Моҳи нави баҳорӣ бо дурӯғгӯӣ оғоз мешавад. Аммо баъзе нахустрӯзро рӯзи ханда ҳам меноманд, ки танҳо баъди чашидани шаҳди фиреб ба ҳоли фиребхӯрда механданд. Аксар ҳолат хандахариш яке асту ханданда бисёр.
Дар таърих ҳодисоте, ки бо фиребу найранг анҷом ёфтаасту нақши боризе дар тағйири хати сиёсии ҳатто дунё мондааст, кам нест. Оғоз аз қиссаи «аспи троянӣ» то достони шаҳвонии Моника Левински ва Билл Клинтон, ки дуввумӣ ба хотири нигоҳдории маснади президентӣ то лаҳзаҳои охир дар мавриди муносибате надоштан, қасами бардурӯғ хӯрд.
Мегӯянд, дар дунё назарияи аҷибе ҳаст, ки агар соддатар карда гӯем, «дурӯғеро сад бор такрор кун, ба ҳақиқат бадал мешавад» ном дорад. Ё ба қавли Баҳманёр, «агар ҳатто чакраобе болои санги сабуре муддати тӯлонӣ рехт, ҳатман онро сӯрох мекунад».
Дурӯғ ҳам ҳамин аст, — агар рӯзе сад бор ба худ талқин кунӣ, ки шир сиёҳ аст, билохира ранги онро сиёҳ мебинӣ, агар сад бор гӯӣ, ки зиштрӯтарин неву зеботарин дар рӯйи заминӣ, доно неву аблаҳ ҳастӣ, ба ин ҳам бовар мекунӣ. Ҳарчанд ин оғози бемории худманишӣ ё ба қавле «шизофрения» барои Гитлер буд. Дар оғози ҷанги дуюми ҷаҳон ба хотири бадном кардани яҳудиёну аз рӯйи замин чидани тухми онҳо Адолф Гитлер ва вазири тарғиботи Олмон Йозеф Геббелс ҳар рӯз ба мардуми кишвари хеш тавассути ВАО ин андешаҳоро талқин мекарданд:
Яҳудиён душман ҳастанд, сабабгори бохти Олмон дар ҷанги аввали ҷаҳон маҳз онҳо мебошанд.
Ва аз ҳама муҳим: Яҳудиён дар асрҳои миёна анъаноте гӯё доштаанд, ки аз хуни кӯдакони насронӣ дар иди Пасха барои худ нон тайёр мекардаанд.
Гитлеру думравонаш бо «кашф»-и ин дурӯғ, «Дурӯғи бузург»-ро сохтанд ва бори дигар собит карданд, ки агар дурӯғеро шабонарӯзӣ ба гӯши мардум такрор кунӣ, ҳатман ба он бовар хоҳанд намуд. Гитлер мегуфт, ки «одамон дурӯғи хурд мегӯянд, аммо барои гуфтани «Дурӯғи бузург» на ҳар кас ҷуръат хоҳад кард. Чунки «Дурӯғи бузург» ба андозае бовар нокарданӣ ва ғайривоқеӣ аст, ки инсон ҳатман ба он бовар мекунад».
Ба ёд доред овозаи заминҷунбиро дар соли 2009, ки мардуми Душанбе то субҳ нахобид?
Ба ёд доред, ки мегуфтанд Путин заводи алюминию НОБ-и «Роғун» месозаду бензинро ба тини сиёҳ бадал мекунад?
Ба ёд доред…
Нафаҳмидед? Манзури мо ин аст, то ақаллан як моҳ суруди дурӯғ сароем, шояд ниҳоят ба гуфтаи Гитлер бовар мекунем: «Дурӯғро бояд ба андозае бузург гуфт, ки бовар нокарданӣ бошад ва онгоҳ мардум ба он бовар хоҳад кард»!!!
Бисёр пардапечона гап мезани, нарм-нарм ба чойхои нозук нохун мезани, бо ишора ба берун ба дарун намёк мезани ва бисёр тонкий, провокатори настояшийи дустам, бо як тир дувоздах харгуша мезани.
Дуруғи маслиҳатомез беҳ аз бинзини оташангез, гӯеду монед.