Суҳбат бо полковники мустаъфӣ Хайрулло Ҳайдаров
Полковники мустаъфии Вазорати мудофиа Хайрулло Ҳайдаров солҳои зиёди умрашро ба даъвати наваскарон ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сарф кардааст, зеро номбурда солиёни зиёд сардори Комиссариати ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ буд. Дар оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон ӯ минҳайси ҷонишини раиси зеркомиссияи ҳарбии Комиссияи оштии миллӣ бевосита дар бунёди Артиши миллии кишвар саҳм гузоштааст.
Чун дар ин авохир дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ба вуҷуд омад ва низоми ҷалби наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дигар шуд, суҳбате доштем бо Хайрулло Ҳайдаров, ки фишурдаи онро манзури шумо мекунем.
Таъсиси Артиши миллӣ
— Рафиқ полковник, дар оғози суҳбат шуморо ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Артиши миллӣ муборакбод мегӯям.
— Ташаккур.
— Дар оғоз мехостам дар мавриди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки шумо шоҳиди бевоситаи он ҳастед, суҳбат кунем. Чӣ зарурат пеш омад, ки дар даврони душвори солҳои 90-ум роҳбарияти кишвар барои бунёди Артиши миллӣ саъй карданд?
— Аз байн рафтани Иттифоқи Советӣ ва низомӣ сотсиалистӣ -коммунистӣ тақдири халқҳоро куллан дигаргун кард. Зиддиятҳо ва муқовиматҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба сатҳи зиндагӣ ва муносибатҳои байниҳамдигарии одамон ба шаклу мазмуни гуногун таъсир расониданд. Дар ин давра, кишвари соҳибистиқлоламон ба буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуд. Бекорӣ хосияти оммавӣ пайдо карда, ба омили асосии бенизомӣ ва қонуншиканиҳо, риоя накардани ҳуқуқҳо, ба инобат нагирифтани талабот, ғорат ва аз худ намудани молу мулки ҷамъиятӣ табдил ёфт.
Дар чунин вазъият ҷинояткорӣ, махсусан ҷинояткории муташаккил, авҷ гирифт ва билохира ҷанги шаҳрвандӣ сар зад.
Бинобар ин, барои пойдории якпорчагии давлат, устувории ҳукумат ва суботи кишвару осоиши сокинон, роҳбарияти кишвар ба хулосае омаданд, ки Артиши миллӣ таъсис дода шавад.
— Оғози таъсисиёбии Қувваҳои Мусаллаҳро дар ёд доред?
— Албатта, соати 17-и 10 ноябри соли 1993 мо сардорони фронти халқиро, ки бештар аз 10 нафар будем, ба Ситоди дивизияи 201-ум даъват карданд. Бо ширкати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки он вақт раиси Шӯрои Олӣ буданд, ҷонишини аввали раиси Совети вазирон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва як гурӯҳ афсарон ҷаласае бургузор шуд. Маҷлисро Сарвари давлат ҳусни оғоз бахшида, зарурати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Тоҷикистон тавзеҳ дод ва эълон кард, ки Тоҷикистон соҳиби Артиши миллӣ хоҳад шуд. Дар охири суҳбат Пешвои миллат вазири мудофиа ва муовинонашро аз миёни афсарон пешниҳод карданд. Мо аз ин ташаббус ниҳоят хурсанд будем ва аз пайи вазифаҳои дар пешистода шудем.
Аз он ки мо аввалин хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон – Артиши миллии Тоҷикистон шудем, бо вуҷуди он ки вазъи кишвар вахим буд, руҳбаланд шудем. Ҳамин тавр, амалиёти мо низ оғоз шуд.
Рӯзи 11-уми январи соли 1993 маркази ноҳияи Обигарм ва рӯзи 12-ум шаҳраки Роғунро, ки имрӯз яке аз марказҳои стратегии кишвари мост, аз дасти яроқбадастон озод кардем. Он қадар ғоратгарӣ ва бедодгарие, ки ин нафарон дар ин маҳалҳо карда буданд, бо чашми худ дидем. Махсусан, дар шаҳраки Роғун, ки бештар русзабонҳо истиқомат мекарданд ва аз дасти ин ҷоҳилон ба дод омада буданд, моро бо хурсандӣ истиқбол гирифтанд.
Ҳамон бегоҳ ман ба ноҳияи Рӯдакӣ омадам ва бо ёрии раиси ноҳия А.Ф. Шарипов то саҳар дар заводи нон қариб 4 тонна нони хлеб тайёр ва рӯзи дигар ба Роғун бурда, ба мардум тақсим кардем. Баъди 10 моҳи кашмокашиҳо мардум боварӣ ҳосил карданд, ки Ҳукумати қонунии конститутсионӣ барқарор шудааст. Ҳамин тавр, 23 феврали соли 1993 расман Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин рӯз барои ман ва дигар афсарон рӯзи хотирмон аст, зеро рӯзи ташкилшавии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР аст, ки аввал 11-15-уми январи соли 1918, бо қарори Шӯрои комиссарҳои халқӣ Артиши сурхи коргару деҳқон ва аз соли 1946 расман Артиши Советӣ ном гирифт, ки ман дар ҳайати он 21 сол хизмат кардаам.
— Дар он замон бисёриҳо бар он ақида буданд, ки Тоҷикистон ниёз ба Артиши миллӣ надорад ва метавонад бо бастани шартнома аз Русия барои ҳифозат ёрӣ пурсад.
— Ин гуна фарзияҳо буданд, вале бепоя ҳастанд. Ҳар кишвар ниёз ба артиши устувор дорад. Артиш муҳимтарин ҷузъи давлат аст, зеро касе аз хатари ҷанг эмин нест. Аз соли 1496 то мавлуди Исои Масеҳ (аз соли ба истилоҳ, сулҳи амфиктионӣ) то соли 2021-и масеҳӣ дар тӯли 3517 сол 230 сол ба сулҳ ва 3287 сол ба ҷанг рост меояд. Ба ибораи дигар, ба 1 сол (1 рӯз)-и сулҳ, 13 сол (13 рӯз)-и ҷанг рост меояд.
Инсоният аз ҳар ду ҳафтаи умри худ, танҳо як рӯзи онро барои истироҳат аз ҷанг ва ҷангҳои хунин ҷудо кардааст.
Таърихи инсоният баъди ду моҳ, яъне 9 майи соли 2021-ум, ба охир расидани 76-солагии ҷанги дуюми ҷаҳонро, ки бештар аз 20 млн. одамро ба коми худ фурӯ бурда, иқтисодиёти ҷаҳониро 70 сол қафо бурд, ид мекунад.
То имрӯз дар давоми 76 соли баъди ғалаба бар фашизм бештар аз 285 низоъҳои ҳарбӣ ба қайд гирифта шуда, бештар аз 20 млн. одам кушта шудааст.
Таҳлили бештар аз 200 ҷангҳои маҳдуди хурд, миёна, бузург ва муборизаҳои яроқноки баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, яъне соли 1945-ум, ки аз тарафи олимони ҳарбии Русия гузаронида шуданд, ба ғайр аз омилҳои умумӣ (иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ ва иҷтимоӣ) ҳолатҳои ба вуҷуд омадан, бурдан ва роҳҳои ҳалли ҷангҳо бо таври амалӣ ва назариявӣ муайян карда шуданд.
Бинобар ин, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз дастовардҳои бузургтарини Истиқлоли кишвари азизамон аст, ки 30-солагии онро соли равон таҷлил мекунем.
Ошхонаҳои сарбозӣ аз ошхонаҳои Душанбеву Хуҷанд беҳтаранд
— Имрӯз вазъи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
— Имрӯз вазъи Артиши миллии мо хеле хуб аст. Агар дар муқоиса ба чанд соли қабл бигирем, хеле пешрафта аст. Бо ғамхории Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон айни замон барои хизматчиёни ҳарбӣ тамоми шароит муҳайёст. Вазири мудофиа, генерал-полковник Шералӣ Мирзо низ барои дар сатҳи баланд нигоҳ доштани вазъи Қувваҳои Мусаллаҳ, шароити хизмати афсарону аскарон талоши зиёд мекунанд.
— Бештари падару модарон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар вақти хизмат фарзандонашон аз ғизо танқисӣ мекашанд.
— Ин овоза асос надорад. Шароити будубош ва истироҳати хизматчиёни ҳарбӣ дар сатҳи олӣ аст. Сарбозон бо се вақт хӯроки серғизо таъминанд. Бовар кунед, имрӯз шароити ошхонаҳои қисмҳои низомӣ аз ошхонаҳои рақами яки Душанбеву Хуҷанд камӣ надорад. Либосу пойафзоли сарбозон низ таъмин ва ба талабот ҷавобгӯ аст.
Хизмат накунӣ, пул деҳ!
— Дар ин авохир парлумони кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид кард. Зарурати ин тағйиротро дар чӣ мебинед?
— Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” шаҳрванд, даъватшаванда, дар асоси қисми 1-ум, иҷрои қисми 4-уми моддаи 37 аз хизмати ҳатмии муҳлатнок, қисми 1-уми моддаи 43 озод мешавад, аммо аз уҳдадории ҳарбӣ тибқи қисми 2 ва 3-и моддаи 37 ва қонун озод намешавад. Ин қонун уҳдадор мекунад, ки ҳама уҳдадории ҳарбии худро иҷро кунанд.
Қаблан ҳамаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фаро гирифта намешуданд ва уҳдадории ҳарбии хешро низ иҷро намекарданд, пас аз ин тағйиру иловаҳо қонун мукаммал шуд, ки ҳамаро масъулиятшинос мекунад.
— Як банди ин қонун, ки боиси сар задани баҳсҳои зиёд шуд, бо пардохтани маблағ озод шудан аз хизмат аст. Шумо ба ин чӣ назар доред?
— Қаблан, шоҳи Фаронса Людовики XV гуфта буд: «Аз уҳдаи хизмати ҳарбӣ баромада натавонӣ, ақаллан бо пардохти ҳаққи хизмат онро ҷуброн кун”. Яъне, ин масъала нав нест. Касе хоҳиш дорад хизмат кунад, касе надорад, маблағ супорад, то шароити хизматчиён беҳтар шавад.
Дар ин қонун як банди дигар аст, ки фарзандони сарватмандону мансабдоронро низ ба хизмати ҳарбӣ уҳдадор мекунад, зеро онҳое, ки дар оянда хизматчии давлатӣ шудан мехоҳанд, дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот кор карданӣ ҳастанд, бояд ҳатман хизмат кунанд.
— Ба иҷро даромадани ин қонун “облава”-ро нест мекунад?
— “Облава” солҳои пеш набуд. Ин калима аз даъвати баҳории соли 1996 пайдо шуд. Лекин ба иҷро даромадани тағйирот ба қонуни нав сатҳи “облава”-ро бамаротиб коҳиш медиҳад.
Дар асоси моддаи 34-и қонуни мазкур, раисони шаҳру шаҳрак ва ноҳияҳо ташкили гузаронидани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбиро бе қонуншиканӣ бояд дар сатҳи баланд гузаронанд.
Яъне, вазифаи комиссариати ҳарбӣ аз қафои даъватшаванда давида гаштан нест. Комиссариати ҳарбӣ мақоми маҳаллии маъмурияти ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки масъули сафарбаркунии ҳарбӣ, ба қайд гирифтан ва даъват ба сафи артиш ва технологияи хоҷагии халқ мебошад. Вазифаҳои асосии комиссариати ҳарбӣ, омодагӣ ва гузаронидани маъракаи сафарбаркунии ҳарбӣ, баҳисобгирии захираҳои инсонӣ ба манфиати кишвар; омода кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аст.
“Облава”-ро ба комиссариатҳои ҳарби начаспонанд, таъмини даъватшавандагон ба афсарон ва хизматчиёни ҳарбие, ки дар комиссариатҳои ҳарбӣ хизмат мекунанд дахл надорад.
Наход, ки афсар унвони полковник (командири полк, дивизия, бригада, корпус) мағозаю бозор, хона ба хона, маҳалла ба маҳалла, деҳа ба деҳа гашта, даъватнома тақсим кунад, ё даъватшаванда ҷустуҷӯ кунад? Ин вазифаи ӯ нест. Куҷост ҳурмати ситораҳои ҷилодиҳандаи панҷгӯша, рутбаҳои афсарӣ.
Тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ин равандаро ба танзим медарорад.
— Ташаккур, рафиқ полковник, барои суҳбат.
— Ба шумо низ ташаккур. Бигзор ҷавонони бонангу номуси мо ҳамеша барои дифои марзу буми кишварамон омода бошанд. Падару модарон низ масъулият дарк карда, фарзандонашонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия кунанд. Истиқлоли мо, артиши мо пойдор бод!
Мусоҳиб Одил Нозир