(Мусоҳибаи ихтисосии “Фараж” бо декани факултети филологияи тоҷики ДМТ Сироҷиддин Эмомалӣ)
Арбоби сиёсию давлатӣ, равшанфикр, озодандеш ва рӯзноманигори шаҳири тоҷик устод Отахон Латифӣ аз чеҳраҳои мондагори журналистикаи муосири миллӣ маҳсуб меёфт, ки соли 1998 бар асари нақшаи тарроҳишудаи гуруҳҳои манфиатхоҳи зиддимиллӣ террор шуд. Террори устод Отахон Латифӣ бо мақсади ба вуҷуд овардани таниш ва нобоварӣ миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои давлатӣ, ҳамчунин барои тарсонидани озодандешон ва бастани роҳи озодии баён дар қаламрави ҷумҳурӣ барномарезӣ шуда буд. То имрӯз дар бораи шахсияти журналист ва марги нобаҳангоми ӯ баҳсу мунозираҳо ба хати ниҳоӣ нарасидаанд ва ҳанӯз ҳам гуфтугузорҳо дар ин замина давом доранд. Ин аст, ки мо тасмим гирифтем дар робита бо мавзӯи мавриди назар мусоҳибае ихтисосӣ бо декани факултети филологияи тоҷики ДМТ Сироҷиддин Эмомалӣ дошта бошем, то ҳадди ақал баъзе паҳлуҳои зиндагӣ, шахсият ва марги устодро рӯшан намоем.
— Сараввал ҳузури Шуморо ба суҳбати ихтисосӣ шодбош мегӯем ва мусоҳибаро бо ин пурсиши муқаддимотӣ шуруъ мекунем. Дар доираҳои гуногун шоеоти зиёде дар қиболи шахсият ва ҳайсияти устод Отахон Латифӣ пароканда шудааст ва ҳар нафар аз зовияи дидгоҳ ва мавқеаш ба устод баҳо додааст. Шумо аз кадом зовия ба шахсияти устод Латифӣ нигоҳ мекунед?
— Отахон Латифӣ — ин чеҳраи таъсиргузори журналистикаи миллӣ боиси ифтихори миллати тоҷик буда ва ҳаст ва ҳар кӣ дар бораи ӯ носазо мегӯяд, нотавонбин ва муғриз аст — ин як. Устод Латифӣ бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва андӯхтани донишу таҷрибаи ҳирфаию зиндагӣ тавонист дар раддаҳои баланди иҷтимоии замони Шӯравӣ ва пасошӯравӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи баланд касб намояд — ин ду. Муҳимтар аз ҳама, аз хонадони як тоҷики музофотӣ баромадан ва рушд кардани устод Латифӣ маънои онро дорад, ки миллати тоҷик дар ҳама давру замон метавонад кадрҳои баландихтисоси миллии сатҳи ҷаҳониро омода ва барои хидмат ба халқу ватан сафарбар намояд — ин се. Бад-ин тартиб метавон дар бораи шахсият, асолат ва ҳайсияти журналисти фақиди тоҷик зиёд гуфт ва мисол зад, аммо вақту имконоти маҳдуди замонӣ маҷол намедиҳад.
— Ба назари Шумо, решаи маҳбубият ва муваффақиятҳои устод Латифӣ чӣ будааст?
— Решаи муваффақият ва комёбиҳои устод Латифӣ, қабл аз ҳама, заҳмту талошҳои инфиродӣ ва шахсии устод будаанд, ки ӯро минҳайси як журналист ва воқеанигори ҳирфаӣ муаррифӣ кардаанд. Шумо тасаввур кунед, ки дар як гӯшаи дурдасти Тоҷикистони азиз соли 1936 тоҷике бо исми Отахон ба воя мерасад ва ба сахтиҳои рӯзгору зиндагӣ нигоҳ накарда, пайроҳаи омӯзиш ва донишро ҳадафмандона мепаймояд ва саранҷом ба қуллаи мурод мерасад. Соли 1958 ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград, ки аз бонуфузтарин марказҳои таълимию илмии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёфт, дохил мешавад ва онро сарбаландона хатм мекунад. Баъдан кору фаъолият дар нашарот, рӯзномаю матбуоти овозадор ва мақомоти давлатии вақт — Нашриёти давлатии «Ирфон», редаксияҳои рӯзномаҳои ҷавонон «Комсомолец Таджикистана» ва «Комсомоли Тоҷикистон», дар Дастгоҳи Кумитаи Марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон — ЛКСМ-и ҷумҳурӣ (солҳои 1063-1967), мухбири махсуси рӯзномаи «Комсомольская правда» дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва минбаъд Осиёи Миёна (солҳои 1967-1973), мухбири рӯзномаи «Правда» дар Тоҷикистон (солҳои 1973-1989), муовини раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон (солҳои 1989-1991), мухбири махсуси рӯзномаи «Известия» ва ҳафтаномаи «Союз» — «Жизнь» (аз соли 1991 ба баъд) ӯро ба сифати шахсияти варзида ва таҷрибадори замон миёни ҷомеа маъруфият бахшид. Аз ин ҷост, ки решаи маҳбубият ва маъруфияти устод Латифӣ дар мушаххасоти зерини шахсиятӣ: масъулиятмандӣ, шоистагӣ, бовиҷдонӣ, хирадмандӣ ва гуманизм ва ба истилоҳ, мардумсолории ӯ ниҳонанд.
— Ҳарфи маъмул дар ҳирфаи журналистӣ воқеиятнигории шахси рӯзноманигор аст. Бар ин асос, устод Латифӣ ҳам дар фаъолияти мудавоми хеш аз ин меъёри ҳирфаӣ убур накардааст. Ҳамин тавр нест?
— Албатта, чунин аст. Устод Латифӣ дар давоми фаъолияти ҳирфаӣ (манзур фаъолияти журналистӣ аст) аз воқеият ва ҳақиқат убур накардааст ва барои барқарор кардани адолат ва махсусан, адолати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳои шахсиятӣ, ихтисосӣ, мақомӣ, табақотӣ ва билохира инсонии худ истифода бурдааст. Силсилаи мақолаҳои интиқодие, ки дар матбуоти замони Шӯравӣ ба исми Отахон Латифӣ мунташир мегардиданд, баёнгари руҳияи озодандешӣ ва масъулиятписандии журналист буданд. Нуктаи дигари ҷолиб дар ин замина ин аст, ки устод аз дидгоҳи шахсиаш ба масоили доғи рӯзгор назар меафканд ва дар меъёри кору фаъолият ҳамеша адолатро мегузошт. Убур аз адолатро убур аз меъёр талаққӣ мекард ва ба он мекӯшид, ки тавассути матбуоти даврии вақт манофеи мардумиро ҳифз намояд. Дар зимн, устод тайи солҳои 1973-1989 ба ҳайси мухбири рӯзномаи пурнуфузи «Правда» фаъолият карда, бо истифода аз мақом ва ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва сиёсӣ мақолаҳои дархӯри иҷтимоӣ рӯйи нашр меовард ва аз ин тариқ дар ҳалли мушкилоти мардуми Тоҷикистон саҳми сазовор мегирифт. Аз ҷониби дигар, ба забони адабии муосири русӣ балад будан ва ба ин забон навиштани матолиби ҷолиби матбуотӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯз осон набуда ва нест. Аммо устод Латифӣ бо шева ва сабки вежа доир ба масоили муҳими замон гузоришу мақолоти ҷолиб мунташир мекард. Рӯзномаи пешгоми замони Шӯравӣ «Правда», ки адади нашри он ба 12 млн нусха расида буд, матолиби ҷолиби Латифӣ ба забони русӣ, минҷумла «Высокое гнездо», «Долгое эхо в горах», «Ключи к богатству гор», «Плотина», «Родники жарких долин», «Кишлак в Душанбе», «Откровенный разговор», «Цена рекорда», «Рабочего нужно готовить» ва амсоли инҳоро интишор медод, ки муҳтавои баланди иҷтимоӣ дошта, ин навъ мақолаҳо боиси ҳаллу фасли саривақтии мушкилоти иҷтимоии мардуми маҳаллӣ мегардиданд. Ҳарчанд ки баъзе матолиби устод мухтасар ва кӯтоҳ буданд, муаррифгари Тоҷикистони азиз будаанд. Бар илова, ҳар як маводи таҳлилӣ ва гузоришии устод мансабдорони давлатии сатҳҳои гуногунро ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ вомедошт. Ба таъбири дигар, Латифӣ бо набзи замон ҳамнафас буд.
— Устод Латифӣ дар Комиссияи оштии миллӣ ҳам узвият дошт ва албатта, ки дар барқарории сулҳу субот саҳм гирифтааст.
— Бале, устод Отахон Латифӣ аз ташаббускорони шурӯи музокироти Сулҳи байни тоҷикон ба шумор рафта, тавассути ҷаҳду талошҳояш дар барқарории сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон саҳми муносиб гирифтааст. Пас аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ (27-уми июни соли 1997) устод Отахон Латифӣ ба Душанбе баргашт ва аз моҳи сентябри соли 1997 то дами марг ба ҳайси раиси зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) фаъолият карда, ба василаи баррасӣ ва ҳалли масоили муҳими давр фаъол будааст. Мавсуф дар қабули як силсила санадҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла қабули Қонуни афв пешгом ва дар ҳалли масоили вобаста ба сулҳ бо гуруҳи ҳукуматӣ ҳаммавқеъ будааст. Ин аст, ки барои хизматҳои шоистааш дар барқарории сулҳу субот дар кишвар ӯ бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.
— Биёед, сари мавзӯи қатли устод таваққуф мекунем. Куштори устод Латифӣ бештар ба кадом самти фаъолияти ӯ бастагӣ дошт?
— Қатл ё ба истилоҳ, террори устод Латифӣ, қабл аз ҳама, ба фаъолияти ҳирфаии ӯ бастагӣ дошт. Вай ҳамчун рӯзноманигор ва журналисти ҳирфаӣ ва дар айни замон сиёсатмадори миллиандеш ба бисёр гуруҳҳои манфиатхоҳ, ки аз қазияи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон манофеи хешро меҷустанд, маъқул набуд. Аз ҷумла ба муҷриён ва бозигарони тарҳ-пружаи исломи сиёсӣ дар минтақа сахт нописанд буд. Устод бо ҷаҳонбинии миллӣ ва дунявие, ки дошт, ҳеҷ гоҳ наметавонист дар хидмати бегонапарастон қарор бигирад ва онҳо дар ибтидо хостанд аз нуфуз ва ҷойгоҳи сиёсию иҷтимоии устод Латифӣ дар корзори сиёсӣ ва ҷангӣ истифода бубаранд, вале мавқеъгириҳои миллӣ ва дунявии ӯ чун устухон дар гулӯи ҳавохоҳони режими исломӣ буд. Ин буд, ки бо фароҳам омадани шароити мусоид дар ҳазфи физикии ӯ кӯшиданд. Ҳамин тавр, субҳи 22-юми сентябри соли 1998 устод Отахон Латифӣ дар маркази шаҳри Душанбе, дар наздикии қароргоҳи КОМ террор шуд. Мақомоти зиддахли давлатӣ сарриштаи террори устод Латифиро пайгирӣ карда, ду сол қабл, санаи 8-уми августи соли 2017 муҷриёни тарҳи террори журналисти варзидаи миллӣ тавассути филми мустанади ВКД-и Тоҷикистон фош карда шуданд, ки мову шумо аз давоми ин қазия бохабарем.
— Ангушти иттиҳом тарафи кадоме аз гуруҳҳои ифротгаройи динӣ дароз шудааст?
— Албатта, ангушти иттиҳом тарафи наҳзат (манзур ТТЭ ҲНИ) равона шуда буд ва далелҳои шайъие, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ тайи солҳо ҷамъоварӣ гардиданд, бозигарони наҳзатиро дар ин қазия муқассир медонанд ва дигар ҷойи баҳс ҳам нест. Далели бебаҳси даст доштани наҳзат дар тарҳҳои террористии солҳои навадуми асри гузашта, аз ҷумла куштори рӯзноманигорону олимон дар филми мустанади телевизионӣ, ки зикраш дар боло рафт, пурра инъикос ёфта буд. «Қаҳрамонон»-и асосии филми мустанади телевизионие, ки 8-уми августи соли 2017 намоиш дода шуда буд, ошкоро аз ҳузури бевоситаи раёсати ТТЭ ҲНИ ва ҳомиёни пасипардагии он дар ибтидои солҳои навад сухан дар миён оварда, бар он ишора намуданд, ки дар таъсис додан, тамринҳо гузаронидан ва билохира ба марҳилаи ниҳойӣ расонидани гуруҳҳои махсуси диверсионӣ гуруҳҳои алоҳида аз ҳисоби раҳбарияти вақти ТТЭ ҲНИ ва дастандаркорони режими исломӣ даст доштанд. Муҷриёни тарҳҳои террористӣ Абдуқодир Абдуллоев, мулаққаб ба «Рустами Норакӣ”, Тағоймурод Ашрапов, мулаққаб ба «Алӣ” ва Саймуҳриддин Қудратов, мулаққаб ба «Авлиё” ва «Эшон” дар филми мустанад сареҳан иқрор карданд, ки қатли ҳарбиёни дивизияи 201-и Федератсияи Россия ва кушторҳои шахсиятҳои варзидаи сиёсӣ, фикрӣ, илмӣ, адабӣ, динӣ ва фарҳангии тоҷик, назири Сафаралӣ Кенҷаев, Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Карим Юлдошев, Минҳоҷ Ғуломов, Сайф Афардӣ, муфтии собиқ Фатҳуллохон Шарифзодаро бо супориши Ҳизби наҳзати исломӣ ва узви он Ҳоҷӣ Ҳалим анҷом додаанд. Дар натиҷаи корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ ва ташхисӣ-тафтишотӣ масъулини ҷараёни тафтиши қазия ба натиҷае расиданд, ки омилони аслии амалиёти террористии солҳои навадуми асри бист ТТЭ ҲНИ ва ҳомиёни хориҷии онҳо буда, дар созмон ёфтани гуруҳҳои махсуси диверсионӣ ва ҳаросафканӣ нақши калидӣ доштаанд.
— Муддаиёни наҳзатӣ даъво пеш меоваранд, ки дар марги журналистон ТТЭ ҲНИ муқассир нест, баръакс, ангушти иттиҳомотро сӯйи Ҳукумати Тоҷикистон рост мекунанд ва ин нуктаро дар доираи вохӯрию мулоқотҳои аврупоӣ зиёд ба забон меоваранд. Ин навъ иддаоҳои наҳзатиро чи гуна арзёбӣ мекунед?
— Даъвоҳое, ки наҳзатиён сари кушта шудани журналистон пеш меоваранд, асосан рӯйи фаъолияти «самаранок»-и ТТЭ ҲНИ тамаркуз мекунанд. Магар рӯзноманигори шинохта Муродалӣ Шерализода ба дасти сардамдорони ТТЭ ҲНИ кушта нашуда буд? Ё қатли ӯро ҳам бар гардани давлате, ки ҳанӯз сари қудрат наомада буд, таҳмил кунем? Изҳороте, ки моҳи ноябри соли 2017 аз ҷониби Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пахш гардид, ҳокӣ аз он буд, ки 10 журналист бо дастури бевоситаи ТТЭ ҲНИ ва хидматгори он Абдуҳалим Назарзода ба қатл расидаанд. Аз ҷумла дар изҳорот омада буд, ки Муродалӣ Шерализода, сардабири нашрияи «Садои мардум” ва вакили Шӯрои Олӣ рӯзи 5-уми майи соли 1992 дар саҳни ҳавлии Шӯрои Олӣ бо дастури яке аз раҳбарони ТТЭ ҲНИ домулло Абдуғаффор кушта шуда буд. Бад-ин минвол, куштори журналистони маъруф Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Хушбахт Ҳайдаршо, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Виктор Никулин, Сергей Ситковский ва адиби маъруф Сайф Раҳимзоди Афардӣ бар дӯши сардамдорони ТТЭ ҲНИ мебошад. Террорҳои наҳзатӣ, ки бар исми журналистони маъруф ихтисос ёфта буданд, ғолибан ба хотири парокандани тарс ва саранҷом дар ҷомеа тасаллут бахшидани ноамнию бесуботӣ анҷом дода шуданд. Мусаллам аст, ки терроризми динӣ-мазҳабӣ хашинтарин навъи терроризми байналмилалӣ аст ва ТТЭ ҲНИ дар ҳошияи ин навъи террор ба журналистони миллӣ бархӯрд мекунад. Дар ин росто инсони боварманд ва ғайрибоварманде, ки ба ғояҳои пӯсида ва зиддиинсонии наҳзатӣ розӣ нест ва вокунишу аксуламал нишон медиҳад, аз назари фикрӣ ва физикӣ террор мешавад. Тавассути афкандани ҳарос ва парокандани он дар миёни ҷомеа авомуннос ё ба истилоҳи сиёсӣ, «толпа» таҳти тасаллут карор мегирад ва аз тариқи фишорҳои равонӣ, ахлоқӣ, фикрӣ, идеологӣ назорат мешавад. Маҳз тавассути террорҳои фикрӣ, ақидатӣ, равонӣ ва ҷисмӣ (физикӣ) наҳзат дар ибтидои солҳои навадуми садаи бист дар минтақа нуфузи ҷаълӣ ё сунъӣ пайдо намуд ва баъдҳо — пас аз солҳои дуҳазорум оҳиста-оҳиста террорҳои фикрӣ ва равониро дар баданаҳои иҷтимоӣ пахш намуда, то ба ҳадди ниҳоӣ расонд. Ин буд, ки давлат ва Ҳукумат ҷилави бедодгариҳои наҳзатиро, ки ҳатман ба террорҳои баъдӣ сабаб мегардиданд, гирифт ва онро террористию экстремистӣ ва фаъолияташро дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнуъ эълом дошт.
— Чаро қишри журналистӣ бештар мавриди қатлу террори ифротгароёни мазҳабӣ қарор мегирад ва мутаассифона, рӯзноманигорони наҳзатӣ ин қазияро воруна ҷилва медиҳанд?
— Қатл ва куштори ашхоси барҷастаи ниҳоди рӯзноманигорӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯз ба дасти гуруҳҳои сиёҳкоре сурат мегирифт ва мегирад, ки назари ифротӣ ва таассубӣ доранд ва бар асоси мафкураи бегона дар шуури ҷомеа тарсу ҳаросафканиро ба унвони усули зиндагӣ зеҳнсозӣ менамоянд. Аз гузаштаи начандон дури таърихи миллӣ медонем, ки рӯзноманигоре, ки аз воқеият ва ҳақиқат мунсифона дифоъ мекунад, ҳамеша мавриди хашму ғазаби мутаассибон ва хурофотиён, аз ҷумла мутаассибони динӣ-мазҳабӣ қарор мегирад. Дигар ин ки, як зумра рӯзноманигороне ҳастанд, ки барои онҳо миллат, халқ, ватан, ҳувият ва амсоли инҳо танҳо шиор ва васила аст ва тавассути ин васила ҳадафҳои нопоки худро амалӣ кардан мехоҳанд. Ба ин гуруҳ дохил мешаванд рӯзноманигорони наҳзатӣ, ки ғояҳои миллӣ ва инсониро ба сифати шиор истифода бурда, барномаҳои сиёҳи худро роҳандозӣ мекунанд. Наҳзат рӯзноманигорони фурсатталаб ва иғвогарро ҳамеша ба кор ҷалб мекард ва ҳанӯз охири солҳои ҳаштод ва ибтидои навадуми асри бист аз «хидмат»-и журналистон корбаст кард ва дар шароити имрӯзаи буҳронӣ, ки наҳзат паси сар менамояд, корбасти қишри журналистони ноаҳл ва фиребгар муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки ТТЭ ҲНИ ва журналистони он ҳамеша бар он пофишорӣ мекунанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати иҷтимоӣ ва озодии матбуот вуҷуд надорад ва ин шикваи дурӯғин ба ҳадафи стратегии бахши иттилоотии наҳзат бадал шудааст. Ҳатто ба ном рӯзноманигорони фирории ТТЭ ҲНИ аз ин гуна иттиҳомот ба унвони далоили қотеъ истифода бурда, бо ин васила мехоҳанд давлат ва ҷомеаи Тоҷикистонро дар миқёси байналмилалӣ беобрӯ созанд. Бо мақсади вусъат додан ва тавсеа бахшидани силсилаи дурӯғу иттиҳомот рӯзноманигорони наҳзатӣ бо истифода аз фурсати муносиби мизи гирд таҳти унвони «Тоҷикистон: саркӯбии расонаҳо ва журналистони мустақил бо баҳонаи таъмини амнияти миллӣ» ҳанӯз санаи дуюми ноябри соли 2017 дар шаҳри Вена (пойтахти Австрия) масъалаи озодии баёнро дар Тоҷикистон гӯиё пайгирӣ намуда буд. Дар доираи ба истилоҳ, мизи гирди наҳзатӣ ба ном фаъолон ва рӯзноманигорони тоҷик — Темур Варқӣ, Алим Шерзамонов, Амруллоҳи Низом, Маҳмудҷон Файзраҳмонов, Ҷаннатуллоҳи Комил ширкат варзиданд ва суханронӣ намуданд. Махсусан, музахрафоте, ки дар суханронии Темур Варқӣ дар ин мизи гирд баён гардид, дар ҳеҷ қолаб намеғунҷид. Туҳмат задани давлат ба ин ки рӯзноманигорон дар Тоҷикистон озод нестанд ва 60 нафар журналист кушта шудааст, иттиҳоми сахт муғризона ва ҳадафмандона мебошад. Маълум аст, ки Темур Варқӣ дар сатҳи расонаҳои мустақили дохилӣ ва қаламбадастони баинсофи ватанӣ мақому манзалаташро аз даст додааст ва дар пайи аз нав ҷойгоҳ пайдо кардан дар доираи ВАИ-и ватанӣ ва хориҷӣ ҷаҳду талош карда, дар Аврупо ба иттиҳомоти давлати миллӣ даст зада, аз ин роҳ мехоҳад муфт соҳиби имиҷ гардад. Дар мавриди хурофазадаи Амруллоҳи Низом ҷойи гап ҳам нест. Албатта, намояндагони созмонҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии урупоӣ медонанд, ки Амруллоҳи Низом ва ҳамсафонаш ҷуз муште хурофотию мутаассиб нестанд. Танҳо як Амруллоҳи Низом, дар сурати даст додани имконият даҳҳо ва ҳазорон нафари бегуноҳро ба хотири ҳамақида набудан бо ӯ, шахсан сар мезанад. Агар бовар надоред, ба навишта ва матолиби ӯ ҷиддӣ таваҷҷуҳ фармоед. Ба дараҷае асабоният ва нафраташ баланд аст, ки ҳангоми изҳори назар аз шиддати таассуб ба шӯр меояд ва худро идора карда наметавонад. Бо шунидан ва ё мутолеаи матлабе, ки аносири миллӣ ва дунявиро ҳимоят мекунад, чунон ба шӯр меояд ва таҳдид менамояд, ки гӯйӣ Чингиз ва ё Ҳалокухон аз нав зинда шудааст. Вале, чӣ илоҷ, ки барои баъзе созмонҳои байналмилалӣ ҳамин навъ ифротгароҳо лозиманд, то тавассути инҳо дар минтақаҳо ҷаҳлу ҷаҳолатро интишор диҳанд ва барномаҳои худро аз тариқи тарҳҳои исломӣ пиёда созанд.
— Бармегардем ба қазияи марги устод Латифӣ. Аз он чӣ ки шумо ироа доштед, устод Отахон Латифӣ тавассути тарҳи наҳзатиёни мутаассиб аз байн бурда шудааст. Охир, марҳум бо онҳо дар иртибот буд-ку! Барои чӣ онҳо дастури қатл ё террори чунин мардеро, ки дар тимашон будааст, содир кардаанд?
— Воқеан, устод Латифӣ бар асари воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ тарки Ватан карда, то соли 1997 чанд муддат дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон кору зиндагӣ намудааст. Ногуфта намонад, ки устод раҳбари Маркази ҳамоҳангсозии неруҳои демократӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд ва ҳамин мавқеъгириҳои демократӣ ва дунявӣ роҳи Латифиро аз муддаиёни исломӣ ҷудо месохт. Дигар ин ки муҷриёни тарҳи исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон аз мавқеъ ва мақоми ҳирфаӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мадании ӯ истифода намуданд ва устод ҳам, бо покию сафои қалбӣ аз тақаллубу бозиҳои пасипардагии онҳо чашм пӯшида, хост, ки неруҳои мутазодро ба ҳам биоварад. Аммо пушти парда бозиҳои дигар ҷур шуданд ва Латифӣ бар асари дидгоҳи миллӣ ва марҷаи озодандешиаш аз раванди бозиҳои минбаъда ҳазф гардид. Устод ҳамчун журналисти ҳирфаӣ хуб медонист, ки рӯзноманигор нафарест, ки бо воқеиятҳои замонию маконӣ рӯбарӯст ва дар асоси воқеият ва ҳақиқати зиндагӣ ба масоил бархӯрд мекунад. Ҳадафи рӯзноманигоре мисли устод Латифӣ, пеш аз ҳама, баёни воқеиятҳои давру замон будааст. Ӯ бо беадолатӣ ва зулму истибдоди дохилию берунӣ дасту панҷа нарм намуда, дар ин раҳ ҷон бохт. Равоншод Отахон Латифӣ тавассути ҳақгӯйӣ ва воқеиятнигориаш, ки аз ихтисос ва мушаххасоти шахсиятии ӯ маншаъ мегирифтанд, боиси ангезиши ҳассосиятҳои гуруҳҳои манфиатхоҳ, фурсатталаб, дасисабоз ва иғвогару тавтеасоз гардид ва онҳо, вобаста ба фурсатҳои муносиб аз ӯ дар шакли террори физикӣ-ҷисмонӣ интиқом гирифтанд. Боз даҳсолаҳо ва садсолаҳо мегузаранд ва мардум ва ҷомеаи мадании тоҷик террорҳои рӯзноманигорони варзида, аз ҷумла қатли устод Отахон Латифиро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард ва омилони ин навъ кушторро як умр нафрин хоҳад хонд. Бо гузашти ду даҳсола аз марги устод Латифӣ ҳанӯз ҷойи ӯ дар журналистикаи миллӣ холист ва ҷомеа ҳаргиз кору пайкори беғаразонаи ӯро фаромӯш нахоҳад кард. Руҳаш шод бод!
— Дарвоқеъ, ҷойи устод дар майдон ва минбари рӯзноманигории ватанӣ ва миллӣ холист ва мардум ҳаргиз фарзанди худро фаромӯш намекунад. Ин аст, ки устод Латифӣ дар ёдҳои халқи тоҷик боқӣ хоҳад монд. Мутмаинем, ки аз суҳбати Шумо хонандагони гиромӣ лаззат бурданд ва бардоштҳое арзишманд карданд. Барои суҳбати самимӣ ва ихтисосӣ ба Шумо арзи сипос менамоем. Сиҳатманду муваффақ бошед!
— Ташаккур.
Гунда хеч дилангуни ба лолангун набуд.