Суҳбати онлайнӣ бо раиси Ҷамъияти минтақавии «Дружба» дар вилояти Новосибирски Федератсияи Русия Сияршоҳ Абдуҷабборов атрофи суханроии роҳбари ҷамъияти ба ном «Паймони миллӣ» Кабирӣ, ки мехоҳад муҳоҷиронро гӯл занад ва онҳоро ба низоъ кашаду ба вартаи нокомӣ тела диҳад.

 – Дар яке аз сӯҳбатҳои охири онлайнӣ раиси ҳизби мамнуъшудаи  наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ бевосита ба масъалаи муҳоҷирон дахл кард. Дар он сӯҳбат Кабирӣ аз яке аз мухолифони сарсахти Ҳукумати Русия Алексей Навалний дастгирӣ кард ва гуфт, ки Русия «воқеан барои ман давлати Русия давлати диктаторӣ аст». Ба назари шумо, ҳамчун нафаре, ки 15 сол боз дар ҳамон ҷо фаъолият мекунед, Русия воқеан давлати диктаторӣ аст?

– Ин гуфтаҳои Кабирӣ нисбати Навалний, ки вайро қаҳрамони Русия  шуморид, нодуруст ҳастанд. Чаро? Барои он ки вазъияти Русияро аз замони сарнагун шудани Иттиҳоди Шӯравӣ ёд дорам. Путин беҳтарин президент, беҳтарин рохбари давлати Русия аст, ки сиёсати бениҳоят демократӣ дорад. Дар арсаи ҷаҳон давлати Русияро баъди пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ, баъди Елтсин, баъди Горбачёв маҳз Путин аз вартаи иқтисодӣ баровард.

– Алексей Навалний як нафар аз ҳамон сиёсатмадороне дар Русия аст, ки нисбати тоҷикон чандин маротиба бо ҳарфҳои таҳқиромез сухан кардааст, яъне, ба назари онҳо гӯё мо муҳоҷирон фақат шикамбаи зиёдатии Русия ҳастему маданияту фаросат надорем. Мавқеи Навалний дар байни муҳоҷирони тоҷик чӣ хел аст?

– Навалний ҳеҷ гоҳ барои беҳ шудани ҳоли муҳоҷирон ҳаракат намекунад, ҳарфи хуб дар бораи онҳо намезанад. Навалний як одами миллатгаро аст. Тоҷиконе, ки дар ҷамъияти мо ҳастанд, ҷонибдори сиёсати Путин ҳастанд. Роҳбаре аст, ки Русияро аз ҷинояткорони солҳои 90-ум тоза кард. Мардуми муҳоҷир дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия худашонро хуб ҳис мекунанд.

Мо дар шаҳри Новосибирск зиндагӣ мекунем. Як маҳаллаи мо, қариб 100 оилаи тоҷик дар як маҳалла зиндагӣ мекунем.  Фарзандонамон дар мактабҳо мехонанд. Ягон таҳқир ё ягон гапи зиёдатӣ нест. Мо муҳоҷирон, мардуми тоҷики муқими ин ҷо ҷонидори сиёсати ҳукумати Русия ҳастем.

– Муҳиддин Кабирӣ исрор дошт, ки барои ӯ Навалний мисли як қаҳрамон аст, ҳол он ки Навалний мухолифи ҳукумату сохти давлатдории Русия аст. Баъзе аз ҷонибдорони Навалний хориҷ аз кишвар шояд гӯянд, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз Навалний дастгирӣ мекунанд. Ҳоло он ки худи Кабирӣ дар Русия нест, Кабирӣ дар берун аст, дар Аврупо аст. Ҳамин гуфтаҳо магар ҳоли муҳоҷирони тоҷикро бадтар намекунад? Ин «хизмати хирсона» нест?

– Албатта, «хизмати хирсона» аст. Махсусан, бархӯрди мақомоти интизомии кишвари Русия бо муҳоҷирон бад мешавад. Албатта, онҳо мегӯянд, ки мо пуштибонӣ аз муҳоҷирон мекунем, бубинед, ки як тоҷик аз номи тоҷикони муҳоҷир аз душманони сиёсати давлатдории кишвари мо пуштибонӣ мекунад. Ин гуфтаҳо вазъи тоҷиконро бад мекунанд.

– Ҳамин Кабирӣ дар вақташ чанд муддат вакили парлумон ҳам буд. Боре ба Новосибирск рафта буд, ки пурсад, ки муҳоҷири тоҷик чӣ ҳол дорад?

– Ман ёд надорам.

– Ёд надоред? Имрӯз аз номи муҳоҷирони тоҷик  ҳарф мезанад. Худи ҳамин муҳоҷирон баъди дидани ҳамин навори сӯҳбат, пуштибонӣ аз душманони ҳукумати Русия, чӣ мавқеъ доранд ба фикри шумо? 

– Ин кори нодуруст аст. Мардуме, ки имрӯз дар Русия зиндагӣ мекунанд, муқимӣ, муҳоҷир ҳастанд, аз сиёсати пешгирифтаи ду давлат — Тоҷикистону Русия бисёр розӣ ҳастанд. Шахсан мо, ки дар ҳамон ҷо тайи 15-20 сол зиндагӣ мекунем, Кабириро ҳаргиз дастгирӣ нахоҳем кард. Метавонад ба ин умед набандад.

Ҳоло аз кӯчаҳои шаҳри Душанберо мегузарӣ, ҳазорҳо хонаву иморатҳову роҳу дигару дигар таҳти роҳбарии Президент обод мешаванд, мардум озод, кадрҳои беҳтарин ҳам дар дохил ва ҳама дар хориҷа омода мешаванд. Сатҳи донишу ақлу заковати ҷавонон, махсусан донишҷӯён нисбатан ба солҳои 2000 ва 2005 хеле фарқ мекунад, инҳо хеле пешрафтаанд. Мо, ки давраи ҷанги шаҳрвандиро дидем, азобу дардмандиро дидем, ашкҳои модарону хоҳаронро дидем, низоъ андохтанро дар ҳамин шароити вазнин, ки дунё ҳама ҳозир дар азоб аст, яъне коронавирусу буҳронҳо, хатои маҳз меҳисобем. Президенти муҳтарам дар паёми навбатиаш як гапи хуб гуфт. Гуфт, ки «Назоратчӣ нашавед, саҳмгузор бошед! Агар кӯмак карда натавонед, халал нарасонед!»

– Бовар дорем, ки зери роҳбарии шумо барин шахсиятҳое, ки ҳам зиндагиро дидаед, азобу ранҷро дидед, ҷавонҳо ҳатман ба роҳи рост мераванд.

– Мо, албатта, доимо ба тамоми ҷавонон, шаҳрвандони муҳоҷире, ки дар вилояти Новосибирск ҳастанд ва дар дигар минтақаҳову шаҳрҳо, ки меравем, дар ҳамаи маъракаҳо ҳамин масъалаҳоро баррасӣ мекунем. Ба ҳамватанонамон, ба хешу табор гап мезанем, мефаҳмонем. Чандин ҳолатҳое буд, ки мо ҷавонҳоро дар ҳамкорӣ бо мақомоти Русия, мақомоти Тоҷикистон пешниҳод гирифтем, фаҳмондем. Мо дар вохӯриҳои ҷавонон ва мардуми муқимӣ ин масъалаҳоро гап мезанем, мефаҳмонем. Тинҷиву амонӣ беҳтарин неъмат аст. Ба ин дараҷа расидани давлати мо ин худаш як дастоварди олист. Дар давраи пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, на бонк доштем, на пул доштем, на артиш, на илм. Ҳама пароканда буданд. Ними мардум дар Афғонистон, ними дигараш гуреза. Аз ҳама ҷиҳат хароб будем. Имрӯз таҳти роҳбарии Пешвои миллат, ки шабу рӯз нагуфта, дар тамоми ҷодаҳо, дар тамоми ҷабҳаҳо рафта, гуфтушунид кард, фазоро ором кард, давлатро ба эътидол овард, зиндагии лоиқе дорем.

Аз нотинҷӣ то тинҷӣ як фосилаи кӯтоҳе ҳаст. Давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ ман дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар мақомот кор мекардам. Садҳо ҳазор ҷавонмардони тоҷик, хоҳарон, модарон аз дунё даргузаштанд, ҷанг оташ гирифт, тамоми шаҳрҳову минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама азобу азияти ҷанги шаҳрвандиро дид. Худо дигар он рӯзҳоро нишон надиҳад. Ман фикр мекунем, ки Ҷаноби олӣ хизмати кам накардааст. Ҳамон шабу рӯз бисёре аз мансаб даст кашиданд, гурехтанд, вазифаро ба гардан нагирифтанд. Ин Президенти имруза  буд, ки миллатро сарҷамъ сохт.

Имрӯз мо барои ободии диёри худ хидмат мекунем. Роҳи Душанбе-Ҷиргатолро соҳибкорони минтақаи Новосибирск Раҳимҷон Бобоҷонов ва чанд нафари дигар аз ҳамон дохили ноҳияи Рашт таъмир карданд. Ҳаминҳоро касе нагуфтааст ки ин корро кунед. Бо амри дил карданд. Ин ватани мост ва обод кардани он қарзи мост!

– Саломат бошед!

 Сӯҳбати Шаҳзод Файзизода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here