Устод Алимуҳаммад Муродӣ, барандаи ҷоизаҳои адабии ба номи устод Мирзо Турсунзода ва Шамсиддин Шоҳин аз шоирони тавонои муосири мо мебошанд. Чанде қабл бо устод атрофи зиндагӣ ва эҷодиёташон суҳбате доштем, ки онро манзури хонандагон мегардонем.

  Шуруъ аз устодон Айниву Лоҳутӣ, Турсунзода, Улуғзода, Лоиқу Бозор ва то имрӯз аксаран ҳама шоирону нависандагон дар маҷаллаву рӯзномаҳо кор кардаанд. Аз ҷумла, Шумо низ. Инҷо чӣ пайвандеро дар шоириву нависандагӣ ва рӯзноманигорӣ мебинед?

— Ба пешаи рӯзноманигорӣ рӯ овардани ман аз рӯи анъана не, балки насибаву тақдир буд. Дар ноҳияи Ёвон муаллими мактаби миёна будам.   Сармуҳаррири рӯзномаи “Коммунисти Ёвон”, рӯзноманигори шинохта Ғуломҳайдар Муродалиев маро ба кор даъват кард. Гуфтам, ки ман ҳатто хабаре ҳам нанавиштаам, чи ҷойи дар рӯзнома кор кардан. “Ёд мегирӣ. Ман медонам, ки ту қобилияту истеъдод дорӣ. Аз ту рӯзноманигори хуб мебарояд”,- гуфт ӯ.

Ҳамин тавр, бо ташвиқи он кас ман ба кори рӯзноманигорӣ гузаштам. Аввал ходим, баъд мудири шуъбаи саноату сохтмон, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ шуда кор кардам. Мудири шуъбаи маорифу маданияти рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа”, муҳаррир, сармуҳаррири редаксияи мусиқии телевизион, мудири бахши шеъру фарҳанги рӯзномаи “Ҳафтганҷ”, мудири шуъбаи шеъру нақди адабии “Садои Шарқ” будам.

Бе ҳеҷ муболиға метавон гуфт, ки рӯзноманигорӣ дар пешрафти кори эҷодиям саҳмдор аст.

— Солҳои зиёдест, ки ба боғпарварӣ машғулед. Акнун Муродии рӯзноманигор шоири боғпарвар шуд. Эҳсос кардаед, ки боғпарварӣ ба Шумо бештар илҳом меорад, ё заҳмату ташвишҳои ин кор Шуморо аз эҷод дур месозад?

Ба деҳқонӣ рӯ оварданам аз рӯи майлу хоҳишам набуд. Инсон дар назди тақдир мисли кулӯлахорест, ки бод дар биёбон ба ҳар тараф ғелонда мебарад. Душанберо тарк карда ба деҳа омаданам насибаву тақдир будааст. Одамизод ҳеҷ гоҳ аз ду тараф бурд намекунад. Кори деҳқонӣ ба ман образу тасвирҳои тоза дод, аммо меҳнати вазнину мушкилиҳои зиндагӣ вақтамро бисёр мегирад. Ман шеърро нишаста эҷод намекунам. Шеърҳоям ҳангоми кору ташвишҳои рӯзгор тавлид мешаванд, аммо хастагӣ ва тангии вақт барои онҳоро болои коғаз овардану таҳриру такмил кардан халал мерасонад.

— Дар баробари ин, Шумо аз муҳити пойтахт дур шудед. Ҳангоми зиндагӣ дар пойтахт пурмаҳсул будед, ё  илҳоми Шумо дар зодгоҳ ба парвоз аст?

— Ҳамеша шоирон дар деҳа таваллуд мешаванду дар шаҳр ба камол мерасанд. Агар ман дар деҳа мемондаму ба шаҳр намерафтам, шояд истеъдодам оҳиста-оҳиста хомӯш мешуд. Зиндагӣ дар Душанбе, кор дар телевизиону рӯзномаҳо, хусусан дар «Садои Шарқ» барои пешравии кори эҷодии ман кумаки калон расонидааст.

Дар деҳа ихлосмандони шеър зиёданд, мухлисони ашъорам бисёранд, аммо набудани муҳити адабӣ ба руҳи эҷодиям ҳамеша таъсири бад мерасонад.

Сабаби ба Душанбе барнагаштанам, набудани шароити харидани манзили истиқоматӣ аст.

Имрӯз, ки синну солам ба ҷое расидаасту нақшаҳои зиёди эҷодӣ дорам, бояд буду набуди зиндагиямро ҷамъбаст намоям, бароям муҳити орому фурсат лозим аст. Ҳоло чунин имкониятро надорам.

— Мегӯянд шоирон дили бузург доранд ва қодиранд ғами дунёро дар дили худ ҷой диҳанд. Маҷмуаи шеърии Шумо бо номи “Моҳи хасрав” бо шеъри  Ғами ман аз мост” оғоз мешавад ва он:

Ғами ман нест ғами донаву об,

Ғами ҳар қавми ба ноҳақ хор аст,

Ғами ҳар озор аст

Ғами ман нест ғами ман,

Ғами мост.

Пас, воқеан ҳамин тавр аст…

— Дар шеърҳои ман оҳанги ғаму дард хеле зиёд аст, аммо нишонаи ноумедиву дилшикастагиам нестанд.

Ба гирду пешатон, ба оламу одам нигаред. Ҳама ҷо дард асту ғам аст. Лабхандҳо ғамолуд, чашмҳо андуҳгинанд. Ғами рӯзгор, ғами аз даст додаву аз дастрафтаҳо, ғами миллат, ғами Ватан, ғами имрӯзу фардои олам, ғами ҳар як инсони ғамзада хоҳу нохоҳ аввал аз дили шоир мегузарад. Шоир ба ҷойи ҳама ва барои ҳама ғам мехӯрад, бинобар ин, “ғами ман нест ғами ман, ғами мост” гуфтанам як сухани ҳавоӣ нест, ҳақиқати ману дарди ман аст.

— Барои шоир замони нишот кай фаро мерасад?

— Ғами шоир тамомӣ надорад, бинобар ин, нишот барои шоир як орзуи дастнорас аст.

— Шумо ба ин мувофиқед, ки эҷоди солҳои баркамолӣ аз солҳои ҷавонӣ фарқ мекунад, яъне, он комилтару суфтатар мегардад? Агар ин тавр аст, пас чаро шоирони ҷавонрафтаи мо Ғоиб Сафарзода, ки сию ду сол ва Ҳабибулло Файзулло сиву панҷ сол умр дидаанд, ба назар мерасад, ки шоирони баркамоланд?…

— Оре, шеъри давраи ҷавонии шоир аз замони бузургсолиаш фарқ мекунад. Дар шеъри замони ҷавонӣ эҳсосот, шавқу завқ бештар аст. Баъдтар ҳамаи он чизҳое, ки як вақт дили шоирро ба ҷӯш меоварданд, одӣ ва қаторӣ мешаванд.

Шеъри шоири баркамол ва рӯзгордида бештар солортару андешапарвартар мегардад. Ин ҷо ҷойи эҳсосоту шавқи ҷавониро таҷрибаи дар тӯли умр андӯхта мегирад. Шоирони соҳибистеъдоде, ки дар ҷавонӣ аз олам гузаштаанду шеърҳои хубу хонданӣ аз худ ба мерос мондаанд, агар умрашон дароз мешуду ба пиронсолӣ мерасиданд, шояд чизҳои боз ҳам беҳтару хубтаре менавиштанд. Онҳо гулҳоеанд, ки шукуфтанду ғӯра набаста хазон шуданд.

— Пас аз даргузашти паёпайи устодон Бозор Собир ва Муъмин Қаноат, мардум, хоса аҳли илму адаб ва ҳунар хеле ғамзада шуданд. Ва нафаре мегуфт, ки мо ҳоло боз Гулрухсору Гулназару Аскар Ҳаким дорем, дигаре мегуфт Ҳақназар Ғоиб дорем ва ман гуфтам, ки мо ҳоло устод Алимуҳаммад Муродӣ, Хайрандеш, Озарахшу Фарзонаву Озар Салим ва даҳҳо шоиру нависандагони дигар дорем. Шумо барои таскини дили мардум чӣ мегуфтед?

— Пайи ҳам аз олам гузаштани ду шоири тавоно ва устодони шинохта, албатта барои адабиёти мо ва миллати тоҷик талафоти бузург буд. Онҳо ҳарду ба ман ҳаққи устодӣ доштанд, хусусан Устод Муъмин Қаноат. Аммо чӣ илоҷ? Қонуни ҳаёт аст. Рафтанду равему боз оянду раванд. Фақат як чиз тасаллобахш аст, ки осори аз худ боқигузоштаи ин бузургон номашонро зинда хоҳанд дошт. Хушбахтона, зиндагӣ идома дорад. Боз шоирони дигаре ҳастанду ба дунё меоянд, ки чароғи шеъри тоҷикро фурӯзон мекунанд. Шогирдони мактаби Бозор Собиру Муъмин Қаноат пайроҳаи кушодаи онҳоро идома дода, ба шоҳроҳҳои нав хоҳанд расонд.

— Байтҳоеро инҷо меорам, ки аз дилозурдагии Шумо гувоҳанд ва ҳар нафаре агар барои дӯст ва ё кадом нафаре аз худ гузашта бошаду аз он ҷониб беэҳтромие дида бошад, инро ҳатман бештар дарк мекунад:

Одамон гург шудаанд,

Хонаҳо пурсаг.

Ё худ:

Барраи беочаам,

Рӯ ба ҳар кӣ оварам, шохам занад.

Ва:

Чу попӯшӣ

Ба пои ҳар кӣ сар монӣ,

Ба манзил чун расад, беруни дар монӣ.

Оё умед ҳаст, ки одамони гургшуда ба асли худ бармегарданд ва онҳоеро, ки барои ба ҷойе расидан мусоидат кардаанд, рӯзе ёд хоҳанд кард?

— Одамон гург шудаанд,

Хонаҳо пурсаг.

Ин байт маънои зоҳирӣ ва ботинӣ дорад. Яъне, агар гургу дузд набошад, ба нигоҳ доштани саг эҳтиёҷе намемонад. Маҳз будани гургу дузд аст, ки мардумро водор месозад дар хона саг парвариш кунанд. Маънои ниҳонӣ он аст, ки имрӯз, мутаассифона, бо сабабҳои табиӣ ва ғайри табиӣ меҳру муҳаббат миёни мардум торафт кам шуда, кину адоват, буғзу ҳасад, дунёталабию дунёпарастӣ авҷ гирифта истодааст. Табиист, ки душманӣ душманӣ мезояду кина кина. Инсон наметавонад миёни галлаи гург чун гӯсфанд зиндагӣ кунад. Вақте дигарон гург шуданд, боқимондаҳо, хоҳанд нахоҳанд, барои ҳимояи худ бояд хӯи сагона гиранд.

Барраи беочаам,

Рӯ ба ҳар кӣ оварам, шохам занад.

Ин байт як ҳолати руҳии шоир аст, аз беқадриву бемурувватии рӯзгор ва душмании номардонаи ҷомеа нисбат ба шоир ва умуман нисбат ба ҳар инсони дигар.

Чу попӯшӣ

Ба пои ҳар кӣ сар монӣ,

Ба манзил чун расад, беруни дар монӣ.

Ин байт шарҳи хеле зиёд талаб мекунад. Ин ҷо барои дароз нашудани сухан, фақат ҳаминро мегӯям, ки инсон бояд шахсият бошад, шаъну эътибори худро ҳимоя намояд. Агар ин шаъну эътибор ва шахсияташро аз даст диҳаду дасту даҳонбини дигарон шавад, хору зор ва беқадру қимат мегардад.

— Оё гургшудаҳо аз нав одам мешаванд?

— Агарчи “гургзода оқибат гург шавад”, аммо дунё ба умед. Шояд замоне одамон одамгарияшонро ба ёд оварда, аз гургу саг будани худ мешарманд.

— Шеъри “Гимни озодагон”-и Шуморо хондаму озмуни Суруди миллии дар солҳои навадум баргузоршуда ёдам омад, ки шеъри устод Гулназар дар он пазируфта шуд. Оё Шумо низ дар ин озмун иштирок карда будед? Агар шеъре пешниҳод карда будед, пас метавонед чанд мисраи онро ба ёд оред.

— Ман дар озмунҳое, ки эълон мекунанд, иштирок намекунам. Даву тозу ҷӯраву пуштибонкобӣ ва дар ғарамбозиҳо ширкат варзиданро хуш надорам. Умуман, ман шеърҳои супориширо нағз намебинам, зеро чунин шеърҳо ба табъам созгор нестанд, аз дил намебароянд, сохта, маҷбурӣ ва бе амри дил шеър гуфтан намехоҳам.

— Устод, сипоси беандоза барои суҳбати самимӣ. Дар охир хоҳиш доштам барои хонандагони рӯзнома байте мегуфтед.

— Мо дар ин дунё

Ашки дар чашми кӯр маҳбусем.

Мусоҳиб: Ҷумъахон САЙИДАЛӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here