Дар арафаи ҷамъбасти нимсолаи аввали таҳсил бо донишҷӯи факултаи журналистикаи ДМТ ва яке аз фаъолони матбуоти даврӣ Меҳрофарин Наҷевуллоев перомуни ҳаёти ҷавонӣ ва донишҷӯӣ суҳбат оростем, ки онро манзури шумо мегардонем.

— Шумо худ ҳамчун ҷавон ҳаёти ҷавониро чӣ гуна тасвир мекунед?

— Ман чун як ҷавон ин давраи ҳаётро ба фасли баҳор ташбеҳ ва монанд мекунам. Ба ғайр аз фасли баҳор ҷавониро дигар ба ҳеҷ чиз шояд монанд кардан мумкин набошад. Ҳама гуна сарсабзӣ, шукуфоӣ ва зебоиеро, ки дар фасли баҳор мушоҳида намудан мумкин аст, дар ҳаёти ҷавонӣ низ дида мешавад. Баҳор, ки оғози сарсабзии олам аст, ҷавонӣ оғози худсозӣ, оғози сарсабзии инсон, оғози хунгармӣ, оғози ошиқии инсон аст. Маҳз дар ин давра корҳое аз сар мегузаранд, ки дар оянда бо он гоҳо ифтихор мекуниву гоҳо мешармӣ.

Ҷавонии шумо чӣ гуна мегузарад?

— Ҷавонона мегузарад, аммо бо калонсолон беш равуо дорам: ин албатта хуб аст, лекин баъзан ба шӯхӣ мегӯям, ҷавонии ман бо пирон мегузарад, шояд тез пир шавам.

— Як рӯзи ҷавонии худро чӣ гуна сипарӣ мекунед?

— Субҳгоҳон бо тозагии майна ба китобхонӣ машғул мешавам ва инчунин баъзан вақт ба рӯзнома ё нашрияе ягон матлаб менависам. Чун дарсҳои мо баъд аз нисфирӯзист, агар фурсат, ки шуд, пеш аз оғози дарс соате ба Китобхонаи миллӣ меравам. Баъди нисфирӯзӣ бошад, то соатҳои 5 ва баъзан то 6 дар донишгоҳ ҳастам. Баъди итмоми дарсҳо шабона то хобкунӣ аз пайи тайёрии дарсҳо ва ба хондани китобҳои дарсиву бадеӣ машғул мешавам. Имрӯзҳо китоби “Садбарги заррин”-и Константин Паустовскийро, ки мутарҷими он рӯзноманигор, адиб ва тарҷумони шинохта Бахтиёри Муртазо дар як дидор туҳфа намуда буданд, мутолиа дорам.

— Зимнан, фаъолияти шумо дар матбуоти даврӣ мавриди тазаккур аст ва дар авохир мусоҳибаҳои шумо бо рӯзноманигорони собиқадор ба зевари табъ мерасанд. Ин ба шумо чӣ гуна даст медиҳад?

— Фаъолияти банда аз ибтидои таҳсил дар факултаи журналистика сар шуд ва дар ин муддат бо аксари ҳафтаномаҳои хусусиву давлатӣ ҳамкорӣ дорам. Аввалин маводи шогирдонаи ман дар рӯзномаи “Фараж” ба чоп расида буд ва он рӯз бо чӣ ҳоле гузашт, ки тасвир надорад. Вале дуввумин маводи банда мусоҳиба бо устоди шодравон профессор Абдусаттор Нуралиев буд, ки перомуни матбуоти даврӣ ва сабабҳои камхонанда шудани онҳо ороста будем. Ва бо ҳамин оғоз шуд. Аммо ин ҳама бо ибтикору роҳнамоии устод Қироншоҳ Шарифзода аст. Дар оянда низ нақшаи чанд мусоҳибаи дигарро дорем ва омодагии онро дида истодаем.

— Дар ин баробар шумо донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ ҳастед. Ба ақидаи шумо, симои донишҷӯро чӣ муайян мекунад?

— Мегӯянд, симои донишҷӯро сарулибоси ӯ муайян мекунад, аммо ба пиндори ман симои донишҷӯро аввалан дониши ӯ муайян мекунад. Донишҷӯе, ки дониши хуб дошта бошад, одобу ахлоқи хуб ҳам дорад, сарулибоси хуб ҳам, ҷаҳонбинии васеъ ҳам. Ин қабил донишҷӯён аз ҷониби устодону омӯзгорон низ ҳамеша дастгирӣ меёбанд. Бинобар ин, фикр мекунам пеш аз ҳама дониш ба донишҷӯ муҳим аст ва муаррифгари симои ӯст. Аммо, бо таассуф, дар замони мо донишҷӯёне ҳам ҳастанд, ки на ин доранду на он.

— Бо он ки донишҷӯиро “давраи тиллоии умр” меноманд, аммо ин даврон бе мушкилӣ намешавад. Се мушкилии асосии ҳаёти донишҷӯи имрӯзаро номбар карда метавонед?

— Аввал ин ки мо донишҷӯи ҳақиқӣ нестем. Дуюм, агар донишомӯз ҳастем, худомӯзӣ надорем ва агар худомӯзӣ ҳам дошта бошем, аммо то ҳол аз аксари мо самаранок нест, вақти пурқиммати худро дуруст истифода бурда наметавонем. Ба ақидаи ман, се мушкилии асосии донишҷӯёни имрӯза, ки ба ҳам алоқамандӣ доранд, инҳо ҳастанд.

— Пас ба шумо бештар чӣ барои аз худ намудани касби ояндаатон кӯмак мекунад: лексия, семинар ва ё худомӯзӣ?

— Ба ақидаи банда, барои як донишҷӯ бештар дарсҳои семинарӣ бо иловаи худомӯзӣ барои омӯхтани касби оянда хуб кӯмак мерасонад. Гузаронидани дарсҳои семинарӣ дар донишгоҳ ва худомӯзӣ дар хона барои ҳар як донишҷӯ хеле муҳим аст ва инҳо якдигарро пурра менамоянд. Агар якеро иҷро кунем ва аз дигарӣ дур бошем, муваффақ шудан дар ҷодаи интихобнамуда мушкил мегардад.

— Нимсолаи аввал дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад ва имтиҳонҳо дар пешанд. Дар ин рӯзҳо аксари донишҷӯён дар ҳарос ҳастанд. Шумо чӣ? Ва омодагии шумо ба имтиҳонҳо чӣ гуна аст?

— Дуруст қайд намудед, ки дар пеш имтиҳонҳо моро интизор аст ва ҳафтае пас оғоз мегарданд. Вале, ман чаро ҳаросам, ки то ин вақт дар талоши дониш будам. Аз ин ман ҳеҷ дар ҳарос нестам. Онҳое дар ҳаросанд, ки то ин ҷониб ба дарсҳо бо тайёрӣ наомадаанд ва вақти худро ба дигар корҳои беҳудаву “баҳуда”-и ақидаи хеш гузаронида, дарсҳои супоришшударо иҷро накардаанд. Онҳо бояд дар ҳарос бошанд. Вале ман ором буда, ҳеҷ тарсу ҳаросе надорам. Боварӣ дорам, ки имтиҳонҳоро бо баҳои аъло месупорам.

— Аз ҳаёти донишҷӯён имрӯз чӣ чизе ҳаст, ки ба шумо маъқул нест?

— Пеш аз ҳама одобу ахлоқи донишҷӯён имрӯз мушкилии асосии вақту замон аст. На танҳо аз донишҷӯён, балки одобу ахлоқи қисми зиёди ҷавонони имрӯз коста гардидааст. Муносибати ҷавонону донишҷӯёни замони мо, махсусан, муносибати сарди ҷавонон бо калонсолон ва донишҷӯён бо устодону омӯзгорон ҷои ташвиш ва нигаронӣ аст.

Замоне Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баромада буд ва бим ҳаст, ки қонун дар бораи ахлоқро пешниҳод накунанд…

— Худро донишҷӯи муваффақ меҳисобед?

— Бигзор инро дигарон баҳо диҳанд. Вале бисёр кӯшиш мекунам, то муваффақ бошам.

— Ба умеди муваффақиятҳои минбаъда ба шумо барор мехоҳем!

— Саломат бошед!

Мусоҳиб: Давлатҷон АБДУЛЛОЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here