боғҳои Ленин, Дӯстӣ, Айнӣ буданд, мо ҳам мегаштем, лекин то ин дараҷа набуд. Ҳамаро сиёҳ карданӣ нестем ва фарзанди касеро ҳам бад намегӯем. Аммо ба замона ҳайронем, ки ҷавонҳои мо ҳамин хел шуда мондаанд.

— Барои суҳбат миннатдорем!

— Ба Шумо муваффақият! Нағз нависед гапҳоямонро!

Файзуллохон ОБИДОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here