Ҳафтае бистарӣ дар беморхонае шудам. Он чӣ дидаму ҳис кардам, инъикосгари он буд, ки воқеан журналисти имрӯзи тоҷик аз воқеияти зиндагии ҷомеаи рӯз кандаву дур шудааст.

Аҷаб замонае шудааст. Агар бе эҳсосу воқеӣ таҳлил намоӣ, дар кишвар ду қонун амал мекунад: Қонунҳои навишта ва нонавишта. Аҷиб ин аст, ки қонунҳои нонавишта беҳтару хубтар ва чорагар нисбат ба қонунҳои навишта ҳастанд. Мисол меорам:

Хостам беморхона равам. Маслиҳатам доданд, то ҷое равам, ки табобати ман зери назари ягон шинос ё мансабдори ин соҳа бошад. Маблағи тахминии хароҷот ва шахсеро, ки ба қавле вазни бештар дар ин шуъба ё беморхона дорад, ёдовар шуданд. Сабаб мепурсед? Чунки бароятон ҳуҷра ё кати мувофиқ пайдо менамоянд, беҳтар нигаҳ мекунанд, бо маризии бемор ҷиддитар бархӯрд мекунанд, ҳангоми ҳисобу ҳасад аз ҳадди инсоф намегузаранд, бо нафарони зиёди ба аёдат меомада дар ин беморхона муносибат дигаргун мешавад, ҳама меҳрубону аёдаткунандагонро “хуш омадед” хоҳанд гуфт. Беҳтарин табиби ин шуъба ё беморхона ба ту вобаста карда мешавад, ҳар лаҳза ба болинат меоянд, мепурсанд чӣ зарурат дорӣ ё на?

Аммо агар ба истилоҳ “қонундон” бошию бепушту паноҳ чӣ? Яъне, фурсате барои интихоби беморхона надошта бошӣ, ҷойи кори бонуфуз надошта бошӣ, бемори одие бошӣ, касеро нашиносӣ, соатҳо дар навбат истӣ, аз қавоқи духтур бо ворид шуданат барфу борон резад, ҳар як сомониат ба ҳисоб бошад? Аввалин чизе дар беморхона мехонӣ, огоҳии Оҷонсии коррупсия дар бораи хабар додан аз тамаъҷӯии табибон бошад?

Ҳама он чӣ дар боло гуфтем, баръакс мешавад: Табибон камтар сари болинат меоянд, касе намепурсад ба чӣ ниёз дорӣ ба чӣ не, ба бемориат аҳамияти зиёде ҳам намедиҳанд, ба ҳар аёдаткунанда навбатдор эрод мегирад, аз қошу қавоқи табибоне, ки бароят хулосаи беморӣ менависанд, барфу борон мерезад.

Ба дӯсте бо эҳсоси ин ҳолат шиква пеш овардам. Хандиду гуфт:

— Шумо журналистон, кайҳо аз зиндагии мардум дур шудаед! Шумо мисли чиновникҳои мо зиндагии мардумро аз паси тирезаи утоқи корӣ мебинед. Кор-мошин-хона ва баръакс. Шумо дигар парвардаи ин ҷомеа нестед! Шумо намедонед шаҳр чӣ гуна нафас мекашад, дар минтақаҳо чӣ гапу хабаре ҳаст, мардум чӣ гуна мезияду чӣ рӯзу рӯзгоре дорад? Шумо дар толорҳои барҳаво аз зарурати видиёю исботи далел лексияҳо мегӯед, аммо фикр намекунед, ки ин ҳама ҷуз Шумо ба касе лозим нест.

Шумо хоҳед ба рисолати аслии хеш баргардед, миёни мардум равед! Аз мардум нагурезед! Шаҳрванди одӣ бошеду ҳамаро дар пӯсти хеш ҳис кунед.

Чизе гуфт, хомӯш будам. Чун медонистам, ки рост мегӯяд!

Шумо чӣ мегӯед, ман рост мегӯям?

2 ШАРҲҲОИ

  1. Дарди бедармон ба марги талх ширин мешавад,
    Аз табибон миннати дармон кашидан мушкил аст…

  2. Сад дар сад. Пул-Ҳаёт, Мансаб-Ҳаёт.
    Ва журналистони замон муздуранд, муздур!
    БОЯД ЖУРНАЛИСТ ВА ЖУРНАЛИСТИКАРО АЗ МУЗДУРИ ХАЛОС КАРД!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here