Ман намедонам, вақте Марк Сукерберг шабакаи иҷтимоии «Фейсбук»-ро таъсис дод, чӣ нияте дошт, дар кадом шакле онро дидан мехост.

Вақте қадами «Фейсбук» ба Тоҷикистон расид, дар оғоз рисолати майдони баҳсу андешаҳоеро иҷро мекард, ки онро наметавонистӣ дар нашрияҳо нависӣ ё дар сайту оҷонсиҳои расман номнависшуда дар кишвар, баён кунӣ. Шояд сабаби якбора афзудани сафи ҳаводоронаш ҳам ин буд. Аммо, бо гузашти вақт «Фейсбуки тоҷикӣ» аввал ба майдони ҳақорату дашному тарғиби андешаҳои динӣ, баъдтар ба майдони табрику таъзияву шеър ва имрӯз ба майдони «лес-лесакон» табдил ёфтааст. Мисол меорам:
Чанде муқаддам, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бинобар расидан ба синни нафақа, аз вазифа озод гардид. Ба ин муносибат, бо иштироки аъзои Ҳукумати вилоят, баъзе райисони ноҳияҳои наздик, хулоса, наздики 200 нафар аз фаъолон, маросими муаррифии райиси нав, собиқ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доир шуд.
Бо вуҷуди он, ки сухани аввалини Қодирӣ ҳангоми ба сари мансаб омадан «хоҳиш мекунам, маро таъриф накунед, хушомад нагӯед» буд, вақте баъди эълони аз кор рафтани ӯ аз толор пурсиданд, ки «Раис паҳлу ба паҳлу бо Шумо кор карда буданд. Ягон ҳарфе нисбати эшон гуфтанӣ ҳастед?», толор хомӯш буд.
Хомӯш буданд онҳое, ки то дирӯз лес-лесаки Қодирӣ доштанд, новобаста аз таъкидҳои ӯ баҳудаю беҳуда аз амалкардҳои номбурда ситоиш мекарданд, бо пешниҳоди ӯ, бо дастгирии ӯ сари вазифа омада буданд.
Муроди ман «ҳайфи ту» гуфтани эшон нест, чунки дер ё зуд рӯзи рафтани эшон аз сари вазифа фаро мерасад ва худой донад, ки барои рафтани онҳо чанд кас базм меорояду мол мекушад. Мурод таъкиди шоҳбайти Фирдавсӣ аст, ки гуфтааст:
Чунин аст расми саройи дурушт,
Гаҳе зинсавору гаҳе зин ба пушт.
Пагоҳи дигар бошад, бо пахши хабари омадани райиси нав ба вилоят, маъракаи «лес-лесакон» дар «Фейсбук» оғоз ёфт. Агар ин табрикот танҳо бо барору комёбӣ хостан ба райиси нав маҳдуд мешуд, дилҳоро ба ғаш намеовард. Бисёре аз хидматҳои Қодириро ба собиқ райиси шаҳр нисбат доданду тасаввуроте барои хонанда эҷод карданд, ки гӯё дар тамоми таърихи Суғд бори аввал Худованд ба мардуми ин вилоят «раҳм» карда, роҳбари воқеӣ, кордон, «назаркардаи Худо» дод. Хулоса, ҳарчӣ доир ба Президент дар хушомадномаҳояшон менависанд, навиштанд. Райиси вилоят дар баробари сухангӯи расмиаш, ки хеле фаъол аст, чанд нафар «сухангӯи бемаош» пайдо кард, ки аз бозори гӯшт рафта, «нархи гӯштро паст кунед» гуфтанаш, то корҳои дигари анҷомдодааш, гуфтанду гуфтанд. Агар ин ситоиши бемантиқу беҷо беғараз мебуд, хуш ба ҳолашон! Оддитарин шаҳрванди Хуҷанд медонад, ки ин ситоишномаҳо ба кадом хотир ҳастанд ва эшон чӣ мехоҳанд.
Хулоса, агар райиси нав, ки мегӯянд дар муқоиса бо Қодирӣ муқобили таърифу ситойиш нест, ба тарошиданҳои ин гуруҳ дода шавад, лаҷоми «лес-лесак»-ҳоро накашад, худро «шоҳи вилоят» ҳисобад, бо вуҷуди кадри лоиқ будан, қурбонии ҳамон гуруҳе мешавад, ки медонанд кай «лесанд» ва чӣ гуна «лесанд». Бовар кунед, маҳз эшон замоне мерасаду ба рафтани Аҳмадзода аз вазифа қарс мезананду ба ҷар телааш мекунанд, аввалин шуда барои санг партофтан мешитобанд. Ҳаргиз фаромӯш набояд кард, ки ба вазифа таъин шудан, ин масъулият аст ва маддоҳон тӯли таърих фақат «сархӯр» буданду мемонанд!
Лоиқ беҳуда нагуфта:
Тоҷикони мо зи баски мардуми олитаборанд,
Мекушандат! Бар мазорат дастагул ҳам мегузоранд!
Муваффақият, муҳтарам Аҳмадзода!

Хуршед АТОВУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here