Фарзона Мирзоева — сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ, ки чанде пештар рисолаи номзади худро дар соҳаи журналистика дар мавзӯи «Пайдоиш ва ташаккули сарчашмаҳои иттилоотии англисӣ дар Тоҷикистон» дифоъ карда буд, аввали ҳафтаи равон соҳиби Шаҳодатнома шуд ва акнун расман номзади илмҳои филологист. Ҳамкору ҳамкасбамонро ба ин муносибат муборакбод мекунем.

Ба ҳамин муносибат як суҳбати кутоҳе ҳам доштем ва нахуст пурсидем, ки рӯ овардани шумо ба илм интихоби кӣ буд: аз худатон ё пешниҳоди роҳбар?

— Пешниҳоди падарам буд. Чун ӯ ба ашхоси зиёӣ эҳтиром дорад, маро пайваста таъкид менамуданд, ки баъди хатми донишгоҳ ба шуъбаи аспирантура ҳуҷҷат супорам. Баъди ҳимояи кори дипломӣ роҳбари кори дипломиам, устоди журналистикаи тоҷик, профессор Иброҳим Усмонов дар шӯрои олимон барои давом додани таҳсил маро пешниҳод намуданд. Ҳамин тавр, ҳуҷҷатҳоямро ба шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супоридам…

Ҳимояи кори илмӣ чӣ мушкилотҳо дошт?

— Ҳимоя намудану номзади илм шудан роҳи пурпечутоб дорад. Ҳар нафаре ин ҷодаро тай намудааст, медонад, чӣ сон мураккаб аст. Кор то ҳимоя шудану тасдиқ гардидан, тай намудани якчанд зинаҳои пай дар пайро талаб мекунад.

Пажуҳише, ки анҷом додед, дар журналистикаи тоҷик чӣ аҳамият дорад?

— Истиқлолияти давлатӣ барои ба вуҷуд омадани саҳифаҳои англисӣ дар рӯзномаҳо ва агентиҳои иттилоотӣ замина фароҳам овард. Албатта, мавҷуд будани ВАО бо забони англисӣ агар, аз як тараф, барои тарғиби дастовардҳои кишвар муҳим бошад, аз тарафи дигар, барои ҳимояи фазои иттилоотии кишвар аз паҳн гардидани иттилооте, ки ҷавобгӯйи манфиатҳои миллӣ нест, аҳамияти калон дошта, дар баланд бардоштани тафаккури мардум таъсири амиқ мерасонад. Ҳарчанд имрӯз дар Тоҷикистон нашрияи умумимиллӣ бо забони англисӣ вуҷуд надорад, вале саҳифаҳои англисии нашрияҳои гуногун, аз ҷумла, ҳафтаномаҳои “Тоҷикистон”, “Ману ту”, “Овоза ва ҳақиқат”, ки дар давраҳои мухталиф фаъолият доштанд, қобили омӯзиш мебошанд. Ҳамчунин, аз 23-юми апрели соли 2009 то моҳи апрели соли 2012 дар қаламрави ҷумҳурӣ рӯзномаи англисӣ «Tajikistan Times» (дар ибтидои фаъолияташ номи он “The Tajik Times” буд) чоп мешуд. «Tajikistan Times» дар таърихи матбуоти даврии тоҷик аввалин ва ягона нашрияе мебошад, ки пурра бо забони англисӣ интишор мегардид ва ҳадафи таъсиси он ба хонандагони англисидон расонидани воқеаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва ва иҷтимоиву фарҳангии ҷумҳурӣ буд. Ҳарчанд ин нашрия ҳамагӣ се сол ба табъ расида, бо сабаби мушкилоти молиявӣ аз фаъолият бозмонд ва дар бозори матбуоти кишвар муваффақ нагашт, барои тарғиби сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии арзишҳои ҳунариву фарҳангии мардуми тоҷик ба ҷаҳониён саҳми арзанда гузошт. Бешак, нашрияи «Tajikistan Times» дар таърихи навини журналистикаи тоҷик ҳамчун аввалин нашрияи бо забони англисӣ дар Тоҷикистон сабт гардид ва барои пайдоиш ва ташаккули дигар нашрияву сомонаҳои англисзабон замина гузошт.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ягон нашрия бо забони англисӣ чоп намешавад, аммо дар агентиҳои иттилоотӣ саҳифаи махсуси англисӣ вуҷуд дорад, ки дар инъикоси воқеаҳои Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд. Аз тарафи дигар, дар шароити ҷаҳонишавӣ паҳн кардани иттилоъ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо забони англисӣ, ки забони муоширати байналмилалӣ мебошад, ниҳоят муҳим аст. Бо ин роҳ мо ба ҷаҳониён ҳам миллати хеш ва ҳам дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ карда метавонем. Аз ҳамин сабаб, омӯзиши таърихи пайдоиш ва ташаккули расонаҳои иттилоотии англисзабони Тоҷикистон, сабабҳои аз байн рафтани саҳифаҳои англисии нашрияҳои алоҳида, омилҳои аз фаъолият мондани ягона нашрияи англисзабон дар ҷумҳурӣ, нақши расонаҳои англисзабон дар ҳимояи фазои иттилоотии кишвар, тарғиби дастовардҳо ва муаррифии арзишҳои мухталифи миллӣ аз аҳамият холӣ нахоҳад буд. Анҷом додани чунин пажуҳиш дар илми журналистикаи тоҷик саҳифаи наве боз хоҳад кард.

Оё шумо таҳлил кардед, ки чаро мо нашрияи сирф англисӣ надорем? Инчунин, барои доштани он чӣ намерасад: кадр, маблағ, ташаббус ё чизи дигар?

— Набудани мутахассисони касбии забондон дар нашрия, актуалӣ ва ҷолиб набудани маводи англисӣ, вуҷуд надоштани маводи таҳлилие, ки таваҷҷуҳи хонандаро ҷалб ва талаботи онро қонеъ гардонда тавонад ва кам будани аудиторияи англисидон дар дохили кишвар. Масалан, ҳафтаномаҳои оммавии “Ману Ту” ва “Овоза ва ҳақиқат” аз зумраи нашрияҳое ҳастанд, ки замоне саҳифаи англисӣ доштанд. “Ману ту” аввалин нашрияи оммавии дорои саҳифаи англисӣ дар таърихи матбуоти тоҷик дониста мешавад. Ҳафтаномаи «Овоза ва ҳақиқат» пас аз «Ману Ту» дуюмин нашрияи оммавие мебошад, ки чопи саҳифаи омӯзиши забони англисиро ба роҳ монда буд. Саҳифаҳои англисии ин ду нашрия хусусияти омӯзишӣ дошта, барои тарғибу омӯзонидани забони англисӣ ба роҳ монда шуда буданд. Дар онҳо дарсҳои забони англисӣ чоп мешуданд. Ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи омӯзандагони забони англисӣ (хонандагони нашрияҳо) омӯхтани забони англисӣ қиссаву афсонаҳои хурди ҷолиб ва маводи шавқовар низ ба табъ расонда мешуд. Бо вуҷуди камбудиву норасоиҳое, ки дар саҳифаҳои англисии ҳафтаномаҳои «Ману Ту» ва «Овоза ва Ҳақиқат» вуҷуд дорад, онҳо аввалин нашрияҳои оммавие мебошанд, ки саҳифаи омӯзиши забони англисӣ таъсис дода, бо ин забон мавод чоп намудаанд ва барои тарғибу омӯзиши забони англисӣ  саҳм гузоштаанд.

Барои як зане, ки кор мекунад, оиладор аст, навиштани рисолаи илмӣ то куҷо имкон дорад?

— Агар барои ҷинси мард доштани унвони илмӣ ифтихор бошад, барои зан — модар ин боиси қаҳрамонӣ аст. Зеро масъулияти зани оиладор дар хона бештар аст. Ба ҳар ҳол, гумон мекунам, агар ҳар як фард кӯшиш кунад, ба ҳамаи дастовардҳо ноил мегардад. Ин аз хоҳишу талоши ҳар нафар вобаста аст. Роҳи илм барои марду зан як хел аст: гоҳ ҳамвору гоҳ душвору мураккаб. Ва илм заҳматро меписандад, бедорхобиҳо, ҷустуҷӯҳои пайваста. Баъзан лозим аст барои як ҷумлаи хулосавӣ сари як пажуҳиш ҳафтаҳо андешид. Баъзан баръакс, хеле ба зудӣ банду баст мешавад. Аммо ин мушкилиҳо барои бонувон бештаранд, чун илова ба кору саргармӣ дар навиштани рисола, боз бояд кори хонаро ҳам аз дӯш нагузоранд. Оилаи солим, ҳамдигарфаҳмии марду зан дар оила яке аз омилҳои муваффақият дар кори илмист, ки хушбахтона, ин ҷониб аз ин бархӯрдорам.

Таасуроти шумо пас аз гирифтани диплом?

— Ростӣ, хеле хушҳолам. Он заҳмату талошҳое, ки намудам, баробари ба даст гирифтани диплом ҳамаашро фаромӯш намудам. (механдад).

— Бо профессор Ҷовид Муқим осон аст кор кардан ё мушкил?

— Воқеан, устод Ҷовид Муқим шахси сахтгиру ҷиддӣ ва пухтакоранд. Инро ҳама шогирдонашон медонанд. Дарсҳои устод Ҷовид Муқим шавқовару ҷолиб мегузаштанд. Ҳанӯз аз даврони донишҷӯӣ вақте устод ба мо дарс мегуфтанд, методу омӯзиши дарсҳои эшон аз дигар устодон фарқ мекард. Мо донишҷӯён бо шавқи беандоза супоришҳои устодро иҷро менамудем. Ҳамон солҳо ягона устоде буданд, ки бо интернет ва почтаи электрониву дигар сомонаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ доштанду вазифаҳои хонагиро ба донишҷӯён тариқи почта мефиристоданд. Сари таъзим назди устодам, роҳнамоям фуруд меорам. Шахсан, барои банда, заҳматҳояшон бешумор аст.

Ташаккур барои суҳбат. Муваффақиятҳои бештар ёрат!

— Сипоси бепоён.

Суҳбаторо: Раҳима АЪЗАМ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here