Калимаи “Идгардак” дар Тоҷикистон сол ба сол бештар ҷойи худро ба вожаи “Идхӯрак” медиҳад.

Ҳар иду айём дар кишвар нархи маводи хӯрокворӣ боло меравад. Боло меравад, вале ҳаргиз поён намефарояд. Ин аст, ки нархи як кило гӯшт дар Тоҷикистон аз ид ба ид боло рафта, ба 70 сомонӣ наздик шуд. Чун ҳамеша харидор лаънатро ба фурӯшанда гуфту қассоб бошад, баҳонаро ба сари кам шудани замини чарогоҳ, ба интиқоли гӯшти чорво ба кишварҳои ҳамсоя, беинсофии чорводорон зад.

Хулоса, ид гузашт. Бо лаънату нафрин ба якдигар. Касе аз ҳисоби гӯшт бойтар шуду касе то охири моҳ чою чаппотӣ мехӯрад. Вале, суоли матраҳ дигар аст:

Чаро дар иду айём дар Тоҷикистон фақат нархи гӯшт боло меравад? Болоравии нархи мева муваққатӣ аст, чун баъди ид нархи он паст мефарояд. Нархи орд кам мешавад то тағйир ёбад, ҳол он ки, аслан дар дастархони идона маҳсулоти ордӣ сарф мегардад.

Пас, сабаб чист?

Бо як дӯстам сари ин масъала суҳбат доштем. Ӯ андешаи аҷиберо баён намуд: “Гап сари он аст, ки мардуми мо гӯштхӯр нестанд. Яъне, гӯштро  дар қатори чою чаппотию шакар ҳар рӯз истеъмол наменамоянд. Гӯштро бисёре дар иду айём мехаранд ва баъзе ҳатто фақат дар ин рӯз мебинанду серӣ тановул мекунанд. Аҳамият диҳед, кадом хонае идгардак наравӣ, қанду қандалоту маҳсулоти ордиро қариб касе даст намерасонад. Фақат гӯшт аст, ки бурдае зиёдатӣ намемонад”.

Ин дар ҳолест, ки Созмони Милали Муттаҳид дар охирин гузориши худ гуфтааст барои коҳиши гармӣ, беҳбудии манбаъҳои об ва амнияти маводи ғизоӣ, бояд истеъмоли гӯшт коҳиш ёбад. Агар ин гузоришро ҷиддӣ гирем, пас ба умри гӯшт ҳам чун қиматтарин маҳсулоти идгардак вақти кам мондааст.

Чӣ қадар мехоҳам калимаи “гӯштХӮРак” ба сафи вожаҳои куҳнашуда дохил шавад.

Шумо чӣ?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here