Баҳс сари мавзуи босмачиён қаҳрамони миллат буданд ё муҳофизони режими манғитӣ, чанд ҳафта аст шабакаҳои иҷтимоиро метарконад. Суоли кушода ин аст, ки чаро имрӯз?
Баҳси мазкур аслан зери таъсири сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Русия чанд даҳсола пеш дар расонаҳои чопии Тоҷикистон оғоз шуда, то ба имрӯз давом дорад. Ҳукумати ин кишвар боқимондаҳои ҷасади душманони дирӯза, онҳоеро, ки зидди сиёсати давлати Шӯравӣ ҷангида буданд, аз қабили Врангел, Деникин, Дутов ва дигаронро зери навои зангӯлаҳои калисо аз хориҷа оварда, дар кишварашон гӯрониданд. Ин баҳс, ки «мо ба эшон тақлид кунем ё не? Босмачиёни мо кӣ буданду аз куҷо буданду чӣ карданд?» — аз мавзуҳои меҳварӣ дар расонаҳо буд.
Аслан, босмачиён аз ду табақа иборат буданд: Аксар онҳое, ки дастнишондаҳои амири манғит — Олимхон буданду мақсадашон нигоҳ доштани ҳукумати ӯ буд, дуввум онҳое, ки мубориза алайҳи ҳукумати шӯравиро «ҳимоят аз дину ойину меҳан» медонистанд. Аксари пешвоёни ин ҳаракат аз миллати дигар буданд ва ҳатто ба ин ҷараён аз собиқ вазири мудофиаи Туркия Анварпошо сар карда то сарвари қабилаҳои лақай дар Тоҷикистон Иброҳимбек роҳбарӣ мекарданд.
Дигар ин ҳама кори таърих аст, ки ба ин ҳодисот чӣ баҳо медиҳад. Матбуоти тоҷик дар ин маврид даҳсолаҳо боз менавиштанду менависанд. Аммо, якбора ин мавзуъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ меҳварӣ гардиду баъзе ҳатто алайҳи устодоне чун Иброҳим Усмон, ки ин ҷараёнро дар навиштаҳояш пуштибонӣ накард, бархостанд. Ин ки чаро чунин шуд, посухе дорад, ки ба андеша водор мекунад: Се — чор нафар дар хоки Олмон ҳаракатеро таъсис доданд бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон». Маҳз онҳо бо назардошти он ки масъалаи баҳо ба ҳаракати босмачигарӣ якгуна нест, метавонад зиёиёни гармхуни моро ҷалб кунад, пешниҳод карданд, то амалкарди ин ҳаракат сафед карда шавад. Ва чун ҳамеша чанд зиёиёни содаю зудбовари мо ба эҳсоси миллӣ дода шуда, ба осиёби онҳо об рехтанд. Дигар ҳеҷ! Сабаби ин қадар гӯю магӯ дар шабакаҳо ҳамин асту бас!
Як пешгӯии дигар: Дар ҳоле дар Тоҷикистон барои рушди журналистикаи мустақил чандсолаҳо боз касе аз Ҳукумат талош намекунад, дер ё зуд ин чанд нафари «паймонӣ» яқинан ба хотири ҷалби журналистон ва расонаҳои мустақил ҳадафҳоеро ба дунбол доранд.
Ман гуфтам, шумо шунидед! Интизор бошед!
Хуршед АТОВУЛЛО, «ФАРАЖ»