ЁДИ АВВАЛ

Дасти Ленин

Пас аз гуфтугӯи тӯлонии телефонӣ, мо бо устод Гулмурод Малиев қарор додем, ки дар «Боғи Рӯдакӣ» вохӯрда, аз ногуфтаҳову нашуданиҳо суҳбат кунем.

Рӯзи вохӯрӣ расид. Ман раҳораҳ савол меҷӯям. Аз дур марди лоғарандоме, ки болои курсие берун аз боғ нишастааст, ба назар мерасад. Наздиктар мешавам, худи худаш аст.

Устод Гулмурод Малиев гӯё оламу одамро намебинаду намешунавад, ҳама таваҷҷуҳаш ба пайкараи Исмоили Сомонӣ банд аст. Ором менамояд.

— Рӯзатон ба хайр бошад, устод!

— Раҳмат, бачам! Фикр мекунам, аз ин дида бахайртар намешавад. Ватани обод, нафаси озод ва хандаи пиру барно дорем, шукр.

— Устод, сабаби нигоҳи ғайриодиатонро ба пайкараи Исмоили Сомонӣ намегӯед?

— Баробари дидани ин пайкара ҳодисаи аҷибе, ки соли 1974 рӯй дода буд, ба хотирам омад…

— Аҷиб бошад, нақл кунед.

— Моҳи майи соли 1974 аз хизмати ҳарбӣ баргаштам. Ҳамон моҳ маро мудири Шуьбаи фарҳанги ноҳияи Москва (ҳоло ноҳияи Ҳамадонӣ) марди фидокору хирадманд Толибҷон Ширинҷонов наздашон даъват карданду масъалаи корро дар боғи фарҳангии ноҳия пешниҳод намуданд ва шӯхиомез гуфтанд:

— Ҳоло ки муҷаррад ҳастӣ, бояд кор кунӣ, на истироҳат!

Бо ҳаяҷони зиёд гуфтам:

— Устод, ақаллан даҳ рӯзи дигар истироҳат кунам, баъдан наздатон омада, ба хулосае меоем.

Устод як нигоҳи тезе намуданду бо ҷиддияти ба худашон хос гуфтанд:

— Додарҷон! Барои шумо фарқ нест, лекин барои мо ҳар соату ҳар рӯз ғанимат аст. Вақти истироҳат нест, ҳозир хулосаатонро мебароред!

Дигар аз ноилоҷӣ ва ҳисси он, ки мабодо устод ранҷида бошанд, бо каме эҳсоси ногаҳонӣ, бо овози паст гуфтам:

— Устод, маро бубахшед, агар нороҳат карда бошам. Майлаш, метавонам фаҳмам вазифаи ман чӣ бошад?

— Вазифаи ту бисёр мушкил, заҳмати шабонарӯзиро мехоҳад. Дар ноҳия як боғи фарҳанги-фароғатӣ ҳаст, медонӣ?

— Бале, медонам, чарогоҳи гову гӯсфандон!

— Бар падарат раҳмат, ана ҳамон чарогоҳи гову гӯсфандонро, ки аслан бояд боғ бошад, миёнатонро сахт баста, роҳбарии онро ба уҳда мегиред ва то ҷашни 50-солагии РСС Тоҷикистон ва Партияи Коммунистӣ ин маркази истироҳатии мардумро ободу зебо мегардонед. Барои ин корҳо мо ба шумо тамоми имкониятҳоро фароҳам месозем.

Баъди каме андеша бо сари баланд гуфтам:

— Устод! Кай корро шуруъ кунам?

Аз ин сухан Толибҷон Ширинҷонов хурсанд шуданду дастамро гирифта, гуфтанд:

— Раҳмат, ки пешниҳодамро пазируфтед, метавонед аз ҳозир аризаатонро навишта, аз пагоҳ ба кор шуруъ кунед. 

Аз назди мудир баромада, ғарқи фикру андеша чи гуна то боғи фарҳанг омаданамро надонистам. Хуллас, ба касе сухан нагуфтаву сирро накушода, тамоми боғро аз назар гузаронидам. Тамоми роҳравҳо ифлос, обравҳо пури сангу хок, умуман ҷойи кори мо дар ҳолати ҳузновар буд. Дар андешаи он будам, ки мабодо қувваи руҳӣ ва ҷисмониам кифоят накунаду боғро то ҷашни дарпешистода омода накунам. Боз ҳисси ҷавонмардӣ ва насиҳатҳои падари бузургам, ки ҳамеша мегуфт “писарам, кӯшиш кун, то дар зиндагӣ пухта шавӣ, нерӯ бигирӣ, таҷриба омӯзӣ ва барои корҳои ҷиддитар омода шавӣ”, гӯё маро таконе бахшид ва барои корҳои созандагӣ роҳнамоӣ кард. Ҳамон рӯз ва ҳатто то ними шаб нақшаи корҳои амалишаванда дар боғро кашидам ва пагоҳӣ барвақт назди мудири шуъба бо нақшаи корӣ ҳозир шудам. Толибҷон Ширинҷонов маро хуб пазируфтанд. Мо бо дастгирии роҳбарияти вақти ноҳия, хусусан котиби аввали ҳизб Ҳабибулло Табаров (руҳашон шод бод!) тавонистем то охири моҳи сентябр тамоми обгузар, роҳравҳо, гулхонаҳоро ба қадри имкон ба тартиб оварда, ба як ҷойи сайругашт ва истироҳат табдил диҳем. 

Хуллас, то ҷашн 10 рӯз монда буд. Тасмим буд, ки як ҳафта пеш боғ пурра ба ҷашн тайёр бошад. Воқеае рух дод, ки натанҳо мо, балки мудири фарҳанг ва раиси ҳизбро низ такон дод. Субҳи барвақт сӯи утоқи корӣ мерафтам. Баробари расидан ба маркази боғ манзараи нофорамеро дидам, ки ба он боварам наомад.

— Чиро дидед?

— Пайкараи Ленинро. Он дар маркази боғ ҷой гирифта буд. Дидам, ки як дасташ нест. Кадом одами беинсоф шабона бо санг зада, дасташро шикастааст. Медонед, он замон барои ин хел ҳолатҳо агар роҳбар коммунист мешуд, ҷазои партиявӣ гирифта, аз кор ронда мешуд, ҳатто ба ҷавобгарӣ мекашиданд. Аммо аз сабаби он ки ин кор шабона аз чониби шахси номаълум рух дода будааст, касеро ҷавобгар накарданд. Танҳо супориш доданд, ки гунаҳкорро ёбанд. Ба мо ҳам супориш доданд, ки то охири ҷашн атрофи ҳайкалро маҳкам кунем. Тамоми рӯз дасти шикастаи Ленинро кофта, оқибат аз таги баргҳо, аз боғ берун пайдо кардем. Ростӣ, фикри барқарор намудани дасти доҳӣ нигаронамон карда буд. Шабу рӯз дар фикр будем ва пайдо намудани роҳи барқарорнамоиро меҷустем.  Ҳамин тавр, рӯзи 8-уми октябр тамоми рассомони ноҳияро барои азнавсозӣ ва барқарорсозии дасти шикасатаи ҳайкал ҷамъ кардем. Мутаассифона, ҳеҷ кадоме аз рассомон ба уҳда нагирифтанд. Бале, кори осону сода набуд сохтани чунин як дасти мувофиқ ва монанд. Вале, хушбахтона, ҳамон бегоҳӣ дар утоқам ғарқи фикру андеша нишаста будам, ки ногаҳ рассоми боғ Александр, ки мо ӯро Сашкаҷон мегуфтем, бо дасти пора-пораи Ленин наздам даромад ва гуфт:

— Тамоми масьулиятро ман бар дӯш гирифта, дастро то ҷашн соз карда мечаспонам.

То дергоҳи шаб бо Сашка дар утоқ нишаста, нақшаи омода кардани дастро кашидем. Ростӣ, намедонам аз чӣ бошад, Сашка хоҳиш кард, ки то рӯзи барқароркунии даст суҳбатамон байни ҳардуямон монад. Қисса кӯтоҳ, рӯзи 13-уми октябр дастро барқарор кардем. Ва доҳии пролетариат В. И. Ленин рӯзи ҷашн бо дасти нав дар маркази Боғи фарҳангӣ-фароғатии маркази ноҳия ба мардум менигарист.

 

ЁДИ ДУВУМ

Биҳишт

— Устод, мо ҳаққи эътироз кардан аз зодгоҳ, волидайн ва номро надорем…

— Сад дар сад шуморо фаҳмидам.

— Ҳоло-ку ман савол надодам…

— Бале, савол надодед, аммо чиро дар назар доштанатонро фаҳмидам.

— Хуб, фаҳмида бошед, марҳамат, ҷавобатон…

— Ман бисёр хушбахтам, ки дар як кунҷи зебоманзари Тоҷикистони азизам, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадаам. Ватани ман — Тоҷикистон биҳишти рӯйи замин аст. 

Дар хусуси волидайн гуфтанӣ ҳастам, ки ман ба ғайри ҳаққи интихоби онҳоро надоштан, боз ҳаққи норозигӣ карданро ҳам надорам. Худо кунад, ки волидонам аз ман розӣ рафта бошанд. Падарам 60 соли умри бобаракати худро дар тарбияи насли наврас ва хизмат ба халқу Ватан сарф карданд. Модарам ба тарбияи фарзандон машғул буданд ва баъди муҳоҷират дар ноҳияи навбунёди Москва, соли 1953 ба кори саҳро, ба киштукори пахта машғул шуданд. Апаам низ дар саҳро кор мекард. Аз бародаронам яке механизатор буд, ки дар вақти киштукор ба садама дучор шуда, дар синни 30-солагӣ вафот кард. Ду бародари дигарам — яке ронанда, дигаре иқтисодчӣ шуда кор кардаанд.

 

ЁДИ САВУМ

Иншои тақдирсоз

— Устод, имрӯз мо бо Шумо суҳбати фарҳангӣ мекунем ва биёед аз чи тавр ба фарҳанг пайвастанатон бигӯед…

— Мушикиле нест. Вақти имтиҳонҳо буду мо дар пахтачинӣ будем. Аз Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳозира Коллеҷи фарҳанги ба номи Бӯйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ) омада, дар хусуси таҳсил дар он боргоҳ суҳбати дурударозе карданд. Аз ҳамон ҷо ман роҳамро интихоб кардам ва соли 1964 мактаби умумии ҳаштсоларо хатм кардаму рост ба он ҷо ҳуҷҷатҳоямро супурдам ва соли 1967 ин даргоҳи ҳунарро сарбаландона хатм намудам. 

— “Роҳамро интихоб кардам” гуфтед, аммо чанд рӯз пеш аз як нафари наздикатон фаҳмидам, ки Шумо пас аз хатми омӯзишгоҳ довталаби факултети ҳуқуқшиносии ДДТ шуданӣ будаед…

— Бале, дуруст аст. Волидонам ҳаминро мехостанд, бароям тавсия низ дода буданд, ки агар тавонам дар ягон мактаби олии пойтахт дохил шавам. Тасмим гирифтам, ки ҳуҷҷатҳоямро ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ба номи В. И. Ленини шаҳри Душанбе супорам. Аз ин хотир, барои гирифтани дипломам ба шуъбаи кадрҳои Вазорати маданият муроҷиат кардам. Аммо дипломамро надоданд, гуфтанд, ки дар назди Институти педагогии ба номи Т. Г. Шевченкои (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) факултети санъат кушода шудааст ва ҳуҷҷатҳои Шумо ва чанд довталаби дигарро ба он ҷо супоридаем. «Ин супориши Вазири маданият Меҳрубон Назаров аст»,- гуфт мудири шуъбаи кадрҳои вазорат Ҷурахон Обидов. Баъди супоридани имтиҳонҳои қабул, соли 1967 ман донишҷӯи Институти педагогии ба номи Т. Г. Шевченко шудам ва соли 1972 онро хатм кардам.

— Аз роҳхат ба Маскав ҳам барои ба факултети санъат дохил шуданатон сарпечӣ кардед?

— Аслан, барои ман бетафовут буд, интихоби Маскав ё Тоҷикистон, зеро дар ҳарду ҳам довталаби як факултет будам.

— Дар замони Шумо барои дохил шудан “черезбозӣ” буд?

— На, набуд. Ман ду имтиҳони аввалро бо баҳои чор ва панҷ супорида будам, аммо аз иншо баҳои ду гирифтам. Тааҷҷубовар он буд, ки довталабе, ки дар паҳлуи ман нишаставу аз дафтарам рӯбардор кард, баҳои чор гирифт. Бо дили ғамгин назди декани навтаъиншудаи факултет Маҳрам Файзов (руҳаш шод бод) даромадаму асли воқеаро гуфта, хоҳиш кардам, ки иҷозат диҳад, то ҳуҷҷатҳоямро аз комиссияи қабул бозпас гирам. Маҳрам Файзов каме асабонӣ шуда, сухане нагуфта, аз ҷой хестанду роҳи утоқи ректорро пеш гирифтанд. Тахминан баъди ним соат бо чеҳраи кушод омада гуфтанд, ки “омода бош, соати 10, имрӯз бори дуюм иншо месупорӣ”. Ман дар соати муайян дохили утоқи имтиҳонӣ шуда, иншо дар мавзуи озодро интихоб намуда, навиштам. Ду рӯз пас натиҷаи имтиҳон баромад ва ман баҳои панҷ гирифтам. Ҳамин тавр, донишҷӯ шудам ва соли 1972 баъди панҷ соли таҳсил донишгоҳро хатм кардам. 

— Чаро пас аз хатми даргоҳи фарҳангӣ танҳо ду моҳ дар театр кор кардед?

— Муҳити театр бо ман созгор наомад ва ба хизмати Модар-Ватан рафтам.

— Ба аскарӣ рафтед ё бурданд?

— Дар замони мо намебурданд, балки худат мерафтӣ. Болои ин, хонаводаи ҷавони аскарирав тӯйи калоне ҳам мекарданд. Хурсанд мешуданд, ки писарашон ҷавонмард шуда, ба хизмати Ватан меравад.

 

ЁДИ ЧАҲОРУМ

Фарҳанг ва Малиев

Гулмурод Малиев умри худро сарфи кори фарҳанг карданд. Аз замони таҳсил дар омӯзишгоҳ то соли 2011 нафас дар дохили сохтору бахшҳои гуногуни фарҳангӣ мекашиданд. Зиёда аз 50 сол ғами фарҳанги моро мехӯрданд. Даҳҳо хонаҳои фарҳанг ва маданиятро ободу зебо гардонданд, садҳо маҳфилу чорабиниҳо, озмуну фестивалҳои дохилию байналмилалӣ гузарониданд, бо роҳбарияш ҳазорҳо корманди соҳаи фарҳангро дилгарму дӯстдори фарҳанг кардаанд.

— Устод, ин суҳбати самимӣ ва шодонаро намехоҳам тира кунам, аммо чанд саволе дорам, ки агар ҷавоб нагирам, худро намебахшам…

— Беташвиш бош, ҳар чӣ мехоҳӣ, пурс, албатта, беҷавоб намемонад.

— Ба андешаи Шумо, кадом солҳо фаъолияти Вазорати фарҳанги мо рушд карда, намунавӣ буд?

— Ростӣ, ин саволи бисёр мураккаб ва ҷавоби он бисёр мушкил аст. Фарҳанг чун дигар соҳаҳои хоҷагии халқ вобаста ба давру замон фаъолияти худро тағйир медиҳад. Даврони шӯравиро дар назар гирем, ин давраи шукуфоии маданияту ҳунари тоҷик ба шумор меравад. Алалхусус, солҳои 50, 60, 70 ва аввалҳои соли 80-уми асри гузашта. Хусусан, солҳои 60 то охирҳои соли 70-ум давраи шукуфоии маданияту ҳунари тоҷик буд. Дар ин солҳо ҳунармандони барҷастаи маданияту ҳунар рӯйи кор омаданд, ки дар ин пешравӣ қабл аз ҳама саъю кӯшиш, меҳнати шабонарӯзӣ ва заҳматҳои зиёди Вазири маданияти вақт Меҳрубон Назаров назаррас мебошад. Дар ин давра маданияту ҳунари тоҷик ба сатҳи олӣ расида буд. Аммо Бозсозии Горбачёв ва бесарусомониҳои солҳои 90-ум ин дастовардҳои бузургро шикаст. Дар ин давра беҳтарин коргардонҳо, рассомони театрӣ, ҳунармандон, пардозгарон ва дигар мутахассисони соҳа тарки Тоҷикистон карданд, ки бешубҳа як зарба ба фарҳангу ҳунар буд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, маданияту ҳунар барҳам нахӯрд, фарзандони фарзонаи миллат барои пойдории ин соҳаи муҳими кишвар талошҳои беандозае карданд. Ба ин ҳама мушкили нигоҳ накарда, соли 1993 дар давраи авҷи бесарусомониҳо бо дастгирии раиси тозаинтихобшудаи ҳамон вақти Шӯрои Олии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов барои иштирок дар ҷашнвораи байналмилалии театрии Осиёи Миёна “Наврӯз” ба шаҳри Ашқободи Туркманистон сафар карда, сазовори Гран Прии ин ҷашнвора гардиданд.

Соли 2003 Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазири фарҳанги вақт Раҷабмад Амиров супориш медиҳад, ки Ҷашнвораи байналмилалии “Наврӯз” аз сари нав барқарор карда шавад. Раёсати санъати вазорат, ки ман сарвари он будам, супориш гирифт, то дар муҳлати як моҳ низомнома ва барномаи баргузории ин ҷашнвораро омода карда, барои мувофиқа пешниҳод намояд. Мо дар ҳамкорӣ бо мутахассисон ин барномаро дар муҳлати кӯтоҳ омодаву ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намудем ва худи ҳамон сол аввалин ҷашнвораи “Наврӯз” бо иштироки театрҳои касбии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд, ки ин ҷашнвора минбаъд ду сол пас гузаронида мешуд. Мутаассифона, бо сабабҳои номаълум ҷашнвораи мазкур солҳои минбаъда гузаронида нашуда истодааст. Дигар ҷашнвораи байналмилалӣ, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 2005 то соли 2010 гузаронида шуд, ҷашнвораи байналмилалии мусиқии “Садои дилҳо” буд, ки ҳунармандонро дар қатори ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, ҳамчунин аз ҷумҳуриҳои исломии Эрону Афғонистон, Амрикову Олмон, Озарбойҷону Арманистон гирд овард. Вале ин ҳам солҳои минбаъда гузаронида нашуд.

— Устод, мебахшед, вале Шумо дар боло қариб ки дар тамоми гуфтаҳоятон ҳамеша аз калимаи фарҳанг дида маданиятро бештар истифода кардед. Сабаб чист?

— Чунки, солҳое, ки мо кор мекардем, ин вазорат, яъне фарҳанг номи маданиятро доро буд. Баъди ба Кумитаи телевизион ва радио пайвастан, калимаи маданият ба фарҳанг иваз шуд. Гуфтаи мо ҳеҷ ҷойи нигаронӣ надорад. Дар аксари кишварҳои ба мо дӯст ва ҳатто кишварҳои пешрафтаи дунё ин ниҳод бо исми Вазорати маданият фаъолият дорад. Аз ин рӯ, пешниҳод менамоем, ки Вазорати фарҳанг чун номи пешин ба Вазорати маданият иваз карда шавад. Албатта, ин танҳо як пешниҳод аст ва фикр мекунам, дар натиҷаи омӯзиш ва дарки ин ду мафҳум мутахассисон ба як хулосаи аниқ хоҳанд омад. Такрор ҳам шавад, мегӯям, ки ин танҳо як пешниҳод асту бас, хоҳ қабул гардад ва ё на.

— Ба фикри Шумо вазъи имрӯзаи театрҳо дар кадом ҳолат аст?

— Чанде пеш яке аз директорҳои театр дар суҳбат бо ман арз намуд: «Оё медонед, ки худи онҳо намехоҳанд саррежисёр шуда, ба дӯш масъулият гиранд?». Вай албатта режисёрҳоро дар назар дошт, ки барои онҳо ба саҳна гузоштани намоишҳои якдаъфаина манфиатноктар аст. Бад-ин минвол, онҳо маблағи хубро ба даст оварда, боз дар ду-се театр имконияти чунин ба ном асарҳоро гузоштан доранд. Аслан ин воқеият аст, зеро даврони муосир чунин вазъиятро ба миён овард. Режисёрҳо, мақоми онҳо дар театр, сатҳи касбияташон дар аксар вақт начандон баланд, беҳавсалагиашон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷараёни муосири театрӣ ба тамоми мутахассисон ва алоқамандони театр маълум аст. Оре, онҳо обрӯю эътибори пештараро аз даст доданд, талаботҳои ҳозираро нисбати худ начандон дарк менамоянд, вале имкониятҳои нави пулкоркуниро ба хубӣ аз худ намуданд. Мутаассифона, сатҳи бештари асарҳои ба саҳна гузоштаашон ба талаботи маънавии тамошобинҳо созгор нест ва ҳатто дар миёни режисёрҳое, ки имрӯзҳо баҳудаву беҳуда тарғибу ташвиқ мешаванд, аз рӯйи истеъдоду ҳунар, миқёси шахсият ва ҳатто обрӯю эътибор ба Е. Мителман, Я. Ланге, Ф. Александрин, Х. Майбалиев, Ш. Қиёмов, Ф. Тошмуҳаммедов, В. Аҳадов ва дигарон баробар шуда наметавонанд. Аз тарафи дигар, дарки мазмуну моҳияти асарҳои муаллифони ҳозира душвор аст. Бинобар ин, аксаран коргардонҳо бо сабабу баҳонаи “ин беҳунарона аст, нофаҳмост, ба талабот ҷавобгӯ нест” аз чунин асарҳо дурӣ меҷӯянд.

— Пас, чӣ бояд кард?

— Боварии комил дорам, ки барномаи таълими режисёрҳо такмили ҷиддиро мехоҳад. Онҳоро на танҳо нозукиҳои касб омӯзонидан лозим аст, балки одамони бомаърифату баандешаро бояд тарбият намуд, ки таърих, забон ва адабиёт, иқтисодиёт, мантиқ, равоншиносӣ ва ҷомеашиносиро нағз донанд.

Ман намехоҳам ба иззати нафси касе расам, ё баҳсу мунозира кунам. Ҳамаи ин ба дили ҳама задааст ва аз ҳалли масъалаҳои ҷамъомада моро дур месозад.

— Ҳозир чӣ?

— Ман гуфтанӣ нестам, ки кори фарҳанг имрӯз рушд надорад. Баръакс, имрӯзҳо бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанг қадам ба қадам рушд карда истодааст. Бинед, чи қадар қасрҳои фарҳанг, театрҳои касбӣ таъмиру аз нав сохта шудаанд. Чи қадар боғҳои фарҳангу фароғатӣ азнавсозию обод карда шудаанд, ки касе интизори чунин пешравиҳо набуд. Танҳо дар шаҳри Душанбе бо роҳбарию дастгирии бевоситаи раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ чи қадар боғҳо ободу гулгаштҳои нав сохта шудаанд, ки аз тамошои онҳо натанҳо мардуми кишвар, балки меҳмонони хориҷӣ низ ҳаловат мебаранд.

Аммо, ҳоло ҳам фарҳанг ба маҷрои муайяни худ надаромадааст ва қонуни асосии худро, ки ҷавобгӯи даврони муосир бошад, надорад. Қонун “Дар бораи фарҳанг“ моҳи декабри соли 1997 қабул шуда буд, ки ҷавобгӯи талаботи даврони имрӯза нест. Аз ин хотир, Вазорати фарҳангро зарур аст, ки бар асоси талаботи имрӯза лоиҳаи ин қонунро аз нав таҳия намояд.

 

ЁДИ ПАНҶУМ

Хоҳиш, марг, виҷдон

Аз боғ баромадем. Ҳушу ёд парешон шуд. Ба куҷо рафтанамонро намедонистем. Баъди чанде ба худ омада, дидам, ки дар назди “Душанбе-Плаза” ҳастем. Фаҳмидам, ки бояд устодро гусел кунам, аммо саволакеро бояд мепурсидам.

— Устод, бе хоҳиш зистан маъно надорад. Оё хоҳиши аз ҳад зиёд ҳам ба инсон метавонад зарар расонад?

— Инсон пеш аз чизеро хостан, бояд бо ақлаш гуфтугӯ кунад, вагарна Худо нокарда агар тавони иҷрои хоҳишро надошта бошад, метавонад ба марг бирасад.

— Марг, яъне чӣ?

— Хоби гароне, ки чанде пас боз бедор мешавем.

Инак, хатсайри даркорӣ. Устод ба мошин нишастанд. Чанд дақиқае аз пасашон нигоҳ кардам. Мошин ноаён шуд…

 

Мусоҳиб: Сино ТОҲИРОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here