Чун анъана ҳар ду сол аз 16 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе кинофестивали байналмилалии «Дидор» баргузор мегардад. Дар остонаи баргузории Синамобазми байналмилалии 8-уми «Дидор» бо мутасаддии асосии чорабинии мазкур, раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон, коргардон ва филмноманависи машҳур Сафари Ҳақдод мусоҳиб шудем. 

— 15-уми сентябр қабули дархостҳо барои иштирок дар Синамобазми байналмилалии 8-уми «Дидор» ба охир расид. То имрӯз барои ширкат дар ин кинофестивал чанд дархост ва аз кадом кишварҳо расидааст?

— То ин вақт мо беш аз 100 дархости ширкат дар озмуни байналмилалии филмҳои кӯтоҳҳаҷм ва пурраметражро тариқи почтаи электронӣ ва сомонаамон гирифтем. Ба мо аз кишварҳои анъанавӣ, ки солҳои қаблӣ дар синамобазм иштирок мекарданд, дархост фиристодаанд. Ба ғайр аз ин, аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ – Литва, Эстония, Латвия, Беларусия ва Украина низ хоҳиши иштирок кардаанд. Ҳарчанд ки мо барои даъвати худи филмсозон маблағ надорем, иҷозати онҳоро гирифтем, то ки филмҳояшон дар озмуни байналмилалӣ иштирок бикунанд. Аз ҷумла, мо чанд филми кӯтоҳи онҳоро барои намоиш дар озмун интихоб кардем. Воқеан, мо кӯшиш мекунем, ки дар солҳои минбаъда филмофарони ин кишварҳо мустақиман дар ин синобазм ширкат карда, эҷоди худро муаррифӣ намоянд. 

Дар бахши байналмилалии озмун филмҳои пурраҳаҷм аз кишварҳои анъанавии иштирокчӣ аз қабили мамолики Осиёи Марказӣ, Русия, Қафқоз, Муғулистон, Эрон ва Афғонистон ширкат хоҳанд кард. Аз ин кишварҳо дар бахши мусобиқаи филмҳои пурраҳаҷм 10 филм интихоб шудааст. Ҳамчунин имсол дар бахши байналмилали озмун аз Ҳиндустон низ ба мо чанд дархост расид ва ба ин васила домани фестивал васеъ гардид. 

Имсол дар бахши мусобиқаи филмҳои кӯтоҳ намоиши як филми муштараки Ҳиндустону Бангладешро интихоб намудем.  Умуман, дар бахши филмҳои кӯтоҳи мусобиқаи байналмилалӣ 12 филм иштирок хоҳанд кард. 

 Дар синамобазҳои пештара мо як барномаи вижаи «Фокус» ё «Панорама» доштем. Ҳоло як барномаи вижаи «Ҳамсояҳои хеле наздик» сохтаем, ки дар он 3-4 филмҳои гуногун аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон намоиш дода мешаванд. Ҳоло раванди мувофиқа кардани барнома бо ҳамсоякишварҳо идома дорад. 

Мо як бахши вижаи дигар бо номи «Синамои кишварҳои форсизабон» дорем, ки дар он филмҳои пурра ва кӯтоҳҳаҷми Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. Дар дохили ин барнома мо як бахши филмҳои миллӣ таъсис, додем, ки дар бахши филмҳои Тоҷикистон пахш мешаванд. Дар он 12 филмҳои ҳаҷман гуногун пешниҳод шудаанд. 

Имсол дар бахши «Синамои кишварҳои форсизабон» бештар филмҳои донишҷӯён иштирок мекунанд. Аз Тоҷикистон низ дар синамобазм бештар филмсозони ҷавон иштирок хоҳанд кард. Бояд гуфт, ки барои филмофарони ҷавони Тоҷикистон як мусобиқаи алоҳидаи миллӣ низ таъсис додаем, ки ҷоизааш дар сатҳи байналмилалӣ аст. 

 Воқеан ҳам, имсол ҳудуди  80 дар сади филмҳои интихобшуда ба филмсозони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон тааллуқ доранд. Барои ҳамин ҳам дар охири синамобазм як мизи мудавварро барои филмофарони ҷавон дар назар дорем. Дар он бурду бохти филмофарони ҷавон аз ҷониби мутахассисони соҳа баррасӣ мегардад. Кори пажӯҳишии фестивал низ ҳамин аст, ки равияҳо ва равандҳои гуногуни синамоиро муайян бикунем.  

Бояд гуфт, ки дар синамобазм озмуни байналмилалӣ ва миллӣ доир мегардад. Дар маҷмуъ, дар Синамобазми 8-уми байналмилалии «Дидор» зиёда аз 60 филми гуногунҳаҷм интихоб шудааст. Ҳамчунин дар синамобазм чанд филми аниматсионӣ низ намоиш дода мешаванд.

— Вижагии Синамобазми 8-уми «Дидор» аз кинофестивалҳои пешин дар чӣ аст? 

— Ман гумон мекунам, ки вижагии асли синамобазми мо рӯ овардан ба эҷоди ҷавонон аст. Ҳоло дар синамобазм ҷавононе иштирок доранд, ки аввалин қадамҳои худро ба синамо гузоштаанд. Баъзеи онҳо ҳатто нав мактаби миёнаро хатм кардаанд. Ин дахл дорад ба синамои миллии мо ва синамои кишварҳои дигар. 

Вижагии дигари синамобазми мо дар он аст, ки имсол филмҳои мустанадро комилан интихоб накардем. Зеро мо тасмим дорем, ки минбаъд, дар байни холигоҳи солҳои баргузории «Дидор» шурӯъ аз соли 2019 Кинофестивали филмҳои мустанади «Дидор»-ро ба роҳ монем. Дар он ҳамаи намудҳои филмҳои мустанади миллӣ ва байналмилалӣ аз рӯи сабку жанрҳои гуногун ба намоиш гузошта хоҳад шуд. Мехоҳем аз он биомӯзем, ки дар олами синамои филмсозии мустанад чӣ мегузарад. Зеро солҳои қаблӣ филмҳои мустанад дар сояи филмҳои бадеӣ мемонданд ва ба онҳо кам таваҷҷуҳ мекардем. 

— Кинофестивали «Навсоз», ки аз 16 то 18-уми сентябри соли равон дар Душанбе доир гардид, низ ҳамин ҳадафи муаррифии филмофарони ҷавонро дорад. 

 — Байни кинофестивали мо ва «Навсоз» тафовут ҳаст. Онҳо бештар ба филмҳои кӯтоҳҳаҷм таваҷҷуҳ мекунанд. Ҳол он ки дар Синомобазми «Дидор» баъзе ҷавонон аввалин филми пурраҳаҷми худро ба намоиш гузоштаанд. Интихоби мо низ дар пешниҳоди филмҳо фарқ мекунад. Баъд, қазовати мо дар бораи филмҳо ягона нест. Бигзор дар кишвар чандин кинофестивалҳо доир гарданд, то ки раванди синамосозиро аз зовияҳои гуногун баррасӣ намоянд. 

— Оё баргузории Кинофестивали «Дидор» ба рушди синамои миллии тоҷик таъсире дорад?  

— Бале, ин ба рушди синамои миллӣ метавонад мусоидат намояд. Зеро вай ҷанбаи омӯзишӣ ва тарбиявӣ дорад. Масалан, ҳамин ду моҳи охир ба мо ҷавононе муроҷиат карданд, ки ҳатто филмҳояшон пурра басту банд нашудаанд. Мо ба онҳо маслиҳатҳо додем. Ин ҷавонон ҳавасманд ҳастанд, ки дар синамобазм иштирок кунанд. Албатта, вақте онҳо бо офаридаҳои ҳамсолони ҳирфаии худ аз кишварҳои дигар шинос мешаванд, таҷриба меомӯзанд. Вақте ки онҳо натиҷаи офаридаи ҳамсолони худро мебинанд, ин ба эҷоди минбаъдаи онҳо таконе хоҳад шуд.  

Ҳамчунин имсол дар назди тими «Дидор» курси шашмоҳаи мактаби кино низ таъсис додем, ки ба онҳо беҳтарин филмофарон машғулият гузарониданд. Умед дорем, ки аз байни дастпарварони ин мактаб низ филмофарони ҳирфаӣ ба камол мерасанд. 

— Барои суҳбати пурмаҳтаво ташаккур! 

Мусоҳиб Ҷовид Муқим

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here