Инсон курсиро зиннат мебахшад, на курси инсонро.
(Масали мардумӣ)
Дар Тоҷикистони имрӯза соҳибмансаб будан баробар ба рӯйи дами шамшер гаштан аст. Ин андешаи ман нест, бардошт аз суҳбат бо онҳое аст, ки соҳибмансаб шудаанд.
Ҳарчанд соҳибмансаб шудан «насиби як касу доғи ҳазорон аст», вале аз азоби пур кардани нақшаи буҷа, нақшаи даъвати ҳарбӣ, нақшаи андоз то ба қабулу гусели меҳмонони олимақом сад бор гирифтори фишору асаб шуданро мехоҳад. Фикр мекунам, ин ки баъзе мегӯянд сарчашмаи бемориҳои қанду саратон маҳз тарс аст, дуруст мегӯянд. Як бор ба гузаштаи ин беморон нигареду хулоса кунед.
Ба болои ҳамаи ин, раиси бечора бояд намунаи ҳамагон бошад, яъне аз субҳ то шом бо риши тозатарошида, галстуки сурхи ялаққосӣ, гапшунави болою поён бошад, яъне «одаму либос, хонаю палос». Ин ҳама дар ҳоле аст, ки дар баъзе минтақаҳо бо баҳонаи ҷанги шаҳрвандию пош хӯрдани Шӯравӣ роҳбарони пешин ҳамаро шикастанду бурданду хӯрданд. Имрӯз оддитарин порчаи замин дар дилхоҳ минтақа гоҳо се-чор ҳуҷҷат дорад. Кӯшиши ба тартиб даровардани ин бесомониро куну бин… Баъди як ҳафтаи кӯшиши ба ифоқа овардани ин ҳама комиссия аз ин даргоҳу он даргоҳ, «авлод»-у «тағо», нашрияҳою шабакаҳои иҷтимоӣ ба қавле «бибиатро ба чашмат нишон медиҳанд».
Боре бо раисе, ки дар бисёр ноҳияҳо роҳбар буду даст ба дил дошт, ки имрӯз ё пагоҳ ба ноҳияи дигар фиристода мешавад, суҳбат доштам:
— Худо ки маро ба Файзобод ё Панҷекат ё Ҳамадонӣ нафиристанд,- оҳе кашида гуфт ӯ.
— Мардуми ин минтақаҳо қаламбадаст ҳастанд ва аз дасти нависонависи онҳо обрӯи ҷамъкардаам мисли пуфаки рӯйи об мекафад,- ҳасрат кард раис.
Дигаре бошад, худо мегуфт, ки тезтар аз вазифа бигиранд, зеро даъвати ҳарбӣ наздик асту яқинан нақшаро буд карда наметавонад. Саввумӣ аз он менолид, ки ба ҷаласаҳояш ягон раҳбари ноҳиявии сохторҳои қудратӣ намеоянд ва дар посух ба ин нописандӣ коре карда наметавонад, чунки онҳо роҳбари худро доранд ва танҳо эшон метавонанд онҳоро ба вазифа таъин кунанду аз вазифа бигиранд. Хулоса, ба онҳое, ки бо ҳазор умед барномаи «Ахбор»-ро мебинанду моддаи 69 (фармон бар бораи таъин кардан ё аз вазифа гирифтан)-ро азёд медонанд, гуфтаниам, ки «бо дода қаноат кунанду бо дод бизиянд», умр он қадаре нест, ки бо тарсу ларзу гирифторӣ ба сад беморӣ сипарӣ кунӣ. Зеро вақте соҳибмансаб шуданд, бояд панди Бедилро ҳалқаи гӯш кунанд:
Як қадам роҳ аст Бедил, аз ту то домони хок,
Дар сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош!
Боқӣ Шумо донед, вассалом!
Хуршед АТОВУЛЛО