Забон беҳтарин омили ҳастӣ ва нумуи миллат маҳсуб ёфта, тамаддун ва таърихи моро пойдор нигоҳ медорад. Рисолати аҳли ҷомеа, олимону донишмандон ва ҳар фарди тоҷик поку беолоиш нигоҳ доштани он аст. Суҳбати мо бо устоди ДМТ, доктори илмҳои филология, профессор Баҳриддин Камолиддинов вазъи забони модариро дар замони феълӣ бозгӯ мекунад.

— Ба андешаи Шумо, айни замон вазъи ҳифзи забони тоҷикӣ дар чӣ ҳолат аст ва меъёрҳои забони адабӣ аз тарафи аҳли ҷомеа то куҷо риоя мешаванд?

— Баъд аз қабули Қонуни забон мардум дудила буданд, ки «агар забони тоҷикӣ забони давлатӣ шавад, дар умури давлатдорӣ вазифаашро иҷро карда метавониста бошад ё не? Агар забони тоҷикӣ забони давлатӣ шавад, дар ҳамаи муасcисаҳо, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ вазифаи худро адо карда метавониста бошад ё не?». Ин фикру мулоҳизаҳо то рӯзи эълон шудани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт. Вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 мустақилияташро эълон кард, мардум гуфтанд, ки «бале, мешавад!». Чунки ба забони тоҷикӣ таъсири забони русӣ дар назар буд. Вақте таъсири забони русӣ ба забони тоҷикӣ мегӯем, сатҳи забондонии мардум ҳеҷ ҷойи бадӣ надорад. Мардуми мо дар баробари забони модарӣ забони русӣ омӯхт. Қисми зиёди аҳолии мо фикри худро ифода карда метавонистанд. Ин ҳеҷ ҷойи бадӣ надошт. Лекин, дар умури давлатдорӣ забони русӣ мавқеи забони миллӣ, ҷойи забони тоҷикиро андаке танг кард. Чунин вазъият таҳдид кард, ки забони тоҷикӣ забони давлатдорӣ намешавад. Баъд, дар соҳаи мактабу маориф. Албатта, дар баробари таълими забони модарӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии мо омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ мавқеи зиёд дошт. Ин барои омӯхтани забони русӣ аз аҳамият холӣ набуд ва ҷойи бадӣ надошт. Зеро мо эҳтиёҷ доштем, ки ба воситаи забони русӣ илми пешрафтаи ҷаҳониро омӯзем. Яъне, барои мо забони русӣ ҳамчун як равзанаи забономӯзӣ, як равзанаи муносибати иқтисодию фарҳангӣ бо мамлакатҳои дигари дунё хизмат кард. Лекин, вақте ки дар умури давлатдорӣ ҳама вазифаҳои забони тоҷикиро забони русӣ ба худ гирифт ва ҷои забони тоҷикӣ хеле танг шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиёҷ пайдо кард, ки Қонуни забони давлатӣ қабул карда шавад. Албатта, қонун қабул карда шуд, аммо амалӣ гардидани он дар як даҳсола, ҳатто дар ду даҳсола амри маҳол буд. Масалан, забони қазоқӣ муҳлати дар амал татбиқ кардани забони давлатиро 40 сол муқаррар карда буд. Дар мо чунин тасаввуроте буд, ки дар давоми як даҳсола, ҳеҷ набошад ду даҳсола забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мавқеи худро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ишғол мекунад. Ин ба осонӣ муяссар нашуд.

Яке аз сабабҳои ба Қонуни забони давлатӣ дигаргунӣ ворид кардан намояндагони забонҳои дигар буданд. Дар марҳалаи аввал миёни намояндагони забонҳои дигар, ки дар ҷумҳурии мо зиндагиву фаъолият мекарданд, чунин ақида ҷорӣ шуда буд, ки дар маҳаллаҳое, ки аксарияти аҳолии он бо забони ӯзбекӣ ҳарф мезананд, дар идораи давлатӣ ҳам забони ӯзбекӣ ба кор бурда шавад. Дар бобати забони русӣ, азбаски русзабонҳо дар ҷумҳурии мо зиёдтар буданд, бинобар ин, як банд дохил карда шуда буд, ки дар дохили ҷумҳурӣ забони русӣ вазифаи муоширати байни намояндагони забонҳои гуногунро ҳам адо мекунад. Як муддат гузашт. Дидем, ки забони давлатӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ мавқеи бештар пайдо кард. Маълум шуд, ки бояд ана ҳамин банди Қонуни забонро тағйир диҳем. Яъне, дар дохили ҷумҳурӣ ҳамчун воситаи муоширати байни қавму миллатҳое, ки забонашон ғайритоҷикӣ аст, дигар забони русӣ не, худи забони давлатӣ ин вазифаро адо карда метавонад. Лекин, забони русӣ ҳамчун воситаи муоширати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя, хусусан ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мемонад. Ҳамин тариқ, забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ мавқеи худро пурра ишғол кард.

Як далел: Баъзе мактабҳои олии мо пурра ба забони русӣ гузашта буданд. Масалан Донишгоҳи тиббӣ. Имрӯз дар Донишгоҳи тиббӣ таълим асосан бо забони давлатӣ сурат мегирад. Албатта забонҳои дигар ҳам ба кор мераванд. Ҳатто дар мактабҳо, дар коллеҷҳо, литсейҳо гуруҳҳое ҳастанд, ки пурра таълим бо забони русӣ ё бо забони англисӣ аст. Он мавқеи худашро дорад. Лекин, забони давлатӣ забони ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дигар ба ҷуз забони давлатӣ забони расмӣ надорем. Бинобар ин, мавқеи забони давлатӣ рӯз то рӯз рушд ёфта истодааст. Аз вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардуми минтақаҳои гуногуни кишварамон маълум мешавад, ки дар суханронӣ ҳам, дар нутқ ҳам аксарияти онҳое, ки дар назди Президент суханронӣ ё суҳбату саволу ҷавоб мекунанд, суҳбатҳояшон ба воситаи забони адабӣ сурат мегирад. Чунки то ин вақт таъсири лаҳҷаву шеваҳо дар гӯиши мо зиёд буд. Оҳиста-оҳиста забони адабӣ дар муоширати озоди аҳолӣ мавқеи худро мустаҳкам карда истодааст. Ин падидаи хуб аст. Зеро, дар ҳама забонҳои бонуфузи дунё аллакай таъсири шева мушоҳида карда намешавад. Забони адабии умумихалқӣ лаҳҷаву шеваҳоро фурӯ бурдааст. Дар мо ҳам умри шеваҳо кӯтоҳ аст. Чӣ қадар забони давлатии мо қудратманду тавоно шавад, ҳамон қадар мавқеи лаҳҷаву шеваҳо танг шудан мегирад. Бинобар ин, аз ин ҷиҳат ҳам пешравӣ дар татбиқи забони давлатӣ, дар рӯзгори имрӯзаи мо эҳсос мегардад.

Боз як чизи дигар, ки пештар ҳам буду имрӯз ҳам боқӣ мемонад, таъсири забонҳои бегона аст. Ҷаҳонишавӣ, нуфузи забонҳои дунё, ки аз он забон намояндагони на танҳо як мамлакат, мамлакатҳои дигар ҳам ҳамчун забони давлатӣ истифода мекунанд, водор менамояд, ки мо дар ҳаққи забони миллии худ андешем, онро нигоҳ дорем, аз таъсири забонҳои бегона ҳифз намоем. Ба забони мо аз забонҳои бегона чӣ таъсире мушоҳида карда мешавад? Пеш аз ҳама дар бобати истилоҳ ва истилоҳсозӣ. Дар дунё ҳамагӣ панҷ забонро забони илмии техникӣ мешуморанд. Забони англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, русӣ ва дар соҳаи санъату меъморӣ забони итолиёвиро. Бинобар ин, дар тадқиқоти илмӣ, дар таълими илм забони мо дар бобати истилоҳоти илмӣ-техникӣ мушкилот дорад. Ин мушкилот оҳиста-оҳиста паси сар мешаванд, чунки дар бисёр соҳаҳои илм намояндагони ҳамон соҳа аллакай истилоҳоти соҳавии ҳамон соҳаи худро таълиф карда истодаанд. Дар ин бобат хизмати Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ҳаст, ки онҳо ҳамеша ғамхорӣ мекунанд, то ҳамин гуна луғатномаҳо дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолот бошанд. Ба назари ман, солҳои наздик оҳиста-оҳиста ин норасоӣ низ бартараф хоҳад шуд.

— Омилҳои асосии таъсиргузор барои коҳиш ва ё рушди забони давлатиро боз ҳам дар чӣ мебинед?

— Омили асосӣ ҳамин аст, ки забони давлатӣ бояд пушту паноҳ дошта бошад. Пушту паноҳи забони давлатии имрӯзаи мо пеш аз ҳама Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонанд, ки дар ҳама ҷо бо забони тоҷикӣ суханронӣ мекунанд. Ба наздикӣ дар минбари СММ бо забони тоҷикӣ суханронӣ карданд. Худи ҳамин суханронии Президент аллакай эътимоди моро ба забони модарии худ, ба забони миллии худ қавитар мегардонад. Ҳар як роҳбари муассиса, чӣ истеҳсолӣ бошад, чӣ ғайриистеҳсолӣ, ҳар як роҳбари ташкилот, созмони чӣ давлатӣ ва чӣ ғайридавлатӣ дар ҳаққи забони модариамон — забони тоҷикӣ бояд ғамхорӣ кунад. Ин ҳам хуб аст. Чунки, кормандони ҳамон соҳа ба даҳони шахси аввал нигоҳ мекунанд. Аз ин бо забони тоҷикӣ суханронӣ кардан, бо забони модарӣ интишор намудан албатта зиёдтар мегардад. Сеюм ин ки, пушту паноҳи забони миллии тоҷикӣ худи соҳибони забон ҳастанд. Агар соҳибони забон ба забони модарии худ бо назари ғамхорӣ нигоҳ кунанд, барои рушду инкишофи ояндаи он ҳиссагузорӣ намоянд, албатта забони давлатӣ пуриқтидор мешаваду тавоно мегардад. Ҳамаи ин омилҳо ба рушди забони тоҷикӣ сабаб мегарданд.

Боз як чизи дигарро бояд зикр намуд. Мактаб. Фарзандони мо дар мактаб таҳсил мекунанд, ҳам забони модарии худро меомӯзанд, ҳам забонҳои дигарро. Аммо сифати таълими забони модарӣ дар мактабҳо чӣ гуна аст? Дар солҳое, ки ба мардуми тоҷик фалокати ҷанги шаҳрвандӣ таъсир кард, дар системаи маорифи мо, дар муассисаҳои таълимиямон андаке костагӣ ба миён омад. Имрӯз Вазорати маориф ва илми мо роҳҳои беҳтарини таълимро ҷустуҷӯ менамояд, ки дар тамоми мактабҳои дунё таҷриба шудаанд ва аз онҳо истифода мебаранд. Ҳамин масъулиятро муассисаҳое ҳам, ки муаллим тайёр мекунанд, бар дӯш доранд. Муаллимони мактабҳои таҳсилоти умумии мо бояд донише дошта бошанд, ки ҷавобгӯи илму замона бошад. Ба назари ман, ҳамаи ҳамин омилҳо дар оянда ба рушди забони миллии тоҷикӣ таъсири мусбат хоҳанд расонд.

— Замоне Шумо дар мавриди риоя нагаштани меъёрҳои забони адабӣ дар расонаҳо, хоса радио ва телевизион изҳори нигаронӣ карда будед. Ҳоло ба назаратон вазъ то куҷо беҳбуд ёфтааст? То куҷо ВАО метавонад тарғибгари рушди забони давлатӣ бошад?

— Вақте ки Қонуни забони давлатиро қабул мекардем, яке аз масъалаҳое, ки дар назари аввал ҳал шудани он мушкилӣ пеш меорад, фазои иттилоотӣ буд. Дар замони шӯравӣ дар забони иттилоотӣ забони русӣ мавқеи зиёдтар дошт. Дар замони мо ҳамин фазои иттилоотии пештара боқӣ мемонад ё оҳиста-оҳиста ин фазо тоҷикӣ мешавад? Хусусан академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар ҳар як суҳбаташон ҳамин масъаларо ба миён мегузоштанд, ки бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳибистиқлол шуд, фазои иттилоотиаш дар оянда забони миллии тоҷикӣ бошад.

Воқеан ҳам, имрӯз шумораи рӯзномаҳо, ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радио, шабакаҳои телевизион зиёд шудааст. Кай тасаввур мекардем, ки дар ноҳияҳои мо шабакаи радиоӣ ё телевизионӣ ба кор шуруъ мекунад?! Имрӯз аллакай дар ноҳияҳо шабакаҳои радиоӣ ва телевизионӣ фаъолият менамоянд. Ҳамаи ин барои рушди забони давлатӣ сабаб мегардад. Аммо андаке хавфнок он аст, ки забони матбуот вазъияти имрӯзаи забони моро инъикос мекунад. Ҳар дигаргуние, ки дар таркиби луғавӣ, дар бораи ҷумлабандӣ дар забони имрӯзаи мо ҳаст, фардо дар саҳифаҳои матбуот, дар барномаҳои радио ва телевизион садо медиҳанд. Яъне, инъикосгари вазъияти забони имрӯзаи мо матбуоту воситаҳои электронии ахбор аст. Албатта, баробари тағйир ёфтани шароити зиндагӣ дар забон ҳам дигаргунӣ ба миён меояд. Лекин ин дигаргуниҳо яку якбора ба меъёри забони адабӣ мутобиқ намешаванд. Аз ҳамин сабаб, доир ба забони матбуот ва воситаҳои электронии ахбор эрод бисёр аст. Намунаҳои гуногуни ифода. Барои мисол, ана ҳамин як асбобе, ки дар дасти ҳар кас мебинеду ҳамеша ба гӯш монда, бо касе суҳбат мекунад, чӣ ном дорад? Ҳаминро телефони мобилӣ гӯем? Телефони дастӣ гӯем? Телефони кисагӣ гӯем? Телефони ҳамроҳ гӯем? Ҳамин мушкилот на танҳо дар мо, балки дар ҳамзабонони мо, дар Эрону Афғонистон ҳам вуҷуд дорад. Ҳамзабонони мо дар Эрон «телефони ҳамроҳ гӯем» гуфтаанд. Шахсан ман ҳам ба ҳамин «телефони ҳамроҳ» розӣ ҳастам. Лекин аз забони мардум бисёр вақт «телефони мобилӣ» мешунавам. Чунки ин истилоҳи байналхалқӣ бо ҳамин номаш омадаву андаке нуфуз пайдо кардааст. Чуноне аз ҳамин ном пайдост, дар забони матбуот ҳамин гуна як мушкилот вуҷуд дорад. Ё номи маҳаллаҳо, кишварҳо, шаҳрҳо. Ана ҳамин калимаи Россия. Дар вақташ мо ҳамин калимаро бо ҳамин шакл қабул карда будем. Бо «о» навишта мешавад, Россия, бо ҳамсадои «с» бо ташдид. Лекин талаффузаш Рассия. Чуноне, ки дар забони русӣ буд. Ҳоло дар дуроҳа мондаем. Онро Рассия гуфтан гирем ё Русия? Ин ҳам як мушкилот. Дар матбуот ҳам ҳоло як мушкилот аст. Баъзеҳо ба мисли пештара Россия менависанд, баъзеҳо Русия. Дар барномаҳои телевизионӣ ҳам ҳамин хел ба гӯш мерасад. Мо дар бобати истилоҳоти нав ё чӣ тавр талаффуз кардани онҳо бо ҳамзабононамон андаке робита дорем. Нигоҳ мекунем, ки масалан дар Эрон бо забони форсӣ ҳамин Россияро чӣ хел мегӯянд ва чӣ хел менависанд? Дар Эрон инро аллакай интихоб кардаанд. Аз аввал ҳам ҳамин хел мегуфтанду менавиштанд: Руссие, ҳамин ташдиди ҳамсадои «с»-ро онҳо нигоҳ доштаанд. Ё як истилоҳи дигар. Дар замони шӯравӣ мо калимаи милицияро қабул кардем. Ҳамсадои «ц»-ро аз алифбои тоҷикӣ бароварда партофтем. Гуфтем, ки ҳамин калима дар шакли милитсия, яъне «тс» талаффуз ва ҳамин хел навишта шавад. Лекин, аз талаффузи мардум, ҳатто аз навиштаҷоти саҳифаҳои матбуот баъзан мехонем, ки милиса. Ҳамин гуна норасоиҳо, яъне, гуногуннависӣ, гуногунталаффузкунӣ мушоҳида карда мешавад. Ба назари ман, дар ҳамаи забонҳо ҳам матбуот ва ҳам воситаҳои электронии ахбор ҳамин гуна як вазифаи мушкилро ба зимма доранд. Оҳиста-оҳиста аз ҳамин намунаҳои гуногуни ифода яке қабул мешавад. Дигарон аз ёд мебароянд. Ана ҳамин меъёри забони адабӣ мешавад.

Дар бобати забони матбуот, норасоиҳои забони матбуот хизмати академик Муҳаммадҷон Шакуриро хотиррасон кардан лозим аст. Китобашон — «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» се маротиба нашр шуд. Агар журналистони мо эродҳои устодро ба назар гиранд, албатта дар саҳифаҳои рӯзнома ва барномаҳои радиову телевизион ғалатҳо камтар хоҳанд шуд. Яку якбора поку покиза намешавад. Ин фурсат мехоҳад.

— Дар макотиби мо вазъи забони адабӣ то куҷо беҳбуд ёфтааст?

— Ман беҳбудиро дар мактабҳо эҳсос мекунам. Чунки вазъи омӯзиши забони модарӣ рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст. Як замоне буд, ки дар мактаб китоби дарсӣ намерасид. Ҳозир Вазорати маориф ва илм ин мушкилотро ҳал кард. Боз, як намуди дигари замонавии китобҳои дарсиро барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ таҳия карданд. Ҳатто барои онҳое, ки забонашон забони давлатӣ нест, китобҳои забони давлатиро бо ғамхории вазорат ҳайати муаллифон тартиб доданд. Бештар муаллимони дараҷаҳои илмӣ доштаро ба он ҷалб карданд ва аз рӯйи талаботи имрӯза, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол аст, ин китобҳоро таълиф намуданд. Ҳамин сол ба назарам аллакай ин китобҳо дар таълифи нав ба мактабҳои таҳсилашон ба забонҳои ғайритоҷикӣ рафта мерасад. Ҳамаи ин ба кас эътимод мебахшад, ки натанҳо мо соҳибони забон бо забони адабӣ суҳбат мекунем, балки намояндагони миллатҳои дигар низ, ки дар Тоҷикистон зиндагонӣ менамоянд, забони давлатиро хуб аз худ карда, бо забони давлатӣ менависанду суханронӣ мекунанд.

— Талқини Шумо дар дарсҳои услубшиносӣ ба шогирдон ҳамин буду ҳаст, ки забони баён бояд беғалат, пурмаъно ва фаҳмо бошад. Бархе бар он назаранд, ки барои журналист забондонӣ чандон муҳим нест, муҳим расонидани иттилои саривақтист…

— Барои хабари таъҷилиро ба шунавандагон расонидан забони тавоно, забони ягонаи умумихалқӣ, забони миллӣ лозим аст. Ҳадафи забони давлатӣ ана ҳамин аст, ки забони ягонаи умумихалқии моро рушд диҳад. Бе ин ҳадафи журналистон амалӣ намегардад. Барои як фикрро возеҳу озод баён кардан забонро хуб донистан даркор аст. Агар захираи луғавиятон кам бошад, дар ҷумлабандӣ андаке нуқсон дошта бошед, ҳодисаҳои нав ба нави замонавиро ба тариқи таъҷилӣ аз радиову телевизион ё тавассути саҳифаҳои матбуот чӣ хел зуд мерасонед? Бинобар ин, забони модариро журналист чӣ қадар хубтар донад, фикрашро осон ва мувофиқи меъёри забони адабӣ баён карда метавонад.

— Дар мавриди риояи меъёрҳои забони адабӣ дар навиштори овезаҳои шаҳр назаратон чӣ гуна аст?

— Аввалан, дар бораи риояи забони матбуот бояд гуфт, ки забони матбуот бояд намунаи забони адабии имрӯзаи мо бошад. Аз забони матбуот мо ана ҳамин намунаи забонро омӯзем. Бинобар ин, кӯшиш мекунем, ки забони матбуоти мо ягон ғалат надошта бошад. Чунки, агар ғалат дошта бошад, ҳамин ғалат дар нутқу навиштори пеш аз ҳама мактабиён ва онҳое, ки ҳар рӯз дар дасташон рӯзномаву маҷалла аст, пайдо мешавад.

Эълону рекламаҳо дар ҳар гузар ба назар мерасанд. Агар ин эълону рекламаҳо бенуқсон бошанд, ҳамчун муаллим забонро меомӯзонанд. Аммо, агар нуқсон дошта бошанду ғалат, хусусан ғалатҳои имлоӣ, ғалати аломати китобатӣ, ғалати интихоби калима, ғалати ҷумлабандӣ, таъсири бад мерасонанд. Зеро, чун нафаре мебинад, ки дар он ҷо чунин навишта шудааст, вай ҳам кӯшиш мекунад ба он тақлид карда нависад. Ҳол он ки, ин чиз ғалат аст. Ҳозир Кумитаи забон ва истилоҳот ба ана ҳамин лавҳа, овеза, шиор, эълону рекламаҳо бештар эътибор дода истодааст, ки ин барҷост.

— Дар телевизиони «Баҳористон» тариқи барномаи махсус тарзи баёну навишти забони адабиро ба наврасон талқин менамоед. Ин тадбирҳо то куҷо барои забономӯзии насли навраси мо мусоидат мекунанд?

— Албатта, ин хизмати хуби радио ва телевизион аст, ки ҳамин гуна барномаҳо таъсис додааст. Нахуст дар шабакаи аввал бо унвони «Ганҷи сухан» ҳамроҳи Гавҳар Умарова барномаеро ҷорӣ кардем. Мо дар ин барнома бештар дар бораи ана ҳамин нуқсонҳо сухан мерондем, ки «истгоҳ» гӯй, аммо «астановка» нагӯй. «Пешиход» нагӯй, «гузаргоҳ» гӯй. Ба назари ман, азбаски шунавандагону бинандагони радиову телевизион хеле зиёданд, таъсири ин бештар аст. Ҳатто нисбат ба он мақолаҳои бисёре, ки аҳли забондон менависанд, таъсири барномаҳои радио ва телевизион доираи васеи бинандагону шунавандагонро фаро мегирад. Имсол соли чорум аст, ки ман як барномаро идома дода истодаам. Аввал он «Ҳусни сухан» буд. Ҳоло бо унвони «Ҳусни баён» идома меёбад. Ҳар ҳафта як барномаам дар «Баҳористон» пахш мешавад. Дар давоми ҳафтаи минбаъда ягон мавзуро ҷустуҷӯ мекунам, ки бештар дар забони мардум мушоҳида мешавад. Ҳамон нуқсони интихоби калима, мавқеи кор фармудан, талаффуз ё навишти онро интихоб мекунам ва дар давоми 12 ё 15 то 17 дақиқа сабт мегардад. Ин барномаро ду маротиба, як маротиба рӯзи шанбе, маротибаи дигар рӯзи сешанбе ба мавҷ пахш мекунанд. Албатта, агар назарашон афтодаву ба гӯшашон расида бошад, гумон мекунам, ки ман ҳам дар роҳи рушди забони ноби ҳазорсолаи тоҷикиям андаке хизмати нек кардаам.

— Барои тавсияву омӯзиш баҳри донишомӯзон дастуру китобҳои зиёде доред, ки аз он аҳли завқ баҳра мебаранд. Шояд самари пажуҳишҳои баъдӣ боз ҳам боиси эҷоди китоби нав гардад?

— Ман китоби «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд»-ро соли 2001 навишта, бо мадади ташкилотҳои байналмилалӣ ба табъ расонидам. Гӯё ба устод Муҳаммадҷон Шакурӣ тақлид кардам. Дар ин китоб баъзе нуқсонҳоеро, ки устод дар китобашон гуфта буданд, лекин дар матбуоти имрӯзаи мо, дар радио ва телевизион ҳеҷ ислоҳ намешаванд, бори дигар такрор кардам. Устод бештар ба интихоби калима, мавқеи кор фармудани он таваҷҷуҳ карданд. Ман дар ин китобам бештар ба ибораю ҷумлабандӣ, ба нуқсонҳои граматикии ҷумла эътибор додам. Мисолҳои бисёре аз матбуоти даврӣ гирд оварда будам. Онҳоро намуна интихоб намуда, таҳлил кардам. Баъд аз он як китоби дигар, ки ҳаҷман хурд аст, дар бораи меъёри забони адабӣ ва забони матбуот нашр шуд. Ҳадафи он ҳам ана ҳамин ғалатҳоро бартараф кардан аст. Ин китоб барои донишҷӯён тавсия шудааст. Донишҷӯёни имрӯзаи мо китоби ғафси бисёрсаҳифаро истифода намекунанд. Донишҷӯи имрӯзаи мо андаке аз китобхонӣ дур шуда истодааст. Бинобар ин, ман ин китобчаро дар ҳаҷми хурд ба табъ расонидам. Мутаассифона, бо теъдоди 1000 нусха. Мутаассифона, мушоҳида мекунам, ки ин китоби ман дар шаҳри Душанбе ба фурӯш рафт ва ба ноҳияҳо рафта нарасид. Аз ин сабаб баъзеҳо шиква мекунанд, ки ҳамин китоб ба мо дастрас нашуд. Албатта, ин ҳазор нусха ба дасти ҳар кас намерасад. Лозим меояд, ки ман ин китобро тез-тез, аз сари нав, бо баъзе тағйирот ва ворид кардани иловаҳо чоп намоям.

— Дар баробари китобҳои судманди устод Шакурӣ ва китобҳои хеш, ки ном бурдед, мутолиаи кадом китобҳои арзишмандро ба хонандагон тавсия медиҳед?

— Пеш аз ҳама мутолиаи асарҳои бадеӣ. Асарҳои беҳтарини нависандагони ҳам гузаштаву ҳам имрӯзаро мутолиа бояд кард. Аз адабиёти классикӣ «Гулистон»-и Саъдиро ҳамеша дар дарсҳоям ташвиқу тарғиб мекунам. Мегӯям, ки ҳар як ҳикояи «Гулистон» аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа мисли як повест, мисли як роман арзиш дорад. Хусусан журналистон ин китобро бояд мутолиа карда бошанд. Аз панду ҳикматҳое, ки дар он ҷо ҳаст, дар навиштаҳояшон, дар гуфторашон истифода кунанд. Ман аз адабиёти классикӣ тавсия мекунам ҳамон асари устод Айниро, ки «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддини Восифиро содда карда, барои хонандагони имрӯза мувофиқ карда, беҳтарин ҳикоятҳоро интихоб намуда, ду маротиба чоп кунониданд. Мутаассифона, ман ҳамин асари хулосаи китоби «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддини Восифиро, ки аз тарафи устод таҳрир шуда, ба забони имрӯза мувофиқ карда шудааст, дар фурӯш намебинам. Аммо ин ду нашри аввал ба фурӯш рафт. Устод Айнӣ ҳатто дар пайравии «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддини Восифӣ ёддошт навиштанд. Бояд бигӯям, ки дар тамоми дунё ёддоштхонӣ хеле маъруф шудааст, хеле густариш ёфтааст. Бинобар ин, китоби таълифкардаи устод Айнӣ хеле хуб аст. Умрашон вафо накард. Кош «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Донишро мисли «Бадоеъ-ул-вақоеъ» барои хонандаи имрӯзаи мо соддатар карда, дастрас мегардониданд. Баъдан, худи асарҳои устод Айнӣ. Дар интихобу мавқеи кор фармудани калима ягон адиби мо ба устод Айнӣ баробар шуда наметавонад. Онҳое, ки ин сухани маро мешунаванд ё мехонанд, шояд андаке малол шаванд. Ман бо далелҳои бисёре мегӯям, ки устод мактаби куҳна диданд, ҳаёти навро дар замони шӯравӣ диданд, рушду камолоти мардумро мушоҳида карданд. Хизмате, ки устод Айнӣ карданд, ман дар дигар адибон камтар мебинам. «Устод Айнӣ сарвари забони тоҷикӣ буданд» гӯям, меарзад. Чунки дар замони зиндагияшон асарҳои нависандагони миёнсол ё ҷавонро хонда, ғалатҳояшро нишон медоданд. Вақте ки бемор шуданду барои давоми «Ёддоштҳо»-ро навиштан аллакай қудрат надоштанд, асарҳои тарҷумавиро бо забони кирилӣ хонда, дар ҳошияи он ғалатҳояшро нишон доданд. Ана ҳамин хизматҳои устод Айнӣ хеле бузург буда, барои хонандагон хондани асарҳояш муфид аст. Аз ҳар як ганҷи суханашон баҳраи бисёре хоҳанд бардошт.

— Чун асарҳои мухталиф ба саҳна гузошта мешаванд, нақши театру марказҳои фарҳангиро дар тарғиби забони модарӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Олимони забоншиноси рус, онҳое, ки луғатҳо тартиб додаанд, гуфтаанд, ки забонҳо забонҳои миллӣ мешаванд, аммо дар байни ҳамин забонҳои миллӣ боз забони маданӣ ҳам ҳаст. Забони маданӣ чӣ гуна забон аст? Ин забонест, ки ба дараҷаи хеле баланд инкишоф ёфтааст. Забони мардуми мутамаддин. Яъне, мардумоне, ки сатҳи маданияташон баланд аст. Ин забонест, ки аллакай шеваҳоро фурӯ бурдааст. Таъсири шева нест. Ин забонест, ки аз забонҳои дигар баҳра бурдааст, аммо бо назари кордонӣ. На ин ки ҳар чизе кӯркӯрона пеш ояд, қабул намояд. Ҳамин гуна забонҳоро забони маданӣ гуфтаанд. Бинобар ин, малакаи забондонӣ барои баланд бардоштани фарҳанг аҳамият дорад. Малакаи забондонӣ сатҳи ҳам дониш, ҳам малака, ҳам маърифати одамонро баланд мебардорад. Бинобар ҳамин, ин ду чизро бо ҳамдигар алоқаманд донистан лозим аст. Ин гуфтаҳои ман маънои онро надорад, ки одами чаласавод бемаърифат аст. Лек, дар ҳар сурат, касе, ки маълумот дошта бошад, босаводу сатҳи маърифаташ баланд бошад, ӯро аҳли зиё метавон гуфт.

Ман умедворам, ки забони тоҷикӣ дигар ҳаққу ҳуқуқҳои худро ҳам ёфта ба даст мегираду фарҳанги мардуми мо баландтар хоҳад шуд.

Мусоҳиб: Зулолаи НУР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here