Ё чӣ тавр 11-уми март Рӯзи матбуоти тоҷик муқаррар гардид

Ду сол боз, бо устод Қироншоҳ Шарифзода, ки аз дарсу машғулияташон дар факултети журналистикаи ДМТ баҳрабардор ҳастам ва бар замми суолу ҷавобҳои мавзуи дарс ва “мавзуъҳои доғи” ВАО ҳангоми танаффусҳо, инчунин дар рӯ ба рӯ шудан дар маҳфилу нишастҳо бо “саволҳои вазнин” ҷавоб ёфтанӣ мешавам ва ду сол боз дар арафаи Рӯзи матбуот ва зодрӯзашон дар мавриди таъсиси Рӯзи матбуоти тоҷик дар тақвими расмиамон суҳбат карданӣ мешавам, устод агар дар Кафедраи матбуот қарор дошта бошем, мегӯянд “биёед, як қаҳва тайёр кунам, бинӯшем, баъд дар фикри мусоҳиба мешавем” ва агар ҳангоми сигоркашиашон дар айвончаи факултет, ба ибораи худашон “Кунҷаки озодии Шарифзода”, пурсам, такрор мекунанд: “Бобо, муҳим он нест, ки дар расмӣ шудани Рӯзи матбуоти миллӣ кӣ чӣ гуфту чӣ монд, муҳимтараш он аст, ки ин “Рӯзи матбуоти тоҷик” қонунан муқаррар шуд”.

Ман, ки аз рӯйи гуфти устодони факултет (ба хусус устод Шарифзода) “журналист иттиллои лозимиашро бо ҳар роҳ, “хоҳ бо зӯрӣ ё  бо зорӣ ва ё бо зар бояд дастрас кунад”, мехоҳам амал намоям, устод Шарифзодаро “ба ҳоли зораш” намонда, ба суҳбат хондам. “Аз мост, ки бар мост”, ки устод ин дафъа илоҷи дигар надоштанд ва китобчаеро ба номи “Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ” (Маҷмӯаи мақолаҳо). (-Душанбе: Ирфон, 2006. -72 с.) аз ғаладони миз гирифта, туҳфаам карданд ва гуфтанд, “бихонед, шояд ба суолҳоятон ҷавоб дарёбед”.

Баъди шиносоӣ бо аннотатсияи китоб, дар саҳифаи 4 иқтибос аз Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, аз 3-юми ноябри соли 1995, таваҷҷуҳамро ҷалб намуд, ки 11-уми мартро чун “Рӯзи матбуот” ба рӯзҳои ҷашнӣ ворид кардааст. Ва дар саҳифаи 5 — 7-ум пешгуфтори вазири вақти фарҳанги ҷумҳурӣ Раҷабмад Амиров ҷой дорад, ки зарурати китоби мазкурро қайд намуда, аз ҷумла менависад:

“Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи матбуот эълон гардидани зодрӯзи “Бухорои шариф” нишони арҷгузорӣ ба ҳиммату хидматҳои ин нахустин рӯзномаи тоҷикӣ мебошад. Ҳамзамон, тавре ки муаллифи маҷмӯаи мазкур, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, муҳаққиқи журналистика Қироншоҳ Шарифзола барҳақ таъкид менамояд, мо, ворисони маорифпарварони садаи бистуми тоҷик, аз ҷумла дастандаркорони “Бухорои шариф”, дар назди рӯҳи поку ормонии онҳо қарздор ҳастем”.

Тавре аз силсиламақолаҳои китоби “Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ” мехонем, муаллиф шурӯъ аз соли 1992 дар мақолаи “Дидор баъд аз 80 сол” (“Садои мардум”, 1992, 29 январ) то мусоҳибаи “Бухорои шариф” — рӯзномаи ормонҳои миллӣ (“Тоҷикистон”, 2005, 10 март), дар 14 мақолаву мусоҳибаҳои матбуотиаш (бо забонҳои тоҷикию русӣ) аз омилҳои пайдоиш, тарзи фаъолият, дастандаркорони нахустин нашрияи тоҷикӣ ва бузургдошти онҳо, то сабабҳои аз фаъолият бозмондани “Бухорои шариф”, сабақҳои он, зарурати дастрас намудани нусхаҳои нашрия ва ба китобхонаҳои Тоҷикистон овардани онҳо, ба ифтихори “Бухорои шариф” Рӯзи матбуоти миллӣ таъйин намудани 11 март бо дилсӯзию умедворӣ бонги изтироб мезанад.

Гӯё ҳамааш маълуму равшан аст, вале азбаски “Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ” ҳоло китоби камёфт шуда, дигар, дар атрофи масъалаҳои баррасишудаву пешниҳодоти ироагаштаи муаллифи китоб гуфтаҳову навиштаҳои зидду нақз ҷой доштанд, боз ҳам тибқи сабақҳои аз устодони факултет андӯхтаам, лозим донистам, шарҳу тафсири баъзе нукотро аз муаллифи китоб, устоди факултети журналистикаи ДМТ Қироншоҳ Шарифзода хоҳиш намоям.

 Аз навиштаҳоятон хондам, ки бо соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, муайян намудани Рӯзи матбуоти миллӣ мавриди баҳс низ қарор доштааст. Гурӯҳе 15 март рӯзи нашри шумораи нахустини рӯзномаи “Иди Тоҷик” — “Бедории Тоҷик” (Ҷумҳурият”и имрӯза)-ро ҷонибдор будаанду гуруҳи дигар 11 март зодрӯзи “Бухорои шариф”ро, ки Шумо аз тарафдорони муътақидаш будед. Оё аз ин қисса ҳиссае намегӯед?

— Бале, чунин баҳсҳо буданд. Ҷонибдорони ба истилоҳ “Гуруҳи 15-уми март”, бар он буданд, ки “Иди Тоҷик” — “Бедории Тоҷик” (“Ҷумҳурият”-и имрӯза) нахустин нашрия дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза ба табъ расида, аввалин газетаи Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон аст, ҷонибдорони “Гуруҳи 11-уми март” ба он факти таърихӣ такя мекарданд, ки “Бухорои шариф” дар қаламрави Аморати Бухоро, ки Тоҷикистони имрӯза низ як ҷузъи он буд, нахустин нашрияи тоҷикӣ, барои мардуми тоҷикзабон (форсизабон)-и минтақа буд.

Метавонед, аз намояндагони “ашаддӣ ин ду гуруҳи мубоҳисон ном баред?

— Агар ҳаминро зарур шуморед, мегӯям. Масалан, аз “Гуруҳи 15-уми март” номи собиқадорони матбуоти даврӣ, муҳаққиқони маъруфи журналистика, устодон Муҳаббатшоҳ Мазҳабшоев, Мирзоҳаёт Давлатов, Асадулло Саъдуллоев (равонашон шод бод!), профессор Иброҳим Усмоновро зикр кунам, кифоя аст?

О-ҳо, аз “Гуруҳи 11 март”, ба ғайр аз Шумо?

— Муҳаққиқи журналистика Пайванд Гулмуродзода (равонаш шод бод!), адабиётшиноси маъруф Абдухолиқ Набавӣ, муаррих Намоз Ҳотамов, ки оид ба таърихи таъсис ва муҳтавои “Бухорои шариф” тадқиқоти арзишманд анҷом додаанд.

Пас, чӣ гуна устодони журналистикаи тоҷикро қаноат додед?

— Шояд бо нусхаҳои бигзор камшумори “Бухорои шариф” дастрасӣ доштан, чандин мақолаву гузоришҳои илмӣ навишта, зарурати Рӯзи матбуоти миллиро ба 11-уми март муқаррар намуданро асоснок кардани ҷонибдорони “Гуруҳи 11-уми март” устодонро ба моил шудан водор сохта бошад. Ҳарчанд аз байни онҳо устод Иброҳим Усмонов аз аввалин муҳаққиқони “Бухорои шариф” ҳастанд, ки ҳанӯз соли 1987 дар мақолаи “Тарҷимаи ҳоли дил” (“газетаи муаллимон”, 1987, 19 май), бо вуҷуди зикри “Доир ба ин рӯзнома то ҳол таҳқиқоти муфассале сурат нагирифтааст ва сабаб ин аст, ки то имрӯз бастаи пурраи он пайдо нашудааст”, “Бухорои шариф” -ро сароғози журналистикаи тоҷикии Осиёи Миёна” ҳисобида буданд.

Дигар мубоҳисон дар раванди баҳс чӣ мегуфтанд?

— Медонед, он солҳо баҳси таъйини Рӯзи матбуот на бар асоси омӯзишу таҳқиқ, балки бештар ба эҳсос, дар тақлиди гуфтаи каси дигар ҷараён дошт. Ҳатто як “далели” мубоҳисони мо он буд, ки “Зодрӯзи “Бухорои шариф”-ро Рӯзи матбуоти тоҷик” эълон кардани мо ба иззати нафси ҳамсояҳо мерасад.

Пас аз чанд сол, яке аз тарафдорони ин ақида устоди равоншод Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев ба камина иқрор доштанд, ки “хуб шуд, 11-уми март Рӯзи матбуоти миллӣ эълон гардид, охир Сомониён ҳам дар Бухоро буданду Одамушшуаро Рӯдакӣ ҳам”.

Вале чаро хеле дер, танҳо соли 1995 ба ифтихори нахустнашрияи тоҷикии “Бухорои шариф” 11-уми март расман Рӯзи матбуоти тоҷик эълон шуд?

— Вазъи сиёсию иҷтимоии онвақта, бинобар нооромиҳо ва ба низоъи мусаллаҳонаи дохилӣ гирифтор будани кишварамонро ба эътибор бигирем, содир шудани қарори Порлумони ҷумҳурӣ дар бораи таъин намудани 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти миллӣ дер набуд. Дар омади гап бояд гуфт, ки расмиёти фаъолияти Порлумон муроҷиати хаттии пешниҳодҳоро тақозо мекард, ба ибораи мушовири калони Кумитаи Маҷлиси Олии ҶТ оид ба корҳои байналхалқӣ, муносибати байни миллатҳо ва фарҳанг Усмон Назиров (тахаллуси шоириашон Оташ, равонашон шод бод!), ки дар раванди қабули пешниҳодҳо ва ба расмият даровардани таъйини Рӯзи матбуоти тоҷик хелеҳо талошу пофишорӣ доштанд, “аз даҳҳо бор дар ҷаласаҳою саҳифаҳои расонаҳо гуфтану навиштан, мисли Шарифзода ду-се бор пешниҳодро хаттӣ навиштаю ба почтаи Порлумон  ворид кардан лозим буд”.

Дарвоқеъ, Худораҳматӣ Усмон Назир дар нахустпарламенти касбии мамлакат — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ (солҳои 2000-2005) аз ҷониби созмонҳои ноҳияҳои Ҷ. Расулов ва Зафарободи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва… ҷонибдории Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ба таъбири худи У.Назир “ин иқдомро метавон дар давлатдории мо падидаи нав номид), вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардиданд ва солҳои вакилиашон дар Порлумон аз дастрасттарин вакилон барои журналистон буданд.

Дар мусоҳибае бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (2005, 10 март) гуфтаед, ки бо Рӯзи матбуоти тоҷик эълон гардидани 11-уми март ҳақиқати таърих риоя гардид, вале ҳанӯз адолати таърихӣ тантана накардааст”. Дар ин миён аз он омилҳои “тантанаи адолат” якеашба Китобхонаи миллии Тоҷикистон овардани нусхаҳои шумораҳои рӯзномаи “Бухорои шариф” ва ба мутолиаи умум вогузор намудани онҳо” амалӣ гардид, ки саҳми Шумо дар ин кор зиёд аст

Аммо дигар адолатҳои таърихӣ кадомҳо буданд ва то куҷо амалӣ гардиданд?

— Ба ҳамон мусоҳибаи зикркардаатон муроҷиат намоед.

 Хуб, бо иҷозаи Шумо, чанд пешниҳодатонро аз ҳамон мусоҳиба иқтибос мекунам:

“ — Вақте ки хотираи муассисону муҳаррирон ва муаллифони сарсупурдаи “Бухорои шариф” — Мирзомуҳиддин Мансуров, Мирзоҷалол Юсуфзода, Мирзосироҷи Ҳакими Бухороӣ, Ҳайдархӯҷа Мирбадалов, Мирзо Исмоил, Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, Мирзо Ғаффор, Мирзо Нарзуллоро бо роҳи номгузории ному насабашон ба кӯчаю хиёбонҳо, мактабу муассисоти фарҳангӣ, таъйини ҷоизаву стипендияҳои касбӣ абадӣ гардонем;

— Вақте ки дар пойтахти Ватанамон — шаҳри Душанбе “Гулгашти матбуоти тоҷик”-ро таъсис диҳем ва муаррифилавҳаҳои онро бо “Гӯшаи «Бухорои шариф»” оғоз бахшем;

— Вақте ки дар иншои сухани чопӣ ба ормону орзуҳо ва мавқеву усулҳои муаллифони “Бухорои шариф” содиқ бошем, метавон гуфт, ки адолати таърихӣ тантана кард.

Фикру андешаатон аз ин пешниҳодҳои 16 сол пеш ироакардаатон тағйир наёфтааст?

— То ба ҳол ягоне аз ин пешниҳодҳо амалӣ нагардида бошад, боз чӣ бигӯям?

Бо умеди амалигардии пешниҳодоти Шумо, иди касбиашон муборак!

— Саломат бошед!

Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here