Дар Тоҷикистон пешниҳоди номзадҳо ба мақоми президентӣ идома дорад.

Инак, аллакай чор ҳизби сиёсӣ мавқеи хешро дар баробари интихоботи президентӣ, ки ёздаҳуми октябр доир мешавад, маълум карданд. Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ бо сарвараш Рустам Раҳматзода, Ҳизби аграрӣ бо раҳбараш Рустам Латифзода, Ҳизби демократ бо пешвояш Сайидҷаъфар Усмонзода дар интихобот ширкат мекунанд. Ҳизби сотсиал-демократи Раҳматилло Зойиров чун ҳамеша дар интихобот ширкат намекунад. Ҳизби коммунист ва Ҳизби халқӣ-демократӣ ҳанӯз Анҷуман доир накардаанд, то номзадҳои хешро мушаххас намоянд.

Ин маротиба дар Анҷумани доиршудаи ин ҳизбҳо ҳарфу садои ваъдае, ки то дер дар хотирҳо монад, баланд нашуд. Номзадҳо ба интихобкунандагон чизеро ваъда накарданд. Фақат кадом беноме дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” бо ишора ба раиси Ҳизби демократ Сайидҷаъфар Усмонзода гуфт, ки гӯиё номбурда ваъда кардааст дар ҳолати пирӯзӣ тоҷиконро ба моҳ хоҳад баровард. Ин гуфтаи шахси беном даррав ба эътирози Усмонзода дучор ва рад карда шуд. Эътирози Раҳматилло Зойиров гарчи гӯё барои вайрон шудани қонун дар бораи интихобот буд, вале донандагони ҳол ширкат накардани вайро дар ин интихобот фақат ба масъалаи молиявӣ вобаста медонанд. Агар чунин будӣ, пас метавон роҳбари ҳизбро дарк кард: Дар интихоботи парлумонӣ гумон мерафт Зоиров ақаллан як ё ду овоз мегирад, аммо дигар ҳизбҳо то ҳафт овоз гирифтанду ба ӯ чизе нарасид.

Дигар на ҳангомаю валвалаи солиёни пеш аст ва на даъвою ваъда. Ҳатто чунин менамояд, ки оҳиста-оҳиста ҳатто ҳамон хӯрҷини ваъдаҳои осмонӣ аз ҷониби ҳизбҳои ба қавли дигарон “кисагӣ” ҳам тиҳӣ мешавад. Интихоботе бе шӯру ғулғула ва ба эҳтимоли зиёд аз тарси коронавирус камодам.Чунки на тарсе аз пайдо шудани Навалнийҳо ҳаст ва на Зеленскийҳо. Ҳатто барои Тихановскаяи белорус барин занони зебо ҷой намерасад.

То интихобот бошад, фурсати каме мондааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here