Суҳбати Ҳафизуллоҳи Тоҳирӣ бо устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бахтиёри Қутбиддин
ПЕШ АЗ МУСОҲИБА
Як ҷумлаи ҳамкорон
Баҳриддин Камолиддинов:
— Шахси ниҳоят хоксор, нармгуфтор, меҳрубон, беғараз ва ба касби худ хеле меҳр монда аст.
Қироншоҳ Шарифзода:
— Бахтиёри Қутбиддин журналисти рангинхаёл, тасвиргаро ва чеҳраофар аст.
Сангин Гулов:
— Барои ман Абдулмуъмин Қутбиддинов ҳамчун як шахсияти масъулиятшинос ва посдори арзишҳои миллӣ муаррифӣ шудааст.
Саъдулло Ҳайдарӣ:
— Қутбиддинов муҳаққиқи жарфнигар аст.
Рустами Абдулло:
— Бахтиёр инсони некбин, нексиришт, ва фидоии кору пайкори худ аст.
Як ҷумлаи шогирдон
Дилмурод Юсуфӣ:
— Чароғест равшнкунандаи роҳи фардои мо — журналистони ҷавон.
Маҳина Дадабоева:
— Устоди сахтгир аст.
Баҳруллои Маҳмадшариф:
— Устоди ман беҳтарин шахсият дар рӯи замин аст.
Мафтунаи Ҳисорӣ:
— Устод Қутбиддиновро ба офтобе монанд кардан мумкин аст, ки нурҳояшро ба шогирдон мепошад.
Нуралӣ Карим:
— Устод Қутбиддинов Бахтиёр шахсе ҳастанд, ки барои ба шогирди худ чизе додан кӯшише мекунанд, ки дар бисёр устодон дида намешавад.
ДАР ОМАДИ ГАП
Шумо касеро, хусусан омӯзгореро дидаед, ки ҳама дӯсташ доранд? Шумо бо марде вохӯрдаед, ки қабл аз кори худ кори дигареро иҷро кунад? Шумо ҳамсуҳбат шудаед бо нафаре, ки вақти сухан кардан табассуми доимию чеҳраи кушод дошта бошад? Агар ҷавоби ин суолҳо “бале” бошад, хуб, агар “не” бошад, боке нест, зеро ҳозир мо пушти дари ҳуҷраи кории мудири кафедраи журналисикаи байналхалқӣ Қутбиддинов Бахтиёр ҳастем ва пас аз ҷанде ҷавоби шумо — хонандагони гиромӣ “бале” мешавад.
ТАЙЁРӢ БА МУСОҲИБА
Дарро оҳиста-оҳиста ду маротиба тақ-тақ мекунаму медароям. Устод чун ҳарвақта дар назди компютери худ нишаста. Саҳифаи ворд кушода. Дар болои миз китоб, дафтар, қалам, авроқ, рӯзнома… мехобиданд ва мисле, ки навбат мепоиданд барои ба дасти устод расидан.
— Биё Ҳафизуллоҳ,- садои устод бо табассуми ҳамешагӣ шунидаву дида шуд.
— Ассалому алейкум, устод!
— Салом, салом!
— Чӣ ҳол доред устод?
— Шукр. Ҳаминҷо нишастем.
— Вақт доред мусоҳибаро гирам?
— Вақт ҳаст, марҳамат!
ФАСЛИ АВВАЛ
Ӯ кист?
Муаллими зиндагӣ. Дӯсти арзанда. Шахсияти некбину некгуфтор. Публитсисти рангинхаёл. Журналисти воқеӣ.
— Дафтари хотирот аз даврони кӯдакӣ чӣ мегӯяд?
— Даврони кӯдакӣ гуфтед, ашъори Бозор Собир ба ёд омад. Бозор Собир шоирест, ки дар ашъораш аз замони кӯдакии худ ҳикояҳо, шикоятҳо ва ривоятҳо мекунад, ки ба ҳар яки мо наздику азиз ҳастанд. Кӯдакиҳову наврасиҳои мо дар деҳа гузаштааст. Бисёр пурҷӯшу хурӯш, фарозу осудагӣ буд. Ба зиндагӣ, ба фардои нек бо ҳавас менигаристам. Парвои чизе надоштем. Шавқи хондану навиштану гуфтан маро ба чизе ҳидоят мекард.
— Чӣ гуна ба суроғи кӯдакӣ меравед?
— Дар ду ҳафтаву се ҳафта як маротиба ба деҳа меравам ва суроғ мекунам кӯдакиҳои худро. Мактаби деҳа, кӯчаҳои деҳа, хонаҳои деҳа… Ин ҳама акси садо медиҳанд аз замони кӯдакии ман ва ман ба ин васила суроғ мекунам кӯдакии худро.
— Нақши волидон дар ба воя расидани Шумо чӣ гуна буд?
— Албатта волидайн ин рабби маҷозии мо ҳастанд, ки мо пас аз Худо онҳоро дӯст медорем ва ба гуфтаҳои онҳо амал мекунем. Дар оила нақши волидон аст, ки фарзанд ба кадом роҳ меравад ва дар кадом руҳия тарбият меёбад. Шукри Худо, ки падару модари ман қайди ҳаёт ва аҳли мутолиа ҳастанд. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, вақте ки падарам китоберо ба хона меоварданд, пас аз хондани худ ба сатҳи фаҳмиши мо нигоҳ карда, тавсия медонанд, ки мо ҳам китобҳои овардаашонро мутолиа кунем.
— Чӣ вижагиҳову дигаргуниҳо дошт донишҷӯйии Шумо аз донишҷӯйии мо?
— Муҳит, шавқу завқ ва нигоҳи мо дигар буд. Ҳар навиштаи нашршуда муҳокимаи маҳдуди худро дошт. Мо бо мақсаду ақидае, ки имрӯз аз донишгоҳ чӣ мегирам, меомадем, аммо имрӯз сарфи назар аз пешравиҳои техникаву технология, дастрас шудани ҳама гуна китоб ва лавозимоти дигар донишҷӯёни боҳавасу бомақсад ниҳоят кам ҳастанд. Аз 20-25 нафари гуруҳ 4-5 нафарашон бо мақсаду нақша омадаанд. Пешрафти техника ва технологияи навин ҷавони имрӯзаро аз мутолиа дур кард, танбалу коҳил кард. Ҷавони имрӯза донишҳое дорад, ки агар ҳамин лаҳза ба ӯ савол диҳем, даррав ба “гугл” муроҷиат мекунад. Ва гумони ман ин аст, ки омили фарқкунанда инҳо мебошанд.
— Дар замони донишҷӯйӣ ҳар инсон ба худ шахси розгӯву розшунав дорад. Аз Шумо кӣ буд дар он замон?
— Дуруст аст, ки ҳар нафар дар замони донишҷӯйӣ як нафар ҳамкурси ҳамрозу ҳамақидаи худро дорад, ки бе ибо сухани дилашро ба ӯ мегӯяд. Ман дӯсте доштам бо номи Муҳаммадмуслеҳ Муҳаммадзокир (руҳаш шод бод). Бисёр ҷавони бомаърифату босавод буд. Эҷодкору озодандеш ва озодгӯ буд. Ва ба қавле мо ҳарду камбағалони гуруҳамон будем. Ману Муҳаммадмуслеҳ аз нонвойхонаи донишгоҳ ду нон мегирифтему дар оби дарёи «Душанбенка» тар карда мехӯрдем ва бо ҳам аз мушкилию камбудиҳо ва розҳоямон суҳбат мекардем. Муҳаммадмуслеҳ аз ёди ман намеравад. Мутаассифона, ӯ дар ҷангҳои дохилӣ аз ин дунё рафт.
ФАСЛИ ДУЮМ
Омӯзгор + муаллим + публитсист + мудир = шахсият
Дунёи зиндагӣ қоидаву қонунҳои худро дорад, ки он бузургтару муҳимтару таъсирноктар аз ҳама дигар қонунҳост. Ин қонуну қавоид ба ивази ҳар навъ амалу заҳмату талош ба кас ҷазо, сазо ва подоши худро медиҳад. Инро бештари одамон чашмдор нестанд ва ҳамагӣ ғайричашмдоштанд, ки онро замзамаи оҳанги тақдир меноманд ва ба ҳар омадаву наомадаву каму беш шукрона аз даргоҳи Ҳақ менамоянд. Саодат шояд ҳамин бошад ва шояд он бошад, ки баъзеҳо дунболи тақдирсозӣ шабу рӯз метозанд.
(Аз “Руҳи Хиросима”)
— Бисёр одамон хастагиашонро бо хондани китоб, тамошои оинаи нилгун, истифодаи интернет, саёҳат дур мекунанд. Шумо чӣ гуна хастагиро рафъ мекунед?
— Баъди соатҳо паси компютер нишастан албатта хаста мешавам. Ба ҳавлӣ мебароям. Ба дарахтони шинондаам менигарам. Гирдашон чарх мезанам. Хастагии ман ҳамин минвол рафъ мешавад.
— Эйнштейнро сухани зебои модараш такон дод, Урун Куҳзодро худаш маҷбур кард, Ато Ҳамдамро амакаш дастгир шуд… Шуморо кӣ ва ё чӣ ба ин роҳ даровард ва муваффақ кард?
— Зиндагӣ ин худ такон аст. Ҳар рӯз мешунавем, мебинем, эҳсос мекунем.
— Чӣ қадар вақт лозим аст, ки одам шахс шавад ва чӣ қадар вақт лозим аст, ки шахс одам гардад?
— Ба таври хронологӣ ба ин баҳои мушаххас додан наметавон. Гоҳе мешунавем, ки ҷавоне ба мақоми баланд расидааст ва ё боз мешавад, ки нафаре ҳатто то охири умр шахсият намешавад. Ин аз худи инсонҳо вобаста аст.
ФАСЛИ ЧОРУМ
Омӯзишу тавлиди пораҳои дил
Ман илҳомро интизор намешавам. Ӯро худам садо мекунам.
(Сиёвуш Касроӣ)
Қисме худро беаҳамият вонамуд карда, дар интизории илҳом чанд рӯзу шабро сипарӣ мекунанд. Қисми дигар дар ҳақиқат мегӯянд, ки интизори илҳомем, ки ояду чизе нависем. Боз қисме ҳастанд, ки ба ҷустуҷӯйи илҳом мебароянд, яъне ба ҷойҳои камодам, боду ҳавои тоза, сокиту ором…
— Мегӯянд, ки истеъдод шармгин, танҳо ва ором аст. Шумо ба чӣ фикр ҳастед?
— Истеъдод неъмати Худост ва он на ба ҳар кас дода мешавад. Гоҳ пинҳон мемонад ва гоҳ равшан шуда, тантана мекунад. Истеъдодро бояд ба майдон овард, инкишоф дод ва тарбияту парвариш кард. Истеъдод бо шаклҳои гуногун ба инсонҳо насиб мешавад. Масалан аз ман танҳоиро мепарастад.
— Устод, аввалин китоби хондаатон ба истиснои “Алифбо” кадом буд?
— “Бузаки ҷингилапо”. Дар синфи якум мехондам.
— Аз «Бузаки ҷингилапо» чӣ ба ёд монда?
— Бибиям дар вақти дуодиҳиашон мегуфтанд, ки “Худованд ба мақсаду орзуҳоятон расонад” ва вақте ки «Бузаки ҷингилапо»-ро хондам, охирин ҷумлааш ҳамин буд, ки “Алулаку Булулак ва Хиштаки сари танӯрак ба мақсаду орзуҳояшон расиданд” ва ман дар ҳамон вақт гуфта будам, ки гапҳои бибиям дар афсона истифода шудаанд.
— Авалин навиштаатонро худатон сарлавҳа монда будед?
— Аввалин маротиба дар бораи як ҳодиса хабаре навишта будам. Редаксия сарлавҳа монда буд. Дар синфи 6-ум мехондам.
— Шумо ҳар рӯз менависед?
— Бале, ҳар рӯз менависам. Ман шарм медорам, вақте ки дар факултети журналистика дарс медиҳаму худам нанависам. Чӣ гуна виҷдон мебардорад, ки худ нанависаму ба донишҷӯён супориши навиштан диҳам? Ин якум. Дуюм ин ки, агар эҷодкор ҳар рӯз нанависад, дигар навишта наметавонад. Зеро ҳар рӯз навиштан ин далели бо оҳанги ҳаррӯза ҳамқадам будан аст ва ҳар кас, ки бо оҳанги замона ҳамқадам нест, бояд даъвои эҷодкориро аз сар дур кунад.
— Шумо чизе менависед, ки танҳо барои худатон бошад?
— Албатта. Пеш аз ҳама ман барои худам менависам.
— Пас аз нашр шудани навиштаҳоятон ба онҳо назар мекунед?
— Бале, фикр мекунам ҳама эҷодкорон ин корро мекунанд. Вақте ки навиштаатро дар ду ҷо, яъне дар почтаи электрониат ва рӯйи саҳифаи рӯзномае мебинӣ, таровати хосае дорад.
— Охирин навиштаи Шумо?
— Айни ҳол ба навиштани таронаҳое бо номи “Оҳангҳои зиндагӣ” машғулам.
ФАСЛИ ЧОРУМ
Чор нафас
Аз миёни рақамҳои арифметикӣ ҳар нафар рақами дӯстдоштаи худро дорад. Бисёр корҳояшро бо ҳамон рақам оғоз мекунаду анҷом медиҳад. Рақамҳои телефонашро бо ҳамон интихоб мекунад. Рақамҳои мошинашро барои рақами дӯстдоштааш иваз мекунад. Ҳатто рақами хонаашро ҳам кӯшиши иваз кардан менамояд, нашуд, хонаи дигар мехарад, зеро дил чунин талаб дорад.
— Устод, рақами дӯстдоштаи Шумо кадом аст?
— Ҳамаашро дӯст медорам.
— Медонам, аммо ҳаст рақаме, ки аз дигарҳояш фарқ дошта бошад ва Шумо ба он дигар хел назар кунед?
— Бале, ман бештар рақами чорро дӯст медорам.
— Чор калимаи дӯстдоштаатон…
— Худо, падар, модар, китоб.
— Чор шахси наздикатон…
— Падар, модар, оила, фарзандон.
— Чор китоби дӯстдоштаатон…
— “Восеъ” ва “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода, “Дохунда “ва “Ятим”-и Садриддин Айнӣ.
— Чор ҳамкасбе, ки наздиктар ҳастанд бароятон…
— Ҳама ҳамкасбҳо наздиканд. Мурод Муродӣ, Гулов Сангин, Саъдулло Ҳайдарӣ, Қироншоҳ Шарифзода.
— Чор шогирде, ки метавон вориси худ донист…
— Ман ба ҳар шогирде, ки бо ӯ кор мекунам, бовар дорам ва онҳо зиёданд. Ҷудояшон намекунам.
— Чор соли тиллоии умратон…
— Синфҳои 5-6 ва 9-10.
— Чор моҳи аз ҳама зиёд пурташвиш буданатон…
— Ҳар рӯз ташвишу валвалаю таҳдид аст.
— Чор ҳафтаи бекориатон…
— Бекор намемонам.
— Чор рӯзи якшанбеятон…
— Дар ташвишҳои рӯзгор сипарӣ мешаванд якшанбеҳои ман.
— Чор соате, ки эҷод карда будед…
— Чор соати шаб. Ва умуман шабҳо.
— Чор дақиқаи бефикриатон…
— Чор дақиқаи хоб буданам.
— Чор нафаси охиринатон чӣ фикр кардед?
— Ҳафизуллоҳ чӣ мехоста бошад бо ин саволҳои худ?
— Устод, узр, ки вақтатонро гирифтам.
— Ҳеҷ гап нест.
ОХИРСУХАН
Мо бо устод дар вақти мусоҳиба ниҳоят озод будем. Ҳар чизе, ки дар зеҳн буд, пурсидем. Аммо ба шумо як чизро гуфтаниам, хонандагони гиромӣ. Душвортарин амал бо нафарест, ки ҳамон корро аз ӯ омӯхтаед. Устод Қутбиддинов Бахтиёр устоди мо дар жанрҳои журналистика ҳастанд ва мо имрӯз аз эшон мусоҳиба гирифтем.