23-юми феврал, дар рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, аз оғози фаъолияти Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, муассиси ҳафтаномаҳои «Фараж», «Самак», «Ману ту», “Гол”, сайтҳои интернетии www.faraj.tj, www.com.tj, Оҷонсии иттилоотии “Суғднюс” понздаҳ сол сол сипарӣ мешавад.
Боре шудааст, ки ид ё ҷашне дошта бошед, вале эҳсоси шодию хурсандӣ ба фарсахҳо аз Шумо дур бошад?
Боре шудааст, ки ҳама табрикатон гӯянд, вале лабханди дурӯғини саршор аз андуҳу навмедӣ бар лаб дошта бошед?
Боре шудааст, ки пас аз талошҳои зиёд ба ҷое расида бошед, аммо ин ҳама фатҳу пирӯзӣ пеши Шумо қадри пашизе ҳам надошта бошад?
Пешорӯи ҷашни понздаҳсолагии МТЖТ, ки ба хуни ҷигару дарди дил (мисли сағираи нимҷони бетағаю беамаку беавлоди ба зинда монданаш касе бовар надошта!) то ба ин синну сол расидааст, маро чунин эҳсос фаро гирифта.
На рӯзгоре ёдам мерасад, ки бо як комютер дар утоқи иҷора ба фаъолият шуруъ кардему ҷуз умеди қадами дигаре ба пеш гузоштан, субҳи наверо пешвоз гирифтан, дигар умеде надоштем.
На ин хотира думболагирам мекунад, ки даҳҳо баҳси судиро дидему мебинем, чандин бор аз чандин мақомот омада, ману ҳамқаламони маро аз утоқи корӣ барои истинтоқ бурданд. Баъзе аз онҳоро чунон бодабдаба бурданд, ки чанд сол пас дидем.
На ин эҳсоси ифтихорро ҳис мекунам, ки Маркази мо садҳо нафарро дуои раҳ додаасту медиҳад, даҳҳоро ба баландтарин қуллаҳои журналистика бурдааст, якеро Ном додаасту якеро Нон. Яке аз замони фаъолият дар он бо ҳасрат ёд мекунаду дигаре аз гирифтани номи он забонаш мегардад.
Намедонам, чӣ ҳолате ориз шуда…
Шояд фавти нобаҳангоми чандин ҳампешагону ҳамнишинонам сабаб гардид, то ғубори хотире пайдо гардаду эҳсоси дилсардӣ аз ин пеша?
Ё шояд фазои дилгиркунандаи ин шаҳри ба дасти «фазосозон» «ғубори ғам гирифта» тора ба риштаҳои қалби ман зада?
Ростӣ, намедонам…
Вале, инро медонам, ки бо рафтани беҳтарин зиёиён аз ин шаҳр барои ман нури зиё аз ин шаҳр рафт…
Вале, инро медонам, ки ҳама «судсозиҳо» алайҳи нашрияҳо дар утоқҳои барҳаво тарҳрезӣ мешаванду пулгадоиҳои зумрае қадами аввал дар роҳи бӯғӣ кардани чанд тани дигари боқимондаи ташнаи ҳавои озодии сухан аст.
Вале инро медонам, ки дар ин фазо дигар иде, айёме, фасле накҳати баҳоронаро дар қалб бедор наменамояд.
Вале, инро медонам, ки ҳама интизориҳо аз баҳори сабз дурӯғ будаву Салими Хатлонӣ ҳақ будааст, ки гуфта:
Баҳор,
Омадани як дурӯғи зебо буд
ки гоҳи нокомӣ
Ба бегуноҳии лабҳои пок рӯйида…
Баҳор
Як муаммо буд,
Ки дар нигоҳи фиребои фитнаҳо ҷо буд.
Ҷавоби омаданаш,
Буд…
Набуд…
Худоё, чӣ шуда ба ин мардум?
Магар роҳи дигари гурезе, ҷуз роҳе ки Лоиқи қурбони марги тадриҷӣ гуфта буд, ҳаст?
Малулам аз ҳама чуну чароҳо,
Дилам бигрифт аз ин моҷароҳо.
Бигирам гардани хумеву гирям,
Беҳ аз гардан ниҳодан дар балоҳо.
Рӯзат фаромӯшношуданӣ бод, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ҷигарбанди понздаҳсолаи соҳиби чанд набераву абераи ман!
Тавозӯъ зи гарданфарозон накӯст, Гадо гар тавозӯъ кунад, хӯйи ӯст….