Дар набарди иттилоотии Соли нави милодӣ ва Наврӯз билохира “вабои аср” (коронавирус) ғолиб омад.

Чанд соли ахир бо наздик омадани Соли нави милодӣ ва ё Наврӯз дар расонаҳои ҳам чопӣ ва ҳам интернетӣ мавзӯи он ки мо кадоме аз онро чун оғози сол қабул кунем ва аз кадоме таҷлил намоем, аз ҳассостарин мавзуҳо буд. Чун яке оғози соли нави милодӣ асту решаҳояш дар менталитети шӯравии мо зинда аст ва дигаре оғози баҳору соли нави аҷдодӣ асту садсолаҳо пештар дар хуну дар ботини ҳар якеи мо мондааст.

Имсол бошад, Наврӯз ба оғози доман паҳн кардани коронавирус дар кишвар рост омаду аз ҷашни муҳташаму бодабдаба то андозае худдорӣ карда шуд. Аммо Соли нави милодӣ баъди дарки он ки бо кадом вабои ҷонгир рӯ ба рӯ шудаем, инак қадам мениҳад ва аллакай дар бисёре аз кишварҳои дунё тарабхонаҳо баста шудаву ҳатто ҷашнҳои серодам дар доираи оила манъ гардид.

Ман намедонам, солиёни дигар масъулин ба ягон қарори қатъӣ омадаву моро аз ташвиши таҷлили ду ҷашн халос мекунанд ё не, аммо вабои аср моро аз чанголи бисёре аз хароҷоти баҳудаю беҳуда раҳонд. Сар карда аз баргузор кардани семинару конфронсҳою маҷлисҳои бамаънию бемаънӣ, кофе-брейкҳои пайиҳам, бо ину он баҳона аз Олмон то Алмаато барои ду-се рӯз кашола шуда рафтан… Маълум шуд, ки ҳамаи инро метавон тариқи интернет анҷом дод. Таҷрибаҳои зиёде ҳам амалӣ гардид.

Фақат як мушкил боқӣ монд: Сайтбандию суръати пасти интернет, ки дар кишвар ба сохтмончии беҳтарини мамлакат, сардори Хадамоти алоқаи мамлакат Бек Сабур вобаста аст. Агар ин акаи ҳамаи мо камтар муроот кардаву суръати интернетро баланд кунанд, дигар ба аксар корхонаҳою аксар мавзуҳои баррасишаванда ниёзе нест, чун таҷриба нишон дод, ки бо конфронсу семинарҳои интернетӣ ҳам метавон савод омӯхту савод дод.

Шумо чӣ мегӯед? Чун гузашти вақт нишон дод, ки Бек Сабур ивазнашаванда аст, пас, дуои солинавӣ кунем, ки Худо ба қалби он кас раҳму шафқат андозад? Ё ягон роҳи дигар ҳаст?

Ман роҳи дигарро намебинам.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here