Ҳама аз дард менолад, вале ҳар кас ба таври худ,

Шикасти шишаи ҳар дил, садои дигаре дорад.

 

А. Муродӣ

Наздики панҷоҳ нафар аз бонувони сокини шаҳри Душанбе дар як нома ба унвонии раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ талаб кардаанд, то ба масъалаи «гаппартоӣ»-и ҷавонон, ба қавли эшон «озори лафзии занон», дар кӯчаҳои пойтахт расидагӣ кунанд. Дар ин нома, ки зери он 50 зану духтари сокини Душанбе имзо кардаанд, пешниҳод шудааст, ки барои ҷазо додани ҷавонону мардоне, ки ба бонувону духтарон «гаппартоӣ» мекунанд, чораҷӯӣ карда шавад.

Албатта, дар ҳоле ки дар тамоми ҷаҳон ҳаракатҳои гуногун барои ҳуқуқи бештари бонувон таъсис меёбаду дар ин масъала бештару бештар садо баланд мекунанд, аз нигоҳи аввал як талаби маъмулию оддӣ менамояд. Аммо, аз замоне созмонҳои «гендерӣ» дар Тоҷикистон таъсис ёфтанд, таъсис ва ҳадафи ин созмонҳо аз мавзуи ба истилоҳ «гарм»-и нашрияҳо буд. Гуруҳи мухолиф ба таъсисёбии ин созмонҳо андешаҳои мухолифро пеш мегузоштанд. Яъне, ба назари эшон, агар зан аз ҳуқуқи қонунии хеш хабар ёбад, бегуфтугӯ ин ба баҳси хонагӣ мекашад ва на ҳар мард тоқати гапгардонӣ, гарданшахии ҳамсараш аз амри ӯро дорад. Ва ин ҳама, ба қавли онҳо, ба афзоиш ёфтани ҷудошавии навхонадорону фузун гардидани худкушию хушунати хонаводагӣ оварда мерасонад. Дар ин маврид эшон такя ба фармудаҳои динӣ ва урфу одати қадимаи мардум мекарданду суол мегузоштанд, ки «дар ҳоле сафи созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи занон рӯй ба афзоиш дорад, чаро як созмони ҳифзи ҳуқуқи мардон ба қайд гирифта нашудааст?». Чунки миқдори мардоне, ки аз ҷабру ҷафои занон меноланд, кам нест ва танҳо набудани чунин созмоне онҳоро водор мекунад, то хомӯш бошанд. 

Ҷониби дигар бошад, далелу арқоми хушунати хонаводагӣ ва поймол шудани ҳуқуқи занонро дастак карда, роҳи ҳалли масъаларо дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон дар ҷомеа медиданд.

Ин ҳама баҳсҳо пушти сар шуданду инак занон барои «лутф»-у «суханпартоӣ»-и мардон талаби ҷазо мекунанд. Рост аст, ки солиёни охир ситоишу мадҳи мардона пардаи беҳаёию дурушт пӯшидааст ва махсусан ҷавонон аслан намедонанд, ки чи гуна «лутфи сухан» кунанду садқаю вола шаванд, аммо талаби ҷазо кардан барои «гаппартоӣ» фикр мекунам бераҳмӣ аст. Чунки барои ҳаракати бадахлоқона, майдаавбошӣ, авбошӣ қонунгузориҳои мо ҷазо муқаррар кардааст.

Пас, вақте занон чунин талаб пеш меоранд, чӣ бояд кард? Магар дар ин ҳол бо истифода аз ин намуди ҷазо занон сӯйистифода намекунанд? Шояд ҷавоне суханпартоиашро лутф меҳисобаду шунаванда онро ҳаракати бадахлоқона мешуморад?

Ба ҳар эҳтиёт, таъсис додани созмони ҳифзи ҳуқуқи мардон метавонад як қадаме барои барқарор кардани адолат дар ин ҳолатҳо шавад.

Дилшикаста нагардида, думболаи ҳифзи ҳуқуқи хеш бошед, мардон!

 

Хуршед АТОВУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here