Суҳбати ихтисосии журналист Раҷаб Мирзо бо раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров

 “Мо аз Президент ибрат мегирем”

 Иҷлосияи нахустини даъвати гузаштаи парлумонро ҳамчун кӯҳансолатарин вакили Маҷлиси намояндагон то интихоби раиси нав Шумо сар кардаву пеш бурдед. Дар ин бора хушсуханиҳои зиёде дар байни мардум давр мезананд. Он лаҳзаҳо ёдатон ҳаст?

Бале ин як ҳолати таърихист ва аз ёд намеравад. Хушбахтона ба сифати вакили калонсолтарин ин рисолатро инҷониб иҷро кардам. То ҷое медонам, раисии инҷониб ба ҳама вакилон ва Президент ҳам писанд омад. Ҷаноби Олӣ вақти суханронии худ маро таъриф ҳам карданд ва гуфтанд, ки ҳамаи мусоҳибаҳояро дар нашрияҳои даврӣ ва телевизион хондаву дидаанд. Дар ҳақиқат Ҷаноби Олӣ ба шӯхӣ ба ман гуфтанд: “Шиму костюматон ҳам зебанда аст”. Дар ҷавоб гуфтам, ки “мо аз Шумо ибрат мегирем, шахсияти Шумо барои мо намуна аст. Ҳар фарди Тоҷикистон аз номи Президенти худ мефахрад”. Ин гапи хушку холӣ нест. Он кас дар ҳақиқат сарвари асосии ин миллат, гарави конститусионианд ва ҳар мушкилоте, ки дар кишвар ба вуҷуд меояд, пеш аз ҳама бар дӯши Президент аст.

Гуфтанӣ ҳастам, ки ҳарчанд мо раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ дар мухолифати конструктивӣ  бо ҳизбҳои фаъол қарор дорем, дар муносибат бо ҳам фарҳанги баландро дар мадди аввал мегузорем. Таҳаммулпазирем. Соли 2006 вақте номзад ба президентӣ будам, аз ман хабарнигорони хориҷӣ пурсиданд, ки чаро Шумо рақибони худро сахт танқид намекунед? Посухи ман ин буд, ки фарҳанг ва ҷомеаи Шарқ аз Ғарб комилан фарқ мекунад. Дар мо, баръакс, агар рақибро сахт интиқод кардед, мардум дар симоятон нафареро мебинанд, ки ҳарифи худро эҳтиром намекунад.

То ин иҷлосия бо Эмомалӣ Раҳмон дидор ва гуфтугӯ надоштед?

Сӯҳбату мулоқоти ҷудогона не. Аммо дар доираи ҷаласаҳои  Шӯрои ҷамъиятӣ мулоқоту сӯҳбатҳое анҷом додаем. Пас аз интихоботи президентии соли 2006 ва пирӯзии бе баҳси Эмомалӣ Раҳмон ба табрики эшон рафтем ва ба он кас муваффақиятҳо орзу кардем. Ин мавқеи усулии мост. Ҳоло ҳам, манфиатҳои миллӣ ва давлатиро аз манфитаҳои ҳизбӣ боло мегузорем. Ҳукуматро дар масъалаҳои муҳим, аз ҷумла мубориза бо терроризму ифротгароӣ дастгирӣ мекунем. Зеро ин масоиле ҳастанд, ки набояд як шахси ватандӯстро канор гузоранд, чун ба амнияти давлату миллат таҳдид мекунанд.

Бубинед, ҳадафи аслии саволи ман дигар аст: намояндандагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин назаранд, ки як мушкили давлатдории мо дар набудани муколама, яъне диалоги байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат аст. Он чи ки дар кишварҳои пешрафта меъёр аст ва онҳоро рушд медиҳад. Шумо вуҷуди ин муколамаро эҳсос мекунед?

Онҳое, ки мегӯянд чунин муколама вуҷуд надорад, иштибоҳ мекунанд. Дар мо Шӯрои ҷамъиятӣ амал мекунад, ки дар доираи он ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок мекунанд, андешаҳои худро баён менамоянд. То ҷое медонам мӯҳтавои аслии ин сӯҳбатҳо ба Президенти Тоҷикистон расонида мешавад. Ҷаноби Президент ҳам чандин бор исбот карданд, ки ба ҳарфи ҷомеа гӯш медиҳанд. Хоса, вақте норозигиҳо дар бораи нархи интернет ва масъалаи вобаста ба шиноснома пеш омаданд. Гуфтан намехоҳам, ки дар қолаби фаъоли муколама бо мардум мушкил вуҷуд надорад. Масалан тавофуқе соли 2004 -05 ҳосил шуда буд, ки тибқи он ҳар сол ду маротиба бо Президент ва ду маротиба бо раиси Маҷлиси намояндагон бояд сӯҳбату вохӯриҳои раисони аҳзоб ташкил мешуд. Албатта ҳоло аксари ҳизбҳои сиёсӣ дар парлумон намоянда доранд. Вакилони ин нерӯҳои сиёсӣ дар иҷлосияву ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон масъалагузорӣ мекунанд ва фикр мекунам намояндаи Президент дар парлумон онҳоро ба роҳбари давлат мерасонад.

 “Маҷлиси намояндагон ҳам чанд қонунро ба баррасии дубора баргардонд”

 Ҳоло Шумо аз фазои то соли 2005 мисол меоред дар бораи муколамаи байни ҳизбҳо ва ҳукумат. Ин замоне буд, ки Шумо нав дар саҳнаи сиёсӣ зуҳур мекардед ва он ҳам пас аз ихтилофоти бамиёномада дар Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ). Бовуҷуд, фазои сиёсии то соли 2005 ва пас аз онро чӣ гуна баҳогузорӣ менамоед?

Бархеҳо мегӯянд, ки фазои сиёсии то 2005 нисбатан беҳтар буд. Лекин намефаҳмам, ки чӣ хубӣ дошт? Барои он ки дар парлумон шахсони яроқбадаст буданд?

Соли 2005 аллакай дар парлумон силоҳдорони собиқ тақрибан набуданд. Интихоботи парлумонии соли 2000 аллакай аз пешбарии номзадии онҳо пешгирӣ шуда буд

Дар идомаи фарқи фазои то ва баъди соли 2005. Ба назар гиред, ки вақте инсоният нахустин маротиба  дар ҷомеа ба тамаддун рӯ ба рӯ шуд, аввалин кашфиёти анҷомдодааш ин қонун аст. Лекин қонун догма нест, он ба тағйиру ислоҳот ниёз дорад. Ягона ченак, ба фикри ман, ин то куҷо рушд дидани зиндагии ҷомеа ва мардум аст. Шукр, ки ҳоло дар ин замина пешрафт дорем. Давлати мо иҷтимоист, яъне қонуне, ки асоси иҷтимоӣ надошта бошад, мо қабул намекунем. Яъне меъёри таҳия ва қабули қонунҳо низ аз вазъи иҷтимоиву сиёсии мамлакат бармеояд. Аз ин нигоҳ, оё байни соли 2005 ва ҳоло тафовут нест?

Ба ҳар ҳол, фикр намекунед, ки то соли 2005 мо ҳизбҳои то ҷое таъсиррасон дар Тоҷикистон доштем ва онҳо тавозунро ба вуҷуд меоварданду ҳукуматро водор мекарданд, ки аз баъзе иқдомҳои барои мардум мушкилзо ва қонунҳои мухолиф ба ҷомеаи демократӣ худдорӣ намояд? Ҳоло бошад, ҳарчанд расман сафи аҳзоб зиёд шудаанд, онҳо дигар як паҳлӯи тавозунофар нестанд. Не?

Шояд ҷомеа маълумот надорад, ки мо ҳам дар Маҷлиси намояндагон баъзе аз лоиҳаи қонунҳоро барои баррасии дубора баргардонидем.

Дар бораи Маҷлиси Миллӣ баъзе хабарҳое паҳн шуда буд, ки чанд лоиҳаи қонунро барои баррасӣ баргардонидааст, аммо дар бораи Маҷлиси намояндагон, ростӣ ман чизе нашунидаам

Тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи матбуотро ҳам дар хотир надоред?

Оре, ёдам ҳаст, ки соли 2016 вазири аллакай собиқи фарҳанг Орумбекзода, ки худро журналист ҳам муаррифӣ кардан мехост, пешниҳоди аз мантиқ ва доираи қонун берун карда буд, дар ин бора, ки ба Прокуратураи генералӣ иҷоза медод, то бе баррасии судӣ фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро қатъ намояд. Аммо ин тасмим дар байни созмонҳои журналистӣ ва ҳимоияи ҳуқуқи инсони дохилу хориҷи кишвар  сару садои зиёдро ба вуҷуд овард ва ҳамин тавр ҳукумат аз ин тарҳ даст кашид

-Ба ғайр аз ин, қонун “Дар бораи театрҳои халқӣ” ва “Дар бораи спирт” -ро ҳам Маҷлиси намояндагон бозпас баргардонд. Мо ба қонунҳои миллиамон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вобаста ба дигаргуниҳои пешомада тағйиру иловаҳо ворид намудем. Дар маҷмӯъ, таи ин муддат мо беш аз 100 қонун таҳия кардем.

“Мардуми мо ба гапи соддаву оддӣ итоат намекунад”

Воқеан, дар мавриди ин ду қонуне, ки дар мо онҳоро миллӣ мегӯянду боиси ифтихор медонанд, дар кишварҳои пешрафта ин гуна қонунҳоро қабул карда наметавонанд. Ба он хотир, ки ин масъалаҳо дахл мекунад ба дахлнопазирии шахс. Ҳол он ки ягон қонун иҷоза намедиҳад, ки ба ҳаёти шахсии одамон дахолат намоянд. Дуввум, дар давлатҳои пешрафта танҳо аз роҳи қонун ҷомеаро идора намекунанд.  Ҳамчунин роҳҳои дигар вуҷуд дорад, ки мардумро роҳбаладӣ ё роҳнамоӣ мекунад. Аз ин нуқтаи назар, фикр намекунед, ки қабули беш аз сад қонун дар панҷ сол, он тавре ишора мекунед, барои ҷомеаи мо аз ҳад зиёд аст?

-На, зиёд нест. Агар дар маҷмӯъ гирем, дар панҷ сол қариб 400 қонуну кодекс, қонунҳои мукаммалу созишномаву шартномаҳоро Маҷлиси намояндагон қабул кардааст. Шумо дар бораи қонуни танзим гуфтед, ки ҳуқуқи дахлнопазирии шахсиятро маҳдуд мекунад. Дар Конститутсияи мо ҳам ин нукта ишора шудааст. Дар аҳдномаи СММ ҳам ҳаст. Лекин, ман дар яксарчашмае хондам, ки ҳанӯз дар асри 3-4 пеш аз мелод дар Рим танзими анъана, расму оин мавҷуд буд. Масалан, агар тӯю маъракаҳояшон ба рӯзи корӣ мувофиқ меомад, се нафар ва дар рӯзи истироҳат 5 нафарро даъват мекарданд. Дар маҷмӯъ ҳадафи ин қонун ба муборизаи зидди исрофкорӣ равона шудааст. Ин гуна ҳолатҳои исрофкорӣ баъзан одамонро дар ҳолати ногувор мемонд ва пеш аз меҳмонӣ рафтан ба хонаи якдигар ҳам, сад бор фикр мекарданд, ки бираванд, ё не…

Ман фикр мекунам, ки ин гуна масъалаҳо сирф равонианд (психологӣ). Масалан, бубинед, мардуми араб, ки ин қадар сарватманданд, чунин исрофкор нестанд. Аммо мардуми қашшоқ ҳамеша исбот карданӣ мешавад, киман дорам. Ин гуна масоил, ҳатто ба менталитету урфу анъана ҳам кам иртибот мегиранд. Масалан, ба хонаи як эронӣ, ки ба мо аз ҷиҳати фарҳангу урфу одат наздик аст, шумо аз пеши худатон меҳмонӣ рафта наметавонед. Бояд қаблан мувофиқа кард, ки кай, чанд нафар ва барои чанд соат меравед. Онҳо дар назардошт бо ин тасмим мегиранд. Гуфтан мехоҳам, ки ин гуна ҳолатҳо аз як ҷиҳат равониянд, аз лиҳози дигар аз вазъи иҷтимоии мардум бармеоянд. Пас барои инро аз байн бурдан шояд қонун зарурат надорад, беҳтар аст ба мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронд, раҳнамоӣ намуд

-Ин назари Шумост. Фикри ман дигар хел аст. Мардуми мо ба он чӣ ки содаву оддӣ мефаҳмонед, итоат намекунад. Барои ҳамин ҳатто пас аз қабул шудани қонун ҳам онро вайрон мекунанд. Барои тафаккури ин мардумро дигар кардан, аз хурдӣ бояд онҳоро омода намуд. Як мисоли мантиқӣ. Чаро, вақте кӯдак аз батни модар по ба рӯи замин мегузорад, фарёд мекунад? Кӯдаке, ки ин корро намекунад, мариз аст. Зеро ӯ аз олами фариштаҳо канда шуд ва аввалин касе, ки дид, одам буд. Одам барои ӯ бегона аст. Барои ҳамин  фарёд мекунад. Акнун ҳамин одами бегона  ҳамон кӯдаки биҳиштиро чӣ гуна бояд тарбия кунад? Майнаи ӯ мисли тахтаи пок аст. Дар он дузд ҳам метавонад наққошӣ кунад, рассом ҳам, олим ҳам  шоир ҳам. Барои ҳамин давлат ва ҷомеа, оила, мактаб бояд кӯшиш намояд, ки кӯдакро ба роҳи дуруст раҳнамо бошад. Дар бораи қонуни масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гуфтанӣ ҳастам, ки ин қонун ҳамон вақт пурра татбиқ мешавад, ки механизми иҷрояш дигар шавад. Бубинед, оилаҳое ҳастанд, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанду кӯдаконаш ҳатто як мизи дарстайёркунӣ надоранд, 5-6 нафар дар як ҷо хоб мераванд. Яъне волидон тавлиди фарзандонро дуруст ба нақша нагирифтаанд. Ҳол он ки дар таълимоти ҳанафӣ гуфта шудааст, ки волидоне, ки фарзандони зиёдро ба дунё меоранду онҳоро нигоҳубин ва таълиму тарбия дода наметавонанд, дар симои ин фарзандон ғуломи ҳалқабардӯши худро тарбия мекунанд. Аз ин хотир, ин гуна масъалаҳо ҳам ҷазои равонӣ дорад ва низ иҷтимоӣ. Албатта бо пешрафти ҷомеа ин гуна мушкилот аз байн мераванд.

 “Мо мансабдори сатҳи баланд надорем”

 Барномаи пешазинтихоботии ҲСТ дар соли 2020 аз барномаи пешазинтихоботии соли 2015, ки бори аввал онро ба як ҳизби парлумонӣ табдил дод, чӣ фарқ дорад? Аз дигар ҳизбҳо чӣ? Масалан, дар мусоҳибаи ахиратон дар нашрияи “Садои мардум” гуфтед, ки барномаи Шумо аз барномаи ҳизби ҳоким фарқи зиёде надорад

-Маълум аст, ки ҳадафи ҳар як ҳизб беҳтар кардани вазъияти иҷтимоии мардум аст. Мо инро тариқи таъмин намудани адолати иҷтимоӣ амалӣ карданием. Аз ин хотир, адолати иҷтимоӣ дар барномаи мо ҷойгоҳи махсус дорад. Мардум аз давраҳои қадим пайраҳаҳои санглоху ноҳамвори таърихро сайр карда, орзу доранд, ки давлати адолатхоҳ бунёд намоянд. Гуфтан намехоҳам, ки ҳоло дар Тоҷикистон адолати иҷтимоӣ комилан вуҷуд надорад. Ҳукумат мушкилиҳои зиёдеро паси сар карда, моро ба рӯзгори осуда расонд. Масъалаву мушкилотеро, ки вуҷуд доранд, фикр мекунам, давра ба давра ҳал мекунад. Танҳо бояд суботу оромии давлатро ҳифз кард. ҲСТ дар ин гуна масъалаҳо дар паҳлӯи ҳукумат қарор хоҳад дошт. Зимнан, мо фикр дорем, ки барои боз ҳам беҳтар кардани зиндагӣ ва пешрафти давлат имкон ҳаст. Махсусан, агар ба мансабҳои муҳим мутахассисони арзандаро интихоб намоянд.

Ба андешаи Шумо чаро ҳукумат на ҳамеша кадрҳои хубу ҳирфавиро дар ин ё он мақом таъин менамояд?

Давоми 5 соли фаъолиятам дар Маҷлиси намояндагон ман шоҳид будам, ки шахсиятҳои арзандаву донишманд ва ватандӯсти зиёде дорем. Дар назар дорам вакилони Маҷлиси намояндагонро. Дуруст, баъзан мебинем, ки дар ин ё он мансаб ашхоси тасодуфӣ ҷо гирифтаанд. Вале, бовар кунед, ин муваққатист. Талаботи замон онҳоро аз сари роҳ дур мекунад.

Дар ҳамин маврид, ман аз чанд раиси ҳизби дигар ҳам, ки вакили парлумонанд, пурсидам: оё худро дар тасдиқ шудани ашхоси бесалоҳият муҷрим намедонед? Зеро аъзои Ҳукумати Тоҷикистон бе тасдиқ шуданаш дар Маҷлиси намояндагон таъин гашта наметавонад. Ба ин савол чӣ посух доред?

Шояд дар ин гуна баҳогузорӣ мардум ҳақ доранд. Аммо бояд ба назар гирифт, ки ҳангоми муаррифӣ шудани ин ё он мансабдор дар парлумон, вақте шарҳи ҳолашонро мебинем ва таҳсилоташонро, фикр мекунӣ, ки аз ӯ дида мутахассиси хубу поквиҷдон нест. Вале баъзе аз онҳо мутаассифона манфиатҳои шахсии худро аз манофеи давлату миллат боло мегузоранд.

Оё нафаре аз аъзои ҲСТ дар ягон мансаби баланди давлатӣ кор мекунад?

Аз аъзои мо дар сатҳи шаҳру ноҳияву вилоятҳо масъулиятҳоеро ба ӯҳда доранд. Дар маҷлисҳои шаҳру ноҳияҳо вакиланд, вале мансабдори сатҳи баланд надорем.

 Тибқи маълумоти пешниҳодкардаатон 33 фоизи аъзои ҲСТ занҳост. Барои чӣ?

Таҷриба нишон дод, ки дар ҳаёти имрӯза сифати кори зан нисбат ба мард бештар аст. Дар корҳои сиёсӣ ҳам, агар онҳоро бо диди нав, тафакури ҷадид омода намоем.

Агар ба занҳо ин қадар эътимод доред, чаро дар бораи мушкилоташон садои Шуморо кам мешунавем? Хоса вақте сарусадо дар бораи пӯшиши либоси мазҳабӣ, талоқи зиёду хонавайронӣ, помол шудани ҳукуқи занҳо дар хона зиёд мешаванд…

Гуфтан мумкин нест, ки мо ба масъалаи занҳо бетарафем. Намояндаҳои ҳизби мо дар маҳфилу маъракаҳои гуногуни Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) иштирок мекунанд, масъалагузорӣ менамоянд. Аз ҷумла масоилу мушкилоти ибрознамудаи Шуморо.  Дар муҳокимаҳои парлумонӣ низ чандин маротиба дар хусуси либоспӯшӣ, махсусан либосҳои мазҳабӣ, ҳатто либосҳое, ки аз тарафи Эрон оварда, фурӯхта мешуданд, масъалагузорӣ намуда, ин ҳолатро маҳкум намудем.

Шиори пешазинтихоботиатонро дар анҷуман як навъ шеърмонанд: “Бо бахт, бо иқбол, бо накӯномӣ муаррифӣ намудед. Фикр намекунед, ки барои интихобкунанда чунин  шиори як ҳизби сиёсӣ, ки даъвоҳои ҷиддии иҷтимоӣ дорад, чандон ҷиддӣ гирифта намешавад?

Шиоре, ки ном бурдед, як пешниҳод буд. Баъд мо ба хулосае омадем, ки дар интихобот бо ҳамон шиори ҳизбии худ – “Ростиро заволе нест” баромад хоҳем кард.

 “Пойро ба чени курпа бояд дароз кард”

 Дар интихоботи гузаштаи парлумонӣ ҲСТ 10 номзад дошт. Ин дафъа 9 нафар. Ҳол он ки акнун ҳизби парлумониед ва мисле, ки акнун ҳизбатонро бештар мешиносанд. Пас, чаро шумораи номзадҳоро кам кардед?

Мо 11 нафар пешниҳод карданӣ будем. Аммо ду нафар дар пайдо кардани маблағи гаравпулӣ мушкил доштанд.

Дарвоқеъ, масъалаи гаравпулӣ аз соли 2004 пайдо шуд ва аз замони пайдоишаш мавриди интиқоди нерӯҳои сиёсии вақт қарор гирифт. Зеро он ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандонро, ки Қонуни асосӣ баробариашонро кафолат додааст, халалдор менамояд. Шумо ҳам мегӯед номзадҳоятон дар пайдо кардани гаравпулӣ мушкил доштанд. Пас чаро бекор кардани онро масъалагузорӣ намекунед?

Соли 2004 ҳаҷми гаравпулӣ дар ҳақиқат вазнин буд. Он вақт 200 нишондиҳанда ба ҳисоб мерафт. Ҳоло ба 100 нишондиҳанда, яъне 5 800 сомонӣ ва 5000 сомониашро дар ҳолати сабти ном шудани номзадиатон бозпас мегиред. Пештар ин хел набуд. Албатта ҳоло ҳам имкон дошт, ки ин масъаларо ба баррасӣ мегузоштем, вале боз фикр кардем, ки агар гаравпулӣ набошад, ҳар одами тасодуфӣ имкон пайдо мекунад, ки номзадии худро ба вакилӣ пешниҳод намояд.

Шахсан инҷониб ду маротиба номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон будам ва дар маъракаҳои интихоботии дигар ба сифати имиҷмейкер, таҳлилгар, шахси боэътимоди номзадҳо ё нозир фаъолият доштам. Гуфтаниам, ки бо фазои интихоботҳо хуб ошноам. Сар аз соли 2000, ки имкони қумандонҳоро маҳдуд карданд, пешбарии нафарони тасодуфиро вонахӯрдем. Аввалан он одамони тасодуфие, ки мегӯед, фикр мекунед 5 800 сомонӣ пайдо намекунанд? Ва дигару аз ҳама асосӣ, боз таъкид мекунам, ин меъёри конститутсионист, ки ҳар шаҳрванди сисола ҳаққи интихоб шуданро дорад. ҲСТ мегӯяд, ки адолати иҷтимоиро асоси фаъолияти худ  медонад, пас аз рӯи ин тафсири Шумо, таъбири “пул надорамҳуқуқ надорам” пеш намеояд?

Шумо бовар доред, ки нафари бепулу камбағал имкони иштирок дар маъракаи пурхарҷи интихоботиро пайдо мекунад ва метавонад манфиатҳои мардумро ҳимоя намояд? Як ривоят меорем вобаста ба ин. Ду нафар ба ҳаҷ мераванд. Яке бисёр бой ва дигаре хеле нодор аст. Дар вақти сафар нодор аз бой мепурсад, ки ба фикрат ҳаҷи мо як хел қабул мешавад, ё дигаргун? Сарватманд мегӯяд, ки албатта ҳаҷи мо фарқкунанда хоҳад буд. Ман мисле рафта истодаам, ки гӯё ба меҳмонӣ меравам, ту бошӣ ба хориву зорӣ рафта истодаӣ. Тавре мегӯянд, “ҳар кас аз рӯи тавоноӣ”. Аз рӯи ночорӣ рафтан лозим нест.

Бубинед, номзад ба вакилӣ будан ин пеш аз ҳама мавқеъгирӣ аст. Яъне як нафар аз чизе норозӣ ҳаст ва мегӯяд ба василаи номзадиву вакилӣ имкон дорад манфиати худу дигаронро ҳимоя намояд. Дар дунё сиёсатмадорони нодор кам набуданд. Наздиктарин намуна раҳбари феълии Арманистон сарвазир Никол Пашинян аст, ки ду сол қабл аз байни мардум ва дар даст фақат як баландгӯяк  раҳбарии мамлакатро ба даст гирифт. Аз ҷониби дигар, таъиноти иҷтимоии як ҳизби сиёсӣ ҳамин аст, ки барои ҳама шароити баробар ба вуҷуд биёрад…

Ин гуна мавқеъгирии Шумо ҳам ҷо дорад. Аммо барои ба ҳама ҳама шароит фароҳам овардан, ҳанӯз имконият ба вуҷуд наомадаст. Имрӯз ҳизби мо барои ба ҳама якхела шароит ба вуҷуд овардан, имкон надорад. Мо аз рӯи имконияту зарфияте, ки дорем, аз рӯи масали “пойро ба қадри курпаамон дароз кардан” амал менамоем.

Тибқи маълумоти пахшкардаатон ҲСТ 21 ҳазору 659 нафар аъзо дорад. Дороии ҳизб аз ҳисоби аъзоҳаққии онҳосту халос?

Бале. Ин ҳам дар ҳоле, ки аз супурдани ҳаққи аъзогӣ донишҷӯён, нафақахӯрону пиронсолон озод ҳастанд. Мо дар назар дорем, ки ба Оинномаи ҲСТ тағйиру илова ворид намоем дар ин замина. Зеро хеле аз онҳое, ки узвияти ҳизбро доранд, аъзоҳаққӣ намесупоранд. Аз ҳисоби ҳаққулузвият мо танҳо имкон дорем, ки дар як сол ду маротиба нашрияи ҳизбии худро нашр кунему халос. Албатта ҳоло мо аз имконоти дигари расонаҳои хабарӣ истифода мекунем барои таблиғи ҳизб, аммо маълум аст, ки агар нашрияи “Иттиҳод” фаъол мебуд, имкони таблиғамон бештар мегашт. Зимнан, мо аз ҳисоби аъзоҳаққӣ ва дигар кӯмакҳое, ки бародарони саховатманд мекунанд, ба бонувон дар Иди Модарон, дар 23 феврал ба ҷавонмардони хизматкарда ва бархе одамони ниёзманд ҳам дастгирии худро мерасонем. Аммо, воқеан, мо имкони пурраи дастгирии ҳамаи аъзои ҳизбро надорем.

Воқеан, Шумо яке аз раисони ҳизби барои журналистон дастрас ҳастед ва ба саволҳояшон посух медиҳед. Бо ин вуҷуд, гуфтан душвор аст, ки танҳо такя ба расонаҳои хабарӣ ғалабаи як ҳизбро дар интихобот таъмин мекунад. Ҳизб бояд як мавзӯи муҳиме барои интихобкунанда дошта бошад, ки таваҷҷӯҳи онҳоро бештар ҷалб кунад. Он барои ҲСТ чӣ аст?

Дуруст аст, ки мо ба тамоми мамлакат ва ҳамаи интихобкунандаҳо такя карда наметавонем. Медонем, ки дар минтақаи Рашт, ВМКБ талош кардани мо таъсирнок нест. Аммо дар пойтахт, қисман Хатлон ва аз ҳама бештар дар вилояти Суғд ҷонибдорони зиёдтар дорем.  Дар шимоли мамлакат аъзо ва масъулини ҳизбии мо ба мавзӯъҳои сиёсӣ ворид буда, худашон ҳам шахсиятҳои шинохтаанд.

Воқеан, аз ибтидои пайдоиши ҲСТ андешаҳое гуфта шуданд, ки он ҳизби шимолӣҳост ва ба хотири ҷонибдорӣ аз Сафаралӣ Кенҷаев таъсис ёфтааст. Ҳоло мавқеву назари ҳизб дар бораи асосгузори ҲСТ чӣ гуна аст?

Оре, дар бораи ҲСТ чунин назарҳо ҳам буд. Вале имрӯз ҷонибдорони Сафаралӣ Кенҷаев ба шароити имрӯза мутобиқ буда, мавқеи роҳбарияти навро ҷонибдорӣ мекунанд. Онҳо мебинанд, ки ҳолати имрӯзаи мамлакат аз он давра тафовути куллӣ дорад. Аз ин хотир, бо он мавқеъгириву андешаҳои солҳои 90 чизеро тағйир додан мумкин нест. Имрӯз талабот комилан дигар аст ва онро бояд дарк кард. Махсусан дар ин бора бояд бештар андешем, ки хатари терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир мавзӯи рақами як гаштааст.

“Ташкили ҳизби муҳоҷирон ва намояндаи онҳо дар парлумон зарурат надорад”

 Дар мавриди хатарҳои эҳтимолии терроризму ифротгароӣ ба Тоҷикистон ҳизби Шумо чӣ мавқеъ дорад? Ба фикратон он аз куҷо сарчашма мегираду Тоҷикистон барои пешгириаш чӣ корро бояд анҷом диҳад, ё надиҳад?

Сабабу омилҳои аслиро мо дар қашшоқӣ, дур будан аз илмҳои муосир, ноогоҳии мардум аз ислом. Ҳамчунин муборизаҳои геополитикии бархе кишварҳост, ки аз мақому мавқеи дин суистифода кардан мехоҳанд. Зимнан, ҳолатҳое вомехӯранд, ки аз ноадолатиҳои дар ҷомеа рухдода нисбати нафарон ва гуруҳҳое ин созмону кишварҳо, ки ҳадафҳои геополитикиву геостратегии худро доранд, онҳо истифода мекунанд. Масалан бисёрии онҳое, ки аз Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафтанд, аслан аз Русия ба гуруҳҳои ифротӣ ҷалб шуданд. Зеро дар он ҷо мушкилиҳои зиёдеро шоҳид шуда, аз ин ҳолати онҳо гурӯҳҳои номбаршуда суистифода намуданд.

Воқеан, чун дар бораи мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии мо сӯҳбатро оғоз кардед, дар мавриди ҳалли онҳо ҲСТ чӣ пешниҳодҳо дорад?

Мо дар барномаи пешазинтихоботии худ дар ин маврид таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир кардаем. ҲСТ ба ин назар аст, ки масъалаи муҳоҷират танҳо дар сурате роҳи ҳалли муносиби худро пайдо мекунад, ки агар онҳо дар асоси шартномаҳои давлатӣ ба кишвари қабулкунанда сафар кунанд.

Як мавзӯе, ки мардум аз тариқи расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ мекунанд, ин аст, ки дар ҳолатҳои ба мушкил гирифтор шудани муҳоҷирон ва ҳатто кушта шудани онҳо мақомоти давлатӣ, сафорат ва парлумон вокуниши ҷиддӣ бадар намекунанд. Розиед бо ин назар?

Онҳо ҳақ доранд, ки чунин вокуниш намоянд. Зеро, тавре гуфтам, мушкилоташон беҳад зиёд аст. Аммо ин маъноеро надорад, ки мо вакилон ин ҳамаро комилан нодида гирифтаем. Аз ҷумла, раиси Маҷлиси намояндагон дар ин бора борҳо изҳори назар карда буданд. Инҷониб ва чанд вакили дигар низ тариқи расонаҳои хабарӣ ва минбари парлумон суханронӣ кардаем. Бовуҷуд, инро ҳам набояд нодида гирифт, ки баъзан мушкилотро худи муҳоҷирони меҳнатии мо бо баҳсҳои маҳалгароёнаву мазҳабӣ ва мисли ин ба вуҷуд меоранд. Бар илова, гурӯҳҳои ҷинояткороне аз ҷумлаи тоҷикон ҳастанд, ки ба сари ҳамватани худ ҷабр мекунанд. Гуфтаниам, ки дар ин бора низ бояд хеле корҳоро анҷом дод ва онҳоро дуруст фаҳмонд…

Бешак ин масъалаҳо ҷо доранд. Вале ҳоло баҳс сари бархӯрди ҷиддӣ накардани мақомоти давлатӣ аст, ки дар натиҷа онҳоро то ҷое ноумед ҳам мекунад ва аз ин хотир мегӯянд, ки бояд дар Русия ҳизби сиёсии худро ташкил кунанд ва ё дар парлумон бо намояндагӣ аз нафаре аз онҳо вакил интихоб шуданианду ба қавлашон ҳуқуқи ҳамтоёни худро ҳимоя карданианд. То куҷо онҳо ҳақ ҳастанд?

Фикр мекунам ҳизб таъсис додану пешниҳоди вакилӣ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ як қадар шитобкорист. Зеро имкон дорад гуруҳҳое дар Русия аз онҳо ҳамчун василаву абзори сиёсӣ истифода намоянд. Мо ҳам гуфта наметавонем, ки муҳоҷирон то он андоза беҳуқуқу бесарпаноҳанд, ки касе дар фикрашон нест. Ҷаноби Президент ҳар вақте ба Русия сафар намоянд, ҳатман бо намояндаи онҳо мулоқот анҷом медиҳад, мушкилоташонро дар сатҳи роҳбарони давлатҳо баррасӣ мекунанд. Ба андешаи мо, дар ин замина бояд мақомоти вобаста ба муҳоҷирони мо, аз ҷумла Хадамоти муҳоҷират фаъолияташро қавитар гардонад. Вагарна чаро чунин сохторҳои таъсисдодаи кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон ва дигарон метавонанд дар ҳалли мушкилоти шаҳрвандони худ саҳмгузор бошанду аз мо не?

Як роҳи ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ба ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нисбат медиҳанд. ҲСТ чӣ мавқеъ дорад вобаста ба ин?

Мо ба ин назарем, ки Тоҷикистон ба ин иттиҳод ворид шавад, аммо дар асосҳои баробарӣ, бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ. Яъне набояд ба муҳоҷирон ҳамчун абзори сиёсӣ муносибат кард ва талаботу шартҳои ватани моро нодида гирифт. Истиқлолияти сиёсии кишварҳоро низ набояд сарфи назар кард. Бархе масъалаву баҳсҳо дар дохили кишварҳои дохили ин иттиҳод ҳам ҷо дорад ва мо наметавонем онҳоро сарфи назар намоем. Русияро дар сатҳи раҳбарияти сиёсии Тоҷикистон ҳамчун кишвари шарики стратегӣ қабул мекунанд, вале ин маъноеро надорад, ки шартҳои як кишвари мустақил сарфи назар гардад. Русия инро ҳам ба назар бигирад, ки мо дар замони пошхӯрии СССР, ки дар ҳолати ҷанги шаҳрвандӣ қарор доштем, аз ин давлати абарқудрат тақрибан чизеро мерос нагирифтаем. Ҳол он ки ба ин ҳақ доштем.

“Президент дар бораи дороиҳои ман гуфт

Интихобкунандаи имрӯзро масоили дигаре мисли ҳар сол боло рафтани нархи истифодаи об, барқ ва пардохтҳои коммуналӣ низ ба ташвиш меорад. ҲСТ ҳизбе аст, ки аз рӯи таъиноти идеологиаш ба ин гуна масъалаҳо бояд бархӯрди ҷиддӣ намояд. Ҳамчунин Шумо 5 соли ахир вакили парлумон будед. Дар бораи сабабҳои боло рафтани арзиши он чи ки гуфтем, чӣ назар доред?

Бешак дар ин гуна ҳолатҳо мо мавқеи худро ошкор менамоем. Баъзан норозигӣ ҳам мекунем. Вале масъаларо бояд аз ду ҷониб дид. Дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандон ҳам дар истифодаи обу барқ ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд ва баланд бардоштани нархҳо то ҷое масъулияти онҳоро бештар мекунад.

Албатта масъала фаротар аз он чизест, ки Шумо мегӯед. Дар ин ҳолатҳо шарту талаботи созмону кишварҳои донор ҳам ҳаст, ки мехоҳанд “нархро ба сатҳи ҷаҳонӣ мувофиқ кунонанд”. Дар ин ҳолат ҳам, масалан Шумо ҳамчун вакил пешниҳод карда метавонистед, ки агар ин болоравии нарх зарурат дорад, бояд як меъёр ва лимит муқаррар гардад ва дар сурати аз ин лимит бештар истифода кардани обу барқ мардум “бо нархҳои ҷаҳонӣ пардохт кунанд? Ин гуна бархӯрд дар бархе кишварҳо ҷо дорад

Бо ин фикри Шумо ман комилан розиам ва инро бояд пешниҳод кард. Дар ин баробар бояд масъалаи “ҳукумати электронӣ” -ро, ки ҳукумат аз соли 2009 боз роҳандозӣ карданист, ҷиддитар гирем. Дар ин ҳолат имкон дорад масъалаи дигар, ки ба шаффофияти маблағҳои пардохтшуда дахл мекунад, ҳалли худро пайдо намояд. Таври маълум, вақте пули нақд ба дасти одам мезанад, сад фикру андешаи дигар пайдо шуданаш имкон дорад.

Дар интихоботи президентии соли 2020 мисли соли 2006 худатон иштирок карданиед, ё номзади дигаре дар ҲСТ ҳаст?

То он замон фурсат дорем. Ду вариантро дар назар дорем. Аз ҷумла нафари дигареро ҳам омода намуда истодаем барои ин маъракаи муҳими сиёсӣ.

Тибқи қонунгузорӣ ҳар як шахси мансабдор муваззаф аст, ки эъломияи дороии худро пешниҳод кунад. Ғаффоров ҳамчун раиси як ҳизби сиёсӣ ва вакили парлумон чӣ дорад?

Дар кушодашавии иҷлосияи даъвати нави Маҷлиси намояндагон Президент гуфтанд, ки як сол дороиҳои Ғаффоровро омӯхтанд ва маълум шуд, ки ғайр аз маошу хонааш чизи дигаре надорад. Фақат як хона дорам, ки аз падарам мерос мондааст. Онро ҳам дар натиҷаи баҳсҳое, ки дар Тоҷикистон ҳалли худро наёфту ахиран ба Кремл мактуби арз навиштам, соҳиб гардидам.

Дар ин замина, ҳоло баъзеҳо ба ин назаранд, ки замони шӯравӣ, агар мушкилатон дар Тоҷикистон ҳалли худро намеёфт, дар Маскав ба дардатон дармон мешуданд. Ҳоло мардум мегӯянд, ки мушкилоташон зиёд, аммо намедонанд онро ба кӣ гӯянд. Розӣ ҳастед?

Ман ба ин фикр розиам, ки агар ҳар мушкил ба Ҷаноби Олӣ расад, ҳатман ҷавоби мусбаташро пайдо мекунад. Мутаассифона хеле масъалаҳо ба ҷаноби Президент намерасанд.

Добавить комментарий