Садое аз дуриҳо ба гӯш мерасад. Садое аз умқи дил. Садое пайвандгари қалбҳо. Ӯ девонавор месарояд. Девонаи касби худ, девонаи ҳунари худ, девонаи ишқи худ. Гоҳо аз муҳаббат мугӯяд ва гоҳи дигар аз ҷудоӣ нола бар фалак сар медиҳад. Ҳине худро фаромӯш мекунад ва ғарқи дарёи пуртуғёни хеш мегардад. Замоне бар худ меояд, ки мавҷи кафкубӣ бар сақфи фалак печида ва қисме лабханд мезананду зумрае ашки дида пок мекунанд.

Овозхони шинохтаи тоҷик Фурқати Сайид аз зиндагиву марги ситораи пайвандгари Машриқу Мағриб мегӯяд, ки садояш бар дилҳо маскан гирифта ва вуҷудро оромиш мебахшида, ки ӯро Аҳмади Зоҳир ном бошад ва “Султони қалбҳо” унвон…

Аҳмад Зоҳир аввалин сарояндаест, ки дар замони худ сурудҳоро мудерн карда сароидааст. Дар оғоз аз ин қолабшиканӣ мегуфтед?

-Фикр мекунам, то Аҳмад Зоҳир ҳам дар Афғонистон созҳои гунонгуни мусиқӣ истифода мешуданд, аммо муваффақият ва қолабшикании Аҳмад Зоҳир дар он буд, ки созҳои мусиқии ду қитъаро ба ҳам ошно кард, он ҳамаро дар қолаби мусиқии муосир даровард ва тавонист, ки ҳам созҳои мусиқии миллӣ ва ҳам созҳои мусиқии эстрадиро ба ҳам тавъам созад, ки пуле шавад байни мусиқии мардуми Шарқ ва Ғарб.

Он ки Шумо ишора кардед, созҳои мусиқӣ буд, ки Аҳмад Зоҳир барои инқилоб кардан бояд қолабшиканӣ мекард. Аслан, барои инқилоб кардан бояд қурбонӣ дод, ӯ бошад бо қурбонии худ тавонист мусиқиҳои суннативу ҳиндиву хуросониро ба мусиқии муосир бипайвандад ва дар кул мусиқие бурун оварад, ки дар фазои мусиқии Шарқу Ғарб шӯълае ҷовидона барангезад.

Номваршавиву ҳанарваршавии Аҳмад Зоҳир пеш аз ҳама дарди ботинии ӯ буд, он садое буд, ки аз дил бархеставу ва ба дилҳо менишаст. Ва он дарду нолаҳои ба фалак печандаи Аҳмад Зоҳирро, фикр мекунам, дар ҳамон замон касе надошт. Аҳмад Зоҳир бо худ гуфтугӯ дошт, бо Худо гуфтугӯ дошт.

Пас, андеша надоред, ки мусиқиро дар Афғонистон Аҳмад Зоҳир зинда карда бошад?

-На, ҳунари мусиқӣ пеш аз Аҳмад Зоҳир ҳам дар Афғонистон зинда буд, аз он қабил устодони саршиноси зиёде буданд, ба мисли устод Сарҳанг — тоҷи мусиқии суннатӣ-классикӣ ва устод Сорбон, ки ҳатто шахси Аҳмад Зоҳир дар як сӯҳбаташ зикр мекунад, “устоде, ки ман дар пеши ӯ метарсидам ва садоям меларзид, Сорбон буд”.

Аммо Аҳмад Зоҳир соҳибмактабе буд, ки мусиқии ҷадид, мусиқии муосирро бо сабки хосса бар кишвараш бурд ва равияе пайдо кард, ки аз паси худ ҳазорҳо инсонро бар олами зебоӣ кашонад.

Шумо ду навор — “Худо бувад ёрат” ва “Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлиҷон”-ро, ки ба мо дастрас шудааст, назар афканед, аз худ бехудии ӯро мебинед, ки на дар Шарқ ва на дар Ғараб то ба ҳол мисли ӯ ҳунарваре пайдо нашуда.

Ин фидоӣ, фикр мекунед аз куҷо маншаъ гирифта бошад?

-Аз боварӣ бар ҳунари худ. Ҳангоме ӯ “Булбули Ҳабибия” шуд, рӯзноманигоре суол кард, ки соли дигар чӣ нақша доред, ӯ бо дили пур гуфт: “Соли дигар ҳам ман “Булбули Ҳабибия” мешавам!”. Ва шуд.

Аҳмад Зоҳир аз худситоӣ нагуфт! Аз он хотир гуфт, ки ӯ бо куҳнаҳо зиста наметавонист ва ҳамеша бар талоши суруду таронаи нав буд.

Ҳар як таронаи Аҳмад Зоҳирро гӯш деҳем, мегӯем, ин аз дигарӣ зебосту дигари аз он яке зеботар аст. Ҳатто зиндатаронаҳое, ки дар маҳфилҳо сароида шудааст, аз сабтҳои махсуси студияӣ зеботар асту дилнишинтар. Ва бо ҳамин аст, ки Аҳмад Зоҳир дар ҳунари мусиқӣ то ба имрӯз “Булбули Ҳабибия” монда.

Сурудаҳои Аҳмад Зоҳир ду мавзӯи асосӣ дорад: ишқ ва ҷудоӣ. Ба фикри Шумо мавзӯи асосӣ ё худ аввалдараҷа барои ӯ кадомин буда?

-Фикр мекунам, ишқ аст. Дар ҳар чизе ки ишқ набошад, ба коми дил расидан душвор ояд. Ӯ бо ишқ ба ин ҷода омад ва бо мурури замон, бо он табаддулотҳое, ки бар ҳаёти ӯ шуда гузашт, ҷудоиву фироқу фурқатро бар миён кашид. Ва инро ҳам бо ишқ суруд, бо ишқи самимӣ.

Аҳмад Зоҳир дар баробари оҳангсозӣ, баъзан матни сурудҳои худро ҳам менавишта… Фикр намекунед, ки ин ҳама барои як шахс душвор бошад?

-Ин ҳама дар маҷмӯъ Истеъдод ном дорад. Истеъдоди фитрӣ, Истеъдоди худододӣ. Агар махсус ба таронахонии Аҳмад Зоҳир диққат диҳем, фикр мекунем ӯ бо Худо гуфтугӯ дорад ва ҳамаро фаромӯш кардаву дар дунёи рангини худ аст. Ва ноҷост, ки гӯем бар Истеъдоде, ки бо Ишқ пайванд баста душвор бошад…

Бештари сурудаҳои “султони қалбҳо” яккасароӣ аст. Аммо дар ин байн дуэтхонӣ ҳам дида мешавад. Оё намеандешед, ки дар яккасароӣ ӯ дардҳои худро гӯянда бошад?

-Аслан, жанри дуэт душвориҳои бештаре назар ба дигар жанрҳо дорад: садоҳо бояд ба ҳам мувофиқат кунанд ва авҷу фарориши оҳанг ҷуриҳои худро ёбад ва қабл аз ҳама ин ду нафар бояд сурудро бо ҳам “пазонанд” ва тавонанд эҳсоси шунавандаро бедор намоянд.

Аҳмад Зоҳир бо хонум Жилову хонум Ҳангома ва аксари дигар муваффақони ҳунари мусиқии Афғонистон, ки дуэтхонӣ дорад, тавонистааст дардгӯӣ кунад, ҳамрози ҷомеа бошад ва бар дилу дидаҳо ҷой бигирад.

Мақому мартабаи Аҳмад Зоҳирро дар ҳунари мусиқии тоҷик чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Воқеан, садои Аҳмад Зоҳир гирову беҳамто буд. Замоне садои ӯ парвозӣ шуд ва сарҳадҳоро убур карда, бар мағз-мағзи ҷон ҷой гирифт, аксари ҳунармандони муваффақ ва чеҳраҳои шинохтаи ҳунари мусиқии тоҷик сурудаҳои ӯро бозхонӣ карданд. Устод Кароматулло Қурбонов суруданд, устод Субҳон Саид бозхонӣ карданд ва имрӯз беҳтарин намунаро Садриддин месарояд…

Ин ҳама гувоҳ бар он аст, ки садову ҳунару мусиқиаш барои мардум писандида аст, ошност, гӯё мо қарнҳо садои Аҳмад Зоҳирро гум карда бошем, меҷустем ва он ниҳоят ба ин сарзамин расид. Аз он ки садои дили мо буд. Садои таконбахши рӯҳу ҷисму ҷони мо буд.

Ба хусус, бар ман садое буду ҳаст, ки дар ҳама лаҳзаҳои ҳузну танҳоиву дилтангӣ бори ғами маро берун мекашад ва дилро зудуда мекунад…

Таърихи мусиқии Шарқ чеҳраҳои шинохтаву мондагори зиёде дошт. Аммо дар ин росто Аҳмад Зоҳир бо 33 соли ҳаёташ дар сафи аввал меистад ва то ҳол сурудаҳои ӯ шунавандаву мухлиси ашадии худро дорад. Омили баъди марг солҳо зинда мондани ӯро дар чӣ мебинед?

-Қиссаҳо ҳаст, ки мисли Мавлонои Балхӣ пас аз соатҳо сурудхонӣ бар болои як оҳанг Аҳмад Зоҳир дар ҳуҷраи тамрингоҳаш аз ҳуш мерафт. Омили инро бар болои ана ҳамин мебинам, ки бо тамринҳои пай дар пай ӯ тавонист ҳар як суруди худро бар дилҳо расонад. Ва гуфта ҳам метавонам, ки натанҳо суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир, ҳамчунин, шахсияташ ҳам мондагору ҷовидона аст.

Дар бораи ҷавонмардӣ, сахигӣ ва нангу номуси Аҳмад Зоҳир мо метавонем бо дили пур садҳо мисол оварем: ӯ доҳӣ набуд, аммо бо инқилоби худ бубинем, ки бо ҳукумати вақт чӣ гуна баромад, бо он ҳама ситоиши касеро накард ва танҳову танҳо аз Ватан гуфт, аз Меҳан гуфт, аз Ишқ гуфт, аз Ҷудоӣ гуфт.

Ҷовидана мондани таронаҳои Аҳмад Зоҳир ҳам аз ҳамин дарди худро гуфтанҳо буд, ки бо он ба садҳову ҳазорҳо дилҳои дигар малҳам мебахшид.

Пас, писандидатарин суруди Аҳмад Зоҳир барои Шумо?

-“Худо бувад ёрат, Қуръон нигаҳдорат”.

Месароед…?

-Бале

Месарояд:

Ало ёрҷон зӣ ғам беморам имшаб,

Ситора дар само бишморам имшаб,

Ман, ки мурдам зи ғам парво надорӣ,

Туро ман бо Худо биспорам имшаб…

Аз таърихи ин суруд огаҳ шудем, ки барои писараш сурудааст. Рост аст?

-Аммо ман ҷое хондам, ки ба муҷоҳидини банангу номуси диёраш, ки барои дигар кардани сохтори Афғонистон ва ҳамвор намудани роҳи озодӣ бархеста буданд, сароидааст.

Дарвоқеъ, писараш Ришод Зоҳир ҳам пайравии падарро кардаву ба сурудхонӣ пайваста. Фикр мекунед то куҷо комёб шудааст?

-Ман сурудҳои Ришодро ва ҳамчунин, Ёсинро, ки ба Аҳмад Зоҳир пайванд медиҳанд, мешунавам. Ёсин шабоҳати каме дорад ба Аҳмад Зоҳир, аммо ҳам садо ва ҳам симои Ришод бо гузашти солҳо рӯз то рӯз ба падараш монанд мешавад.

Бошад, ки ин ду нохондаҳои падарро хонанд ва ин шӯъла дар дунё лаҳзае хомӯш нагардад. Фикр кунам, агар лаҳзае ин нури офтоби тобон хомӯш гардад, хиёнат шавад бар он мухлисону дилбохтагони ишқи шабзиндадори Аҳмади Зоҳир.

То замоне садои Аҳмад Зоҳир танинандоз аст, барои ман дар дунё Ишқ ҳаст, Зебоӣ ҳаст, он рӯз, ки ин садо хомӯш гардад, Ишқ дар сайёраи ман мирад.

Рӯзи хомӯшшавии ин садои аслро дар ёд доред? Рӯзи маргро?

-Ман он солу он рӯз 12-сола будам…

…Бори аввал бародари равоншодам Суҳбатулло акси Аҳмад Зоҳирро, ки ёдам ҳаст дар болояш “Р.Д.А.” (Республикаи демократии Афғонистон) навишта буд, овард ва баъдан фитаи Аҳмад Зоҳирро, ки аввалин бор суруди “Ошиқ шудаӣ, ай дил”-ро аз он шунидам (он солҳо магнитофонҳое буд, ки фита (касета) дошт ва агар ҳоло бо телефон садои Аҳмад Зоҳирро шунаванд, он замон бар фитаҳо сабт мекарданд ва аз он ба такрор мешуниданд). Шунидан замон ошиқи ин садо шудам ва ҳамарӯза пинҳонӣ аз бародарам ин садову ин оҳангро мемондаму гӯш медодам, бо он ки то ҳол намедонистам ӯ кӣ буд.

Рӯзе бародаронам — Баҳруллову Суҳбатулло маҳзун ба хона омаданд. Падарам ин ҳолро дида пурсиданд, ки чӣ шуд.

Аҳмад Зоҳирро куштаанд…

Сукут.

Хабари ногаҳонӣ ҳамаро дилхун кард.

Аммо ман он вақт намедонистам, ки киро аз байн бурданд:

Ишқро!

Муҳаббатро!

Таронаро!

Зебоиро!

Нобиғаро!

Ниҳоят, ИСТЕЪДОДро аз байн бурданд!!!

Аҳмад Зоҳир мисли афсона омад ва мисли афсона рафт…

Сабабро дар чӣ мебинед, ки баъди аз мағзи сар парронида шудани Аҳмад Зоҳир солҳо овозаи ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шудани ӯ рӯи забонҳо буд?

-Ростӣ, ман баъди солҳо аз навиштаҳои устод Султони Ҳамад, ки дар таҳқиқи ҳаёту фаъолияти Аҳмад Зоҳир хизмати басо мондагор кардаанд, дарёфтам. Аз китобҳои эшон аз чандин паҳлӯҳои ҳаёти Аҳмад Зоҳирро огаҳ шудам.

Аммо соле қабл ҳам телевизиони “BBC-forsi” барномае пахш кард, ки рӯзноманигор ҳамаи шоҳидони воқеа — мӯйсафеде, ки аввалин шуда ба кӯмаки Аҳмад Зоҳир рафта буд, нафаронеро, ки ин ҳодисаро шунида ва ё дида буданд ва ҳамон пизишкеро, ки ӯро дар охир дида буд, ҷамъ овард, ки шаҳодати пизишк ҳалкунанда буд: Аҳмад Зоҳирро аз пешонӣ тир холӣ карда буданд ва дар рӯяш хун равон буду мағзи сараш парешон шуда…

Устод, фикр намекунед, ки агар ин ҳолатро эълон мекарданд, туғёне барпо мешуд?

-Шояд. Чун бисёр мардуми бағайрату баҳайсият ҳастанд халқи Афғонистон. Ва аз оне ки фарзанди барӯмандашон буд, шояд аз исён ҳам мегузарониданд.

Аслан, Аҳмад Зоҳир бечорапараст буд, ҳамеша бар паҳлӯи халқи одӣ қарор мегирифт. Ӯ ба қудратмандони давр кам хизмат кардааст, ба тӯю базмҳои онҳо бисёр кам рафтааст. Агар иҷборан ба маҳофили қудратмандон нарафта бошад, дигар дар хидмати халқи меҳнаткаш буд. Ва нав дарк мекунам, ки ба дилу дидаҳо ҷой шудани ӯ ҳам, аслан, аз ҳамин хоксориаш буда, ҳарчанд ки худ аз оилаи сарватманд, нахуствазир буд.

Аммо, бо ин ҳол таронаи ӯ, ҳунари ӯ, нафаси ӯ бо халқи меҳнаткаш буд. Ва имрӯз ҳам ҳар ҳунарварде ҷониби оммаи одӣ рафт, болои дилу дидаҳо ҷой хоҳад ёфт!

Агар Аҳмад Зоҳир чанд соле дигар зинда мемонд, ба кадом қулла мерасид?

-Ӯ бар қуллаи мурод расида рафт ва аз худ дунёе нав, садое доимо ҷадид ва суруде ҳамеша рӯҳафзо боқӣ монд.

Суҳбаторо:

Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here