Шурӯъ аз 13 майи соли 2019 дар маркази тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” тренинг дар мавзӯи «Таҳияи барнома ва маводҳои таълимӣ дар асоси МТАС (методологияи таҳсилот дар асоси салоҳият)”, барои фасилитаторони дар асоси озмун интихобгашта ва кормандони МД «Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим» гузашта истодааст. Тренинги мазкурро мушовири байналмилалӣ оид ба таҳияи барнома ва маводҳои таълимӣ хонум Болормаа Самдам гузаронда, он дар ду марҳила : аз 13 то 17 ва аз 27 то 31 майи соли 2019 баргузор хоҳад гашт.

Мақсади тренинги мазкур омӯзондани иштирокчиён оид ба таҳияи барнома ва маводҳои таълимӣ бо дарназардошти методологияи таълим дар асоси салоҳияти касбӣ мебошад. Тренинг бо усули интерактивӣ гузаронида шуда, ин раванд имкон медиҳад, ки методолигияи таҳияи барнома ва маводҳо хубтар аз худ карда шавад ва дар амал тадбиқ гардад.

Пас аз анҷоми тренинг иштирокчиён барнома ва маводҳои таълимиро таҳия намуда, ба методистон ва омӯзгорони литсейҳо аз рӯйи онҳо амал карданро меомӯзонанд.

Ёдовар мешавем, ки бо такя ба стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 тадбиқи лоиҳа ба ҳали масъалаҳои модернизатсияи методологияи таълимӣ дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ касбӣ ва омӯзиш тавассути истифодаи стандартҳои салоҳиятҳои ҳар як касб ва барномаҳои таълимӣ дар асоси салоҳият равона шуда, омодасозии кадрҳоро барои панҷ соҳаи афзалиятноки иқтисоди кишвар, аз ҷумла сохтмон, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия дар оянда амалӣ хоҳад намуд.  То ба имрӯз харитаҳои функсионалии 17 касби коргарӣ таҳия шуда дар асоси онҳо стандартҳои салоҳияти 11 касб таҳия шудаанд ва таҳияи 6 стандарти дигар идома дорад. Стандартҳои таҳия гардида аз экспертизаи корфармоён гузаронида шудаанд ва бо вазоратҳои соҳавӣ мувофиқа мегарданд. Баъдан аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон стандартҳои салоҳияти касбҳо тасдиқ карда мешаванд.

Дар оянда дар асоси стандартҳои салоҳияти тасдиқгардидаи 17 касби коргарӣ барнома ва маводҳои таълимӣ бо дарназардошти масоили гендерӣ таҳия мегарданд, ки барои омода кардани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ мусоидат мекунанд.

Дар бораи лоиҳа 

Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 амалӣ мешавад.

Ҳадафи асосии Лоиҳа навовар намудани методологияи тайёр намудани мутахассисони барои истеҳсолоти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ғайр аз ин  лоиҳа барои мусоидат дар мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-теникӣ ва барқарорсозии инфрасохторҳои литсейҳои касбии техникӣ ва марказҳои таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат равона гардида аст.

Амалигардонии Лоиҳа ба дӯши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шуда дар назди вазорат Гурӯҳи идоракунии Лоиҳа фаъолият дорад.

Дар доираи лоиҳа инчунин барномаи омӯзишии инклюзивӣ дар асоси талаботи бозори меҳнат таҳия ва татбиқ мешавад, ки ба баҳогузории салоҳиятнокӣ ва гузаронидани шаҳодатномакунонии хатмкунандагони литсей ва марказҳои таълими калонсолон ва дигар шахсони муроҷиаткунанда, хусусан муҳоҷирони баргашта, ки малакаҳои амалиро тавассути таҷрибаи корӣ дар дохил ва ё хориҷи кишвар азхуд намудаанд, машғул мешавад. Ҳамзамон дар доираи барномаи намунавии баробарии гендерии лоиҳа омӯзиши духтарон ба касбҳои ғайрианъанавӣ пешбинӣ шудааст, ки дар панҷ литсейи интихобшуда озмоиш хоҳад шуд.

Варақаи иттилоотӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here