РОЗИ АВВАЛ

Сонияҳо дар диктофон

Сонияҳо, сонияҳои умррабо, сонияҳои ҳаётдузд, сонияҳои ишқкуш, сонияҳои дардовар, сонияҳои ашколуд, сонияҳои ғамдор, сонияҳои арзону беқадр

Чӣ мешавад, агар мо чунин фикру зикр надошта бошем ва ҳар сонияи зиндагиамонро дӯст дорем?

Чӣ мешавад, агар мо аз ҳаракати сонияҳо ба ҷойи тарсу ҳарос роҳи истифодаи самараноки онҳоро пеша кунем?

Чӣ мешавад, агар мо дар ҳама ҳолат ҳаракати сонияҳоро як хел қадр кунем?

Чӣ мешавад, агар аз ҳаракати сонияҳо шокӣ нашуда, сухани мехостаамонро бигӯем?

(Аз қайди даруни автобус)

Мо бо устод Нуруллоҳи Ориф чанд сония суҳбати телефонӣ доштем. Чанд сония интизори ҳам шудем. Чанд сония қадам партофтем. Чанд сония дар “харак”-и пешорӯйи бинои Шарқи Озод хомӯш мондем. Чанд сония тасдиқ кардем, ки ҳамин ҷо суҳбат хоҳем кард. Ва чанд сония пас оғоз мекунем.

— Устод, мегӯянд ҳар нафаре, ки ҳаракати сонияҳоро дар диктофон мебинад, худро гум мекунад. Пас, ин ашёи дӯстдоштании ман ҳатто ба суханварону сухандонон низ таъсир мекардааст…

— Албатта, бетаъсир намемонад, вале агар суолкунанда диққати мухотабашро хуб ҷалб карда тавонад, диктофон фаромӯш мешавад.

— Яъне гуфтанӣ ҳастед, ки агар Шумо бо ҷурми фаъол будани диктофон ҳар сухани мехостаатонро гуфта натавонед, гуноҳи мост?

— Ба ҳамин наздик…

— Хуб ки бошад, диктофонро фаъол мекунам.

— Ман омодаам, марҳамат.

Диктофон фаъол шуд. Дар “скамейка”-и нишастаи ман шоири дӯстдошта ва аз миёни техникаҳо ашёи дӯстдоштаам яке нишаставу дигаре ба пушт дароз кашидааст. Магар аз ин дида лаҳзаи хуштаре мешавад? Бовар кунед, бисёр зебост дидани ҳаракати сонияҳо дар диктофон.

 РОЗИ ДУВВУМ

Қурутоби бомдодӣ

— Устод аз деҳа будан, яъне чӣ?

— Агар хуб диққат диҳем, имрӯзҳо қисми зиёди нафароне, ки дар касбу кори худ муваффақ шудаанд, парвардаи деҳа мебошанд. Ман ҳам бачаи деҳа ҳастам ва даруни лою чал калон шудаам. Барои ман аз деҳа будан ифтихор аст. Ва аз деҳа будан ҳаммаънои шахси ифтихорманд буданро дорад.

— Кадом корҳои деҳаро ёд доред?

— Ҳама корҳои табиии деҳаро, ки бе онҳо ҳаёти бачаи деҳотӣ рангу бӯе надорад. Ҳамон навбати пода рафтану харсаворӣ кардан, ҳамон ба ҳезум рафтану дастёри волидон шудан.

— Бархе ба назаре ҳастанд, ки деҳа барои корҳои бузург кардан ноқулай аст, зеро имконот кам аст. Шумо чӣ мегӯед?

— Ин фикр аз як ҷониб дуруст аст, зеро имконоте, ки дар марказ ҳаст, дар деҳоти мо нест, вале аз тарафи дигар, бояд гуфт, ки деҳоти мо гарчи дар чашм хурд намоянд ҳам, бисёр неъматҳои бузург дошта, шахсиятҳои баркамолро ба ҷомеа ҳадя кардаанд.

— “Кафтар”. Деҳаатон номи аҷиб дорад. Лутфан, муаммои гузоштани ин номро мекушодед…

— Аслан, ман намедонам маҳз ба кадом хотир ин номро гузоштаанд, вале баъзан “шпаргалка”-ҳоеро, ки медонам, бароят мегӯям. Аввал, дар қадоваҳои деҳа кафтарҳои зиёд ҷамъ мешуданд ва онҳо доимӣ дар он ҷо сукунат доштанд. Дуюм, дар миёни сокинон хелеҳоро пайдо кардан мумкин буд, ки кафтарбоз буданд, аз он ҷумла падари худам. Сеюм, ба ривояте “каф тар”, яъне кафи тар, ҳамон кафи дасте, ки тар аст. Ин ба он хотир аст, ки аз се тарафи деҳаамон об мегузашт. Ва чорум, ба ёд дорам, ки дар деҳа аз дигар парандагон дида кафтар зиёдтар буд.

— Шуғли асосии мардуми деҳа чӣ буд?

— Бештар ба деҳқонӣ, чорводорӣ ва дар зимистон ба човандозӣ машғул мешуданд.

— Дар деҳа ягон анъанае буд, ки дар дигар деҳот набошад?

— Бале, дар деҳаи мо 57 оила зиндагӣ мекард. Ва онҳо ҳама аз зиндагии доштаашон розиву осуда буданд. Анъанае доштанд бо номи “Қурутоби бомдодӣ”, ки баробари фасли зимистон даромадан онро оғоз мекарданд. Қурутоб ҳар субҳ баъди намози бомдод дар хонае мардуми деҳаро интизор буд ва кори аҷиб ин буд, ки ҳар субҳ пеш аз бомдод қурутобхабаркунанда дар кӯчаҳо фарёдзанон мардумро ҳам аз хоб мехезонд ва ҳам суроғаи қурутобро барои ин субҳ мегуфт.

— Дар васфи деҳаатон бисёр шеър гуфтаед?

— Бисёри бисёр…

— Оё боре фикр карда будед, ки рӯзе мешаваду дар бораи деҳаатон аз Шумо касе чизе мепурсад?

— Не, умуман фикр накардаам ва омода ҳам набудаму нестам. Баръакс, ба фикре будам, ки подабонию харсаворӣ ва кафтарбозиву қурутобхӯрии солҳои гузашта танҳо дар ёдҳо мемонанд, вале ҳоло чангу ғуборро аз болои он хотираҳо тоза кардем, ки бисёр хуб шуд.

РОЗИ САВВУМ

Бахти ба яғмо рафта

— Шумо падаратонро чи гуна шинохтед?

— Росткору ростгӯ ва бисёр меҳнатдӯст.

— Чӣ машғулият доштанд?

— Асосан деҳқон буданд, вале дар баробари деҳқонӣ барои таъмини маишати рӯзгор сабад мебофтанд ва боз намад ҳам мерехтанд.

— Шумо дар кадом кораш ёрӣ медодед?

— Бештар дар рехтани намад, зеро вақте ягон тӯй мешуд, муштариёнаш хеле зиёд мешуданд.

— Ман бисёр падаронеро медонам, ки қарз карда, фарзандонашонро мехононанд…

— Дар ҳама ҳолат падар дастгирӣ ман буданд, аммо замоне ки ба Душанбе омадам, дигар бароварда кардани ҳама хароҷоту эҳтиёҷотамро худам медонистаму Худо.

— Табиист, ки вақте фарзанд дар мактаби миёна таҳсил мекунад, дар хонаи волидон аст, яъне нақши онҳо сояашон мебошад, вале замоне ки фарзанд ба мактаби олӣ меояд, нақши волидон гуногун дида мешавад. Мегуфтед, ки нақши падар нисбати дар мактаби олӣ хондани Шумо чи гуна буд?

— Дуои нек.

— Чӣ фарқият аст дар муносибати Шумо бо фарзандонатон аз муносибати падаратон бо Шумо?

— Дар дунё ҳар он чизе ба мо мерасад, қарз аст ва рӯзе мерасад, ки онро бояд баргардонем. Таълиму тарбия, дӯстдориву ғамхорӣ ва меҳрубониву дилсӯзиро низ. Фикр мекунам, дар муносибати ман бо фарзандонам танҳо ба замона наздик шудани амалу сухан ва талаботи рӯз асту халос.

— Чӣ монандиҳо ба падаратон доред?

— Шаклан монандем ва ҳар монандии ботиниро гуфта наметавонам.

— Дар васфи падар шеъри ба дилатон наздик кадом аст?

— “Эй падар, бахти ба яғмо рафтаам”.

Эй падар, бахти ба яғмо рафтаам,

Ганҷи ноёби ба дарё рафтаам.

Бе ту ҳастам зиқ, ҳастам хору зор,

Шодии аз дори дунё рафтаам.

Доштӣ бар тан қабои зиндагӣ,

Гӯш дода бо навои зиндагӣ.

Баҳри хушбахтии мо рӯзи дароз

Медавидӣ аз қафои зиндагӣ.

Дам ба дам гӯям, падарҷон, войи ту,

Ҳеч як инсон нагирад ҷои ту.

Мон, бигирям, як каме оям ба хеш,

Дил надорад тоқати ғамҳои ту.

Эй падар, бахти ба яғмо рафтаам,

Ганҷи ноёби ба дарё рафтаам.

Бе ту ҳастам зиқ, ҳастам хору зор,

Шодии аз дори дунё рафтаам.

РОЗИ ЧАҲОРУМ

Сафедии рӯзгор

Ҳама сафедиҳои рӯзгори ман аз шири сафеди модарам сарчашма гирифтаанд. Шири сафеди модар нишонаи бахти сафед ва роҳи сафед хостанаш барои фарзанд аст. Қудрат, таъсир ва нерӯи шири модарам буд, ки сиёҳиҳои рӯзгор дар чашмонам нанамуданд ва ҳамеша фикру зикри сафед маро ҳамроҳ аст.

Мирзоҳусайни Бадалипур

Бӯйи нони очам…

— Модарам дар деҳа нонпаз буданд. Мардум барои ҳама маъракаҳояшон ӯро нонпазӣ мебурданд. Ҳатто чанд маротиба дида будам, ки дар як рӯз ба хонаамон аз ду — се хонаи маъракадор орд оварда, аз модарам хоҳиш мекарданд, ки хамир карда, барояшон нон пазад, ин як. Дуввум, ман аз кӯчаи калон бӯйи нони очаҷонма мефаҳмидам, мешинохтам ва он маро ба хона ҷеғ мезад. Ҳамин фарёдкуниҳои бӯйи нон буд, ки шеъре ба номи “Бӯйи нони оча аз кӯча фарёдам мекунад” навиштам ва онро ҳунарманди мумтоз Қурбоналӣ Раҳмон сароидааст.

Шакароби бомаззаи очам…

— Модари азизам бо қошуқҳои чӯбин шакаробҳои бисёр болаззат ва фатирмаска мекард. Вақте ки пиёзу гашничу укробро якҷоя дар табақи чӯбин мекӯфт ва нону об илова карда каф мезад, тамоман лаззати дигар дошт.

Ошхонаи очам…

— Ман ҳеҷ ошхонае зеботар аз ошхонаи очам надидам. Модари ҷонам ҳамеша маро ба ошхона ҷеғ зада, қаймоқҳои болои ширро медод, пас ман медонистаму косаи қаймоқ ё харошаки таги дег.

Шеъри очам…

— Ман барои очаҷонам шеъри беҳисоб навиштам ва онҳоро ҷамъ карда, модарнома ва фироқнома тартиб додам. Барои ман аз ҳама ҳолати гуворо ва зебо лаҳзае буд, ки дар наздаш нишаста, шеъри барояш навиштаамро мехондам.

Силаи очам…

— Ман силакуниҳои модарамро ҳеҷ гоҳ ба таври бояду шояд ва он хеле ки буданд, тасвир карда натавонистам. Ва ҳоло ҳам забонам лол аст.

Хандаи очам…

— Модари ман аз ҳаё хандаҳои кӯчагӣ надошт. Вале дар хона бисёр хандаҳои зебо мекард ва имрӯз оилаам баъзе хандаҳои маро дида мегӯяд, ки “мисли раҳматии холаам хандидӣ”.

Гиряи очам…

— Баъди он, ки як додарам бе ягон беморӣ аз дунё гузашт, гиряи пурдард ва ноумедкунанда солҳои дароз домони модарамро раҳо накард.

Ғами очам…

— Ҳар вақте ки ба пойтахт ё ҷои дигар сафар мекардам, модарам аз ғаму ғуссаи зиёд маро бе ашки чашм гусел карда наметавонист.

Набудани очам…

— Ман аз падарам барвақттар ҷудо шудам. Ҳама тору пудам, ғамбарору шодишарикам, ҳоҷатбарору маънии зиндагиам, қуввати дилу баҳонаи зистанам очам шуданд. Вале ҳайҳот, ки бо тақдир ҷанг эълон карда намешавад ва ӯ аз ман рафт. Ин пойиз 11-умин фасли хазон аст, ки бо рафтани модари ҷонам хазонам.

Ёди очам…

— Ҳамеша ёди очам бо ман аст ва барои тасдиқи ин ҷумла шеъреро мехонам, ки чанде пеш навишта будам:

Насозам ёди очам, кӯр гардам,

Зи аслам рафта-рафта дур гардам.

Нагӯям гар ба сози «Алла»аш шеър,

Ризоям, зинда сар дар гӯр гардам.

Маро очам ба роҳи рост бурдаст,

Ғами фардои ман бисёр хурдаст.

Аз ин дунё ба гӯри тираву тор

Сафар карда, маро бо Ҳақ супурдаст.

Гиристам зор баҳраш, пас нагашт ӯ,

Зи ҳолам заррае пайхас нагашт ӯ.

Баҳор омад, ба табрикам дигар ҳеч

Ба тан пироҳани атлас нагашт ӯ.

 РОЗИ ПАНҶУМ

Сурати девор

Шоири беунвон ва ҳамзамон мумтози мо Нуруллоҳи Ориф аввалин маротиба қаламро барои шеър навиштан не, балки ба хотири кашидани сурати кабӯтаре, ки дар девори хонаи торике нақш дошт, гирифта буд. Ӯ нақл мекунад:

— Дақиқ чандсола буданамро ба хотир надорам, аммо яқин медонам, ки мактабхон набудам. Падарам рӯзе намадрезӣ рафт ва маро ҳам ҳамроҳаш бурд. Ба хонае даромадем, ки он тақрибан 6 ба 9 буду ҳамзамон торик. Падарам ба намадрезӣ сар карданд. Ман бошам, аз бекорӣ ба ин тарафу он тараф қадам зада, ҳама кунҷу канори онро нигоҳ мекардам. Ногаҳ дар девори хона акси кабӯтареро дидам. Тамом, дигар то корашро анҷом додани падарам кори ман ба он сурат назар кардан буду халос. Чашмонаш, нӯлаш, пойҳояш ва парҳои ҷамъшудааш айнан ба монанди кабӯтари зинда буданд. Акс чунон мафтунам кард, ки чанде сукут намуда, хостам аз падарам муаллифашро пурсон шавам, вале аз сабабе, ки дар баробари ҷиддӣ буданаш ҷуръат надоштам, хомӯш мондам. Қисса кӯтоҳ, мо ба хона баргаштем. Падарам аз ҳоли ман хабар надошт. Ман бо зориву илтиҷо модарамро гирифта ба ҳамон хона рафтам ва ҳамроҳаш он суратро ба варақе рӯбардор кардем. Мақсади ман ҳам ҳамин буд, ки ба он сурат нигоҳ карда, тақлид кунам.

Шоири беунвон ва ҳамзамон мумтози мо Нуруллоҳи Ориф аввалин маротиба қаламро барои шеър навиштан не, балки ба хотири кашидани сурати кабӯтаре, ки дар девори хонаи торике нақш дошт, гирифта буд. Ӯ пеш аз оне ки рангҳоро барои рангинкунии шеърҳояш дӯст дорад, зебоии дунёро дар рангҳоро пушти ҳам мондани падараш дар вақти намадрезӣ дӯст медошт ва ин ҳам бошад ба хотири ба чунин рангҷудокунӣ тақлид карда, онҳоро дар варақ тасвир кардан буд. Ӯ нақл мекунад:

— Падари ман дар вақти рехтани намадҳо аз рангҳо чунон зебо ва бомаҳорат истифода мекард, ки натанҳо ҳаваси ман, балки ҳаваси ҳар бинанда меомад. Шодравон аксар вақт маро ҳамроҳаш мебурд ва ҳар рангеро, ки назди ранги дигар мегузошт, барои мувофиқ кардану зебанда будани он ду ранг сад далел пеш меовард. Оҳиста-оҳиста ман рангҳоро дӯст доштам. Кадомаш бо кадомаш мувофиқат карданро ҳам каму беш аз худ кардам. Ва акнун он рангҳоро болои қоғаз якҷо мекардам.

Шоири беунвон ва ҳамзамон мумтози мо Нуруллоҳи Ориф аввалин маротиба қаламро барои шеър навиштан не, балки ба хотири кашидани сурати кабӯтаре, ки дар девори хонаи торике нақш дошт, гирифта буд. Қасди ӯ аз рассомиву рассом шудан танҳо ба воситаи зебоии рангҳо зебоии дунёро ба чашми ҳамагон нишон додан буд. Ӯ нақл мекунад:

— Ман ҳама зебоии дунёро дар ҷо ба ҷо гузоштану бо ҳам мувофиқ кардани рангҳо медонистаму медонам ва мақсаду ҳадафи рӯйи варақ чизе кашиданам ҳам ҳамин буду халос.

Шоири беунвон ва ҳамзамон мумтози мо Нуруллоҳи Ориф аввалин маротиба қаламро барои шеър навиштан не, балки ба хотири кашидани сурати кабӯтаре, ки дар девори хонаи торике нақш дошт, гирифта буд. Вале бо камол ёфтану ишқ дар дил парваридан қалами рассомиро ба қалами шоирӣ иваз кард. Ӯ шоир шуду ба рассомӣ нуқта гузошт ва ҳоло бошад, нақл мекунад:

— То замоне ки шеърро намефаҳмидам, ягона марҳами дилу хотири ҷамъам расмҳоям буданд, вале рафта-рафта дардҳо зиёд шуданд ва пайхас кардам, ки рассомӣ дигар қудрати гуфтани онҳоро надорад. Шеър хондам. Шеър гуфтам. Ва ҳоло дигар ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳаму наметавонам ба рассомӣ баргардам, зеро шоирӣ ҷойи рассомиро гирифт.

Суратҳо, аҷаб қудрате доранд суратҳои ин дунё. Сурати девори хонаи торики 6 ба 9 ба қаламбадаст шудани устод Нуруллоҳи Ориф баҳона шуду сурати девори хонаи ман сабаби тавлиди ин мусоҳиба. Дар ин росто суратҳоро дӯст доред, зеро онҳо ба ҳар чизе сабаб шуда метавонанд

РОЗИ ШАШУМ

“Ҷони бобо”

— Устод, Шумо кай гуфтед, ки “ман бояд шеър нависам ва шоир шавам”?

— Дар зиндагӣ азобҳои зиёд кашидаам. Вақте ки мактаби ронандагиро хатм кардам, назди раиси совхоз рафтаму гуфтам, ки ҳадди ақал ба ҳайси слестр қабулам кунад. Вале ӯ гуфт, ки аввал шаш моҳ подабонӣ кун, баъд биё слестр қабулат мекунам. Баъди шаш моҳи подабонӣ назди раис омадам ва ӯ то гармиҳо даромадан боз ба подабонӣ равонам кард. Баҳор шуд. Ба қавле гармиҳо даромаданд. Боз назди раиси совхоз рафтам. Вай ин дафъа сад баҳона пеш овард ва баъди се бор дарондани аризаи аз кор рафтанам бе аризаву ҳисобу китоб аз кор рафтам. Сабаби ба шеър рӯ оварданаму шеър навиштанам агар аввал дарду ғам, норасоиву камбудиҳои рӯзгор бошанд, пас дуввум ҳатман, ки вақти зиёд дар даштҳои беканор аз пушти гову моли совхоз давиданам аст. Ногуфта намонад, ки ман дар подабонӣ ҳам китоб мехондам, варақу қалам доштам.

— Аввалин бор кӣ ё чӣ илҳом овард?

— Устод Гулрухсор як шеъри наврӯзӣ доштанд, оғозаш чунин буд:

“Дӯстам, медонистӣ, бахт аз канорам рам намекард

Шеъри ман дар фасли Наврӯз

Бӯи дуди ғам намекард”.

Ман ҳам аввалин маротиба дар пайравӣ бо ӯ чизаке навишта будам.

— Бисёриҳо шеърҳои аввалашонро ба касе нишон намедоданд. Шумо ҳам ҳамин хел будед?

— Бале, аммо на ба хотири ҳарос доштан аз вокунишҳои атрофиён, балки ман танҳо барои худам менавиштам, зеро он замон танҳо дарди худамро мегуфтам.

— Аввалин нафаре, ки аз калимаҳоро дар қолаби назм бо ҳам пайваст кардани Шумо огаҳ гардид, кӣ буд?

— Дар вақти подабонӣ ман як рафиқ доштам, ки ҳамеша мо як ҷо будем ва ҳамон нафар аввалин хонандаи шеърҳои каҷукилеби ман буд.

— Аз ҳисоби шоирони касбӣ чӣ?

— Дар шеър устоди ман Гулназар ҳастанд. Дар асл аввалин маротиба ман пеши Бозор Собир рафтам ва бисёр мехостам, ки устодам бошад. Вақте ки дафтари шеърамро гирифта ба Иттифоқи нависандагон рафтам, аввалин нафаре, ки пешорӯям баромад, устод Бозор Собир буд. Мо вохӯрдем ва гуфтам, ки чанд шеъраке овардам ва мехоҳам як бор бинед. Гуфт, ки ман корҳоямро тамом кардам ва бояд якҳафтаина фалон ҷо равам. Ӯ дафтарамро аз дастам гирифту дар болояш навишт: “Раҳмати азиз, ин бачаро дастгир бош!”. Вале бо кадом як сабабе кор беанҷом монд.

— Устод, ман ҷавоб нагирифтам

— Рӯзе як дӯсти адабиётшиносам Шамсиддини Солеҳ барои рӯнамоӣ кардани дафтари шеъри чанд шоири ҷавон маҳфиле ташкил карда, аз Иттифоқи нависандагон устодон Гулназар, Сорбон ва боз чанд нафари дигарро даъват карда буданд. Дафтарҳоро як — як рӯнамоӣ карданд ва устод Гулназар аз ҳама охир дафтари маро ба даст гирифта, гуфтанд, ки “соҳиби ҳамин дафтар дар толор ҳастанд?”. Номи маро се маротиба гирифтанд, аммо бо сабаби беҷуръатӣ аз ҷоям хеста натавонистам. Ва баъд дӯсти маҳфилороям маро аз миёни мардум маҷбуран хезонданд. Устод гуфтанд, ки ҳамин нафар агар ҷиддӣ кор кунад, шоири хуб мешавад ва ба ман рӯ оварда гуфтанд, ки “ман дафтари Шуморо мебарам ва фалон рӯз наздам биё”. Дигар рафтуомади мо оғоз шуду ман аз устод бисёр нозукиҳои шеърро омӯхтам.

— Чӣ хел шуд, ки дар ҷашнҳои сатҳи баланд ба шеърҳои Шумо оҳанг даровардан мӯд шуд?

— Вақте ба Иттифоқи нависандагон супориш мешавад, ки аз шоирон шеърҳои наврӯзиашонро ҷамъ кунед, касе суроғи ман накард. Баъд бо супориши устодам шеърҳои наврӯзиямро нохоҳам-нохоҳам ба назди раис бурдам. Аммо раис гуфтанд, ки ин масъаларо мо барвақт ҳал кардем. Баъдан ман назди Убайдулло Раҷабов, ба театри “Оина” рафтам. Гуфтам, ки шеъри наврӯзӣ овардаам. Гуфтанд, ки ту дер кардӣ, аммо ба ҳар ҳол як бор мебинем. Ман шеърҳоро болои мизашон мондам ва то чойхонаи “Роҳат” омадам, ки занг заданд ва гуфтанд, ки ҳар куҷое бошӣ, баргашта биё. Маълум шуд, ки баъди баромадани ман шеърҳои маро хондаанд. Дар вақти суҳбат гуфтанд, шоире, ки бояд ҳозир ҳамроҳаш кор кунам, Шумо ҳастед. Ва ҳамон ҷо супориш доданд, ки дар шакли гурғулӣ як шеър навис ва аз ҳамон вақт дигар дар маъракаҳои давлативу ғайридавлатӣ шеърҳои ман хеле зиёд истифода мешаванд.

— Барои ин ҳама оё дастгирӣ, ягон беҳбудӣ ва ё дилгармиву дастсафедкунӣ ҳаст?

— Ҳамаашро метавон ба нишон додани ному насабам марбут донист.

— Назди Шумо сарояндагони ҷавон ҳам меоянд. Бигӯед, ки бо онҳо додугирифти шеър чи гуна сурат мегирад?

— Ман то имрӯз ба ягон шеърам нарх нагузоштаам. Боре аз касе дираме ҳам талаб накардаам. Ҳатто то 10 сомонӣ ҳам бар ивази шеърам додаанд. Ва боз ҳастанд нафароне, ки чандин шеърҳоямро бурдаанд, аммо то ҳол хомӯшанд. Ман даъвое надорам.

— Вақтҳои охир Шумо ба шеъри бачагона рӯй овардед. Лутфан, сабабашро мегуфтед ва якҷоя қиссаи шеъри “Ҷони бобо”-ро ҳам шунидан мехоҳем

— Ман бо роҳнамоии дӯсти хубам Муббашир Акбарзод ба гуфтани шеърҳои бачагона рӯй овардам ва шукр, ки то ҳол як маҷмӯаам бо номи “Гули наврӯз” чоп шуд ва ҳоло маҷмӯаи дигарам бо номи “Қанди додо” дар дасти чоп аст. Қиссаи “Ҷони бобо” ҳеҷ аҷобате надорад. Рӯзе бо устод Ҷамшед Исмоилов дар Филармонияи давлатӣ вохӯрдем ва ҳамин гуна шеър хоҳиш карданд. Ман аз Филармония то Гулистон шеърро навиштам.

ҶОНИ БОБО

Мағзеду мавиз, ҷони бобо,

Як-як ҳама рӯи хони бобо.

Олудаи қанду қандалот аст

Аз шираатон даҳони бобо.

Қанду асали бобо,

Шеъру ғазали бобо.

Бедонаву кавги маст,

Зеби бағали бобо.

Аз хандаатон ҷаҳон бихандад,

Хуршед дар осмон бихандад.

Ин дил, ки зи ранҷ пир гаштаст,

Дар ҳалқаатон ҷавон бихандад.

Қанду асали бобо,

Шеъру ғазали бобо.

Бедонаву кавги маст,

Зеби бағали бобо.

Дил аз баратон намеканад по,

Эй булбулакони боғи бобо.

Бо амри Худо, Худои дилсӯз

Ҳастед басо қашангу зебо.

Қанду асали бобо,

Шеъру ғазали бобо.

Бедонаву кавги маст,

Зеби бағали бобо.

 

РОЗИ ҲАФТУМ

Раҳораҳ

Диктофон хомӯш шуд. Ҳараккати сонияҳо қатъ гардид. Хушбахтона, ин асбоби дӯстдоштаи ман як соату панҷоҳ дақиқа сабт кардааст. То ҷойи кори устод дусе дақиқа роҳ аст ва бар ивази наздики ду соат суҳбат доштан яку якбора саволе пайдо шуд, ки онро напурсам роҳ дароз менамояд.

— Устод, оё ҳолате шудааст, ки ба хотири фазову муҳит аз он чизе, ки гуфтан мехостед, даст кашида бошед?

— Не, ман худамро бисёр озод ҳис мекунам. Зеро, ҳар чизе, ки гуфтан мехостаму мехоҳам, бо фазову муҳитамон созгор аст.

Роҳ тамом шуд. Устод Нуруллоҳи Ориф тарафи рӯзномаи Ҷавонони Тоҷикистон” қадам партофтанду ман ҷониби муқобил.

Раҳораҳ фикр мекунам ва ин ҷумлаи обшӯставу дилбазани аксарият аввалин шуда ба хотирам меояд: “Чаро чунинҳоро дар зиндагияшон қадр намекунем?”.

 

Мусоҳиб: Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

1 бинависед

  1. А мардак, ба гайр аз отаю очаю бобию момат дигар гапи мегуфтаги надори? Барои ободии Точикистон чи кор карди? Ай шеърхои мавхуми ту буза хандаю хара бози мебиёяд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here